Қонуни мазкур, асосҳои ҳуқуқӣ, принсипҳо, самтҳои фаъолият, ташкил, низом, сохтор, ваколатҳо, ҳуқуқу уҳдадориҳо ва хизмат дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тартиби таъминоти молиявӣ, моддӣ ва техникии онро бо мақсади гузарондани аудити берунаи мустақили давлатӣ муайян менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Вазъи ҳуқуқии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Палатаи ҳисоб) мақоми олии аудити давлатӣ мебошад, ки аудити берунаи мустақили давлатиро оид ба баҳодиҳӣ ба лоиҳаи буҷети давлатӣ, ҳисоботи маҷмуии солонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷрои буҷети давлатӣ ва истифодаи мақсадноку самараноки маблағҳо ва захираҳои давлатӣ анҷом медиҳад.
2. Ваколатҳои Палатаи ҳисоб вобаста ба гузарондани аудити берунаи мустақили давлатӣ нисбат ба ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба объектҳое, ки воситаҳои буҷетиро истифода намудаанд, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқиашон, татбиқ мегарданд. Палатаи ҳисоб дорои ваколатҳои иҷроия, қонунгузор ва ҳифзи ҳуқуқ намебошад.
3. Палатаи ҳисоб наметавонад ба афзалият ва норасоиҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи молияи давлатӣ ва истифодаи моликияти давлатӣ баҳо диҳад. Палатаи ҳисоб ба амалисозии сиёсати мазкур баҳо медиҳад ва аз натиҷаи он хулосаи худро пешниҳод менамояд.
4. Палатаи ҳисоб шахси ҳуқуқӣ буда, дорои муҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ном бо забони давлатӣ ва нишони худ аст. Низомномаи Палатаи ҳисоб ва низомнома дар бораи нишони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, тасвир ва тавсифи он бо пешниҳоди раиси Палатаи ҳисоб аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд. Макони ҷойгиршавии Палатаи ҳисоб пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе мебошад.
5. Палатаи ҳисоб ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти худ ҳисобот медиҳад.
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
1) арзёбӣ – омӯзиш, мулоҳиза, муҳокима ва таҳлили хавфҳои истифодаи мақсаднок ва самараноки воситаҳои буҷетӣ ва захираҳои давлатӣ;
2) аудит – арзёбии мустақили касбӣ, ки бо мақсади ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумоти молиявӣ, ғайримолиявӣ ва такмили идоракунии захираҳои давлатӣ ва баҳисобгирии дурусти онҳо анҷом дода мешавад;
3) аудити берунаи мустақили давлатӣ – фаъолияти мақоми олии аудити давлатӣ оид ба арзёбии идоракунии дурусти воситаҳои буҷетӣ ва захираҳои давлатӣ, ки ба роҳбари объекти аудит тобеъ ва ҳисоботдиҳанда нест;
4) аудити молиявӣ – омӯзиш ва таҳлили низоми баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявии объекти аудит, ки ба корманди Палатаи ҳисоб имкон медиҳад оид ба дурустии баҳисобгирии муҳосибӣ, ҳисоботи молиявӣ ва мутобиқати онҳо ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стандартҳои соҳавӣ изҳори назар намояд;
5) аудити мутобиқат – арзёбии мутобиқати объекти аудит ба қонунгузории танзимкунандаи фаъолияти он;
6) аудити самаранокӣ – омӯзиш ва таҳлили фаъолияти объекти аудит оид ба сарфанокӣ, маҳсулнокӣ ва натиҷанокӣ;
7) аудитор – корманди ваколатдори Палатаи ҳисоб, ки ҳуқуқи гузарондани чорабиниҳои аудиториро дорад;
8) бархӯрди манфиатҳо – ҳолате, ки ҳангоми он манфиатҳои шахсии корманди Палатаи ҳисоб ба талабот нисбат ба иҷрои софдилонаю холисонаи ваколатҳои хизматии ӯ мувофиқат намекунанд;
9) воситаҳои буҷетӣ – маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, маҳаллӣ, фонди мақсадноки давлатӣ, кумакҳои молиявӣ ва моликияти дар тавозуни корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигари давлатӣ инъикосгардида;
10) воситаҳои фондҳои махсус – фондҳои воситаҳои пулие, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби даромадҳо ё дар шакли ҳиссаҷудокунӣ аз намудҳои алоҳидаи воридот ташаккул ёфта, барои амалисозии мақсадҳои мушаххас пешбинӣ шудаанд;
11) воситаҳои ғайрибуҷетӣ – воситаҳои давлатии дар ихтиёри муассисаҳои буҷетибуда, ки ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ мансубият надошта, аз ҳисоби манбаъҳои дигар ташаккул ёфтаанд;
