Моҳипарварӣ дар ҷумҳурӣ сол ба сол рушд дорад. Бо мақсади пешрафти минбаъдаи соҳа ва таъмини бозорҳои истеъмолӣ, аз нимсолаи дуюми соли 2019 моҳипарварон аз пардохти шаш намуди андоз, аз ҷумла андоз аз воридоти технологияву таҷҳизот ва хӯрока, озод шуданд. Инчунин, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи марти соли 2023 «Барномаи маҷмуавии рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» қабул гардид, ки тибқи он, ин соҳаҳо бештар рушд хоҳанд ёфт.
60 дарсади обҳои ширини Осиёи Миёна аз ҷумҳурии мо сарчашма мегиранд. Дар натиҷаи истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои оби табиӣ ва аҳамияти бештар додан ба таъмини шароити зарурӣ, ба ҳисоби камтарин бояд соле беш аз 200 ҳазор тонна моҳӣ истеҳсол намоем. Бино ба маълумоти ташхисгарони байналмилалӣ, моҳиҳои Тоҷикистон дар ҷаҳон аз ҷиҳати экологӣ тозатаринанд. Афзун гардондани парвариши моҳӣ дар хоҷагиҳои ҷумҳурӣ ҳамчун мавзеи сайёҳӣ ва шикори моҳӣ ба рушди агросайёҳӣ низ, мусоидат менамояд.
ҲОСИЛНОКӢ ҲАНӮЗ ҲАМ НИГАРОНКУНАНДА АСТ, ДУРНАМО ЧӢ?
Тибқи дурнамо, соли равон хоҷагиҳои моҳипарварӣ бояд 5100 тонна моҳии молӣ истеҳсол намоянд. Аммо, ба гуфтаи коршносони соҳа, ин нишондод қонеъкунанда нест. Мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи меъёрҳои тавсиявии физиологии истеъмолии маҳсулоти асосии озуқаворӣ ба ҳар сари аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» талаботи ҳар сокини ҷумҳурӣ ба истеъмоли гӯшти моҳӣ дар як сол нуҳ килограмм тавсия мешавад. Барои таъмини беш аз 10 миллион нафар 90 ҳазор тонна моҳӣ бояд истеҳсол кард. Яъне, таҳлилҳо бозгӯи онанд, ки ҳоло ҳам дар ин самт камбудиҳо зиёд буда, ба татбиқи барномаҳо монеа мешаванд. Аз ҷумла, дар ҷумҳурӣ, ҳарчанд майдони ҳавзҳои моҳипарварӣ меафзояд, ҳосилнокӣ аз ҳар гектар ба талабот ҷавобгӯ нест. Солҳои 90-уми асри гузашта ҳосилнокӣ аз як гектар ҳавз 30-35 сентнерро ташкил медод. Айни замон бошад, ҳосилнокӣ аз як гектар ҳавз 15-16 сентнер аст. Аз ин рӯ, дар бозору нуқтаҳои савдо гӯшти моҳии воридотӣ нисбат ба моҳии маҳаллӣ бисёртар мебошад. Коршиносони соҳа сабабҳои камҳосилии моҳиҳоро гуногун шарҳ дода, аз байн рафтани хоҷагиҳои махсуси моҳипарвариро сабаби асосӣ медонанд. Ҳамчунин, кофӣ набудани корҳои тадқиқотӣ, илмию озмоишӣ барои ҷорӣ кардани технологияҳои нав низ, аз мушкилоти соҳа мебошанд. Ҳоло парвариши моҳӣ бо усули анъанавӣ ба роҳ монда шудааст. Мутахассисон масъулиятро аз худ дур карданӣ нестанд, вале суоле ба миён меояд, ки кадом омил имкон намедиҳад, то соҳа ба таври кофӣ рушд ёбад? Об ҳамон, замин ҳамон, собиқаю таҷриба низ фаровон…
Вақте бо коршиноси соҳа Акрам Ҳоҷиев ҳамсуҳбат шудем, чунин посух дод: “Қабули барнома оид ба рушди моҳипарварӣ, бешубҳа, ба фаъолияти хоҷагиҳо такон бахшид, аммо пиёда кардани нуктаҳои асосии он танҳо ба мо вобаста нест. Барои зиёд кардани маҳсулнокии моҳӣ захираи хӯрокаи тайёр зарур аст. Ҳамчунин, хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба қарзҳои имтиёзноки бонкӣ дастрасӣ надоранд, то ки барои моҳӣ ғизо бихаранд”.
Барои тайёр намудани хӯрок – орди моҳӣ, равғани моҳӣ, устухони моҳӣ ва ғайраҳо лозиманд. Хӯроки моҳӣ, ки аз хориҷи кишвар ворид мешавад, нархи гарон дорад. Дар ҷумҳурӣ корхонаи махсуси истеҳсоли хӯроки моҳӣ нест. Хӯроки асосии моҳӣ аз ғизои омехта иборат аст. Барои як килограмм вазн гирифтани моҳии навъи амури сафед 30-35 килограмм юнучқаи босифат зарур аст. Бино ба гуфтаи коршиносон, барои таъмини пурраи хоҷагиҳои моҳипарварии ҷумҳурӣ бояд 400-500 ҳазор тонна хӯрокаи тайёр захира намоем.
Миралӣ Наимов, сардори Корхонаи воҳиди давлатии "Моҳии Тоҷикистон" мушкили калидии соҳаро дар норасоии заминҳои корами обӣ, гарон будани нархи нуриҳои минералӣ ва табиӣ медонад.
