(этимологиа)
Дар таърихи калимаи тоҷик бисёр навиштаанд, вале ками дар кам мақолаи этимологӣ аст. Муаллифони фаровоне, ки пиромуни тоҷик навишта, кӯшиши онро этимологиа додан доранду [1] касе аз онҳо аз гирди тоҷик, тозӣ, тот, тоҷ ва аз нимаи дуйуми ҳазораи 1-уми милодӣ дуртар нарафта ва тақрибан ягон кас аз пижӯҳандагон ба Nebenűberlieferung-и тоҷикон – мардуми хеле куҳани миҳани таърихии иронитаборон, оринижодон (ай ҳиндуиронитаборон) ҳич таваҷҷуҳ накарда. Касе аз пижӯҳандагон ба ҷуз Т. Н. Пахалина ҳич таваҷҷуҳ накарда, ки то тезик ё тоҷик номидани тоҷикҳо ба нимаи дуюми ҳазорсолаи нухустини милодӣ онҳоро чӣ мегуфтаанд.
Ман ин ҷо танҳо аз этимологиаи тоҷик гуфтаниам, бегумон, бо фаро гирифтани маводи Nebenüberlieferung-и фаровони юнонӣ, лотинӣ, ҳиндӣ, русӣ, туркӣ, арабии забонҳои иронӣ, маводи таърихии ҳамсояҳои миҳани таърихии ҳама иронитаборон - мардуми сарзамини митии Arya(na)- vaiǰah-и (муодилаш дар Ав. airiianǝm vaēǰō, паҳлавӣ: Ērān-vēž, суғдӣ: Ērānvēžan) Xvaniraθa- bāmya-, Ἀριάνη, …
Ман, ки этимологияи номҳои митӣ, эпикӣ, таърихиву ривоятии сарзамини таърихии мардуми оритаборро (ҳамчун: Arya-ṷaiǰah-, Ав. airiianǝm vaēǰō-, Ērān–vež-и паҳлавӣ Ērānvežan-и суғдӣ), Аншан, Бохтар, Балх, Балхи Бомӣ, Тахор, Хванирас, Ариана, τὸ Βάκτριον ἔϑνος, οἵ Βακτριάnoι–и матнҳои аз асарҳои 6-и то омадани арабҳо, матнҳои тематикаи Περσìκη, Παρϑiκὴ [3] дар мақолаи ҷудогонаам пижӯҳидаам, ин ҷо танҳо ва танҳо оиди этимологиаи тоҷик гуфтаниам.
Дар матнҳои замони миёна ҳамчун «Бундаҳишн», «Додистони Диник», «Ардавирознома» ифодаи Чағоди Дойдик (маънии чaрбабардорӣ-ш: дам/тегаи дод/қонун) маъмул аст. Бино ба боварии мардуми ории куҳан як сари Пули Чинвод (...ρǝrǝϑu dāitiia дар Ависто) бар Чағоди Дойдик дар Иронвиҷ буда аст ва сари дигараш – дар фарози Албурзкӯҳ (Ав. Hara Bǝrǝzahi) – ва дарвозаи дӯзах дар болои он. Дар «Бундаҳишн» таъкид шуда, ки: Дойдикрӯд (Рӯди Дойдик) аз Иронвиҷ биояд ва ба Копастон бишавад; аз ҳама рӯдҳо храфстар (ҳайвоноти/танхор(дарранда) дар он фаровон аст» («dāitīk rōt apāκ Ērānvež apē āyet ud pad κōf-i Κāρastān (?) apē šavet», … «hač hamāκ rōt xrafstar andar ān bēš [4]
Дар Вандидоди Ависто ва бархе йаштҳо («Ардвисур Аноҳит Йашт» «Ҳурмузд Йашт», Ард Йашт» ва…») ки пораи куҳантарини Авистоанд (бо мундариҷа-ш, бегумон, зеро онҳо дар забони Авистои Пасинанд) До(й)тйа афрузаи (епитет) (ир. к.) vahī- (~Ав. vaŋuhi-) дорад ва дар дар нухустин матнҳои замони миёна танҳо афрузааш, ай: биҳ (дар Биҳрӯд) омада[5]. Қаҳрамонони эпикӣ дар кинори ӯ барои йаздон бархай меоранд ки аз ӯ ойифте дархост бикунанд то Зардушт дар кинори Дойта кудом як изадро (мисли Ардви ва ё Ардвисура Аноҳит ва …-ро) меситоянд; то ҷоеро ки Аҳура Мазда дар кинори ӯ ҳатто кишвари биҳини Иронвиҷро офарида ва… Вале дар матнҳои Ависто композити синтаксисии (наҳвии) airiianǝm vaēǰō vaŋuhayā- dāitiiayayā- (дар кейси локатив) аст, ай дар Айрйана Вайҷаҳи Дойтйаи Биҳ. Аз ҳама Ин ҷо vahvī- dāitya- (=Ав. vaŋuhī- dāitiia- ) дар кейси Gen. танҳо (ҷинси занона) истода ва дигар Айрйана Вайҷаҳ ин Иронвиҷ аст (Airiianǝm vaēǰō-и Ав. ҳаванди Ērān-vež-и паҳлавӣ, Irān-vežan-и суғдӣ), яънӣ Иронвиҷи До(й)тйаи Биҳ, ҳамчун: Frankfurt am Meine, Ростови лаби Дон, … [5].
Ман дар мақолаи ба этимологиаи Ариана, Ираҷ, Ирон, Айвоҷ, Урганҷ, Иронвиҷ, Аншан бахшидаам[6], ба чунин натиҷа расидаам, ки ир. куҳ.*arya(na) ṷaēǰah- дар ҳудуди кунунии Тоҷикистон миҳани таърихии ҳама ирониён, ба таъбири устод Айнӣ, «соҳилҳои Омуя»[7] аст. Далели беҳтарин барои ман маълуоти фаргарди 1-уми географии Вандидоди Авистост. Дар он чинин ҷумла ҳаст: Paoīrīm asaŋhamča šōiθrānāmča vahištəm frāθwərəsəm azəm Ahurō Mazdå Airiianəm Vaēǰō Vαŋuhaiiå Dāitiiayå. Aaṭ ahe paitiiārəm fraκərənṭaṭ Aηrō Mainiiuš pourō.mahrκō ažəmčα yim raoǰitəm ziiąmča daēvō.dātəm. «Нахуст ман, ки Аҳура Маздаам, биҳтарин ҷову иқоматгоҳи зист А(й)рйана Вайҷаҳи До(й)тйаи Биҳро офаридам. Ва Аҳримани пурмарг ба ӯ патйора Ажи зарду зимистони девдодаро офарид» [8]
Этимологиаи airya(na) vaiǰah (˂ airyana/vaiǰah-ро ки мустақиман аз протоории *arya-ṷaijah- ҳам аст; дар Ав. airiianǝm vaēǰō) татаввури *dātya-(Ав. dāitiia-) дар масири таърих низ то андозае росих мегардонад. #|d|-и иронии куҳан баъзан ба #|t| табдил меёбад, ҳамчун: Ав. dunman, dvąnman > туман; тоҷикии тутмон (дар таркиби синтаксисии мардумии тути кал тутмони кал) // дудмон (<*deuta–(d)māna – «хонадон; парваз»), диранг/ теранг, дов/тов (дар таркибҳои дови бозӣ, тови кор), аз як сӯ, масдари додан, аз сӯи дигар, шаклҳои тасрифии он ҳамчун медиҳад/метияд/бǝдǝ, (дар як лаҳҷаи тоҷикӣ), дурно/турна, девор/тавора, дуғ/туғ, ̊тол/ дол (долǝ дǝрахт), ... Ҳин, иҳтимоли фаровон меравад ки тоҷик аз *dā(i)tya- (Ав. Dāitiia-) пайдо шуда: *dā(i)tya-ka- > dā(i)dik. Ба табдил ёфтани |t| –d- фонеми пас аз он омадаи |y| ҳамчинин овози протетики латералии |i| ҳамчунин овози протетики латералии /i/ дар ҳиҷои пешинаш мусоидат карда ё ин татаввур ба воситаи y: da(y)dik- dāyǰik-тоҷик.
Б. Табдили –d- -y- дар диахрониа дар калимаҳои фаровон мушоҳида мешавад, монанди гиёҳ (<gayu- dāta-) най (<*nāda-), *spanta-dāta-< Исфандёр бабрибаён.. Дигар, иҳтимоли фаровон меравад ки табдили |d| ба |t| вижагии кадом як лаҳҷаи (вале на шева!) шарқии забони ғарбииронии мардуми Ависто – этноси *додик/ *доҷик/ тоҷик бошад.
