Дар бораи ҷамъбасти натиҷаи ниҳоии интихоботи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази узви хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вилояти Хатлон № 3, бақайдгирӣ ва тасдиқи ваколатҳои узви интихобшуда
Мувофиқи моддаҳои 12, 43, 51, 52, 55 ва 56 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар асоси протоколи комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази узви хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вилояти Хатлон № 3 аз 21 июни соли 2023, ҷамъбасти натиҷаи ниҳоии овоздиҳӣ дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вилояти Хатлон № 3-ро гузаронда, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ҷаласаи якҷояи Маҷлисҳои вакилони халқи вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он оид ба интихоботи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази узви хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вилояти Хатлон № 3 салоҳиятнок ҳисобида шавад.
2. Номзад Саид Давлаталӣ бо гирифтани 856 (99,77%) овози вакилони интихобкунанда дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вилояти Хатлон № 3, ки дар интихоботи рӯзи 21 июни соли 2023 интихоб шудааст, ба қайд гирифта, ваколатҳояш тасдиқ карда шаванд.
3. Ба Саид Давлаталӣ тибқи тартиби муқарраргардида шаҳодатномаи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супурда шавад.
Раиси Комиссияи марказии интихобот ва
раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. ХУДОЁРЗОДА
Котиби Комиссияи марказии интихобот ва
раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. САМАДЗОДА
шаҳри Душанбе, 21 июни соли 2023, № 193