Дарвоз яке аз минтақаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ ва иҷтимоӣ пешрафтаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шумор меравад. Ин ноҳияи қисмати ғарбии “Боми ҷаҳон”-и тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамаҷониба рушд ёфтааст. Ободкорӣ, бунёдгарӣ ва созандагиҳо маҳз тавассути осудаву оромӣ ва ваҳдати пояндаи мардуми кишвар ба амал омадааст. Дар ноҳия дар роҳи ба амал баровардани чор ҳадафи стратегии Ҳукумати кишвар - аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидан, ба истиқлолияти энергетикӣ расидан, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии мамлакат дар даврони истиқлолият ва ваҳдати миллӣ қадамҳои устувор гузошта мешавад. Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар, раиси ноҳияи Дарвоз Саидбурҳон Абдураҳмонзода иброз дошт, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2022-2026 - солҳои саноатикунонии мамлакат эълон гардиданд.
Дар ин раванд дар ноҳияи Дарвоз корҳои муҳиме ба ҷо оварда шуда истодаанд. Дар деҳаи Дуробаки Ҷамоати деҳоти Қалъаихумб маҷмааи коргоҳҳои саноатӣ, дар мавзеи Умарак корхонаи калони дӯзандагӣ бо номи “Меҳри модар” ва дар мавзеи Вишхарв корхонаи “Карон калсид”, дар Сағирдашти баландкӯҳ бошад, корхонаи истихроҷи тилло тайи чанд соли охир бомаром фаъолият доранд ва маҳсулоти хушсифат истеҳсол менамоянд.
Воқеан, мардуми Дарвоз аз он шоду мамнунанд, ки қитъаи шоҳроҳи 32-километраи Кӯлоб – Шамсиддин Шоҳин ва 26-километраи Шкев – Қалъаихумби шоҳроҳи байналхалқии автомобилгарди Душанбе – Дарвоз – Хоруғ – Мурғоб – Кулма бо иштироки Роҳбари давлат дар даврони ваҳдати миллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Аз нақби Ширговади ҳудуди Ҷамоати деҳоти Нулванд, бо номи “Дарвоз” нахустин иншооти роҳдорӣ роҳандозӣ гардид, ки тавассути он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мошинҳо ба осонӣ ҳаракат мекунанд.
Ҳамзамон, бо дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди қисмати аз ҳама душвортарини роҳҳои тулонии Бадахшон – қитъаи Қалъаихумб – Ванҷ – даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон оғоз шудааст. Ҳоло азнавсозии ин қитъаи 93-километраи шоҳроҳ бо суръат идома дорад. Ба шарофати он садҳо нафар сокини бадахшонӣ, пеш аз ҳама, ҷавонони дарвозӣ соҳиби ҷойи кор шудаанд.
Дар суҳбати кӯтоҳ Саидбурҳон Абдураҳмонзода зикр кард, ки аз файзу баракати айёми истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ноҳия дар ҳамаи соҳаҳо ба комёбиҳои назаррас ноил шуда истодааст. Бо дастгириҳои Пешвои муаззами миллат, маблағгузории Ҳукумати кишвар, кумаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва, инчунин, саҳми шарикони рушд ва меҳнати босуботи соҳибкорони ватанӣ ва маҳаллӣ, пеш аз ҳама, кулли мардуми Дарвоз дар даврони соҳибистиқлолӣ ва ваҳдати миллӣ ба қадре иншоотҳои саноатӣ ва иҷтимоӣ, пеш аз ҳама, муассисаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, хизматрасонӣ ва манзилҳои истиқоматӣ бунёд шудаанд. Навгониҳо дар марказ ва деҳоти Дарвоз хеле зиёд ва назаррас мебошанд. Воқеан, ноҳияи Дарвоз соҳиби роҳҳо, кӯчаву майдонҳои ободу зебо гардидааст. Рамзҳои муқаддаси кишвар – Парчам ва Нишони давлатӣ дар шаҳраки Қалъаихумб қомат афрохтаанд. Биноҳо ва иншоотҳои панҷу шаш ошёнаи ҷавобгӯи меъёрҳои меъморӣ ва шаҳрсозии муосир аз қабили меҳмонхонаи «Карон плаза», маркази савдои «Дарвоз» ва, инчунин, истироҳатгоҳи машҳури «Чорчаман» бунёд шудаанд. Майдону кӯчаҳо мумфарш, чароғон ва гулпӯшу сабзпӯш гаштаанд. Ободкориҳо идома доранд.
Як нукта боиси зикр аст, ки ноҳияи Дарвоз дар вилоят минтақаи истеҳсолкунандаи маҳсулоти гуногун, аз ҷумла меваҳои ситрусӣ – лимӯ, анору анҷир ба шумор меравад. Солҳои охир дар ин самти афзалиятнок ва занбӯриасалпарварӣ низ, аҳли деҳот натиҷаҳои хуби истеҳсолӣ ба даст оварда истодаанд. Ҳамасола даҳҳо тонна дастранҷи аҳли деҳоти ноҳия ба бозорҳои кишвар ворид мегардад. Асали аз ҷиҳати экологӣ тозаи ин минтақа, дар корхонаи коркарди маҳсулоти деҳаи Дуробак хушсифат бандубаст карда мешавад. Маҳсулоти корхонаи саноатии «Карон калсид»-и мавзеи Вишхарвро дар иншоотҳои шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Кӯлоб ва дигар минтақаҳои мамлакат зиёд истифода мебаранд. Дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон навбати дуюми ин корхона бунёд мегардад.
Саидбурҳони Абдураҳмонзода бо боварӣ изҳор кард, ки мардуми шарифи ноҳияи Дарвоз дар роҳи амалисозии нишондодҳо ва вазифаҳое, ки аз Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар бармеоянд азму суботашонро бештар менамоянд. Ҳамчунин, баҳри сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалҳои зиёди ободонӣ ва бунёдкориро ба ҷо меоранд. Аз фазои беғубори даврони истиқлолият ва ваҳдати миллӣ истифода бурда, тибқи оини ватандорӣ дар тамоми самтҳо сидқан фаъолияти боз ҳам бештар менамоянд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»,
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор