Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар пайравӣ аз арҷгузориҳои камназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Зан – Модар ва бо ин роҳ, тақвияти ҳисси ватанпарастии насли ҷавон ва тарбияи онҳо дар руҳияи дӯст доштани Модар – Ватан таҳти унвони «ДУОИ МОДАР» озмун эълон менамояд.
Дар озмун шоирону адибон, журналистону публитсистон ва ҳамаи онҳое, ки ба эҷод алоқаманданд, иштирок карда метавонанд. Асарҳо дар қолаби жанрҳои журналистӣ ва публитсистиву адабӣ дар ҳаҷми то 4 саҳифа бо ҳуруфи Arial tj, андозаи 14 ва шеърҳо то 30 байт қабул карда мешаванд.