Агар анъанаи навишти ба паҳлавӣ ба иътибор гирифта бишавад, шакли *доҷик/тоҷик аз нигоҳи татаввури таърихии фонемҳои калима ҳатман тоҷик аст, дастикам дар аввалҳои ҳазорсолаи якуми замони миёнаи забони арӣ/орӣ/ариёнӣ ки тақрибан аз асри IV-и то милод оғоз мешавад. Дар ибтидо иҳтимоли фаровон меравад ки шаклҳои *dā(y)dik- /*dā(y)ǰik- – чунонки аз шаклҳои порсии миёнаи nāy/nād ной/най бар меояд – баробар истифода шуда, дар ҳоле ки дар порсии миёнаи Турфан танҳо ной аст. Дигар, /d/ /ǰ/ ҳанӯз дар замони миёна - чунонки аз шаклҳои ҷӯшидан/ дӯшидан /дуғ бар меояд, аллофонанд ки ҳаванди бо /ǰ/-аш ҳатман ба воситаи /y/ аст ҳамчун: maǰlis~ maylis танҳо дар vice versa.
Аз назари семантика барои аз dā(i)tya- («дод(ӣ), қонунӣ») будани калимаи тоҷик чанд чиз далел аст: (1) Заратуштра ба Аҳура Мазда – ҳамчун сарвари арта/аша (низом, ҳақиқат, дод, инсоф–order, reghteousness, justice) имон оварда аст; чунонки аз пижуҳишҳои навин, хушкоморҳои Петтаццони, Виндефур, Душен-Гиймен, Мейе, Нйоли, Бейлӣ,… бар меояд – зардуштизм як дини профетӣ, сотерологӣ, этикӣ ва додгустарист/ додхоҳист [9] Аз замони хеле куҳан эҳтироми буланд ба қонун доштани мардуми Ариана – номи қонунан татаввурёфтаи Airya(na) vaiǰah-(ир. куҳан)-чунонки дар мақолаи «Ирони Ираҷ, Рӯдакӣ ва Берунӣ…» овардаам, маводи тематикаи Παρϑiκή Ирони Шарқӣ йунониён ба номи Ἀριανά, οἵ Βακτριάνοι, τò Βάκτρiον ἔϑνος мешинохтаанд. Матнҳои йунонӣ ва ҳамчунин, лотинӣ ари(ан)-ҳоро ҳамчун мардуми додвару додхоҳ мешинохтаанд. Александри Ҳрумӣ пас аз дидани Ариана, ё кишвари οἱ Βακτριάνοi, ай: τò Βάκ-τρiον ἔϑνος аз дарбориёнаш талаб кардааст ки мисли Ἀριανά-ҳое ки ба қонун арҷ мегузоштаанд, ба сар бибаранд ва фармонфармоӣ бикунанд (шояд ин сабаби марги ӯ ҳам гашта бошад), то форсу модҳо ва скифҳои аврупоиро, монанди: борустониҳо (дар манбаҳои русӣ маъмулан Борисфен аст) ки ҳарчанд гузаштаи худро аз духтари шоҳи Борустон ва Зевси йунонӣ медонистанд [10] Ὣς δὲ Σκύθαι λέγουσι, νεώτατον πάντων ἐθνέων εἶναι τὸ σφέτερον, τοῦτο δὲ γενέσθαι ὧδε. ἄνδρα γενέσθαι πρῶτον ἐν τῇ γῆ ταύτῃ ἐούσῃ ἐρήµῳ τῳ οὔνοµα εἶναι Ταργιτάον· τοῦ δὲ Ταργιτάου τούτου τοὺς τοκέας λέγουσι εἶναι, ἐµοὶ µὲν οὐ πιστὰ λέγοντες, λέγουσι δ᾽ ὦν, Δία τε καὶ Βορυσθένεος τοῦ ποταµοῦ θυγατέρα.] Александри Ҳрумӣ barbar мешуморида аст. (3) Аз ҳама муҳим ягон матни йунонӣ ҳич хато накарда ки Зардушт аз мардуми Арианҳост на аз форсу моду… (Zαϑραύθτης παρὰ τοῖς Ἀρɩάνοῖς). Дар ҳамон асари Diodorus Siculus ки дар он ифодаи машҳур ба воситаи муғҳои Аншан ба тарзи маъмулии йунонии Ζοροάστηρ-иш маъмул гашта шакли ариании он Zαϑραύθτης аст, чунин омада, ки «худои биҳтарин» (ἀγαθòν δαìµων) ба Зардушт қонунҳои биҳин (τοùs νóµους) дода будааст то ба мардумаш бирасонад [11] Ҳами дигар ин яке аз нишонаҳои беҳтарини он аст ки дар Ариана бояд ҳаванди сирф монотеистии зардуштизм дар баробари ҳаванди аншании он буда. (4) Пижӯҳандаи машҳури италиании зардуштизм Герардо Нйолӣ дар иртибот ба ин оварда, ки «… дар марзи асрҳои IV ва III то милод Зардушт пеши йунониён ҳамчун як қонунгузори мардуми Ирони куҳан ки дар кишвари ҷанубу шарқии як сарзамини паҳновар иқомат мекард, маълум буда – «at the end of the 4th and the beginning of the 3rd century B. C., Zoroaster was known to the Greeks as an ancient lawgiver of an Iranian people dwelling in the southeastern regions of the great plateau»[12] Майрҳофер дар як асари пурмуҳтавии худ, ки ба калимасозии Ависто ихтисос дорад, таъкид карда ки дар калимасозии замони куҳантарину куҳани иронӣ композитҳои бо -˚dāta-/-dātå- дар миёни ҳама мардуми оритабор маъмул будааст [13]
(6) Пиндори Зардушт пиромуни доварии (додрасии) индивидуалии ҳар шахс бо пиндорҳои (ақидаҳои) у оиди Биҳишту Дузах, сабзидани (растохез/ иҳёи) ояндаи ҷисм, доварии (додрасии) Рузи Охират – Рузи Қиёмат (Ахират), мурури бемарги тану ҷон, ки гуҳари фарди зардуштизманду (ҳарчандки ба динҳои дигар – насронӣ, ибрӣ ислом ба таври яклахт гузашта бошанд ҳам ин қадар пайванди мантиқӣ, ки ба якдигар дар худ зардуштизм доранд дар ҳич дини онҳоро пазируфта надоранд), биҳтарин гувоҳи оварист (барои он) ки ин этнос худро (ва пиромуниёншон ишонро) бояд ба номи тоҷик- < tajik-dā(y)ik низ мешинохта бошанд. «Zoroaster was thus the first to teach doctrines of an individual judgment, Heaven and Heal, the future resurrection of the body, the general last Judgment, and life everlasting for the reunited soul and body. This doctrine were to become familiar articles of faith to much of mankind, through borrowings by Judaism, Christianity and Islam; yet it is in Zoroastrianism itself that they have their fullest logical coherence, since Zoroaster insisted both on the goodness of the material creation, and hence of the physical body, and on the unwavering impartiality of divine justice»[14]. Дигар, ҳамон мафҳуми «the unwavering impartiality of divine justice»-и зардуштизм ки дар динҳои иудаизм-ибронӣ, насронӣ-христианӣ, ислом иътибор дигар надорад, дар доктринаи суфизм ки яке аз поягузорони он мардумони тоҷик-иронианд, аҳамияти худро гум накарда.(Тасаввурот дар Саошйант (ҳоҷӣ)-и зардуштизм чунон росих аст ки ба чинин ақидаи доктринаи буддизм ба воситаи шохаи моҳайанаш ки дар Ариана/, οἱ Βακτριάνοι/ τò Βάκτρiον ἔϑνος -зодбумии тоҷикону ҳама ориён маъмул буда, нуфуз карда аст).
Дар пиндори зардуштиён оиди се Саошйант Ухшйат Əрǝта (<jАв. uxšiiat̰.ǝrǝta-“das heilige Recht wachsen lassen, mehrend” – Bth.AiWb. 384), Ухшйат Нǝма (<jАв. uxšyt̰.nǝma- “die Werehrung wachsen lassend, mehrend” –Bth. AiWb. 384), Астват Əрǝта (< jАв.astvat̰.̰ ǝrǝta- “der das leibheftige Recht ist”. – Bth. AiWb. 215) ақидаи динии доди худовандӣ (divine justice) хелӣ ва хелӣ барҷастаˊст.