12) воситаҳои махсуси буҷетӣ – воситаҳое, ки ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ғайр аз маблағҳои аз буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ҷудошуда мегиранд. Воситаҳои махсус ин даромади ташкилоту муассиса мебошад, ки аз фурӯши мол, кор ва хизматрасонӣ ба даст овардааст;
13) истифодаи ғайримақсадноки воситаҳои буҷетӣ ва манбаъҳои ғайрибуҷетӣ – хароҷоти ғайритаъинотии воситаҳои буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, инчунин воситаҳои фондҳои махсус ва воситаҳои ғайрибуҷетӣ;
14) истифодаи ғайрисамараноки маблағ – истифодаи маблағ, воситаҳои ғайрибуҷетӣ ва махсус бидуни ба даст овардани натиҷаҳои пешбинишуда;
15) корманди Палатаи ҳисоб – шахси воқеие, ки бо тартиби муқарраргардида бо риояи талаботи тахассусӣ ба мансаби хизмати давлатӣ дар Палатаи ҳисоб таъин шуда, дорои шаҳодатномаи хизматӣ мебошад;
16) корманди дигари Палатаи ҳисоб – корманди Палатаи ҳисоб, ки ҳуқуқи гузарондани чорабиниҳои аудиториро надорад;
17) маблағҳои давлатӣ – воситаҳо (маблағҳо)-и пулие, ки аз ҷониби давлат барои амалисозии фаъолияти бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида ба вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигари давлатӣ, бонкҳо, ҷамъиятҳои саҳомӣ ва субъектҳои хоҷагидор, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ равона шудаанд ё бо кафолати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб гардидаанд;
18) объекти аудит – корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, ки бо аудит фаро гирифта шудаанд;
19) чорабинии аудиторӣ – маҷмуи амалҳои касбии аудитор, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи стандартҳои аудит дар асоси барномаи аудиторӣ, омодагӣ, ҷамъоварии далелҳо, таҳияи ҳисоботу хулоса ва пешниҳоди тавсияҳо амалӣ карда мешаванд;
20) фаъолияти амалиётӣ – фаъолияти корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, ки манбаи воридоти воситаҳои пулӣ ва молии онҳо мебошад;
21) хулосаи аудитории Палатаи ҳисоб – ҳуҷҷати расмӣ, ки мутобиқи стандартҳои аудит оид ба дурустии лоиҳаи буҷети давлатӣ ва ҳисоботи маҷмуии иҷрои он, инчунин ҳисоботҳои маҷмуии ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва субъектҳои хоҷагидори давлатӣ таҳия ва пешниҳод мегардад.
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Палатаи ҳисоб
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Палатаи ҳисоб ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 4. Доираи амали Қонуни мазкур
Қонуни мазкур нисбат ба аудити берунаи мустақили давлатии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигари давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар фаъолият доранд, дар муносибат ба истифодаи мақсаднок ва самараноки воситаҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ, моликият ва захираҳои давлатӣ паҳн мегардад.
Моддаи 5. Принсипҳои фаъолияти Палатаи ҳисоб
Фаъолияти Палатаи ҳисоб ба принсипҳои зерин асос меёбад:
1) қонуният;
2) мустақилият;
3) масъулиятнокӣ;
4) дастҷамъӣ;
5) беғаразӣ, эътимоднокӣ ва поквиҷдонӣ;
6) махфият;
7) шаффофият дар доираи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
8) риояи стандартҳои аудит;
9) риояи одоби касбӣ ва одоби хизматчии давлатӣ.
Моддаи 6. Вазифаҳои Палатаи ҳисоб
Палатаи ҳисоб вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:
1) пешниҳоди маълумоти саҳеҳ ва беғаразона ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба лоиҳаи буҷети давлатӣ, ҳисоботи солонаи маҷмуии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷрои буҷети давлатӣ ва идоракунии захираҳои давлатӣ;
2) ташхиси лоиҳаи буҷети давлатӣ ва аудити ҳисоботи солонаи маҷмуии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷрои буҷети давлатӣ ва аз натиҷаи онҳо пешниҳод намудани хулоса ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мусоидат ба назорати истифодаи мақсаднок ва самараноки маблағҳои гирифташуда ва харҷгардидаи буҷети давлатӣ ва идоракунии зарурии захираҳои давлатӣ.