Роҳбари ҶСП “Аквопорс”-и шаҳри Ваҳдат Алиҷон Раҷабов гуфт, ки ҳоло мушкили рақами яки мо – моҳипарварон норасоии маҳсулот барои истеҳсоли хӯроки моҳӣ аст, ки онро берун аз кишвар бо нархи гарон ворид менамоем. Мушкилии дигар фурӯши маҳсулот аст. 15 тонна гулмоҳӣ барои фурӯш дорам, вале харидор намеёбам. Яъне, мо ҳам истеҳсолгар, ҳам бозорёб ва ҳам фурӯшандаем. Тасаввур кунед, маҳсулоти аълосифат дошта бошию фурӯхта натавонӣ, аз ин чӣ суд?
Иброҳим Бобоев, директори ҶДММ “Форел”-и шаҳри Ваҳдат, ки дар моҳипарварӣ таҷрибаи 20-сола дорад, зимни суҳбат оид ба парвариши моҳӣ чунин гуфт:
– Дар бобати тарзи парвариши моҳӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ моҳипарварон бояд ба фосилаи хӯрокдиҳӣ диққат диҳанд, зеро ба моҳӣ як рӯз ғизо надиҳӣ, ду-се рӯз аз инкишоф боз мемонад. Инчунин, соҳа он гоҳ самарабахш мегардад, ки мо технологияи нави парвариш ва таҷрибаи муосири ҷаҳонро ба роҳ монем.
Аз суҳбат бо мутахассиси соҳа дарёфтем, ки ҳанӯз ҳам сайди моҳӣ дар ҷумҳурӣ вобаста ба инкишофи биологии он ба эътибор гирифта намешавад. Қочоқи моҳӣ аз обанборҳои бузурги мо идома дошта, пеши роҳи он пурра гирифта нашудааст. Обанборҳои мо дар мавзеъҳои обпартоӣ тӯрҳои муҳофизатӣ надоранд.
Масъалаи асосӣ ва ҳалталаб дар самти парвариши моҳӣ омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳа, аз ҷумла моҳишинос–ихтиолог, мебошад. Акрам Ҳоҷиев дар робита ба ин масъала чунин гуфт: “Аксари кормандони хоҷагиҳо дониши хуби моҳипарварӣ надоранд ва ҳар кас ба таври худ моҳиро парвариш менамояд. Илова бар ин, аз роҳҳои афзалиятнок ва технологияи муосири моҳипарварӣ кам истифода мебаранд”.
Ҳар сол факултети зооинженерӣ, ихтисоси моҳипарварии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур 15-20 мутахассис тайёр намояд ҳам, бо сабаби кам будани маош ба моҳипарварӣ машғул намешаванд. Онҳоро ҳавасманд бояд кард.
Миралӣ Наимов ин паҳлуи мавзуъро тасдиқ карда, изҳор дошт, ки дар ҳақиқат, ин проблемаи ҷиддӣ аст.
Дар ҷумҳурии мо гулмоҳӣ хеле машҳур буда, гӯшти он нисбат ба дигар намуди моҳиҳо лазиз мебошад. Парвариши онро ҳамчун қафасӣ ба роҳ мондан мумкин аст. Инчунин, андешидану ба роҳ мондани парвариши илмии бисёр зотҳои моҳӣ, аз ҷумла навъҳои моҳии пешонағафси сафед, амури сафед, зағорамоҳӣ, гулмоҳӣ, суфмоҳӣ, ширмоҳӣ, перфари нуқрагӣ, лаққамоҳӣ, тосмоҳӣ ва буффалои амрикоӣ, дар шароити обу иқлими ҷумҳурии мо хеле мувофиқ ва аз нигоҳи иқтисодӣ фоидаоваранд. Илова бар ин, соли равон бори аввал дар ҷумҳурӣ Кооперативи тиҷоратии «Моҳипарварии Каёнуш»-и ноҳияи Данғара ба парвариши моҳии навъи бестер шуруъ кард.
Ба роҳ мондани истеҳсоли хӯроки моҳӣ, бунёди корхонаҳои коркарди саноатии маҳсулоти моҳӣ, парвариши зотҳои фоидаовари наслдеҳ, камхӯрок, сергӯшт, сернасл ва зудкалоншаванда ба рушди соҳа такони ҷиддӣ хоҳанд бахшид. Барои ин, пеш аз ҳама, бояд барномаҳои соҳавии мутобиқ ба таҷрибаи ҷаҳони муосирро қабул кард. Дар замони ҳозира таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки дар соҳа кластеркунонӣ пурра амалӣ шуда истодааст.
Мутахассисони соҳа пешниҳод менамоянд, ки агар тамоми имкониятҳоро истифода бурда, парвариши гулмоҳии қафасиро дар обанбору дарёҳои ҷумҳурӣ ба роҳ монем, метавонем истеҳсоли моҳиро бамаротиб зиёд намоем. Дар масъалаи ташкили ҳавзҳои махсуси моҳипарварӣ, омилҳои парвариши он: ҷойгиршавии ҳавз, сохти он ва ғунҷоиши об, ҳамвор набудани зери ҳавз ҳатман ба инобат гирифта шавад. Зарур аст, ки нашъунамои моҳӣ шабу рӯз таҳти назорати мутахассисони соҳа бошад. Танҳо дар ҳамин ҳол ба натиҷаи дилхоҳ расидан имконпазир аст.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”