Хизмати коммуналӣ ба талаботи муосир мувофиқ мегардад
– Соли гузашта ба истифодабарандагон ба маблағи 202 миллиону 427,2 ҳазор сомонӣ хизматҳои гуногуни коммуналӣ расонда шуд, ки нисбат ба соли қаблӣ 5 миллиону 800,1 ҳазор сомонӣ (102,9 дарсад) зиёд мебошад, – гуфт Усмон Давлатзода, директори генералии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”, зимни нишасти матбуотӣ.
Зикр гардид, ки соли гузашта ба суратҳисоби мақомоти андози шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти ҷумҳурӣ аз рӯи ҳамаи намуди андозҳо 51 миллиону 128 ҳазор сомонӣ ворид гаштааст, ки 100, 2 дарсади иҷрои нишондиҳандаҳои пешбинишударо ташкил медиҳад.
Самти асосии фаъолияти корхонаҳои обтаъминкунӣ ва рафъи обҳои партови тобеи корхона воқеъ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, дар ин давра барои беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшоӣ ва хизматрасонии қабули рафъи обҳои партов (канализатсия) равона шудааст. Корхонаҳои мазкур дар ин давра ба истифодабарандагон ба миқдори 54 миллиону 882,7 ҳазор метри мукааб оби нӯшоӣ дастрас карда, 21 миллиону 770,3 ҳазор метри мукааб баровардани партовҳои онҳоро таъмин намуданд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”
БЕШ АЗ 240 ҲАЗОР НАФАҚАГИР ЁРИИ ЯКВАҚТА ГИРИФТ
Дилмурод Давлатзода, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки порсол аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳурӣ ба 240323 нафақагир ба маблағи 144, 2 миллион сомонӣ ёрии яквақта пардохт гардид. Маблағ бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи декабри соли 2022 «Дар бораи пардохт намудани кумаки яквақта ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ» ба нафақагирони гурӯҳҳои осебпазир, аз ҷумла гирандагони нафақаи иҷтимоӣ, маъюбон, кӯдакони ятим ва аз саробон маҳрумшуда, расонда шуд.
– Илова бар ин, соли рафта ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ 3 миллиарду 532,6 миллион сомонӣ ворид гардид, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2021-ум 101,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Шумораи умумии нафақагирон дар ҷумҳурӣ нисбат ба соли пешӣ афзуда, ба 763 333 кас расид. Талаботи моҳонаи нафақа дар як моҳ 257,7 миллион сомониро ташкил дод, – гуфт Дилмурод Давлатзода.
Таъкид гардид, ки аз шумораи умумии нафақагирон 159146 нафарро маъюбон ташкил медиҳанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 1367 нафар бештар аст. Барои нафақаи нафақагирони маъюб дар як моҳ 51,9 миллион сомонӣ пардохт мешавад, ки ҳисоби миёнаи нафақаи онҳо ба 325, 84 сомонӣ баробар мебошад.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”
МАВОДИ НАШЪАОВАР
Аз мусодира то ошкор гардидани 37 гурӯҳи ҷиноятӣ
Ҳабибулло Воҳидзода, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки соли 2022 аз муомилоти ғайриқонунӣ 520 килогармму 530 грамм маводи нашъаовар мусодира шудааст.
Илова бар ин, соли гузашта Агентӣ фаъолияти 37 гурӯҳи ҷиноятиро дар ҳайати 89 нафар ва 3 гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешаро дар ҳайати 6 нафар ошкор ва дастгир намудааст. Тибқи маълумоти оморӣ, дар ин давра аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар 22481 ҷиноят сабт шудааст, ки аз ин шумора 688 ҷиноят вобаста ба маводи нашъаовар мебошад.
Оламбегими НЕКҚАДАМ, “Ҷумҳурият”
СОИ беш аз 884 миллион сомонӣ талаби даъворо қонеъ кард
Соли 2022 аз ҷониби марҳилаи якуми судҳои иқтисодӣ, коллегияҳои кассатсиониву назоратӣ ва раёсати Суди олии иқтисодӣ дар маҷмуъ, 3568 парвандаи иқтисодӣ баррасӣ гардидааст.
Рустам Мирзозода, раиси Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо зикри ин матлаб дар нишасти матбуотӣ, ҳамчунин изҳор дошт, ки дар ин давра зимни муроҷиат ба судҳои иқтисодӣ 4 388 008 сомонӣ боҷи давлатӣ пардохт шудааст, ки нисбат ба соли 2021-ум 1 880 161 сомонӣ зиёд мебошад. Инчунин, доир ба рӯёндани маблағҳои даъво дар ҳамин давра ба маблағи 884 415 775 сомонӣ талаби даъво қонеъ гардид.
Рустам Мирзозода таъкид намуд, ки барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ба аҳолӣ фаҳмондани меъёри қонунҳои амалкунанда ва пешгирии қонунвайронкуниҳо 6 мурофиаи таълимии судӣ оид ба баррасии парвандаҳо тавассути телевизионҳои марказию маҳаллӣ таҳти унвони «Мурофиа» манзур шуд.
