Ифтитоҳи Корхонаи маъдантозакунии ҶДММ “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ”
5-уми июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ташриф оварданд. Сафари кории Сарвари давлат аз ноҳияи Айнӣ оғоз гардид.
Нахуст, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Дуобаи Шарқии ноҳияи Айнӣ ба фаъолияти корхонаи маъдантозакунии ҶДММ “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” оғоз бахшиданд. Маросими ба кор андохтани корхонаи мазкур ба таври видеоӣ сурат гирифт. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Урметан тугмаи рамзиро пахш карда, корхонаи маъдантозакуниро ифтитоҳ намуданд ва тавассути монитор бо раванди истеҳсолот шинос шуданд.
Корхона дар доираи нақшаи чорабиниҳои ободонию созандагӣ бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва бо мақсади амалисозии ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар бунёд ёфт. Масоҳати корхонаи истихроҷ ва истеҳсоли маъдани ҶДММ “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” 1200 гектарро ташкил медиҳад. Истихроҷи маъдан дар корхона аз ду кон: Кумарғи Боло ва Дуобаи Шарқӣ сурат мегирад. Конҳои Кумарғи Боло қариб 4 ҳазор метр ва Дуобаи Шарқӣ 2300 метр аз сатҳи баҳр ҷойгиранд.
Барои истихроҷ ва коркарди маъдан раванди мукаммали гидрометаллургӣ ҷорӣ буда, технологияи муосири рехтагарии автоматикӣ, ки истеҳсоли ширкатҳои бонуфузи Аврупо мебошад, васлу насб шудааст. Раванди истихроҷ ва коркарди маъдан дар корхона бо камераҳои мушоҳидавӣ назорат карда мешавад.
Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иқтидори солонаи корхона коркарди 900 ҳазор тонна маъдан мебошад. Раванди истеҳсоли маъдан дар 4 марҳила: истихроҷ, майдакунӣ, обшӯкунӣ ва ҷудокунӣ сурат мегирад. Намуди истихроҷи ашёи хом дар конҳои Кумарғи Боло рӯизаминӣ ва Дуобаи Шарқӣ зеризаминист. Дар кони Дуобаи Шарқӣ, ки аз ҳафт нақб иборат аст, бунёди роҳ, васлу насби таҷҳизоти барқӣ, хобгоҳ барои кормандон ва дигар инфрасохтори ёрирасон ба анҷом расида, кандани нақб идома дорад.
Дар корхона 100 сокини маҳаллӣ ва 40 шаҳрванди Чин бо кор ва маоши хуб таъминанд. Бо пурра фаъолият намудани корхона барои зиёда аз 500 нафар ҷойи кор таъсис меёбад. Тибқи нақша, дар ин мавзеъ оянда коргоҳи холисгардони тилло ва нуқра бунёд мешавад. Мавзеи Дуобаи Шарқӣ дорои манзара, гулу гиёҳҳои шифобахш ва канданиҳои фоиданоки зиёд мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кормандони ширкати “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” истифодаи самараноки канданиҳои фоиданок ва риояи талаботи истихроҷ ва коркарди маъданро талаб намуда, таъкид карданд, ки дар сурати пурра риоя нагардидани талабот расидан ба ҳадафҳои дарпешгузошта душвор мегардад. Барои беҳбуди вазъи экологӣ дар мавзеъ иншооти ҳифзи муҳити зист бунёд шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба низоми кор, ҷараёни истихроҷ ва коркарди маъдан дар корхонаи маъдантозакунии ширкати “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” баҳои баланд доданд.
Бояд гуфт, ки бунёди чунин корхонаи азими истеҳсолӣ дар роҳи расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат қадами устувор мебошад.
Қасри паҳлавонони суғдӣ ва майдончаи бозии футбол
5-уми июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Урметан Қасри паҳлавонони суғдӣ ва майдончаи бозии футболро ифтитоҳ намуданд.
Иншооти нав бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди соҳаи варзиш ва дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бунёд шуд.
Минбаъд наврасону ҷавонони деҳоти Урметан метавонанд, дар ин ҷо ба машқу тамрин машғул шуда, маҳорату малакаи варзишии худро баланд бардоранд.