Моддаи 7. Ваколатҳои Палатаи ҳисоб
Ба ваколатҳои Палатаи ҳисоб мансубанд:
1) ташхиси лоиҳаи буҷети давлатӣ ва бо тартиби муқарраргардида пешниҳод кардани хулосаи аудиторӣ ба он;
2) аудити иҷрои буҷети давлатӣ, буҷети ҷумҳуриявӣ, фондҳои мақсадноки давлатӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ;
3) арзёбии фаъолияти мақомоти андоз, гумрук ва мақомоти дахлдори дигар вобаста ба иҷрои қисми даромади буҷети давлатӣ;
4) аудити фаъолияти корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигари давлатӣ, ки маблағҳои давлатӣ, моликияти давлатӣ ва захираҳои давлатиро истифода намудаанд;
5) аудити фаъолияти корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, ки ҳиссаи давлат дар сармояи онҳо ба таври назоратшаванда маҳсуб меёбад, инчунин дар ҳолатҳои истисноӣ бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дархости Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми 10 фоиз ва зиёда аз онро ташкил намудани ин ҳисса;
6) аудити фаъолияти корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигаре, ки воситаҳои буҷетиро дар шакли кумаки молиявӣ мегиранд;
7) аудити истифодаи воситаҳои махсуси буҷетӣ ва воситаҳои ғайрибуҷетӣ;
8) арзёбии татбиқи барномаҳои мақсадноки давлатӣ;
9) аудити идоракунӣ ва истифодаи моликияти давлатӣ ва коммуналӣ;
10) аудити мутақобила дар корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ки маблағҳои давлатиро истифода намудаанд;
11) аудити истифодаи маблағҳои сармоягузории давлатӣ, грантҳо ва қарзи берунаи давлатӣ, ки бо кафолати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда шудаанд;
12) аудити идоракунии қарзи давлатии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
13) аудити иҷрои буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
14) аудити идоракунӣ ва истифодаи захираҳои табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла иҷрои созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот;
15) аудит вобаста ба дархости мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар оид ба асоснокии истифодаи воситаҳои буҷетӣ ва захираҳои давлатӣ;
16) аудити Бонки миллии Тоҷикистон, бонкҳои давлатӣ, аз ҷумла бонкҳои давлатии исломӣ;
17) аудити бонкҳои дигар ва ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ вобаста ба хизматрасонии воситаҳои буҷетӣ, фондҳои давлатӣ ва қарзи давлатӣ;
18) ба роҳбари объекти аудит пешниҳод намудани тавсияҳо барои андешидани тадбирҳо оид ба бартараф намудани камбудию қоидавайронкуниҳои молиявӣ, ки аз натиҷаи чорабиниҳои аудитории Палатаи ҳисоб муайян карда шудаанд;
19) ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани таклифҳо оид ба такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи молияи давлатӣ ва буҷети давлатӣ;
20) бо дархости Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани ҳисобот оид ба масъалаҳои алоҳидаи иҷрои буҷети давлатӣ ва воситаҳои ғайрибуҷетӣ;
21) ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани маълумот дар бораи иҷрои буҷети давлатӣ ва натиҷаи тадбирҳои андешидашуда;
22) ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани ҳисоботи ҷамъбастӣ аз натиҷаи чорабиниҳои аудитории гузарондашуда;
23) амалӣ намудани дигар намуди аудити берунаи давлатӣ;
24) амалӣ намудани ваколатҳои дигар, ки аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд.
Моддаи 8. Мустақилияти фаъолияти Палатаи ҳисоб
1. Мустақилияти фаъолияти Палатаи ҳисоб бо роҳҳои зерин таъмин карда мешавад:
1) амалӣ намудани фаъолияти мустақилона мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стандартҳои байналмилалии аудит;
2) интихоби мустақилонаи объекти аудит зимни банақшагирӣ ва новобаста ба сохторҳои дигари давлатӣ ва шахсони мансабдор гузарондани аудит;
3) интихоби мустақилонаи мавзуъ, тарзу усули амалисозӣ ва муҳлати аудит, инчунин шакли пешниҳоди ҳисобот;
4) надодани тавзеҳот дар хусуси моҳияти аудити амалишаванда ба объекти аудит, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Андозаи музди меҳнати раис, муовини раис ва сараудиторони Палатаи ҳисоб, инчунин шарт ва тартиби ҳисобу пардохти онро санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамоянд.