О. НЕКҚАДАМ, “Ҷумҳурият”
Талафоти маҳсулоти захирашуда аз сардиҳои имсола тақрибан 20 дарсадро ташкил медиҳад
Талафоти маҳсулоти захирашуда дар сардхонаву анборҳо аз сардиҳои зимистони имсола тақрибан 20 дарсадро ташкил медиҳад. Бо ин мақсад, дар раёсат барои муайян сохтани ҳаҷми хисороти расида ситоди махсус ташкил шудааст, ки ҳамин ҳафта ба ҳисоб намудани зарар шуруъ мекунад.
Ин нуктаро Хуршед Раҳмонализода, муовини раиси раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот», дар посух ба суолҳои рӯзноманигорон дар мавриди болоравии нархи пиёз ва талафоти он иброз дошт.
Ба гуфтаи ӯ, захиракунии маҳсулот корест, ки дар мавридҳои зиёд аз он фоида дидан мушкил аст, зеро мақсади асосии захираи маҳсулот, қонеъ кардани талаботи истеъмолкунанда ва андешидани тадбирҳо барои он аст, то маҳсулот бо нархи дастрас нисбат ба бозор ба мардум пешкаш шавад. Ҳоло дар бозорҳо ва нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзии «Тоҷикматлубот» як кило пиёз бо нархи 3,5 сомонӣ фурӯхта мешавад. Дар анбору сардхонаҳои соҳа дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон 1625 тонна пиёз, 680 тонна картошка, 100 тонна сабзӣ, 300 тонна мева, инчунин 180 тонна ангишт, захира шудааст. Барои захираи маҳсулоти кишоварзӣ 45 анбор, инчунин 3 сардхона дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт, шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, фаъолият намуданд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»
ШАҲРИ РОҒУН
85 қонунвайронкунии замин ошкор гардид
Тавре Сунъатулло Саидзода, раиси шаҳри Роғун дар нишасти матбуотӣ иброз дошт, соли 2022 дар шаҳр 85 ҳолати қонунвайронкунӣ оид бо истифодаи замин дар майдони 15, 23 гектар ошкор гардид, ки нисбат ба 81 нафар ба маблағи 51,7 ҳазор сомонӣ ҷарима таъин шуд.
Инчунин, зикр гардид, ки 70 ҳолати қонунвайронкунӣ дар масоҳати 12,98 гектар замин бартараф гашт.
Дар соли сипаригардида 192 шиносномаи техникии ҳавлидорӣ, 185 шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ (сертификати ҳуқуқи истифодаи замин) ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дода шудааст.
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”
ФАЙЗОБОД
64 гектар боғи нав бунёд шуд
Бобишо Холзода, раиси ноҳияи Файзобод, зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки соли 2022 кишоварзон бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда майдони боғу токзори меваҳои бозоргиру содиротиро зиёд намуданд. Соли гузашта 64 гектар боғу токзори нав бунёд гардидаст.
Аз 3825 хоҷагии деҳқонии ноҳия аксарашон ба боғдорӣ машғуланд. Соли сипаришуда 8409 тонна ҳосили мева ҷамъ оварда шуд, ки нисбат ба соли 2021 бештар аст.
Бо мақсади таъмини фаровонии бозорҳо майдони кишти зироатҳо ба 8833 гектар расид. Аз ин, ғалладона 3413,7 гектар, зироатҳои техникӣ 688, картошка 799 ва сабзавот 782,3 гектарро ташкил медиҳад. Дар ин давра кишоварзон 7969 тонна ғалладона, 688 тонна зироатҳои техникӣ, 13563 тонна картошка, 14152 тонна сабзавот ва 36068 тонна хӯроки чорво ҷамъ оварданд.
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”
ММТ
Имтиёзҳои довталабон афзуданд
Директори Маркази миллии тестӣ Сабзалӣ Ҷаъфарзода, зимни нишасти матбуотӣ зикр намуд, ки барои ҷалби ҳарчи бештари довталабон ба раванди дохилшавии донишгоҳу донишкадаҳо дар соли 2022 шумораи нуқтаҳои бақайдгирии сайёр ва доимӣ зиёд шуда, марҳилаи сеюми тақсимот ҷорӣ гардид. Инчунин, имтиҳонгирӣ бори аввал бо усули 60 бар 40, яъне шаст дарсад саволу ҷавоби тестӣ, чил дарсад саволу ҷавоби шифоҳӣ ва санҷиши хаттӣ гузашт.
Масъулони Марказ чанде пеш даҳгонаи беҳтарини довталабони муваффақро мувофиқи холҳои бадастоврада бо туҳфаҳои хотиравӣ қадр карданд. Бо вуҷуди ин, ҳанӯз ҳам довталабони кластери якум (ихтисосҳои табииву техникӣ) каманд (49 дарсад).
