Шуруъ аз 1 июл даври якуми имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ – қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) оғоз гардид.
Ба «Ҷумҳурият» аз Маркази миллии тестӣ хабар доданд, ки барои баргузории даври асосии имтиҳонҳо дар заминаи 45 муассисаи таълимии 20 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ марказҳои имтиҳонӣ ташкил шудаанд, ки дар онҳо 1129 синфхона барои баргузории имтиҳонҳо омода мебошад. Эълони натиҷаҳои имтиҳонҳо (хол ва балҳои бадастовардаи ҳар яке аз довталабон ва ба озмуни тақсимот роҳ ёфтан ё наёфтани онҳо) 20-уми июли соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.
Муҳаммадулло ТАБАРОВ, “Ҷумҳурият”