Вақт ва иродаи мардум нишон дод, ки ба танзим даровардани анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҳаёти тоҷикистониён тағйироти куллӣ ба вуҷуд оварда, сокинонро аз чанголи исрофу хурофот раҳонда, роҳи расидан ба ормонҳои муҳимро ҳамвор намуд. Ҳадаф аз танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, агар ба низом даровардани иқтисодиёти оилаҳо бошад, аз дигар ҷониб, дар меҳвари давлатсозӣ ва якдигарфаҳмӣ сарҷамъ намудани мардум аст. Чун мо дар ҷаҳони пуртазод ва замони ҳуҷумҳои мунтазами фарҳангҳои бегона қарор дорем, бо ба танзим даровардани анъана ва ҷашну маросимҳоямон, дар баробари огоҳ шудан аз бартариҳои онҳо, аз миллат ва фарҳангу тамаддуни бостонии худ дифоъ карда метавонем. Агар самимона ва бо дидаи таҳқиқ ба масъала назар афканем, ҳаминро хоҳем ёфт, ки тасмимгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат ба ҳам овардан ва зери як фарҳангу расму оин муттаҳид сохтани ҷомеа дар ҷаҳони имрӯз ҳатмӣ мебошад.
Таърих гувоҳ аст, ки анъана, урфу одат, ҷашну маросим рукни муҳими фарҳанги миллӣ ва боварҳои мардумӣ буда, дар пойдории давлатдории миллӣ нақши мондагор мебозанд. Ин буд, ки дар кишвар мавқеъ ва низоми анъанаҳои миллиро дар ҷомеа мустаҳкам намуд. Баъди ба тасвиб расидани Қонун ҷои як қатор анъанаҳои нолозим ва аз фарҳангҳои бегона воридшуда танг гашта, оҳиста - оҳиста аз байн рафтанд.
Қонуни мазкур дар баробари ҳадафҳои иқтисодӣ, инчунин, барои баланд бардоштани маданият ва фарҳанги баргузории маъракаҳои мардум ва риояи талаботи қонунгузории кишвар мусоидат карда, дар ҳалли мушкилии иҷтимоии ҳазорҳо ҷавонон нақши мусбат гузошт.
Баргузории дарозмуддати баъзе анъанаву маросимҳо аз байн рафта, реҷаи муайяни таҷлили онҳо ба миён омад. Баъзе маросимҳо рӯзҳою ҳафтаҳо тул мекашиданд ва дар аснои баргузории онҳо кирдорҳои номатлуб ва вақтгузарониҳои беҳуда ба назар мерасиданд, ки ба афкори ҷомеа, хусусан кӯдакону наврасон бетаъсир набуд. Ба ҳар гуна маросимҳо ҷалб намудани раққосаҳои кӯчагард ва ҳофизони тӯйгард, ки барномаҳояшон аз сурудҳои бемантиқ саршор буд, то андозае боиси костагии ахлоқи ҷомеа гашта, сардаргумии амиқро ба бор оварда буд. Дар натиҷаи даст кашидан аз маросимҳои нолозим ва исрофкориҳо шахсони доро аз ҳисоби худ ё мардум бо роҳи ҳашар синфхонаву мактабҳои нав бунёд намуда, барои кӯдакон шароити созгор ба миён оварданд. Ба ҳамагон маълум аст, ки пештар чун нафаре вафот мекард, пайвандонаш аллакай фикри гузарондани маъракаҳои серхароҷоти пайдарпайро карда, як соли дароз дар пайи иҷрои хурофотпарастиҳо мешуданд. Имрӯз аллакай ин ҳама ба боди фаромӯшӣ рафтаанд.
Таҳлили баргузории ҷашну маъракаҳои мардумӣ собит намуд, ки ғолиб омадани ҳирси манманӣ, худнамоӣ ва тақлидкорӣ тадриҷан ба манбаи хатари азим ба иқтисодиёти оила ва ҷомеа мубаддал гардида буданд. Дар баргузории маъракаҳо на адои вазифаҳои волидайн дар назди фарзандон иҷро мегардид, балки зоҳирпарастию худнамоӣ ва мусобиқаи беҷои соҳибони маъракаҳо ба авҷи аъло расида буд. Бисёриҳо гумон мекарданд чунин мушкилиҳо аслан оилавӣ буда, ба давлат ва ҷомеа иртиботе надорад, аммо ин андеша куллан нодуруст аст. Саодатмандию ободии ҷомеа аз саодату ободии ҳар як шаҳрванд ва оила вобаста буда, давлати иҷтимоию адолатпарвар ҳаққи маънавӣ надорад, ки нисбат ба чунин масъалаҳои муҳим бетаваҷҷуҳ бошад. Аз ин лиҳоз, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо барои тараққиёти ҷомеа нақши хеле муассир дорад.
Як меъёри ниҳоят муҳим ба таври ихтиёрӣ баргузор намудани маърака мебошад. Акнун ҳар як фарди ҷомеаи имрӯзаи мо имкон дорад, ки ба муқаррароти Қонун такя намуда, маъракаашро бо хоҳиши худ бе роҳ додан ба таассуб баргузор созад.
То қабули Қонун вазъи иқтисодӣ ва моддию молиявии мардум аз сабаби сарфу харҷи беҳуда ва ба ҷо овардани расму оинҳои бегонае, ки ба сари мардуми мо таҳмилӣ бор шуда буданд, бисёр ногувор ва нигаронкунанда буд. Бо амалӣ шудани Қонуни мазкур мушкилоти қишрҳои гуногуни ҷомеаи мо, алалхусус, аҳолии камбизоат, ба андозаи чашмрас осон гардид.
Барои ба тафриқа овардани ҷомеа ва заиф сохтану ба нестӣ бурдани давлат, пеш аз ҳама, ба фарҳангу маънавиёти он бархӯрд сурат мегирад ва асоси бақои миллату давлатро ҳимояи бошуурона аз чунин бархӯрдҳо ташкил медиҳад. Яъне, пас аз Ваҳдати миллӣ дар марҳилаи нави давлатсозӣ, яке аз воситаҳои муҳими ҳимояи фарҳангу маънавиёти миллати тоҷик роҳандозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” гардид. Ин санад, ки дарбаргирандаи марому мақсад, арзишҳои ахлоқиву динӣ ва таъриху фарҳангии мардуми Тоҷикистон мебошад, ба бақои давлату миллати мо масуният бахшида, беҳбудии ояндаи ҷавононро таъмин месозад. Дар ҳама давру замон таассубу зиёдаравӣ пояҳои маънавиёти ҷомеа ва фарҳанги миллиро суст менамояд, ки хушбахтона, пеши роҳи ин амалҳои номатлуб ба маърифат ва дарки баланди мардуми мо гирифта шуд.
Мушоҳидаҳо, таҳлили нишондиҳандаҳои оморӣ, натиҷаву пайомадҳои иҷтимоиву иқтисодии татбиқи Қонуни миллӣ ва ҷонибдории мардум нишон медиҳад, ки танзими ҷашну анъана ва маросимҳо дар ҳақиқат ба нафъи мо буда, зимнан, барои таъмини амнияти озуқавории ҷомеа, ки яке аз ҳадафҳои стратегии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, нақши хеле барҷаста дорад.
Баҳрулло ХАЙРУЛЛОЗОДА,
муовини ректор оид ба корҳои эҷодӣ дар
Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи
Мирзо Турсунзода, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент