Мир24. Вазоратҳои корҳои хориҷии Туркия ва Миср дар изҳороти муштарак гуфтаанд, ки кишварҳо бори аввал дар 10 соли ахир сафирҳои хешро таъин карданд. Президентҳои Миср Абдулфаттоҳ ас-Сиси ва Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган дар бораи боло бурдани сатҳи равобити дипломатӣ ва табодули сафир дар охири моҳи май ба мувофиқа расида буданд.
RT. Бино ба иттилои маркази байниидоравии сӯхторҳои ҷангали Канада аз аввали сол дар кишвар майдони 8,4 миллион гектар ҷангалро сӯхтор фаро гирифт, ки аз 590 сӯхтор то ҳол 289-тоаш хомӯш нашудааст.
EurAsiaDaily. Ҷо Байден, Президенти ИМА, дирӯз бо Канслери Олмон Олаф Шолс гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод, ки зимни он раҳбарон омодагӣ ба нишасти дарпешистодаи НАТО ва роҳҳои таҳкими минбаъдаи эътилофро баррасӣ карданд.
ТАСС. Суди олии Исломобод рӯзи сешанбе Сарвазири собиқи Покистон Имрон Хонро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ бо иттиҳоми тасарруф ва фурӯши туҳфаҳои раҳбарони хориҷӣ дар даврае, ки солҳои 2018-2022 ифои вазифа менамуд, озод кард.