Ба назди соҳили дарёи ором,
Нишаста модаре маҳзуну маҳзун.
Ба ёди навҷавонон, он шаҳидон,
Дилаш хун асту хун аст, эй басо хун.
Варо дар дида не хобу хаёл аст,
На парвое зи сардию шамол аст.
Ду чашмаш ҷоми саршори ғаму дард,
Баёну шарҳи аҳволаш маҳол аст.
Бидӯздад чашм бар он сӯи соҳил,
Ки лола руста бо доғи ҷигарсӯз.
Садо ин гӯшаро карда фаромӯш,
Ба хомӯшӣ хазорон шаб шавад рӯз.
Зи дасти зилзила - ин даҳшати шум,
Бале, бинмуда фарзандони худ гум.
Ки омад он сари мардум ба соли
Ҳазору нуҳсаду чиҳилу нуҳум.
ДУНЁИ НОТАКРОР
Надорам серӣ аз дидори модар
Ва тоби дидани озори модар.
Нишоне ҳастам аз осори модар,
Бимонам пояи девори модар.
Замин тон даме паргорвор аст,
Ба шукри буданаш неъматнисор аст.
Аминам, сулҳи олам пойдор аст,
Набинам ашкҳои зори модар.
Тамоми умри худ монанди моку,
Ба роҳи зиндагонӣ дар такопӯ.
Касе дар меҳрубонӣ нест чун ӯ,
Чи асрорест худ асрори модар?
Тавонад дӯст дорад оламеро,
Нахоҳад, ки касе бинад ғамеро.
Ба оромӣ бихоҳад ҳар дамеро,
Зиҳӣ дунёи нотакрори модар!
МАХЗАНИ ЛУТФ
Бас зебу фари ҷаҳон ту, модар,
Бологузари замон ту, модар.
Эй оташи кӯраи гудозиш,
Эй махзани лутф, ҳам навозиш.
Оташкада бе ту сард гардад,
Дунё ҳама ранҷу дард гардад.
Аз ҳар нигаҳат сафо бирезад,
В-аз хандаи ту ҷафо гурезад.
Дар домани ту баҳори гулбез,
Хоки қадамат ҳамеша гулхез.
Аз ту ҳама олами фасона,
Пояндаву зеби ҳар замона.
Касро чу дуо насиб гардад,
Аз ту ба ҷаҳон ҳабиб гардад.
Эй модари ҷону беҳтар аз ҷон,
Хуршеди саодат аз ту хандон.
Авсофи ту нотамом монда,
Оҷиз чу аз он калом монда,
Сад шукр, ки бо ту зиндагонӣ,
Поянда бигашту ҷовидонӣ.
КОХИ МЕҲР
Дар қиёси қуллаҳои сарбаланд,
Кохи меҳри модарӣ бошад баланд.
Рукни он аз хишти ҷон эъмор шуд,
То қиёмат он намеёбад газанд.
Меҳр борад аз фазои модарон,
Шаҳд резад аз садои модарон.
Дар сахо монанди шеди осмон
Нур афшонад сахои модарон.
Хизмати модар, яқин аз ҷон бувад,
Аҳли ҷаннатро раҳи осон бувад.
Чун ки Ҳақ фармуда ҳам аз илми ғайб,
Дар қудуми модарон Ризвон бувад.
Ҳар кӣ аз модар дуояшро гирифт,
Кирдгор аз сар балояшро гирифт.
В-он ки ашки модаронро шуд сабаб,
Бехабар аз худ ҷазояшро гирифт.
То даме аз зиндагӣ дорам нишон,
Ёди ӯ дар сина бошад ҷовидон.
Хок гардам гар ба амри Ҳақ, бидон,
Хок бошам, хоки пои модарон.
ИДАТ МУБОРАК
Якдонаи баҳру барам,
Зебандаи дору дарам.
Эй равшании ахтарам,
Идат муборак, модарам!
Андар бари арзу само,
Ҳамто намебинам туро.
Эй махзани меҳру сахо,
Идат муборак, модарам!
Ҳусни баҳор аз рӯи ту,
Аз чашму аз гесӯи ту.
Аз қомати дилҷӯи ту,
Идат муборак, модарам!
Акси ҷаҳон андоми ту,
Ҷаннат ба зери гоми ту.
Эй ман фидои номи ту,
Идат муборак, модарам!
Ман порае аз ҷони ту,
Менашканам паймони ту.
То бишканад армони ту,
Идат муборак, модарам!
Мирзо ШЕРАЛӢ