Дар мавсими имсола танҳо аз ноҳияи Ашти вилояти Суғд ба хориҷи мамлакат 4 ҳазор тонна ҳосили барвақтии зардолу содирот гардид. Тайи ду-се соли охир дар ҳудуди ноҳия беш аз 400 гектар боғи нави зардолу бунёд шуд, ки қисми зиёди онҳо, аллакай, ба ҳосил даромадаанд, - хабар медиҳад сомонаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур.
Моҳи май деҳқонони ноҳия зардолуҳои шаҳдбори барвақтиро ба кишварҳои дуру наздик, аз ҷумла Россия, Қазоқистон ва минтақаҳои алоҳидаи Аврупову кишварҳои арабӣ равон карданд.
Дар 18 ҳазор гектар боғҳои зардолуи ноҳия, ки 11 ҳазор гектараш ҳосилдеҳ аст, навъҳои серҳосил ва пешпазаки ба шароити ноҳия мутобиқгашта, ба монанди: «Мирсанҷалӣ», «Бобоӣ», «Исфарак», «Рухи ҷавонон», «Офтобак» ва «Тоҷибоӣ» парвариш мешаванд.
Ҳоло дар ноҳия ба ҷамъоварии оммавии зардолу машғуланд. Ҳамарӯза 8-9 ҳазор кас ба ёрии боғдорони ноҳия баромада, рӯзе аз 150 то 350 сомонӣ маблағ ба даст меоваранд.
Хотиррасон мешавем, ки дар вилояти Суғд, асосан, дар шаҳру навоҳии Исфара, Конибодом, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ 50 ҳазор гектар боғи зардолу мавҷуд аст, ки дар онҳо 32 навъи зардолу парвариш мешавад. Интизор меравад, ки боғдорони вилоят дар мавсими имсола зиёда аз 100 ҳазор тонна зардолу истеҳсол кунанд.
Сафар АБДУРАҲИМОВ, сокини ноҳияи Ашт