Сарвари давлат соли 2019 дар Симпозиуми байналмилалии илмии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз» дар қатори ҷашнҳои бостонии ниёгон ба Ҷашни Тиргон низ, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуданд. Дар назди пажӯҳандагон масъала гузошта шуд, ки ҷашнҳои ниёгонро бо нигоҳи тоза мавриди баррасӣ қарор диҳанд.
Новобаста аз гирудорҳои сиёсию иқтисодӣ, фарҳангию мазҳабӣ ҷашнҳои миллӣ ва мардумии халқи тоҷик аз гузаштаҳои дуродур то имрӯз эътибору манзалати иҷтимоии хешро ҳифз намуда, то замони мо расиданд.
Агар Ҷашни Сада ба оташ, Наврӯз ба замин (хок), Меҳргон ба рӯшноии осмон (ҳаво) иртибот дошта бошад, пас, Иди Тиргон ба об иртибот дорад, зеро мазҳару пайдоиш ва ҷавҳари ин ҷашнҳо ба чор унсури муқаддаси нахустмабдаъ (оташ, хок, ҳаво ва об) мепайванданд.
Тавре аз маъхазҳои таърихӣ маълум аст, Ҷашни Тиргон дар рӯзи 13-уми моҳи тир, ки он рӯзро Тир низ меномиданд, баргузор мегашт. Тибқи сарчашмаҳо, Тиргон ҷашни даъвати борон аст ва тақрибан ба оғози моҳи июл рост меояд. Мардуми ориёинажод ин ҷашнро дар сатҳи баланд таҷлил мекарданд ва зикри он дар "Шоҳнома" - и Фирдавсӣ ва дар дигар асарҳои илмӣ гувоҳи ин гуфтаҳоянд.
Аз сабаби он, ки ин Ҷашн дар канори оби рӯду дарёҳо ҳамроҳ бо маросими ба об ҳампайванд таҷлил мешуд, бо номи умумии “Обрезгон”, “Обпошон”, “Саршӯён” ёд шудааст. Дар байни тоҷикон дар иртибот ба об, боронталабию қатъи боду борон ва жола бовару эътиқод ва расму оинҳои қадимӣ кам нестанд. Маросими ашаглон, сусхотун, чиллахотун дар манотиқи мухталифи кишвар то ба солҳои наздик барои даъвати борон иҷро мешуданд.
Дар замони шоҳигарии Пирӯзи Сосонӣ, ниёи Хусрави Анӯшервон дар Эрон ҳафт сол хушксолӣ рӯй дода, борон намеборид. Одамон, ҷонварону гиёҳҳо аз ин хушксолӣ маҳв мешуданд. Ин вазъро дида Шоҳ Пирӯзи Сосонӣ фармон дод, ки барои даъвати борон ба ибодат пардозанд. Ниҳоят, баъди ҳафт сол дар рӯзи Тир борон борид. Ба хотири ин борони таърихӣ Пирӯзшоҳ амр намуд, ки ин рӯзро “Обрезгон” ном гузоранд ва онро ҳар сол ҷашн бигиранд. Дар ин Ҷашн эрониёни қадим даруну беруни хонаро об пошида, мерӯфтанд, либоси тоза мепушиданд. Сипас, аз риштаи абрешимии ҳафтранг ресмоне ба шакли дастпона мебофтанд ва онро «Тиру бод» меномиданд.
Баъди даҳ рӯз дар рӯзи Бод онро кушода ба бод медоданд. Дар ин рӯз мардуми эронӣ аз хонаҳои худ баромада, хурсандӣ мекарданд, ба якдигар об мепошиданд. Ҳоло ҳам дар баъзе минтақаҳои эронинишин ин оин бо каме тағйирот маъмул мебошад. Ин риштаи ҳафтранг тақлид ба рангинкамонест, ки ба Тир низ, нисбат медиҳанд.
Дар Мозандарон ҳоло ҳам расми «Сенздаҳшаби тирмоҳ» мушоҳида мешавад, ки идомаи Ҷашни Тиргон аст. Мардум шоми сенздаҳуми тирмоҳ пас аз шустушӯи хонаву дар ва обтанӣ суфраи идона мекушоянд. Дар он меваю шириниҳо ва хӯришҳои гуногун мегузоранд. Пас аз тановули хӯришҳо аҳли хонавода бо девони Хоҷа Ҳофиз фол мекушоянд. Бачаҳо гурӯҳ-гурӯҳ шуда, дар кӯчаҳо суруду таронахонӣ мекунанд ва ба дари хонаҳо рафта, ин Ҷашнро табрик мегӯянд. Аз хонаҳо ба онҳо меваю шириниҳо медиҳанд.
Аз ин ҳама ривояту нигоштаҳои шоирону аҳли адаб ва гузаштагони мо чунин хулоса бармеояд, ки Тиргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардумони ориёӣ буда, дар маҷмуъ, муборизаи мардумро барои дастёб шудан ба зиндагии шоиста инъикос мекунад. Яъне, аз ҳамон давраҳо об чун неъмати бебаҳо қадр мешуд. Ин аст, ки имрӯз ин иқдом беш аз пеш риоя ва роҳандозӣ мегардад. Ҳамаи талошҳо баҳри таъмини зиндагии босаодат бо оби тозаи ошомиданӣ ва обёрии соҳаи кишоварзӣ, дар маҷмуъ, ҳамаи мавҷудоти зинда равона гардидааст.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”