3. Корманди мақомоти дигари давлатии назоратӣ ҳуқуқ надорад дар биноҳои Палатаи ҳисоб бе иҷозати хаттии раиси он чорабинии назоратӣ гузаронад.
4. Ҳар гуна амалҳое, ки бо мақсади монеъ шудан ба корманди Палатаи ҳисоб зимни иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ, инчунин маҷбуркунӣ барои қабули қарори зиддиқонунӣ сурат мегиранд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст.
БОБИ 2. СОХТОР, ВАЗЪИ ҲУҚУҚӢ ВА ВАКОЛАТҲОИ РАИС, МУОВИНИ РАИС, САРАУДИТОРОН ВА ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ПАЛАТАИ ҲИСОБ. БАРХӮРДИ МАНФИАТҲО
Моддаи 9. Сохтори Палатаи ҳисоб
Палатаи ҳисоб дорои низоми ягонаи марказонидашуда буда, аз дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории он иборат аст. Сохтори Палатаи ҳисоб ва шумораи кормандон бо пешниҳоди раиси Палатаи ҳисоб аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
Моддаи 10. Вазъи ҳуқуқии раис, муовини раис ва сараудиторони Палатаи ҳисоб
1. Раис, муовини раис ва сараудиторони Палатаи ҳисоб ҳуқуқи дахлнопазирӣ доранд. Бе розигии мақоме, ки онҳоро ба мансаб таъин намудааст, маҷбуран овардан, кофтуков кардан, дастгир намудан, ҳабс кардан, ба истиснои дастгир шудан дар ҷойи содиршавии ҷиноят, манъ аст. Раис, муовини раис ва сараудиторони Палатаи ҳисоб, ҳамчунин мавриди кофтукови шахсӣ қарор дода намешаванд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун муқаррар намудааст.
2. Раис, муовини раис ва сараудиторони Палатаи ҳисоб бе розигии мақоме, ки онҳоро ба мансаб таъин намудааст, ба ҷавобгарии маъмурӣ, ки ба тариқи судӣ таъин мегардад, кашида намешаванд.
3. Дахлнопазирии раис, муовини раис ва сараудиторони Палатаи ҳисоб, ҳамчунин ба манзили зисти онҳо, ҳуҷраҳои корӣ ва нақлиёти хизматиашон паҳн гардида, гузарондани кофтуков ва ёфта гирифтан, гӯш кардани суҳбатҳои телефонӣ, гирифтани мукотибот, молу мулк ва ҳуҷҷатҳо танҳо бо иҷозати суд баъди оғоз гардидани парвандаи ҷиноятӣ амалӣ карда мешаванд.
4. Нисбат ба раис, муовини раис ва сараудиторони Палатаи ҳисоб танҳо аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда мешавад.
5. Нисбат ба раис, муовини раис ва сараудиторони Палатаи ҳисоб парвандаи ҷиноятӣ танҳо аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешавад.
