Мир 24. Зеландияи Нав аввалин кишваре дар ҷаҳон аст, ки истифодаи ҳама гуна халтаҳои пластикиро дар супермаркетҳо манъ намудааст. Ин тасмим бахше аз маъракаи зидди пластикии ҳукумат буда, аз 1 июл эътибор пайдо кард. Манъ ба халтаҳо ва зарфҳои якдафъаина дахл дорад.
Тавре гуфта мешавад, пас аз ду сол дар Зеландияи Нав истифодаи бастаҳоро, ки барои маводи ғизоӣ аз поливинилхлорид ва полистирол омода шудаанд, манъ хоҳанд кард.
Тибқи маълумоти Вазорати муҳити зисти Зеландияи Нав, ҳар сол як сокини кишвар ба ҳисоби миёна 60 кило партови пластикиро ба партовгоҳҳо мепартояд, аммо танҳо 5 дарсади онҳо дар кишвар коркард мешавад.
Маҳдудиятҳои нав имкон медиҳанд, ки кишвар ҳамасола аз 150 миллион халтаҳои пластикӣ раҳо ёбад,– менависад NZ Herald.
Таъкиди Си Ҷинпин дар нишасти СҲШ
Sputnik. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар нишасти 23-юми сарварони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон дар формати онлайн баргузор шуд, таъкид намуд, ки кишварҳои СҲШ бояд ба «инқилобҳои ранга» ва дахолати беруна ба корҳои дигар давлатҳо муқобилат кунанд.
"Бояд аз кӯшишҳои аз берун барои барангехтани «ҷанги нави сард» ва зиддияти блокҳо дар минтақаи мо ҳушёр бошем", – гуфт ӯ.
Сарвари Чин афзуд, ки сиёсати кишварҳои узви Созмон бояд бар эҳтиром ба манофеи аслии ҳамдигар ва радди рақобат ба нафъи ҳамкорӣ асос ёбад.
Си Ҷинпин, ҳамчунин, аз ташаббусҳои марбут ба ҳисоббаробаркуниҳои молиявӣ бо асъори миллӣ ёдовар шуда, таъкид кард, ки ин равандҳо бояд дар доираи Созмон фаъолона рушд намоянд.
Владимир Путин: “Вазъ дар Афғонистон муташанниҷ боқӣ мемонад”
ТАСС. Президенти Россия Владимир Путин зимни нишасти онлайнии СҲШ иброз намуд, ки вазъ дар Афғонистон муташанниҷ боқӣ монда, ин мавзуъ дар маркази таваҷҷуҳи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) қарор дорад.
Ба гуфтаи Сарвари давлати Россия, авлавиятҳои СҲШ бояд фаъолияти зиддитеррористӣ, мубориза бо ифротгароӣ, радикализми мазҳабӣ, ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ва мубориза бо гурӯҳҳои ғоратгар боқӣ монанд.
"Мехоҳам ба шумо пешниҳоди Россияро дар бораи табдил додани сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ ба як маркази универсалӣ, ки ба тамоми таҳдидҳои амниятӣ вокуниш нишон диҳад, хотиррасон намоям", – афзуд Президенти Россия.
Нозирони Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ дар интихоботи президентии Ӯзбекистон
Мир 24. Комиссияи марказии интихоботии (КМИ) Ӯзбекистон 54 нозири байналмилалии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ-ро барои интихоботи президентӣ, ки 9 июл баргузор мешавад, аккредитатсия кард.
«Муовини раиси Сенати Парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон Жакип Асанов ҳамоҳангсози гурӯҳи нозирон аз Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ таъин гардид»,– гуфтанд дар котиботи КМИ.
Ба гурӯҳи нозирон сенаторҳо, депутатҳо ва намояндагони мақомоти олии қонунбарор, ходимони Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ дохил шуданд.
9 июли соли 2023 нозирони байналмилалии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ дар қитъаҳои интихоботии Тошкент ва дигар минтақаҳои Ӯзбекистон, инчунин, қитъаҳои интихоботии хориҷӣ кор хоҳанд кард.