Дар давоми ду соли амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” (2 июли соли 2021) 4 миллиард сомонӣ қонунӣ гардонда шудааст.
Ин матлабро муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон иброз дошт.
Ӯ афзуд, ки Қонуни мазкур бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба гузарондани авф вобаста ба қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони кишвар, ки дар Паём ба Маҷлиси Олӣ аз 26 январи соли 2021 ироа гардида буд, қабул гашт.
– Тайи як соли амали Қонун (то 1 июни соли 2022) маблағҳои умумии қонунигардонидашуда 1,2 миллиард сомониро ташкил дод. Бо назардошти натиҷаҳои мусбат бо ташаббуси Ҳукумати мамлакат амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба муҳлати як соли минбаъда, то 5 июли соли 2023 тамдид гардида, ҳамзамон, ҷиҳати бештар намудани дастрасии Қонун ба шаҳрвандон муқаррароти алоҳидаи он такмил дода шуд, – гуфт муовини якуми раиси Бонки миллӣ.
Тибқи таҳлилҳои Кумитаи давлатии сармоягу-зорӣ ва идораи амволи давлатӣ, аз маблағи умумии дар ду марҳила қонунигардонидашуда 42,3 дарсадашро маблағҳои аз ҳисоби сармоягузорӣ воридшуда ташкил медиҳад. Дар баробари ин, ба маблағгузории соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ, таъсис ёфтани ширкатҳои нав, беҳтар гардидани сармояи ширкатҳои амалкунанда, таъсиси ҷойҳои кории нав ва ба иқтисодиёти расмӣ баргардонда шудани маблағҳо мусоидат кард.
– Бинобар ин, пешниҳод гашт, ки муҳлати амали Қонун боз тамдид карда шуда, ҳамзамон, манфиати соҳибкорони алоҳида дар муқаррароти он ба инобат гирифта шавад. Тибқи тағйироти пешниҳодшаванда, муҳлати амали Қонун ба 6 моҳи иловагӣ тамдид мегардад, – зикр кард Фирдавс Толибзода.
Бояд гуфт, ки мақсади Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармояи шаҳрвандон ба иқтисодиёти миллӣ, таъмин намудани шаффофият, коҳиш додани ҳиссаи иқтисодиёти пинҳонӣ, бозгардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтисодиёти миллии Тоҷикистон, фаъол намудани сармоягузорӣ барои рушди соҳибкорӣ мебошад.
М. МИРЗОЁН, “Ҷумҳурият”