Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат чун паёмҳои қаблӣ тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла иқтисоду соҳибкорӣ, иҷтимоиву тандурустӣ, илму маориф, фарҳанг, энергетика, роҳу нақлиёт, таҳлилу баррасӣ гардида, вобаста ба рушди соҳаҳо вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.
Доир ба рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ҷалби бештари сокинон ба он чанд нукта дар Паём иброз гашт. Воқеан, соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, сол ба сол ба ин соҳа таваҷҷуҳ бештар мегардад. Бо ин роҳ Ҳукумати мамлакат оммавияти варзишро таъмин намуда, тарзи ҳаёти солимро ташвиқ менамояд. Ҳамин буд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ аз 26 декабри соли 2019 барои оммавияти варзиш ва солимгардонии аҳолӣ Ҳукумати мамлакат, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор кардаанд, ки дар давоми даҳ соли оянда дар ҳар як деҳа ва маҳалҳои аҳолиашон аз 100 хоҷагӣ зиёд як муассисаи томактабӣ, як толор ва як майдони варзиш бунёд намоянд.
Бешак, иқдоми мазкур ба рушди соҳа ва солимии ҷомеа нақши муассири худро мегузорад. Ин ташаббус давра ба давра амалӣ гашта истодааст. Чуноне шоҳидем Пешвои миллат зимни сафарҳои кориашон ба шаҳру навоҳии кишвар як қатор иншооти соҳаи варзишро ба истифода медиҳанд. Инчунин, аз васоити ахбори омма огаҳ мешавем, ки дар як қатор гӯшаву канори мамлакат, хусусан дар деҳоти дурдаст, майдончаҳои замонавӣ ё толори варзиш мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Дар кишвари мо, ки нисфи зиёди аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд, таъмин намудани шароити машқварзӣ барои онҳо ҳам ба нафъи ҷавонон ва ҳам ба нафъи ҷомеаю давлат мебошад, зеро насли солим ин ҷомеаи солим аст. Гузашта аз ин, нақши ҷавонон дар рушди соҳа меҳварист. Бо дарки ҳамин нукта Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ (23 декабри соли 2022) чунин иброз доштанд: “Маҳз ҷавононанд, ки дар оммавигардонии варзиш нақши асосӣ дошта, ба шарафи пирӯзиҳои онҳо парчами Тоҷикистони маҳбуби мо дар гӯшаҳои гуногуни дунё парафшонӣ мекунад”.
Воқеан, варзишгарони тоҷик бо иштироки фаъолонаи худ нуфуз ва эътибори сарзамини соҳибистиқлоламонро баланд мебардоранд ва Тоҷикистони азизро дар арсаи ҷаҳонӣ ба таври шоиста муаррифӣ карда истодаанд. Дастовардҳои намоёни варзишгарони мо ҳосили ҳамон иқдомотест, ки солҳо пеш роҳандозӣ гардидаанд. Чунончи, дар баробари тадбирҳои судманди Федератсияи футболи кишвар гуфтан мумкин аст, ки вусъат бахшидани сохтмони майдончаҳои варзиш дар шаҳру деҳот ба рушди варзиши рақами як – футбол дар мамлакат мусоидат кардааст. Далели ин гуфтаҳо муваффақиятҳои бесобиқаи футболи тоҷик дар соли гузашта мебошад, ки ҳамагон шоҳиди он будем.
Пас, дар барорбари дастгириву иқдомҳои Роҳбари давлат вобаста ба рушди соҳаи варзиш моро зарур аст, ки насли наврасу ҷавонро дар роҳи варзишдӯстӣ, манфиати варзиш ба саломатии инсон ва парчамбардорӣ тарбия намоем.
Шодӣ САФАРОВ,
ректори Донишкадаи
тарбияи ҷисмонии
Тоҷикистон
ба номи С. Раҳимов,
доктори илмҳои педагогика