Гузаштани пиндори Саошйант ба буддизм ба паҳлуи мардуми буддопараст иқомат доштани мардуми (ἔθνος) тоҷик/dā(y)ik хеле хуб далолат мекунад, ки онҳо хамчун мардуми офаридаи Ависто, ки ба номи τὸ Βάκτριων ἒθνος ё οἱ Βακτράνοι, ай Ἀριάνη дар манбаҳои йунонӣ низ омадаанд, барои мондани монотеизми сирф монотеистӣ, ки онро баъзан зардуштизми “арахозӣ” низ ном мебаранд, саҳми фавқулъода бузург гирифтаанд.
7) Сайёҳи чинӣ Ҳун Тсанг ки ба а. VIII кишвари Арианҳо омада аст, таъкид карда ки бархе аз мардуми он ба дод (қонун) иътимод доштаанд: «The nature of the people is timid and soft: they love literature, most of them belong to heretical school, a few believe in the true law. [15]
Иҳтимоли фаровон меравад, ки аз замони куҳан то кунун мардуми соҳили чапу рости Dā(i)tya- (Ав. Dā(i)tiia-) худро *dā(i)tya-κa [15] меномид ки бо мурури замон тибқи қонуни татаввури фонетикӣ он dā(i)tyaκa – тоҷик шуда; ҳамчун tuθyaka-˃ тиҳӣ; (Ав.) tąθryaka- ˃ tārik ё шояд ба асоси dā(i)tya – (ки доӣ маъно дошт) пасафзуди дигар нисбият –zik афзуда шуда, ҳамчун sagzik (дар ибораи Рустами сагзик). Мардуми *dā(i)tyaκa- (до(й)тйака-) /тоҷик ҳамон худудеро фаро гирифта ки Ἀριανή, τò Βάκτριον ἔϑνος, οἵ Βακτριάνοι дар манбаҳои баъди истилои Александри Ҳрумик мегуфтандшон ки тибқи асари Страбон як ҳудудест ки аз шарқ бо Ҳинд ҳаммарз аст, аз ҷануб бо Баҳри Араб, аз ғарб марзи ноустувор бо Карминиа ва Дарвозаҳои Хазар (ҳамон марзест ки Паҳларо аз Мод ва Карманиаро аз Парайтакене ва Порс ҷудо мекунад) дорад ва аз шимол онро қаторкӯҳҳои Паропамисус ки то баҳри Хазар мерасанд, ҷудо месозад ва Дрангиана, Арахозиа, Гедросиа, Карманиа, Ареиа, Партҳене ва бархе аз пораҳои Порсу Мод ва бархе қисматҳои Бохтару (Бохтар ин ҷо ба маънии вилояти бохтаризабон аст–Б.-Н.Ғ.) Суғд– он [кишварҳоеро, ки] забонҳошон аз ҳамдигар кам тафовут доранд, бад-он дохиланд» - ἐπεκτείνεται δὲ τοὔνοµα τῆς Ἀριανῆς µέχρι µέρους τινὸς καὶ Περσϖν καὶ Μήδων καὶ ἒτι πρὸς ἂρκτων Βάκτρίων καὶ Σογδιανϖν ֗ εἰσὶ γαρ πος καὶ ὁµόγλωττοι παρὰ µικρόν [16].
Сабаби миёни форсу мод ва дигар мардумони Ирони Ғарбӣ-Аншан маъмул нагаштани номи зодбумии оритаборон – тоҷикон шояд (1) аз он бошад ки дар фаромушти (хотира) таърихии тоҷикон низ мисли фаромушти таърихии аншаниҳо танҳо номи куҳантарини мардуми иронинажод монда. Чунонки Доро ва Хашйоршоҳ худро форс ҳам биноманд, забони худро орӣ гуфтаанд ва ҳам нижодашонро, чунонки аз ҷумлаи зерини катибаи Ҳахоманишӣ бармеояд: θātiy Dārayavauš xšāyaθiya vašnā Auramazdāha imām dipim aniyaθā adam akunavam patišam ariyā āha utā avastāya čaxriyata («Мугӯяд Дорийуши шоҳ [ки] ин катибаро ман дигар навъ кардам, гузашта аз ӯ дар [забони] арӣ/орӣ буд ва дар пӯст навишта шуда»); (2) Ҳузури ҳамешагии ҳукумати сиёсии форсҳо ки ба ин ҳамзабонии тоҷикон – арианҳои асил бо форсу модҳо (аншаниҳо) ва ҳаммарзии ҳамешагии муттасил ва ҳамфарҳангӣ ки ҳамеша ба нафъу форсҳо ва ба зарари арии(ан)ҳо (тоҷикону портҳо) анҷомида аст, сахт мусоидат карда. Чунонки бо забони форсии миёнаи худ тамоми мероси поэтики портро дар худ фуру бурда буданд, ниҳоят ду шеваи муқтадири иронии нав: дарӣ ва форсӣ забони портии ба худ наздикро низ пурра ба асри барҳам зада [17] Давлати Сосониён низ аслан давлати курдҳо буда; ва шояд фарҳангу ҳукуматгарии Сосониён танҳо сулола не ки қисман фарҳанги курдиро дар худ фуру нишонда). (3) Дигар, ба воситаи форсҳо ба тамоми ҷаҳони наву навин паҳн шудани тамаддуни (фарҳанги) иронии (ории) навин дар забони форсии нав, ҳарчандки иронии (ории) нав ба асрҳои 3-6 пурра дар дарҳои (даштҳои) Бохтари Ғарбӣ (Ариана) пайдо шуда, ташаккул ёфта, дар ҳоле ки дар Аншан то асри 12 забони форсии миёна маъруф буд ва тамоми 2 асри осори насрии дар забони иронии нав –форсӣ ба истилоҳи маъмул – тақрибан пурра дар ҳамин сарзамин таълиф шуда [18].
Иҳтимоли фаровон меравад ки будани фазои ҳамешагии пайвастаи фарҳангӣ миёни ари(ан)ҳои шарқии зодбумӣ ва ари(ан)ҳои аншанӣ (ғарбӣ): форсу модҳо, мавҷудияти кишварҳои пайвандӣ мисли: Ҳирот, Карминиа, Паҳла (Порт), ҳаммарзии ишон, яклахтии фарҳангӣ-қавмӣ (этнокултура)-ро миёни ари(ан)ҳои шарқиии зодбумӣ ва ари(ан)ҳои аншанӣ (ғарбӣ) таъмин карда.
Кишаври Ἀρέα-и манбаҳои йунонӣ- замини кунунии Ҳирот тибқи ковишҳои навини бостоншиносии дар ин авохир ки комплексҳои археологии он ва Ирони шимолӣ-шарқии кунунӣ ва Осиёи Марказӣ яксонанд, яклахтии фарҳангӣ-этникӣ (этнокултура)- и Бохтар (=τὸ Βάκτριων ἒθνος ё οἵ Βακτράνοι ё ба номи мардуми машҳури он ки ба номи Ἀριάνη машҳур аст ) ва ирониёни кунуниро тасдиқ мекунад. Ин Ричард Фрайро водор карда то бипиндорад ки шояд «порсҳои шарқӣ» низ буда бошанду онҳо дар Ҳирот фароҳам омада бошанд – «It may be that the Persians of the East were consentrated in Herat Province, or that the inhabitants considered themselves more particularly as “Aryans” because of the place of their land in Iranian (an Zoroastrian) tradition» [19]
Ҳеродот ҳам овардааст ки модҳоро дар замони куҳантарин (ай дар оғоз – Б.-Н.Ғ.) орӣ мегуфтаанд - Μῆδοι δὲ τὴν αὐτὴν ταύτην ἐσταλµένοι ἐστρατε ύοντο· Μηδικὴ γὰρ αὕτη ἡ σκευή ἐστι καὶ οὐ Περσική. οἱ δὲ Μῆδοι ἄρχοντα µὲν παρείχοντο Τιγράνην ἄνδρα Ἀχαιµενίδην, ἐκαλέοντο δὲ πάλαι πρὸς πάντων Ἄριοι, ἀπικοµένης δὲ Μηδείης τῆς Κολχίδος ἐξ Ἀθηνέων ἐς τοὺς Ἀρίους τούτους µετέβαλον καὶ οὗτοι τὸ οὔνοµα. αὐτοὶ περὶ σφέων ὧδε λέγουσι Μῆδοι. [20]
Вале воқиаи кор ин аст, ки ҳудуди паҳновари аз биёбони марказӣ то соҳилҳои рӯди Ҳинд/Синд – ҳамон ҳудуде, ки Страбон муқаррар карда – чунонки дар боло гузашт, бавижа ҳудуди водии муштараки Афғонистону Тоҷикистон (Пьянков, ҳамон асар, саҳ.21) – бо марзи Ҳирот бегумон сарзамини Ариана (арӣ, орӣ, ориён) буд, ки онро қисман ё пурра дар Nebenüberlieferung-ҳои ари(ан)ҳо ҳар хел: Бохтар, Тухор(истон), Ариана, Турон, Гандҳара, [замини] *Додикҳо/ *Тоҷикҳо ва ғ. ном бурдаанд. Мардуми ин ҳудуд зодбумӣ буданд – пораи ҳамон ар(иан)ҳои ба Ғарби Иронии кунунӣ кӯч набаста ва иҳтимоли фаровон меравад, ки онҳо худро аз замони оғози татаввури иронии миёна (асри якуми то милод) *доҷик/тоҷик мегуфтаанд ва ишон ҳич «порсҳои шарқӣ» - чунонки Р.Фрай мепиндорад – набудаанд.
