Маҷид Салим, номзади илмҳои филология, нависанда, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи С. Айнӣ, дар миёни хонандагон бо навиштаҳои ҷолибу хонданӣ ва тарҷумаҳояш маҳбубияти зиёд дорад. Бештари таълифоташ дар бораи олами вуҳуш ва дигар ҳайвоноту парандагон мебошад. Ба мутолиаи асарҳои ӯ муҳаққиқон ва хонандагони сершумор ба ин хулосаи дуруст омаданд, дар кишвар ҳеҷ кас мисли ӯ ҳайвоноту парандагонро наомӯхта ва дар бораи дунёи рангину зебояшон ҳикояву қиссаҳо нанавиштааст. Ин ҳақиқатест, ки ниёз ба собит сохтан надорад ва ҳеҷ кас дар мавриди мазкур андаке шубҳа дар дил надорад.
Ин навиштаҳо на танҳо хонандагони сершуморашро ба олами ҳайвоноту парандагон ошно месозад, балки вазифадор месозад, ки дар ҳифзу нигоҳдорӣ, афзудани шумораи онҳо саҳм бигиранд ва дар пайи кам шуданашон бетафовут набошанд. Дунё танҳо барои инсонҳо нест, балки барои онҳо низ мебошад, - хулоса мекунад нависанда.
Бо таълиф ва нашри китоби “Гавазн ва шикорчӣ” ин ҳақиқатро бори дигар ёдовар мешавад ва таъкид менамояд, ки ҳайвоноту парандагон ҳам мисли - мо бачаҳояшонро дӯст медоранд, дар сурати маҳви яке аз онҳо пайвандонашон мотам мегиранд.
Дар ин китоби тозанашр 33 ҳикояи адиб ҷой доранд, “Саги доно”, “ Гурги похӯрда”, “Нолаи саг”, “Сайёд” , “Байтал”, “Парастуҳои Суруш”, “Гови якрав”, “Гурбаи гурусна” аз ин шуморанд.
“Гавазн ва шикорчӣ”, ки номи китоб аст, яке аз ин ҳикояҳои маҷмуа аст.
“- Эҳа, гавазни зебоеро дидам , аз болои ағбаи оҳугузар чунон бохирам мерафт, ки мисли ғизолони шӯху сармаст.
Наход, боварам намеояд, - афзуд Ризвони шикорчӣ. Охир дар ин мавзеъ гавазн он тараф истад, ҳатто кабк намондааст-ку”.
Ҳа, албатта, аз дасти ту барин шикорчиҳои беинсоф, - гуфт Ҷалоли сайёд.
Чӣ, ту магар шикорчӣ нестӣ?
Мо ҳам шикор мекунем. Аммо мисли ту тамоми ҷуку ҷондорро аз як лав намепарронем, - хитоб кард Ҷалол”.
Мақсаду раҳнамоии муаллиф, ҳатто аз ин як пора баръало маълум аст. Камтар аз нависандагон дар аввал мақсадро равшан бозгӯ мекунанд ва баъд бо тафсиру ташреҳу сабабҳои он мепардозанд. Диалог дар навиштаҳои адиб мавқеи махсус дорад. Аз восита ва санъати бадеии ташхис низ, хуб истифода мекунад. Яъне ҳайвоноту парандагонро хусусияти одамӣ медиҳад ва онҳо ба гуфтугӯ медароянд.
Китоб бо теъдоди 800 нусха ба нашр расидааст. Албатта, дар қиёс ин рақам кам нест, аммо теъдоди хонандагон зиёд мебошад. “Гавазн ва шикорчӣ” хонандаро ба дӯстдории ҳайвоноту парандагони кишвар, ҳифзу парвариши онҳо ҳидоят мекунад.
Абдулқодири РАҲИМ, “Ҷумҳурият”