Чи рӯзҳои пурдаҳшатеро пушти сар кардем. Садоҳои тирро ҳам шунидему марги одамон, ҳаммиллатонамонро низ дидем. Рӯзҳои гушнагӣ, бенонӣ ҳам сипарӣ гардиданд.
Ҳеҷ бовар набуд, ки рӯзе ҷанг поён меёбад ва сулҳу ваҳдат ҳукмрон мешавад. Дар оғоз ба назар мерасид, ки баъзе аз масъулон саъю кӯшиш ба харҷ дода истодаанду дар андешаи хомӯш кардани ҷанганд. Аслан, ба ин оташ рӯған мерехтанд ва мехостанд, ба ин васила, мавқеъву обрӯ биёбанду соҳиби ҷоҳу мол бигарданд.
Замоне ҳам, ки вакили мардумӣ Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олии ҷумҳурӣ ё худ Сардори давлат интихоб гардиду гуфт, ки ман сулҳ меорам, аксари мардум тааҷҷуб карданд ва бо шубҳа ба ӯ нигаристанд. Ин сухан, ин ваъда дар он рӯзгор баробари фатҳи нуқтаи баландтарини кайҳон буд. Охир то пеш аз ӯ масъулони таҷрибадор ин суханро нагуфтанд, ин ваъдаро надоданд. Чӣ гуна метавонад, як ҷавони 40-сола сулҳ биёрад? Ин боз дар сурате буд, ки ҷанги дохилӣ шиддат меёфт, шумораи гурезагон рӯз ба рӯз меафзуд, гушнагӣ таҳдиди бештар менамуд. Давлат ҳам на пул дошту на захираи ғизоӣ.
Замон собит сохт, ки дар ин даврон ҷасорат, сарсупурдагӣ, муҳаббати Сарвари тозаинтихобро намедонистанд, намешинохтанд. Ҳолиё ба дили ҳеҷ кас ин шубҳа роҳ намеёбад.
Сулҳу ваҳдати миллӣ ба осонӣ ба даст наомад.
Заҳматҳо, бедорхобиҳо, саъю кӯшиши бесобиқаи Сарвари давлатро диданду шоҳид гардиданд. Аз ҳеҷ гуна таваккул наметарсид. Ба хотири сулҳу ваҳдат ба нуқтаҳои доғ, беамн мерафт, албатта, на осон, балки ҷон дар кафи даст дошт.
Дар он рӯзгори вазнину хунин ҳеҷ кас ҷуз ӯ ин мсъулиятро бар дӯш нагирифт. Бархе бо дилсӯзӣ мегуфтанд, ки ҷавон асту дар ин роҳ зуд кушта мешавад. Аммо ӯ аз кушта шудан дар ин роҳ сари тарс надошт. Медид, мефаҳмид, ки агар сулҳу ваҳдатро барқарор накунад, ҷанг боз идома биёбад, миллат маҳв мешавад, кишвареро бо номи Тоҷикистон аз харитаи ҷаҳон аз миён мебаранд.
Он гуна, ки гуфта буд, гурезаҳоро ба манзили худ баргардонд, алангаи оташро хомӯш кард, хонаҳои сӯхтаро аз нав обод намуд, мардумро аз гушнагӣ раҳонд.
Дунё тариқи сулҳофарии ӯро мавриди ситоишу омӯзиш қарор дод. Албатта, тааҷҷуб ҳам карданд, ки чӣ гуна дар андак муддат ҷанги шаҳрвандиро ба сулҳу ваҳдати миллӣ мубаддал кард.
Агарчи дар ин сулҳу ваҳдат саҳми бесобиқаро ӯ гирифт, аммо ҳаргиз онро танҳо ба худ нисбат надод. Дар ин маврид хиради азалӣ, сулҳдӯстии миллаташро тавсиф намуд.
Чӣ гуна шукронаи сулҳу ваҳдатро накунем, ки дигар садои тирро намешунавем, ором, бехавф ба хоб меравем ва саҳар бо дилпурӣ тирезаву дарҳои хонаҳоямонро мекушоем? То барқарории сулҳу ваҳдат инҳо орзу буданд ва таманно мекардем, ки як бори дигар ба рӯзгори хушу осуда бирасем.
Ҳар саҳар аз ҳар нуқтаи пойтахти кишвар чун парафшонии Парчами миллатро мебинем, шукри амният, шукри Сарвари давлатро мекунем.
Барҳақ, осон нест таъмини амният, ҳифзи сарҳад, гирифтани пеши роҳи ноҷавонмардонаи тахрибкорон ва ободу зебову пешрафта намудани кишвари азизамон.
Ба яқин, бояд шукргузор бошем, ки дунё моро чун миллат ва миллати куҳанбунёду тамаддунофар, пешрафтаву сулҳхоҳ мешиносад.
Ҳар рӯз вазъи ҷаҳон мураккабтар мегардад, абарқудратҳо мехоҳанд, дунёро аз нав ба нафъи худ тақсим бикунанд. Дар ин ҳол барои Сарвари давлат ва мардум, нигаҳу ҳифз доштани арзишҳои миллӣ бисёр душвор аст. Бо ин вазъи мавҷуда Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро дуруст раҳнамоӣ мекунад. Ҳушдор медиҳад, ки ғофил набошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, ба қадри ин Ватан, сулҳу осоиштагӣ бирасем.
Воқеан, мебинем, ки ҷангҳо дар баъзе кишварҳои дунё шиддату вусъат меёбанд ва дар баъзе аз кишварҳои дигар мехоҳанд, ки оташи ҷангро биафрӯзанд. Шинохти мавқеи дуруст ва мавқеъгирӣ низ бо ин вазъ душвор мешавад. Хавфи нобуд сохтани башарият дар рӯи дунё ҳолиё вуҷуд дорад. Дарку фаҳми ин ҳама моро водор месозад, ки барои пойдории сулҳу ваҳдати бадастомада ногузир саҳм бояд бигирем, бешак, бо тамоми ҳастӣ, бо ҳама масъулияти ватандорӣ. Вазифаи ҷонии насли мо аст, ки наслҳои ҷавонро дар руҳияи сулҳдӯстӣ, ватанпарварӣ ва қадрдонии мардони асили сулҳофару сулҳовар тарбия намоем. Инчунин, нагузорем, ки ба гурӯҳҳову ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ дохил шаванд ва дар андешаи маҳвсозии баннӣ башар бошанд. Ва ҳам нагузорем, ки ба ҷойи меҳру муҳаббат ба диёри азизу маҳбубамон дар дилҳо кина парваранду аз дур ба сӯи он санги маломату нафрат биафкананд.
Дуруст фармудаанд, рӯзе, ки инсоният ҷангу даҳшати онро фаромӯш мекунад, хотираи таърихиашро маҳв месозад, аз сулҳу осоиштагӣ маҳрум мегардад ва ҷангҳои нав оғоз меёбанд. Аз ин рӯ, бо ёдоварӣ аз он рӯзҳои мудҳиш сулҳу ваҳдатро бояд азиз бишуморем, қадр бикунем ва барои пойдорияш ҳамаи тадбирҳои заруриро биандешем.
27 июн на танҳо Рӯзи Ваҳдати миллӣ, рӯзи пойдории миллат, рӯзи ҷашни дастовардҳои он низ маҳсуб мешавад.
Абдулқодири РАҲИМ, “Ҷумҳурият”