Ҳамеша дар робитаҳои танготанги доимӣ, бавижа фарҳангӣ будан, неруи фарҳангу адабофарии мардуми ар(иан)ӣ/орионӣ ҳиҷ гоҳ қатъ нагашта, вале дар ҳар замон он фарҳанги муштарак аз миёни ар(иан)и-ҳои шарқӣ ва портҳо бархоста. Дар ҳоле ки ҳама гуна фарҳанги нав баруз карда, миёни ду этноси ар(иан)ӣ ба ҳама асру замонҳо дар Порсу Мод ба сабаби ҳамеша дорои ҳукумати доимии пайваста доштан давом меёфт, дар пораи шарқии этноси ар(иан)ӣ таҳти нуфузи ҳодисоти таърихӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ё зуд қатъ мегашт, ё таназзул мекард. Тамаддуни авистоӣ аслан туфайли ар(иан)иҳои ғарбӣ бо саҳму иҳтимоми Ашкониён, Сосониён, зинда монда ҳарчандки онҳо худ чизи нави асили арзишманде ба он афзудан натавонистанд, (Ин ки Вандидод ба пиндори бархе донишмандон гӯё маҳсули иҷоди ар(иан)иҳои ғарбӣ бошад, ҳанӯз пиндори иътимодбахш нест).
Адабиёти портӣ (паҳлавӣ) низ дар асрҳои миёна туфайли арианҳои Аншанӣ бимонд. Адабиёту шеъру насри дар Бохтар дар забони арӣ/ориёнӣ буруз карда, танҳо туфайли арианҳои Аншанӣ на танҳо давом ёфт ки соҳиби шуҳрати ҷаҳонӣ гашт. Бохтариён -*доҷикон/тоҷикон ё худ ар(иан)-ҳо новобаста аз он ки давлатдории муқтадире доштанд, ё не (шояд дошта бошанд чи Ҳеродот овардааст, ки барои созмон додани империаи муқтадир ба Куруш Бобул, Мардуми Бохтар, сакҳо ва мисриён сангар ки буданд, мехост, ки бар алайҳи онҳо худ лашкар бикашад, ба сари иониҳо сипаҳсолори дигарро фиристода - δ τε γàp Βαβυλών εἵ ἧv ἐµπòδιος καὶ τò Βάκτρiον ἔϑνος καὶ Σάκαι τε καὶ Aἰγυπτιοι, ἐπ֙ οὕς ἐπεῖχέ τε στρατηλατέεν, αὐτος, ἐπì δὲ Ἲωναs ἂλλον πέµπειν στρατηγóν. (Ҳеродот, I, 153) на танҳо кеши худро поку полуда дар ҳолати монотеизми сирф (манзури ман зардуштизми арахозист, ки дар ин авохир донишмандон пиромуни он кам-кам гуфтан доранд – Б.-Н.Ғ). ҷидо аз зардуштизми дуалистии ғарбииронӣ, зурванизм ва монавизми сирф дуалистӣ, ки ҳар ду бо истифода аз пантеони зардуштизми шуҳрати онро коҳонда буданд, дар худ маҳфуз доштаанд, ки тавонистаанд корҳоеро дар татаввуру сабзиши (иҳёи) фарҳанги навини мардуми ори(ён)изабон анҷом бидиҳанд то фарҳанги ишон бар алайҳи фарҳанги сомии вахшбунёд поистан битавонид, ки ин дар ҳоле ки дар Ирони кунунӣ тақрибан то асрҳои 12 ба забони форсии иҷод мекарданд, фавқулъода муҳим буд.
Порсӣ бо муштақҳои аввалинаш номи чандин этноси (қавм) ар(иан)ӣ/орӣ(онӣ) аст, ки тақрибан аз асри IX то милод дар манбаъҳои таърихӣ дар як ҳудуде паҳновар – аз қаторкӯҳи Загрос то соҳилҳои чапу рости рӯди Ҳинд/Синд, аз халиҷи Форс то даштҳои Рус дар замони куҳан сабт шуда. Аз калимаи порс ва муштақҳои аввалияаш, Nebenüberlieferung-ҳои иронии мийна: эламӣ (Парсумаш/Паршумаш/Парсамаш), ошурӣ (Порсуа ˂*Parsava), ҳиндии куҳан (Parҫa, Pārҫava), йунонии дар масири дуру дирози таърихӣ (Πέρσαι, Pārҫaνa; Пáρσιοι - дар Страбону Птолемей), бегумон шаклҳои Авистоии ρǝrǝθu.varah – («паҳнбар» - афрузаи изади ар(иан)ии бод - Вайу – Йашти XV) ва ҳавандҳои хеши этимологии он дар ҳиндии куҳан parҫu - (дар ведии pṛthuparҫu), булғории куҳан: prъsi «сина, парик», русии куҳани пърси, пъръси, пръси «сина», «тарафи пеши бадан аз гардан то шикам», литовии pirszys «персҳо», «сина», «тарафи пеши синаи асп» ва ғ. метавон архетипи ҳиндуаврупоии *perk̑- (ҳинд. к. parҫ -, ории куҳан pars-)- рo бозсохт кард, этноним, ороним ва аз ҳама муҳим номи забонҳои гуногуни арӣ/орӣ(ёнӣ) (ба таъбири маъмулӣ – забонҳои иронӣ) ба пайдо омада аст дар як сарзамини фарохи ар(иан)ҳо-аз шарқиш - аз соҳилҳои Синд/ Ҳинд то ғарб-ш- Загроб, аз ҷанубиш - Дарёи Порс то шимол-ш – куҳҳои Паропамисус ва дар ҳудуди тақрибан сӣ асри дироз. Дар Nebenüberlieferung-ҳои иронии куҳани забонҳо: эламӣ, ошурӣ, аққодӣ, туркӣ, ҳиндӣ, славянӣ, юнонӣ, арманӣ, арабӣ ва дигар аврупоиён шаклҳои фаровони ин калима расида, ки аз онҳо ба осонӣ ин калимаро метавон шинохтан; ва ҳамон маънӣ-ш: этноси порс/форс ва забони порсӣ/форсӣ. Шоҳи Ҳахоманишӣ Дорийуш худро порс (pārsa) фарзанди порс (pārsahya, puçα -), орӣ (aryačιçra) гуфта, вале дар катибаи Бийстунаш гуфта, ки … ин катибаро ман дигар карда(а)м, бавижа ки он дар […] орӣ буд ва дар пӯст навишта (айнан карда) шуда буд (“… iman dipim aniyaθā adam akunavam patišam aryā āha uta αvastāyā čāxriyata”) (Ман дар пойинтар шарҳ медиҳам, ки барои чӣ забони катибашро орӣ гуфта).
Аз калимаҳое ки бунёдашон бар *perk̑u-и ҳиндуаврупоисту аз он номи худ ниҳодаи порсҳост, бавижа номҳои мисли Parsu - Parsava ҳатто ҳамчун этноним дар саросари сарзамини оритаборон ҳаст. Ҳарчандки дар Ҳинд аз parçu-(<ҳ.-а. *perk̑u)-ҳои ғарбииронӣ ҳатто огаҳие ҳич надоранд, гурӯҳе донишмандон (ҳамчун А. Людвиг, А. Вебер, А. Кейс, В. Агравала ва чанде дигар) дар чинин андешаанд ки ҳар ҷо ки калимаи ба порс наздик ҳаст, ӯ худ порс аст. Аммо дар асл номе мисли parçu- ки дар Ригведа аст [22] номи ории Ҳинд аст. Дар грамари Панини Parçu - Parçava (номи фарде аз он этнос) ва Parçava (номи умумии этнос) аст – қавмест, ки дар марзҳои шимолу ғарбии Ҳиндустон мезист ариҳо/ориҳо/ар(иан)ӣ (иронӣ) буд. Parçu-/Parçava- (<ҳ.-а. *perk̑u дар осори дигари пас аз сари Панини низ дар манбаҳо бар мехӯрад) (Грантовский .Э.А. ibid.)
