Сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода ба ноҳияи Роштқалъа рафта, бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд.
Хабарнигори минтақавии «Ҷумҳурият» хабар медиҳад, ки Сарвазир ба роҳбарони вазорату кумитаҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дастур дод, ки дар навбати аввал барои хонаводаҳои зарардида шароити лозимӣ фароҳам оварда, то фарорасии рӯзҳои сард онҳоро бо манзили зист таъмин намоянд.
БАРРАСИИ ЗИЁДА АЗ 2 ҲАЗОР САНАД ДАР МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН
Ҷамъбасти фаъолияти иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагон, даъвати шашум, доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.
Иброз гардид, ки дар чор иҷлосия 115 маҷлиси шуро ва 90 ҷаласаи Маҷлиси намояндагон баргузор гардида, ҳамзамон, беш аз 2 ҳазору 492 санади меъёрии ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тайи ин давра 386 қонун, аз ҷумла 58 қонуни мукаммал, 6 кодекс, 19 қонуни конститутсионӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионӣ, 185 қонун оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда, 117 қонун оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба кодексҳо, таҳия шуда, аз он 293 қонун қабул гардид.
ҶАЛАСАИ ШУРОИ ҲАМКОРӢ БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА ИТТИҲОДИ АВРУПО
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷӣ ба «Ҷумҳурият» хабар доданд, дар Люксембург ҷаласаи даҳуми Шурои ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид.
Тибқи рӯзнома, ҷонибҳо атрофи масоили мубрами ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар ҳамаи бахшҳои мавриди эҳтимом табодули афкор намуданд. Инчунин, мусоҳибон вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳоро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, обу энергетика, амният, мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ, ҳуқуқи инсон ва ҳамкории минтақавӣ матраҳ намуданд.
ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАЛАСАИ ШУРОИ БОНКИ АВРУОСИЁИИ РУШД
Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири рушди иқтисод ва савдо, мудири Бонки Авруосиёии рушд дар кишвар Завқӣ Завқизода дар ҷаласаи Шурои Бонки мазкур иштирок намуд.
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар ҷаласа масъалаҳои ҳисоботи солонаи фаъолияти Бонк, баҳогузориҳои аудити байналмилалӣ ва аудити дохилии он, тақсимоти фоида, диверсификатсияи сармояи ойиномавӣ ва дигар мавзуъҳо муҳокима гардида, вобаста ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул шуданд.
СОХТМОН, ТАЪМИР ВА БАРҚАРОРСОЗИИ БЕШ АЗ ҲАЗОР КИЛОМЕТР РОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Солҳои наздик сохтмон, таъмир ва барқарорсозии беш аз ҳазор километр роҳҳои байналмилалӣ ба нақша гирифта шудаанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёт иттилоъ медиҳад.
Тайи даврони соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон қариб 60 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 20 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, зиёда аз 2200 километр роҳҳои байналмилалӣ бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтанд. Ин дастовард дар доираи татбиқи яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ – аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон ба даст омадааст.
НИШАСТИ РОҲБАРОНИ МАРКАЗҲОИ ЗЕҲНИИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ СААД
Дар Москва таҳти унвони «Таҳлил ва ояндабинии фаъолияти ниҳодҳо дар минтақаи масъулияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ» машварат баргузор гардид.
Аз Маркази тадқиқоти стратегӣ ба «Ҷумҳурият» хабар доданд, ки дар Тоҷикистон ба густариши ҳамкории фарогир бо давлатҳои аъзои СААД ҷиҳати таҳкими амнияти милливу давлатӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд.
ДУШАНБЕ – МЮНХЕН – ДУ ПАРВОЗ ДАР ЯК ҲАФТА
Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз афзоиши шумораи парвозҳо дар самти Душанбе – Мюнхен – Душанбе хабар дод.
Парвозҳо ҳафтае ду маротиба: рӯзҳои чоршанбе ва шанбе тавассути ҳавопаймоҳои Boeing 737 – 800 сурат мегиранд. Зиёд шудани парвозҳо дар ин хатсайр Тоҷикистонро бо кишварҳои Аврупо наздиктар намуда, ба мусофирон имкониятҳои бештар фароҳам меорад.