Моддаи 11. Ваколатҳои раиси Палатаи ҳисоб
Раиси Палатаи ҳисоб дорои ваколатҳои зерин мебошад:
1) роҳбарии умумии фаъолияти Палатаи ҳисобро амалӣ менамояд;
2) ҷадвали воҳидҳои кории Палатаи ҳисоб, пардохти маблағи хизматрасонии коршиноси берунаро дар доираи фонди музди меҳнат тасдиқ ва сметаи хароҷоти Палатаи ҳисобро имзо менамояд;
3) ваколатҳои мансабиро дар байни муовини раис ва сараудиторони Палатаи ҳисоб тақсим менамояд;
4) ба ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоб роҳбарӣ менамояд ва ба қарорҳои он имзо мегузорад;
5) роҳбари дастгоҳи Палатаи ҳисоб, аудитор ва корманди дигари Палатаи ҳисобро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод мекунад;
6) низомномаҳои воҳидҳои сохториро тасдиқ мекунад;
7) дастурамалҳои мансабиро тасдиқ менамояд;
8) ҳавасмандгардонӣ, расондани кумаки моддӣ ва нисбат ба корманд татбиқ намудани ҷазои интизомиро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад;
9) ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешбарии кормандон ба рутбаҳои махсуси ҳайати олии роҳбарикунанда ва сарфарозгардонӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод менамояд;
10) бо тартиби муқарраргардида лоиҳаи қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро оид ба масъалаҳои мансуб ба салоҳияти Палатаи ҳисоб таҳия ва барои баррасӣ пешниҳод менамояд;
11) бемамониат бо ҳуҷҷатҳо вобаста ба лоиҳаи буҷети давлатӣ ва иҷрои буҷети давлатӣ, бо назардошти риояи талаботи сирри давлатӣ ва сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда, шинос мешавад;
12) дар ҷаласаҳо оид ба масъалаҳои ҳисоботи солонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷрои буҷети давлатӣ, муҳокимаи парламентӣ оид ба иҷрои буҷети давлатӣ, инчунин баррасии лоиҳаи буҷети давлатӣ ва масъалаҳои дигар вобаста ба вазифаҳои Палатаи ҳисоб иштирок ва баромад мекунад;
13) ба воҳидҳои сохтории Палатаи ҳисоб супориш дода, иҷрои онро назорат менамояд;
14) назорати сифати аудит ва бо воситаҳои технологияи муосири иттилоотию коммуникатсионӣ гузарондани аудитро таъмин менамояд;
15) роҳбари гурӯҳро барои гузарондани аудитҳои молиявӣ, мутобиқат, самаранокӣ ва дигар аудит таъин мекунад;
16) муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва назорат менамояд;
17) фармоишҳоро дар доираи ваколатҳои худ қабул менамояд ва шартномаҳоро ба имзо мерасонад;
18) Палатаи ҳисобро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷа намояндагӣ менамояд;
19) ваколатҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд.
Моддаи 12. Ваколатҳои муовини раиси Палатаи ҳисоб
Муовини раиси Палатаи ҳисоб ваколатҳои зеринро амалӣ менамояд:
1) ташкили фаъолият оид ба гузарондани чорабиниҳои аудиторӣ ва ҷамъбасти натиҷаи онҳо, таҳлили сабабу оқибатҳои камбудиҳои муайяншуда дар раванди таҳия ва баррасии лоиҳаҳои буҷети давлатӣ, инчунин ташаккули қисми даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ;
2) таҳияи нақшаи чорабиниҳои аудитории солона ва стратегии Палатаи ҳисоб, инчунин назорати иҷрои онҳо;
3) ташкили фаъолияти аудиторӣ, ташхисию таҳлилӣ, аз ҷумла омода намудани хулоса ба лоиҳаи буҷети давлатӣ барои соли навбатии молиявӣ ва оид ба иҷрои буҷети давлатӣ дар соли қаблӣ (ҳисоботӣ);
4) амалӣ намудани аудит тариқи фосилавӣ;
5) ҳамоҳангсозии фаъолияти сараудиторон ва воҳидҳои сохтории Палатаи ҳисоб вобаста ба масъалаҳои банақшагирӣ, ташкил ва гузарондани чорабиниҳои аудиторӣ, аз ҷумла чорабиниҳои муштарак;
6) таъмини назорати фаъолияти раёсати самти мустақили Палатаи ҳисоб (минбаъд – раёсати мустақил);
7) таъмини назорати сифати аудит мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ;
8) таъмини назорат, таҳлил ва ҷамъбасти натиҷаҳои татбиқи тавсияҳои Палатаи ҳисоб;
9) дар мувофиқа бо раиси Палатаи ҳисоб иштирок ва баромад кардан дар ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кумитаҳои он вобаста ба масъалаҳои марбут ба буҷети давлатӣ ва фаъолияти Палатаи ҳисоб;
10) бо супориши раиси Палатаи ҳисоб дар мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар хориҷа намояндагӣ кардани он;
11) ҳангоми набудани раиси Палатаи ҳисоб иҷро намудани уҳдадориҳои хизматии ӯ;
12) бо назардошти риояи талаботи сирри давлатӣ ва сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда, бемамониат шинос шудан бо ҳуҷҷатҳо вобаста ба лоиҳаи буҷет, ташаккул ва иҷрои буҷети давлатӣ ва ҳуҷҷатҳои дигар;
13) ташкили пешбурди омори натиҷаҳои фаъолияти аудитории Палатаи ҳисоб.