Птолемей оиди Πάρσοιοι- мардумоне, ки дар шимолу ғарбии сарзамини Ҳинд, дар шимолу ғарбии Паропамисад, тақрибан дар ҳудуди Бомиён ва Πάρονῆται дар ҷанубу шарқии ноҳияи Ғазнӣ ва Кобул, дар ғарбии водии рӯди Ҳинд миҳани зодбумии таърихии паштунҳо, иқомат доштаанд, ҳамчинин пиромуни шаҳрҳои Παρσία ва Παρσιάνα ва кӯҳистони кишвари парсиҳо (Παρσυῆτα.ὂρη), муфассал навишта аст. Ба этноними умумиории parsu–(<ҳ.-а.*perk̑u-) ба андешаи П. Тедеско ва Г. Моргенстйерне [23] бунёди этноними пашту paṩtō (<*parsavā – сифати ҷинси занона аз parsu (аӣ: забони парсу) мекашад. Калимаҳои муштақи аввалияи Πάρσιοι, Πάρσυήται, Παρσία, Παρσιάνα, (аз решаи pars-/parsu-) ки ба сохтори худ калимаҳои Πάρϑιοι, Πάρϑοι, Πάρϑυαῖοι, Πάρϑυάνα, Πάρϑυηνή, Πάρϑυηνóϛ-ро (Parϑανα: «Порт; Парфия – дар анъанаи русӣ) мемонанд нишонаи он аст ки номҳои этникие мисли Parsu, Parsava миёни мардуми муқими шарқи кишвари ариҳо/ориҳо/ориёнӣ низ дар гузаштаи хеле дур маъмул буда аст (Грантовский Э.А., ҳамон ҷо).
Муаллифони юнонӣ – лотинизабон Страбон, Птолемей, Фавстос этнонимҳои фаровони қавмҳои шарқиирониро ки решашон аз ир. куҳ. pars- , ҳ.-к. ραrç– (<ҳ.-а.*perk̑-) аст, овардаанд, ки ҳич ба порсҳои ғарбииронӣ иртибот надоранд. Дар иртиботи номҳои мардумони шарқииронӣ ва порсҳо – мегӯяд Грантовский Э.А. - метавон танҳо ҳаминро гуфт, ки монандии номи онҳо ба ҳамдигар ҷуз таворуд нест ва агар ба ҳамдигар гузаштагони ишон иртиботе дошта бошанд, он танҳо дар замони умумиориёӣ имконпазир аст, дар он замоне, ки тафовутҳо миёни гурӯҳҳои ҷидогона ҳанӯз муқаррар нашуда буду қабилаҳои дар оянда ҷидогона ҳанӯз дар он ҳадде, ки зарурат буд, ташаккул наёфта будаанд. «Подобная картина наблюдается и у других индоевропейских народов. Так, у славян известны племенные названия: хорваты – среди восточных славян (в Прикарпатье), западных (в Чехии) и у южных (в Югославии); сербы у западных, полабских славян и южных в Югославии и т.д.» [24]
Ҳин, хуб мебуд, агар ба ҷои истилоҳи маъмулии забонҳои иронӣ забонҳои порсиро истифода мебурдем, зеро (1) ҳам дар Шарқ ва ҳам дар ғарби ҷаҳони ориён (ирониён – ба истилоҳи маъмулӣ) новобаста аз якдигар дар замони куҳантарину куҳан худро parsu – parsava («порс») номидаанд; (2) истилоҳи Ирон < шакли кейси генетиви ҷамъ нест, иҳтимоли фаровон меравад, ки -ān- и он аз -аnа- и ории умумӣ аст чунонки дар Παρθυανα (< Parϑανα ̊-), Παρσάνα (<*Parsaνa ̊-), ҳин Ἀριάνα (<*ariana -) Ирон. Агар пасафзуди умумиории –аnа- дар забони пашту –ūn- медиҳад – чунонки дар калимаи паштун аст (Παρσιάνα - *Parsaνana), дар забонҳои ғарбӣ κοινή-ҳои форсӣ/тоҷикӣ/дарӣ тибқи қонуни росихи фонетикӣ – ān медиҳад чунонки дар калимаҳои гумон аст (ир. куҳан *νi-manah; ҳинд. куҳан νiman- гумон) [25], шеваи иронии забони осетинӣ ҳам аз *aryana – аст. В ё аз биродарони иронии (аншании) хеш хоҳиш кунем то кишвари худро ба номи пештара-ш номгузорӣ кунанд, ай Форс ба Порс.
Бояд таъкид кард, ки номи мардуми порс пеши юнониён аз замонҳои куҳан ба тарзи Пέρσαι маъмул буда, дар маҷмуъ, то тадбили ā ба η дар шеваи ионӣ (ки пасон η < пеш аз –ρα- ба ε бадал шуда будааст. [26] Юнониён на танҳо пиромуни мардуми шарқи ойкумен (˂οἰκυµέν) мардуми ҳиндуорӣ маълумоти пурра доштаанд, ки яке аз мардумон (ба таъбири худшон ἐθνος)-и асосии он Ἀριὰνα-ро, ки онҳоро οἱ Βακτράνοι (= бохтариҳо), ё τὸ Βάκτριων ἒθνος низ мехондаанд, аз дигар этносҳои шарқи ойкумен ҷидо мекардаанд ва чунонки дар боло гузашт - пеши онҳо он як қавми филойурос, эвергет- (εὐεργέτηϛ « кирфагар», ки муодили лотиниш Benefactor аст) будаанд, ҳами дигар онҳо мардуми (ἐθνος) Зардушт будаанд - Ζαθραύστης παρὰ τοῖς Ἀριανοῖς [22]
Ин кишварро дар ин авохир бостоншиносон низ бо як иътимоди муҳкам дар миёнаи масири Ому/Панҷ дар водии ба Афғонистону Тоҷикистон муштарак локализа кардаанд ва муътақиданд, ки дар он ҳамеша як ягонагии фарҳангӣ-қавмӣ (этнокультура) бавижа дар рузгори куҳантарину куҳан буда аст «Они (ай бостоншиносон–Б.-Н.Ғ.), безусловно, правы в том, что бассейн Средней Амударьи, примерно соответствующий Афгано-Таджикской впадине, во времена бытования имени «Бактрия» - как и в более позднее время, а также по всей видимости, в более ранее – представлял собой этнокультурное единство (Пьянков И.В. 1984: 4; [28]
Ҳамин ҳанвории муштараке, ки миёни Тоҷикистону Афғонистон аст - пораи асосии Бохтари ҳазоршаҳр (˂ *hazahra xšāθra) – дар гузаштаи дури дур, кишвари митии Arya(na) vaiǰαh / Airiianǝm Vaēǰō, Xvanirāθa Bāmya- (Ависто) / Balx-е Bāmik / Vāmik (дар осори форсии миёна) Тухористон, Богард (Vaēkərəta/Vaikṝtika ), буд ки аз миёнаш рӯди митии Vahvī Dātya- (~ Ав.Vaŋuhī- Dā(i)tiia- ) / Bīhrōd (дар осори форсии миёна) – Ому/ Азоруд, Ἀραξ, … мегузашт; Ва он як замоне номҳои муштараки Бохтар, Балх, Тухор, Бадахшон ва … дошт, ки сокинони зодбумии он тоҷикон (˂ dā(i)tya- / Ав. dāitiia-) буда буданд ва ҳолиё низ ҳамонҳоанд. Иҳтимоли фаррвон меравад, ки ин мардум ба номи рӯди машҳури худ *Dā(i)tya (~Ав. Dāitiia-) низ машҳур буда ва *дoӣ/ *дoйик → тоҷик шояд номи худ ниҳода, ё яке аз номҳои зодбумии онҳо бошад. Ҳ. Нйуберг дар як асари пурмуҳтавии худ чинин мепиндорад, ки поягузори сулолаи (хонадони) модӣ Дейока – (дар юнонӣ Δηιόκα аст –Б-Н. Б.) Дайаукку ғайриорӣ бошад[29], вале ба пиндори ман, бунёди ин ном ба як номи зодбумии мардуми Ἀριάνα - *dā(i)tyaka - бояд бошад, модоме ки ба иътирофи худи Нйуберг порсу модҳо ба кишвари Загрос ба а. IX то милод аз шарқ шояд аз Хуросон омада бошанд (Грантовский Э.А. ҳамон ҷо). Ҳами дигар аз як реша будани номи кишвару (ё қавм/этнос) поягузори он дар Ирони Куҳан маъмул аст: Ираҷ (Airiǰ) /Ирон, Турон/Тур ва…
ТОҶИК. О ТОҶИК? ЭТИМОЛОГИЯИ ДИГАР ҲАМ ДОШТА БОШАД?