Дар бинои Қасри паҳлавонони суғдӣ барои ба намудҳои гуногуни варзиш машғул шудан, аз ҷумла гӯштини миллӣ, шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Толори варзиши болопӯшида барои гузарондани мусобиқаҳои сатҳи ноҳиявӣ мувофиқ аст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ҷавонону наврасон бо истифода аз чунин имкониятҳо метавонанд ҳамчун варзишгарони касбӣ омода шаванд ва дар мусобиқаҳои сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ ширкат варзида, шарафи Тоҷикистони соҳибистиқлолро баланд бардоранд.
Дар шафати толори варзиши болопӯшида, ҳамчунин, майдончаи варзишӣ бо дарозии 60 ва паҳноии 30 метр бунёд ёфт.
Бо шинондани ниҳолҳои ороишӣ ва сояафкан саҳн ва атрофи толори варзиши болопӯшида ва майдончаи варзиш ба мавзеи ободу зебо мубаддал гаштааст.
Ба истифода додани толор ва майдончаи варзиш дар ин деҳоти дурдасти мамлакат шаҳодати он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш таваҷҷуҳи хосса дорад.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Айнӣ 63 майдонча ва 25 толор мавриди истифода қарор гирифт.
Бунёди майдонча ва толорҳои варзиш ва ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба тамрин имкон фароҳам овард, ки танҳо дар соли 2022 варзишгарони ноҳияи Айнӣ бо иштироки фаъолона дар мусобиқаҳо сазовори 10 медали тилло, 16 медали нуқра ва 26 медали биринҷӣ гарданд.
Лозим ба таъкид аст, ки наврасону ҷавонони ноҳияи Айнӣ ба варзиш шавқу рағбати зиёд доранд ва бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти соҳа намудҳои гуногуни варзиш боз ҳам рушд хоҳад кард.
Беморхонаи минтақавии № 2
5-уми июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ бинои нави беморхонаи минтақавии деҳаи Урметанро ифтитоҳ намуданд.
Бунёди беморхона моҳи октябри соли 2017 оғоз гардида, аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Айнӣ дар муҳлати муайян бо тарҳу намои зебо мавриди истифода қарор гирифт.
Муассисаи навбунёд дорои ду ошёна ва таҳхона буда, аз шуъбаҳои таваллуд, қабул ва таҳлилгоҳ бо маҷмуи гузарондани амалиёти ҷарроҳӣ, ҳуҷраҳои хатнаи кӯдакон, физиотерапевтӣ, бемориҳои узвҳои дарунӣ ва бачагона иборат мебошад.
Беморхона дорои 90 ҳуҷра буда, дар онҳо шароити арзандаи корӣ ва хизматрасонии тиббӣ муҳайёст.
Дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ, аз қабили дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ), кардиомонитор, дастгоҳи ташхиси ултрасадо, сабти барқии дил ва дигар технологияи муосири ташхису табобат имкон медиҳад, ки ба сокинон хизматрасонии босифати тиббӣ расонда шавад.
Дар беморхона барои ба табобат фаро гирифтани беморон 45 кати хоб мавҷуд аст.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани бинои мазкур шумораи кормандон аз 35 ба 80 ва қабули беморон бошад, ба 100 нафар мерасад.
Сохтмони беморхонаи минтақавии деҳоти Урметан аз иқдому ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ гирифта, ба 25 ҳазор сокинони 7 деҳа хизмати босифати тиббӣ расонда мешавад.
Тибқи лоиҳа, маркази саломатии деҳаи Урметан дар таҳхонаи беморхонаи минтақавӣ ҷойгир буда, дорои шароити хуби корӣ мебошад.
Беморхонаи минтақавии деҳоти Урметан бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҳисоби буҷети ноҳияи Айнӣ аз ҷониби ҶДММ “Тоҷикэлитсохтмон” бунёд гашт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, қомат афрохтани чунин бинои хуштарҳро барои сокинони деҳоти Урметан муҳиму саривақтӣ маънидод намуданд.