Моддаи 13. Ваколатҳои сараудитори Палатаи ҳисоб
Сараудитори Палатаи ҳисоб ҳангоми амалӣ намудани ваколатҳои худ:
1) самтҳои ба ӯ вобасташудаи фаъолияти Палатаи ҳисобро роҳбарӣ менамояд;
2) дар доираи салоҳияти худ масъалаҳои вобаста ба ташкили фаъолияти самти вобасташударо мустақилона ҳал менамояд ва барои натиҷаи он масъул мебошад;
3) ҳаҷм, намуд ва муҳлати гузарондани чорабиниҳои аудиторӣ, ташхисию таҳлилӣ ва корҳои методологиро дар самти фаъолияти худ муайян менамояд;
4) лоиҳаи нақшаи солонаи аудити самти фаъолиятро таҳия намуда, барои ба нақшаи умумии солонаи чорабиниҳои аудитории Палатаи ҳисоб ҳамроҳ намудан пешниҳод менамояд;
5) барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба нақшаи солонаи аудитории Палатаи ҳисоб таклифҳо пешниҳод менамояд;
6) барномаи чорабиниҳои аудиториро дар самти фаъолият тасдиқ карда, иҷрои онро таъмин менамояд ва дар ҳолатҳои зарурӣ метавонад дар чорабиниҳои аудиторӣ бевосита иштирок намояд;
7) лоиҳаи ҳисобот ва тавсияҳоро аз натиҷаи чорабиниҳои аудиторӣ бо хулоса ба баррасии ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоб пешниҳод намуда, барои асоснокии он масъул мебошад, инчунин татбиқи натиҷаҳои аудит ва тавсияҳоро дар объекти аудит ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои муайянгардида назорат менамояд;
8) чорабиниҳои аудиторӣ, ташхисию таҳлилиро бо мақсади мукаммал гардондани лоиҳаи буҷети давлатӣ ва такмил додани гурӯҳбандии алоҳидаи қисми даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ, арзёбии истифодаи самараноку мақсадноки воситаҳои буҷетӣ, моликияти давлатӣ ва захираҳои давлатӣ амалӣ намуда, аз натиҷаҳои самти фаъолияти вобасташуда хулоса пешниҳод менамояд;
9) бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ доир ба самти вобасташуда супориш медиҳад, лоиҳаи фармоиш ва ҳуҷҷатҳои дигари заруриро омода намуда, барои имзо ба раиси Палатаи ҳисоб пешниҳод менамояд;
10) ба мақомоти давлатӣ, қисмҳою зерсохторҳои ҳарбӣ ва объектҳои дигари ба аудит фарогирифташуда бо тартиби муқарраргардида ворид мешавад;
11) ба ҳуҷҷатҳои аввалия вобаста ба фаъолияти хоҷагидорӣ ва молиявии объекти аудит, феҳристҳои ҳисоб, тавозун ва ҳисобот, маводи оморӣ, смета, қарордод, фармон ва санадҳои ҳуқуқии дигар, мукотибот ва ҳуҷҷатҳои коргузорӣ оид ба аудити мазкур, аз ҷумла ба ҳуҷҷатҳои дорои сирри давлатӣ ва сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда, инчунин ба маводи санҷиши мақомоте, ки назорати молиявиро анҷом додаанд, бемамониат дастрасӣ дошта метавонад;
12) дар ҳолати зарурӣ аз шахсони масъули объекти аудит, инчунин шахсоне, ки қаблан санҷиш гузарондаанд, тавзеҳоти шифоҳӣ ё хаттӣ, маълумотнома оид ба масъалаҳои марбут ба аудитро мегирад;
13) ҳангоми ҷой доштани хавфи ҷиддӣ оид ба мавҷудияти ҳуқуқвайронкунӣ, дар асоси фармоиши раиси Палатаи ҳисоб, муваққатан ҳуҷҷатҳои аслӣ, аз ҷумла бастаи ҳуҷҷатҳоро бо тартиби муқаррарнамудаи стандартҳои аудит мегирад;
14) дар мувофиқа бо раиси Палатаи ҳисоб дар ҷаласаҳои кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва баромад менамояд.
Моддаи 14. Ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоб ва ваколатҳои он
1. Ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоб мақоми олии идоракунии Палатаи ҳисоб мебошад. Ҳайати мушовара аз раис, муовини раис ва панҷ сараудитори Палатаи ҳисоб иборат мебошад.