Дар овардани этимологиаи тоҷик аз Тур тақрибан ҳамон қадар имкон дорад ки аз калимаи До(й)тйа ва шаклҳои таърихан татаввурёфтаи он дар ибораи Чағоди Дойдик, Vahvī- Dā(i)tyā- ва ғ. Решаи калимаи Тур, Турон (Ав. tǚra- «тур, аҳли Турон») иҳтимоли фаровон меравад ки аз решаи ҳиндуаврупоии *tēṷ- *tǝṷ- *teṷǝ- *tṷō- *tū-/tŭ- буда, дар ҳама забонҳои ҳиндуаврупоӣ чӣ centum, чӣ satǝm хуб истода ва яке аз решаҳои хеле мустаъмал аст, ҳам ҳамчун реша бо шаклҳои гуногун аблаутиш ва ҳам аз нигоҳи пайвастанаш бо афзудаҳо (Erweiterung)-и фаровоне мисли bh, g, k, l, m, n, r, s, t.
Фартури ҳамаи шаклҳои бо афзудаҳо сохташудаи ин реша дар забони кунунии форсӣ/тоҷикӣ/дарӣ мавҷуд аст, ки қисман онҳоро Юлиус Покорни оварда [30] Ҳамин ҳузури решаи ҳиндуаврупоӣ тақрибан дар ҳамаи шеваҳои ҳиндуаврупоӣ (дастикам дар шеваҳои асосии ҳиндуаврупоӣ), ҳами дигар фаровонии сифатҳои ба он калима сохта маро водор карда ки этимологиаи (ҳиндуаврупоии) онро биҷӯям.
Тур – номи яке аз панҷ писари Фаридун (бегумон тибқи Ависто ки дар «Фарвардин Йашт» аст) [31] дар манбаъҳои охири ҳазорсолаи 1-уми милодӣ (аслан иронӣ ва арабӣ) дар шакли Tauǰ/ Tož (Табарӣ), Tauz (Саолибӣ, 42), Tōz (Аййоткори Ҷомоспик),Tūz,Tūǰ (Twĵ дар Исахрӣ) омада аст, ки дар Шоҳномаи Фирдавсӣ ҷуз Тур, Tūz,Tūǰ нест, ки як шакли қонунан бар асари ротасизми иронӣ татаввурёфтаи ҳамон як решааст, ки аз он калима-шаклҳоиTauj / Tož, Tauz, Tōz баромада. (Шояд Тус ҳам аз ҳамин реша аст). Шояд Тuz/Тōz/Тauǰ, Тŭz бар асари танҳо қонуни ротасизми иронӣ аз калимаи ҳ.-а. *tus+es (мисли ҳ. куҳан tavás, Ав. tavah -) буда бошад чи агар бар асари қонуни Вернер мебуд, дар он сурат ҳатман ин асос бо пасафзуде бояд меомад (мисли ҳ.-а.*tus- k̑ṃti- ки маънии чарбабардориш «сади фаровон» аст), олм. куҳ. боло thūsund, dūsund (олм. умумӣ þūs-handi “viel hundert”), лит. túkstandis, латв. tũkstuots, сл. куҳани монистонӣ tysęšta (ва ҳам tysǫšta русӣ тысяча). Ва дигар фартури мустақили он танҳо туш (дар композити / Synonymic Repetition-и тану туш) аст, чи танҳо дар интервокал қонуни ротасизми орӣ(иронӣ) ба ин маврид корбаст мешавад, ҳамчун навгувора / навгувожа ки дар осори Рӯдакист [32] Дар қонуне ки ба с. 1877 К. Вернер кашф карда, омадааст ки ҳамсадоҳои умумиолмонии роғи f, Ϸ, h (ки тибқи қонуни Гримм аз ҳамсадоҳои часпони ҳиндуаврупоии p, t, k ба пайдо омадаанд) ҳамчинин s дар ҳолати дар ҳиҷои безада будан ба ҳамсадоҳои [овоз] буланди (ҷарангдори) b,d,g, z (z пасон r мегардад) бадал мешаванд[33] Табдили –ava- ба –ō-/-ū- тибқи қонуни гузариши фонетикии орист (иронист) (ай pavasta-˃ pust; navah ˃ nuh | nūh,...) Дигар, аз як зумра калимаҳои койнеи тоҷикӣ бар меояд ки дар бархе маврид, шаклҳои муодилие ки танҳо бо тадбили ā ~ ū/ō/ ё vice versa бунёд доранд, ошкор мегардад, ҳамчун: fārs - fūrs, pūpisa~popisa, sūdan/ sōhān~čuwsā, andūdan~ andāνa, Ав. čārayatay~ čōrī/ čūrī, фирорӣ ~ фирурӣ, пурсу пос(<pārs). Табдили ā ~ ū/ō ё vice versa бештар дар ҳиҷое, ки бо -r аст, рух меди̭ҳанд. Инак, аз решаи ҳ.-а. *teṷ-s(o)- (ҳин. к. tavás, Ав. tavah) шояд тарзҳои аблаутии tūr̊-/tār; tūž̊- / tāž̊, Ṭuǰ (ṭwǰ) Ṭuč (ṭwč) расида бошад ай: аз як су, *tāž+zik (ҳамчун sagzik, чунонки дар Рустами sagzik аст;) Ин ҷо табдили интервокалии –ž-(на -z-!!) ба –ǰ- тибқи қонун аст (ва ҳам қонуни росих дар койнеи тоҷикӣ /дарӣ): arya(na) чунонки vaiǰαh- ˃ ф.м: Ērān-vež-˃Айвоҷ/ Иронвоҷ, боҷ ˂ ҳ.-а. *b[h]eg- бахш кардан, миҷа/мижа ˂ ҳ.-а. *mei-k- сусу задан, чашмак задан, аз суи дигар, *tūryaka- ˃ tūrik/шояд turk) ва дигар *tāryaka-→ *tāžyaka- /twž-yaka-/twǰ-yaka- тибқи қонуни Вернер ва бар асари қонуни синкопа (монанди калимаи суғд - Suguda; чирк-čuruk(туркӣ) (агар ҳаванди аблаутии qarq –қарқ нест).
Ин аст ки дар манбаҳои то асри VIII номи кишвари зодбумии (дар замони куҳан) ҳамаи ирониён Туристон аст ва он пасон Туркистон гашта ки (шояд бе таъсири калимаи туркӣ-муғулии турката ҳам набошад, лекин...) иҳтимоли фаровон меравад ки танҳо ҳамовои он аст. [34] Ҳарчандки (1) иронизмро ав initio «фарзандони Тур» бегона буда, бадишон танафур дошт [35], Афросиёб антитезест миёни Ҷамшеду Заҳҳок [36] зоҳиран Туристон Туркистон дар маҷмуъ ном гирифта буду онро маздаизм ва «мотивҳои фирдавсивӣ» гаҷаста(маълун, муртад) иълон карда буданд, азбаски он қаҳрамонони туронии худ «Шоҳнома» офаридаҳои архаикии иронизманду [37], дар олами туронӣ номи мотивҳо аз персонажҳо фаровонтар аст [38], (на дар Суғд ки ҳич (сар)замини зардуштӣ (дастикам кишвари ортодоксии зардуштӣ) набуда ҳаргиз ки дар дили Сийстони ирониён – Турон) [39] фарҳанги зодбумии туронӣ [40] хуб истода, анъанаи ҳамосавии сиистонӣ давом карда, бо туронизм дорову рангорангтар мегардад, магар номи (шояд номи асили таърихӣ ай яке аз номҳои таърихии воқиии кишвари Ариана) нест мешуда аст? Ҳич ҳаргиз!
