Дар шаҳри Боку вохӯрии раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо раиси Бонки марказии Ҷумҳурии Озарбойҷон Талеҳ Казимов баргузор гардид.
Ҳадафи мулоқот иборат аз тақвияти ҳамкории байнибонкӣ тавассути мубодилаи маълумот ва таҷриба, шиносоӣ бо ислоҳоти дар низоми бонкии Ҷумҳурии Озарбойҷон роҳандозишуда, ҳамчунин, баррасии масъалаҳои муҳими низоми бонкӣ ва тавсеаи ҳамкории минбаъдаи байнибонкӣ буд.
Ҷонибҳо аз фазои сиёсиву иқтисодии фароҳамгардида, ки ба густариши робитаҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон мусоидат мекунад, изҳори хушнудӣ намуда, як қатор масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд. Аз ҷумла, фаъолияти босуботи низоми бонкӣ, омӯхтани таҷрибаи Бонки марказии Ҷумҳурии Озарбойҷон дар самтҳои низоми назорати суғуртавӣ, рушди бозори сармоя, ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ (СБҲМ), рушди бонкдории исломӣ, кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ ва дурнамои гузариши пайдарпай ба ҳисоббаробаркуниҳо бо асъорҳои миллии ҳар ду кишвар аз масъалаҳое буданд, ки мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифтанд.
Раиси Бонки марказии Ҷумҳурии Озарбойҷон Талеҳ Казимов дар идомаи мулоқот оид ба омӯзиши таҷрибаи роҳандозии бонкдории исломӣ дар низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасмандии худро зоҳир намуд.
Ҳоким Холиқзода тазаккур дод, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди бонкдории исломӣ фазои мусоид фароҳам аст ва заминаи ҳуқуқии танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзии исломӣ таҳия гардида, минбаъд низ, такмил дода мешаванд.
Ҳоким Холиқзода дар зимн аз ҳамтои худ даъват ба амал овард, ки кормандон ва мутахассисони Бонки марказии Ҷумҳурии Озарбойҷон метавонанд ба курсҳои омӯзишии Бонки миллии Тоҷикистон дар самтҳои бонкдории исломӣ, ташкили баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ дар бонкҳои марказӣ (миллӣ) ва ташкили ҳуҷҷатгузории электронӣ ва идоракунии он, ки баргузории онҳо дар моҳи августи соли ҷорӣ дар маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ба нақша гирифта шудааст, иштирок намоянд.
Вохӯрии мазкур барои тақвияти ҳамкорӣ миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Ҷумҳурии Озарбойҷон тавассути табодули назар ва баррасии масъалаҳои муҳими бахши молиявӣ ва низоми бонкӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”