2. Ҷаласаи ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоб на кам аз як маротиба дар як моҳ ва ҳангоми зарурат аз ҷониби раис ё бо талаби аз се як ҳиссаи ҳайати он даъват карда мешавад.
3. Ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоб дар мавриде салоҳиятнок ҳисобида мешавад, ки агар дар ҷаласа на кам аз се ду ҳиссаи ҳайати он иштирок дошта бошад.
4. Ҳайати мушовара масъалаҳои муҳими идоракунии Палатаи ҳисобро баррасӣ намуда, қарорҳои дахлдорро бо тарафдории аксарияти аъзои ҳайати мушовара қабул менамояд ва ба он раиси ҳайати мушовара имзо мегузорад.
5. Ҷаласаи ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоб ба таври шаффоф гузаронда мешавад. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастури Палатаи ҳисоб ҷаласаи пӯшида низ гузаронда мешавад.
6. Ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоб ваколатҳои зерин дорад:
1) нақшаи кори солона, стратегияи Палатаи ҳисоб ва намудҳои чорабиниҳои аудитории дигарро тасдиқ намуда, ҳангоми зарурат ба онҳо тағйиру илова ворид менамояд;
2) сифати чорабиниҳои аудиторӣ ва таҳлилию ташхисиро арзёбӣ ва назорат менамояд;
3) лоиҳаи сметаи хароҷоти Палатаи ҳисобро мустақилона, бо назардошти эҳтиёҷоти ҷорӣ, қабул менамояд;
4) оид ба иҷрои қарори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки бо парвандаҳои ҷиноятии оғозгардида дар бораи гузарондани чорабинии аудиторӣ қабул шудааст, инчунин дархости мақомоти қонунгузор ё иҷроия, таъиноти суд вобаста ба гузарондани аудити ғайринақшавӣ дар доираи ваколатҳои пешбинишуда дар ҳар ҳолати мушаххас қарор қабул менамояд. Дар сурати рад кардани дархост, Палатаи ҳисоб ба мақоми дархосткунанда ҷавоби асосноки хаттӣ ирсол менамояд;
5) хулосаҳои аудитории Палатаи ҳисобро оид ба лоиҳаи буҷети давлатӣ ва ҳисоботи солонаи маҷмуии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷрои буҷети давлатӣ дар соли молиявии ҳисоботӣ (қаблӣ) тасдиқ менамояд;
6) ҳисобот аз натиҷаи аудит ва хулосаи сараудитор оид ба натиҷаи аудитро баррасӣ намуда, вобаста ба онҳо қарор қабул менамояд;
7) ҳисоботи роҳбари дастгоҳ ва сардорони воҳидҳои сохтории Палатаи ҳисобро мешунавад;
8) ҳисоботи фаъолияти молиявии Палатаи ҳисобро тасдиқ мекунад;
9) дастурамалҳои танзимкунандаи фаъолияти дохилии Палатаи ҳисобро тасдиқ менамояд;
10) бо пешниҳоди раиси Палатаи ҳисоб Кодекси одоби корманди Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад;
11) Дастури Палатаи ҳисобро тасдиқ мекунад;
12) тартиби ҷалби коршиносони беруна ва мутахассисони мақомоти давлатиро муқаррар менамояд;
13) стандартҳои Палатаи ҳисоб ва қоидаҳои татбиқи онро тасдиқ менамояд;
14) оид ба супоришҳои дигар, ки ба сараудитор ва корманди Палатаи ҳисоб дода мешаванд, қарор қабул мекунад.
7. Барномаи чорабиниҳои аудиторӣ, ки тасдиқи он аз ҷониби ҳайати мушовара ҳатмӣ мебошад:
1) аудите, ки бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дархости Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронда мешавад;
2) аудите, ки ба салоҳияти ду ё зиёда сараудитор дахл дорад;
3) чорабиниҳое, ки якҷо бо мақомоти давлатии дигари ҷумҳурӣ ва мақомоти назорати давлатии молиявии мамлакатҳои хориҷӣ гузаронда мешаванд;
4) аудит дар ҷамъиятҳои саҳомӣ, ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд, ки дар онҳо ҳиссаи давлат ва иттиҳодияҳои байнидавлатӣ мавҷуд аст;
5) барои гузарондани чорабинӣ намояндагони мақомоти назорати давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, ташкилотҳои ғайридавлатии аудиторӣ ҷалб карда шудаанд.