Ба пиндори ман, марзе ки онро манбаҳои йунонӣ (бавижа Страбон ва дигар манбаҳои замони пас аз истилои Александри Ҳрумӣ (бавижа аз а. IV то милод ин су то ҳуҷуми араб) Ἀριανη| τòν Bἀκτριαν ἔϑνος | οἳ Βακτριάνοι меноманд – чунонки дар боло гузашт – марзест ки аҳолии онро ниёгони мустақими тоҷикон ташкил медоданд ки бо мардуми он (=ἔϑνος) бо шарқи-ирониёни дигар симбиоз буда будаанд. Ва ин мардуми ғарбизабони иро-ниро баъзан ки дар ин авохир мардуми авистоӣ ҳам меноманд, йунониён Ἀριανη| τòν Bἀκτριαν ἔϑνος | οἳ Βακτριάνοι [41] гуфта. Ва ҳамин мардум иҳтимоли фаровон меравад ки худшон низ худро тоҷик мегуфта(а)нд: ё аз *dā(i)dik-/*dā(i)tya-κa| <*dā(i)tya- (Ав. dāitiia-) (пасон +-ka-), монанди tąθryaka>tārik. Дар ин маврид #d ба #t ва –в- ба аллофонаш –ǰ- мегузарад (монанди ҷушидан/ душидан, Ҷамшед/ Дамшед (дар гуфтори кудакон)). ё аз tūrya-ka-/ *tārya-ka-/tūrya-ka- (*tārik/ *tūrik →* tāžik→ tāǰik). Дар ин маврид пеш аз /r/ /ā/ ба /ū/ (дироз на фарох!) мегузарад (монанди, Ав. čārayatay- >čūrī, форс.куҳ. avahya rādiy > аз ин ру,…) ва /-r/-и Tūs (<Taus-/Tūsa-/Taura-/Tūra- ) тибқи қонуни ротасизми иронӣ ба Tūs-/Tūǰ-/Tāǰ- (ба тартиби tausya-/tōsya-→ taužya-/tōž-→ tūǰya-/tāǰya-→) +-ka- > tāǰik.
МЕҲАНИ АСЛИИ ТОҶИКОН КУҶОСТ?
Иҳтимоли фаровон меравад ки дар оғози таърих ба астаи (меҳан) нухустини таърихии ари(ан)ҳо нухуст се ἔϑνος ба пайдо омада: ниёгони форсу мод (ирониёни аншанӣ бо истилоҳи ман), ниёгони сирф ари(ан)ҳо/ориҳо, яъне тоҷикон, ай мардуми Ависто ки шеваи ғарбииронӣ доштаанду дар шарқи кишвари Ориён истода ба сарзамини кунунии Ирон нарафтаанд бо ҳамзабонони форсу моду ирониёни дигаршон ки бо шеваи ғарбииронӣ гап мезада(а)нд. Пас аз кӯч бастани ирониёни аншанӣ, ирониёни дигари ғарбизабони иронӣ (ариҳо/ ориҳо ё арианҳо, ай *дойчикҳо/тоҷикҳо) дар миҳани зодбумии хеш дар ду соҳили Омуву Панҷ мондаанд ки онро ба Авистоӣ мардуми Vaŋuhī Dā(i)tiiā/ир.куҳ.* Vahvī Dātyā- меномидаанд. Ба пиндори ман, кишвари мардуми Vahvī Dāityā (=форсии миёна Биҳруд) дар манбаҳои митӣ /афсонавӣ Xvαnirāθa-(bāmya), Aryana-vaiǰah (дар навишти Ав. airiianǝm vaēǰō), таърихан Ariana-, аз руи мавқии географӣ: Бактриа (барои ҳамин дар манбаҳои йунонии тематикаи Παρϑική бо унвони τò Βάκτρiον ἔϑνος ë οἱ Βακτριάνοι ҳам ҳаст) ном бурда мешавад. Ҳамин сарзамини ғарбизабони иронии кишвари ариҳо – мардуми Ависто, ай Ариана ҳам дар гузашта Ирон (ки шакли дигари таърихан татаввурёфтаи худи ҳамин калима аст на ки аз *aryānam-«[кишвари] мардуми иронии табор) – чунонки маъмулан мепиндоранд) ном дошт ки мустақиман аз *ariana- (ки бунёди Ἀριανἠ-и манбаҳои йунонист) пайдо шуда, дар паҳлуи [кишвари] Форс, Мод, Хоразм, Суғд, Скифиа ном бурда мешуд. Ин аст ки, агар Берунӣ мо ирониён мегӯяд, манзури ӯ ҳамин Ирон (=Ариана) аст; Ва Рӯдакӣ ҳам шоҳи мамдуҳи худ – «шоҳи Сиҷистону», «кишвари Нимрӯз» (=Сийстон)-ро [муъҷиби] мафхари [ҳамин] Ирон меномад. [42]
Дигар, дар ягон манбаи замони Антиқа (йунонӣ, лотинизабон) кишвареро ки то соли 1937 Форс мегуфтанд, ай кишвари мардуми Аншанро Ирон нагуфтаанд.
Агар давлати Форс ба с.1937 номи Иронро ғасб намекард, ин қадар дарҳамбарҳамие ки ҳолиё дар тансиби фарҳанги ирониён аст, рух наме-дод; агар оммафаҳм карда бигӯем, ҳолиё мо дуруст муқаррар карда наметавонем, ки чӣ аз мосту чӣ аз бародарони мо. Тарзи ин тансибро ироншиноси барҷаста В.И. Абаев хеле хуб муқаррар карда; дар идомаи он андешаи худ, ки «фармонфармоёни (ҳукумати) Форс номи Иронро ғасб кардаанд [43] «… Вот и религию они заимствуют всё оттуда же. Эпос как теперь выясняем, тоже идёт с Восточного Ирана [ай: Ирони асили таърихӣ, Ариана, [кишвари] οἱ Βακτριάνοι,τὸν Βάκτριαν ἔθνος - Б.-Н.Ғ.], а на западе он был только усвоен. Фирдоуси уже, конечно, писал на персидском, но сам город Туса, откуда он происходил, был в восточной (дурусташ в западной –Б.-Н.Ғ. ) части (большого) Хорасана, и он был близок именно к Восточному Ирану. Вот и свидетельство того, что Рустем был сак, всякие географические наименования – они все указывают на Восток. В области религии и в области мифотворчества, творческое начало было сосредоточено на Востоке. А Запад - Мидия и Персия - они были только такими воспринимающими сторонами. Они, правда, процветали в другой области, в государственной. Мидия сперва создала могущественное государство; потом Ахемениды создали государство, которое не имело себе равных по величине. По государственному гению они далеко превосходили восточные области. Но в сфере духовного творчества, мифологического, религииозного Восток шел впереди» [44].
Аз гуфтаҳои донишманди номдор худ ба худ пайдост, ки ҳама гуна оғози поэтик, иҷоди миф, дину мазҳаб дар шеваи шарқии забони ории ғарбӣ ай шеваи тоҷикон дар Шарқи Ирони таърихӣ воқеъ буда аст. Ҳарчандки адабиёти дар форсии миёна аз маъхазҳои сирф Ависто фаровонтар аст, вале худ осори асили оламгири нухустин дини ба вахш (ваҳй) бунёди монотеистии дунё дар шеваи шарқии он забони ғарбииронӣ – забони мардуми Ависто–Ариана-тоҷикон, мардуми зодбумии Бохтар/ Балх/ Тухор аст. Ва забони Ариана, ки забони поэтики воло буд, бисёр вижагиҳои сирф ариании худро дар ҳама асру замонҳо дошт, ки инро дар ҳама сатҳҳои забон дарёфтан имконпазир аст.
Шеваи шарқии забони иронии ғарбӣ на танҳо бунёди осори поэтики забонҳои ғарбии иронист, ки бунёди мустақими κοινή-и тоҷикии ду паҳлуи Ому Панҷ то ҳудуди Синд забони замони нави (ба истилоҳи лингвистӣ) иронӣ аст – миҳани пайдоиши назму насри оламгир, ки дар ин авохир адабиёти дар форсии нав мегӯянд, ҳаванди оғозии забони ории нав – дарӣ аст, ки дар чор κοινή арзи вуҷуд дорад: κοινή -и форсӣ, κοινή-и дарӣ, κοινή-и тоҷикӣ ва κοινή-и хаттии классикӣ.
Дигар, агар як шевае, ки дар ду марҳилаи татаввури забон бунёди поэтики онро дар ҳудуди чанд асри гузашта, онро магар мумкин аст ғайри номи ҳақиқиш ба номе дигар ном бурдан? Ҳаргиз не!
Ин забон тоҷикист ва мардуми он - тоҷик!
