Дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ташаббуси Вазорати кишоварзии мамлакат Ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши хушкмеваҳои Тоҷикистон бошукӯҳ таҷлил гардид.
Ҳадафҳои асосии баргузории ин чорабинӣ нигоҳдорӣ ва инкишофи анъанаҳои қадимаи кишоварзӣ, мавриди тарғиб қарор додани Ҷашни Тиргон бо нигоҳи тоза ва омӯзиши он аз ҷониби пажӯҳандагон, бозтоби мероси дастовардҳои илмию инноватсионии технологияҳои парвариши боғдорӣ, аз ҷумла зардолу ва хушкмеваҳои маҳсулоти боғдорӣ, тарбияи насли наврас ва ҷавонон дар руҳияи ватанпарварию инсондӯстӣ, муаррифии дастовардҳои боғдорон, занбӯриасалпарварон ва хоҷагиҳои ба соҳаи боғдорӣ машғулбуда, фаровонии меваи зардолу дар бозорҳои дохилӣ, афзоиши нишондодҳои содироти ин навъи маҳсулот ба хориҷи кишвар ва мусоидат намудан ба рушди соҳа арзёбӣ гардиданд.
Дар ҷашнгоҳ намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» ташкил шуд, ки дар он даҳҳо номгӯи маҳсулоти корхонаҳои коркарди мева бо сифати баланд дар борҷомаҳо бандубастшуда пешниҳоди иштирокдорон гардиданд.
Дар дастархони идонаи ҷашнӣ хушкмеваҳои маҳалҳои гуногуни кишвар, маҳсулоти хӯроквории анъанавӣ, сабадҳо бо навъҳои гуногуни зардолу, дигар маҳсулоти кишоварзӣ, намудҳои гуногуни асал, шириниҳо, таомҳои хоси ҳар як шаҳру ноҳия ва минтақаҳои кишвар, аз қабили оши палав, ширбиринҷ, қурутоб, шакароб ва ғайра пешкаши иштирокдорон шуданд. Аз ҷониби дигар, ин ҳама таблиғи заҳмати боғдорон, занбӯриасалпарварон ва ҳунармандон низ мебошад.
Дар намоиши маҳсулоти кишоварзӣ навъҳои гуногуни зардолу, олу, шафтолу, себ, ғалладонагӣ, зироатҳои полизӣ, аз ҷумла тарбузу харбуза, ба намоиш ва фурӯш гузошта шуданд, ки сокинон ва меҳмонони пойтахт ин маҳсулотро бо нархҳои нисбат ба бозор арзонтар дастрас намуданд. Ҳамзамон, дар боғ гӯшаҳои дастовардҳои илмии олимони соҳаи кишоварзии мамлакат низ ба намоиш гузошта шуданд.
Дар маросими ифтитоҳи ҷашн муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Сулаймон Зиёзода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, вазири кишоварзӣ ва дигар намояндагони вазорату идораҳои мамлакат иштирок намуданд.
Дар фарҷоми ҷашн барои иштироки фаъолона ва саҳм гузоштан ба рушди соҳа вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ноҳияи Рӯдакӣ бо Дипломи дараҷаи 1, 2, 3 ва вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва шахсони ташаббускор бо сипосномаи Вазорати кишоварзӣ сарфароз шуданд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»