– Мо бо таҳияи як лоиҳа ба Ҳукумати ҷумҳурӣ муроҷиат кардем, ки даври имтиҳонсупории довталабонро ба 4 марҳила расонем. Аз ҷумла, марҳилаи чорум барои гурӯҳҳои ғоибона, фосилавӣ, зеро дарси аксари довталабони чунин гурӯҳҳо дар охири нимсолаи аввали соли хониш мегузарад. Довталабон метавонанд то он замон имтиҳон супурда, донишҷӯ шаванд, – афзуд диретори ММТ.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
КҲФ соли гузашта 152 нафарро наҷот дод
Соли 2022 наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 152 нафарро дар айни ҳодисаҳои нохуш наҷот доданд. Аз ҷумла, бо ёрии наҷотдиҳандагон 11 нафар аз сӯхтор, 15 нафар аз таҳдиди сел ва 14 нафар аз хатари тарма ҷон ба саломат бурданд.
Дар ин бора Имомалӣ Иброҳимзода, муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 697 ҳодиса ва ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусиятҳои табиӣ сабт шудааст, ки аз ин теъдод 46 ҳолат ба иқтисодиёти кишвар зарар расонд.
– Тибқи нақшаи Кумита оид ба чорабиниҳои асосӣ дар самти мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода 38 машқи маҷмуии мудофиаи гражданӣ, 103 фармондеҳӣ-ситодӣ, 128 тактикӣ-махсусӣ, 342 тамрин ва омӯзишҳои ситодӣ оид ба мудофиаи гражданӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва табақаҳои гуногуни аҳолӣ ташкил ва гузаронда шуд, – гуфт генерал-майор Имомалӣ Иброҳимзода.
Комрон САФАР, “Ҷумҳурият”
Маъруф ҶАЪФАРЗОДА:
“Дар ташкилотҳои буҷетӣ қарздорӣ аз музди меҳнат нест”
Зимни нишасти матбуотӣ дар раёсати молияи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб сардори раёсат Маъруф Ҷаъфарзода ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки соли рафта даромадҳои худӣ 110 дарсад иҷро гардида, ба ҷойи 320,4 миллион сомонӣ 351,2 миллион сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба соли пешин 30,9 миллион сомонӣ зиёд аст. Ӯ гуфт, ки порсол нақшаи буҷети маҳаллиро раёсатҳои молияи шаҳри Кӯлоб 116 дарсад, ноҳияҳои Восеъ 102, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 100, Фархор 105, Темурмалик 117, Ховалинг 113, Муъминобод 102 ва ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 112 дарсад таъмин карданд.
Ба гуфтаи ӯ, соли 2022 нақшаи андози иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби ташкилотҳои буҷетӣ дар шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб 109 дарсад иҷро гашт. Бақияпулии қарзи андози иҷтимоии ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ бо назардошти қарзҳои солҳои пешин, ба ҳолати 1 январи соли равон 11,5 миллион сомониро ташкил дод, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 9,2 миллион сомонӣ кам мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки соли 2022 дар тамоми ташкилотҳои буҷетии шаҳру ноҳияҳои минтақа қарздории музди меҳнат сабт нагардидааст ва музди меҳнати муассисаҳои буҷетӣ сари вақт аз тарафи раёсатҳои молияи шаҳру ноҳияҳо пурра пардохт мешавад.
Суннати СОДИҚ, “Ҷумҳурият”
Минтақаи Кӯлоб
Ҷинояткорӣ рӯ ба коҳиш овардааст
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши минтақаи Кӯлоб Маҳмуд Хоҷазода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки дар музофоти Кӯлоб 373 ҳазору 261 ҷавон ба сар мебарад. Аз ин шумора 185 ҳазору 511 нафар духтарон мебошанд. Номбурда зикр дошт, ки шумораи гирандагони стипендияҳои президентӣ 461, раиси вилоят 53 ва раисони шаҳру ноҳияҳо дар минтақаи Кӯлоб ба 232 нафар расидааст.
Ба гуфтаи М. Хоҷазода, дар минтақа 8 ҳазору 562 варзишгар буда, 984 нафари онҳоро занону духтарон ташкил медиҳанд. Соли рафта 138 мусобиқаи минтақавӣ аз рӯи 15 намуди варзиш баргузор гардида, дар он беш аз 6500 нафар варзишгар иштирок кард.
Ӯ баён дошт, ки соли гузашта тамрингирандагони тими мунтахаби минтақаи Кӯлоб дар 176 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва 30 мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ ширкат варзида, маҷмуан 1530 медал, аз ҷумла 448 тилло, 430 нуқра ва 574 биринҷӣ, ба даст оварданд.
Порсол барои фиристодани варзишгарон ба мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аз ҷониби бахш 935 ҳазор сомонӣ масраф гардидааст.
Бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар минтақа аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ 14 майдонча ва 2 толори варзиш, 2 толори ҳавзи шиноварӣ сохта шуд.
– Дар шаҳри Кӯлоб 422 ҳолати ҷиноят сабт гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 130 ҳолат кам аст, – гуфт М. Хоҷазода.
Суннати СОДИҚ, “Ҷумҳурият”