Ҳамчунонки дар Ирони кунуни монанди порсигӯёне, ки лаҳҷаву шеваҳои ишон ба форсии кунунӣ наздик асту онро ҳамчун забони адабӣ ва муошират истифода мебаранд ва як зумра намояндагони забонҳои ғайри форсиву иронӣ, ки забони форси кунуниро ҳамчун lingua franca шуморидан мехоҳанд[45], дигар, дар кишвари мо низ кам нест одамоне, ки мехоҳанд, ки забони роиҷи Тоҷикистонро форсӣ бигӯем, ки бунёди ин пиндори ғалати онҳо бар он аст, ки гӯё ба ивази забони дар гузашта тангшудаи ишон забони форсӣ омада бошад. Дар гузашта дар Иронии Шарқӣ шеваи шарқииронии (ай шеваи дар Иронии Шарқӣ будаи) забони форсӣ, яънӣ шеваи хуросонӣ-тоҷикии (балхии) забони ории ба истилоҳи забоншинонсӣ ории (ё) форсии навин чанд шева/забони шарқиирониро танг карда аст, вале таърихан барои он мардум аз худи Форс забон ки наовардаанд, ҳамин шеваи шарқии забони иронӣ (ё ории) нав ай тоҷикӣ ба ҷои он омада ва, дигар, мо аз маводи Nebenüberlieferung-ҳои иронии (дар забонои) славянӣ, туркӣ, муғулӣ, ҳиндӣ …. (бавижа дар замони куҳантарину куҳану навини он) ҳам медонем (ва ин худ ба худ ҳам пайдост), ки нуфузи шеваи арии(ан)ӣ (орӣ) / тоҷикӣ/ бохтарӣ бештар аст (дар шакли китобату гуфтугӯ), (на) ки шеваи форс (ё ғарбииронӣ-аншанӣ).*
Соли 2017
Ишораҳо ба адабиёти соҳавӣ ва мулоҳизаҳои фаръӣ:
[1] Пахалина Т.Н. Иранские этимологии.// Изв. АН РТ. Серия литература и языка. -Т.53. -№2. -1984 .
[2] Инро ман дар мақолаи «Сак (скиф), сақлаб, Σοκολόται» -ам баррасӣ карданиам.
[3] Пьянков И.В. Средняя Азия в античной географической традиции: Источниковедческий анализ. –М., -1997; Турон ва масъалаҳои марбути онро ман дар мақолаи ҷидогонаам пижуҳидаам ва ин ҷо танҳо ва танҳо оиди этимологиаи тоҷик гуфтаниам.
[4] Бундаҳишн, XII
[5] Benveniste É., (L’Ērān-vēž et I’origine légendaire des Iraniens - // BSOAS. -1931. -Vol. 7. - №3. –P. 265-274) овардааст, ки кишварҳое, ки аз номи рӯд машҳуранд, дар ҷаҳон фаровон аст.
[6] «Ирони Ираҷ, Рӯдакӣ ва Берунӣ. Пиромуни тансиби фарҳанги иронӣ ба тоҷикон. Этимологиаи Ирон, Аншан, Аҷам» - «Ҷумҳурият»,1,7,13,14,23-уми марти соли 2018.
[7] Садриддин Айнӣ, Забони тоҷикӣ»// Раҳбари дониш.- 1928, -№ 11-12 apud Садриддин Айнӣ, Мунтахаби асарҳои илмӣ дар ду ҷилд. Ҷ.1. -Душанбе: -Дониш. -2008. -С.35
[8] Вандидод, фаргарди 1.1.
[9] Gnoli G. Zoroaster`s Time and Homeland. A Study on the Origins of Mazdeism and Related Problems (Translated from Italian by Mrs. Barbara Gross Gandolio), -Naples, 1980.
[10] Ҳеродот .IV.4
[11] Gnoli, ҳамон асар,1980: 145.
[12] Gnoli G.ҳамон асар, саҳ. 146).
[13] Mayrhofer M. Zum Namengut des Avesta. –Wien: Verlag der Ӧsterreichischen Akademie der Wissenschaften.-1977.-S.25). …
[16] Strabo, XV 2,8
[15] apud Hanif Reza M. Portrait of Pakistan – Lahore, …: Ferozsons (Pdt) Ltd – 1994 – саҳ. 75
[17] Таърихи пайдоиши дарӣ дар ҳудуди Ариана гувоҳи ҳол аст. Ман инро дар мақолаи «Ирони Ираҷ, Рӯдакӣ ва Беруниам…» гуфтаам.
[18] Lazard G. La langue des plus ancient monuments de la prose persan, -Paris.-Libraire C.- Klicnksieck. -1965; Нухустин шеъри ба забони иронии нав ҳам дар Ариана (Бохтар/Балх/Тухор) ба пайдо омада.
[19]Frey R. Heritage, 51 apud Gnoli G. Ҳамон асар с. 142.
[20] Ἡροδότοϛ,IV, 14.
[21]Пьянков И.В. Ҳамон асар, с. 14.
[ 22] Грантовский Э. А., Ранняя история иранских племен Передней Азии. –М.; Наука.-1970. -С. 169.
[23] apud Грантовский Э. А. Ҳамон асар, 164.
[24] Грантовский Э. А. Ҳамон асар, 164.
[25]Основы иранского языкознания: Среднеиранские языки.М., - Наука.-1984. -С. 25.
[26] Грантовский Э.А. Ҳамон асар, 169).
[27] Diodorus Siculus, Bibliotheke Historike, I,94,2, apud Gnoli G. ҳамон асар, 1980: 143)
[28] Дьяконов М.М. 1954; 123, Ставиский Б.Я. 1977; 36-48 apud Пьянков И.В. – 1982: c.14.
[29] Nyberg H.S. Die Religionen des Alten Iran, Leipzig 1938: 253; apud. Грантовский Э. А. Ҳамон асар, 30). Ин ҷо муаллиф андешаи Bernard P., Francfort H.P.-ро (ки дар Études de géographie historique sur la plaine d’Ai’ Khanoum (Afghanistan).- P.-1978 иброз карданд) таъкид дорад.
[30]Pokorny.Indogermanisches Etymologisches Wӧrterbuch.Bern;München.-1969, S 1080, 1083 [31] Airiianąm daiŋẋiiunąm narąm ašaonam fravašаyō yazamaide
Airiianam daiŋẋiiunąm nairinąm ašaonam fravašаyō yazamaide
tūiriianam daiŋẋiiunąm narąm ašaonam fravašаyō yazamaide
tūiriianam daiŋẋiiunąm nairinąm ašaonam fravašаyō yazamaide
sairimanam daiŋẋiiunąm narąm ašaonam fravašаyō yazamaide
sairimanam daiŋẋiiunąm nairinąm ašaonam fravašаyō yazamaide
sāininam daiŋẋiiunąm narąm ašaonam fravašayō yazamaide
sāininam daiŋẋiiunąm nairinąm ašaonam fravašayō yazamaide
dāihinam daiŋẋiiunąm narąm ašaonam fravašayō yazamaide
dāihinam daiŋẋiiunąm nairinąm ašaonam fravašayō yazamaide
Фравашиҳои наринаи ашавии диҳони Ориро меситоем,
Фравашиҳои модинаи ашавии диҳони Ориро меситоем.
Фравашиҳои наринаи ашавии диҳони Туронро меситоем
Фравашиҳои модинаи ашавии диҳони туронро меситоем.
Фравашиҳои наринаи ашавии диҳони Сайриманро меситоем
Фравашиҳои модинаи ашавии диҳони Сайриманро меситоем.
Фравашиҳои наринаи ашавии диҳони Сайниро меситоем
Фравашиҳои модинаи ашавии диҳони Сайниро меситоем.
Фравашиҳои наринаи ашавии диҳони Доҳиро меситоем
[32] Оиди ин ниг. мақолаи инҷониб ба унвони «Рӯдакӣ шоири навгувожа аст» //Суханшинос.-2018.- №2.-С. 5-12.
[33]. Verner Дар тафовути як фартур//Лингвистический Энциклопедический cловарь, -М., -Совеская Энциклопедия», -1984,-С. 54.
[34] Инро ман ба0020ое дигар муфассал баррасӣ кардаам.
[35] Scarcia G, Epica iranica e motivo turanico.- Nаpol.-1968: P.8. /AION-N.S.-XVIII-1986. - Р 391 - 424
[36]Scarcia G, Ҳамон асар, 13, (3).
[37] Scarcia G, Ҳамон асар, 12.
[38] Scarcia G, Ҳамон асар, 15.
[39] Scarcia G, Ҳамон асар, 12, 33.
[40] Scarcia G, Ҳамон асар, 33.
[41] бавижа Diodorus Siculus Ζαθραὺστης παρὰ τοῖς Άριανοῖς, apud Gnoli G. ҳамон асар, саҳ. 136.
[42] Ман баррасии daŋha-и ависторо (ки ҳаванди йунонигашта-ш Δάαι /Δόοι аст) ки як замон ман худ калимаи тоҷикро аз он дароварда будам (ки этимологияаш андак «бакашиш» буд) ва иртиботи онро ба этнонимии dasa-и ғайриорӣ (Kumar D.G. The Ethnic Components of the Builders of the Indus Valley Civilization and Аdvent of the Aryans//The Journal of Indo - European Studies. -1973. -Vol. 1.-N 1. - S. 66-80) ба мавриде дигар во мегузорам.
БОБОХОН Б.-Н. Ғафор
(Авистошинос)