8. Дар сурати аз ҷониби ҳайати мушовара тасдиқ гардидани барномаи аудит, тағйиру иловаҳо ба ин барнома низ аз ҷониби ҳайати мушовара тасдиқ карда мешаванд.
9. Ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоб дар доираи ваколатҳои худ барномаҳои чорабиниҳои аудитории (ташхисию таҳлилии) дигарро тасдиқ менамояд.
10. Дар ҳолати талаб намудани яке аз аъзои ҳайати мушовара барномаи чорабиниҳои дар қисми 9 ҳамин модда пешбинишуда дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоб баррасӣ карда мешавад.
11. Дар ҷараёни гузарондани чорабинии аудиторӣ ҳангоми зарурат аъзои ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоб, ки барои гузарондани аудит масъул аст, метавонад ба барнома бо шарти баъдан дар ҳисоботҳои натиҷаи аудит дарҷ намудани онҳо тағйиру иловаҳо ворид намояд.
Моддаи 15. Бархӯрди манфиатҳо
1. Агар корманди Палатаи ҳисоб дар ҳолате қарор дошта бошад, ки бархӯрди манфиатҳо ба миён омаданаш мумкин аст, ӯ бояд фавран дар ин хусус роҳбари бевоситаи худро ба таври хаттӣ огоҳ созад.
2. Ҳолатҳои пешгирӣ ва бартараф намудани бархӯрди манфиатҳо аз тарафи корманди Палатаи ҳисоб дар Кодекси одоби корманди Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ мегарданд.
Моддаи 16. Дастури Палатаи ҳисоб
1. Дастури Палатаи ҳисоб масъалаҳои дохилии фаъолияти Палатаи ҳисоб, тақсими ваколатҳо байни сараудиторони Палатаи ҳисоб, мазмуни самтҳои фаъолияте, ки онҳо роҳбарӣ мекунанд, вазифа ва ҳамкории воҳидҳои сохторӣ, тартиби омодасозӣ, гузарондан ва натиҷагирии чорабиниҳои гуногун вобаста ба фаъолияти аудиторӣ, инчунин тартиби пешбурди коргузориро муайян менамояд.
2. Қарор дар бораи тасдиқ намудани Дастури Палатаи ҳисоб, инчунин ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он аз ҷониби ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоб бо пешниҳоди раис, муовини раис ва сараудитори Палатаи ҳисоб қабул карда мешавад.
БОБИ 3. ТАЛАБОТИ ТАХАССУСӢ, ТАРТИБИ ТАЪИН, МУҲЛАТИ ВАКОЛАТ, БОЗДОШТАН ВА ҚАТЪИ ВАКОЛАТҲОИ РАИС, МУОВИНИ РАИС, САРАУДИТОР, РОҲБАРИ ДАСТГОҲ, АУДИТОР ВА КОРМАНДИ ДИГАРИ ПАЛАТАИ ҲИСОБ. КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПАЛАТАИ ҲИСОБ
Моддаи 17. Талаботи тахассусӣ нисбат ба раис, муовини раис ва сараудитори Палатаи ҳисоб
Номзад ба мансаби раис, муовини раис ва сараудитори Палатаи ҳисоб бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошад:
1) доштани танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) донистани забони давлатӣ;
3) доштани таҳсилоти олӣ дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ, аудит, молия, иқтисод ё ҳуқуқ;
4) доштани собиқаи кории на камтар аз панҷ сол дар соҳаҳои молия, аудит ё ҳуқуқ дар мақомоти давлатӣ, назорат (аудит)-и давлатӣ;
5) синни аз сӣ боло.
Моддаи 18. Тартиби ба мансаб таъин намудани раис, муовини раис ва сараудитори Палатаи ҳисоб
Раис, муовини раис ва сараудитори Палатаи ҳисоб бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати ҳафт сол ба мансаб таъин карда мешаванд. Раис, муовини раис ва сараудитори Палатаи ҳисоб наметавонанд ин мансабро зиёда аз ду маротиба ишғол намоянд.
Моддаи 19. Савганд ёд кардани раис, муовини раис ва сараудитори Палатаи ҳисоб
Раис, муовини раис ва сараудитори Палатаи ҳисоб баъд аз таъин шудан ба мансаб дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мазмуни зайл савганд ёд мекунанд:
«Ман (насаб, ном ва номи падар), ба иҷрои мансаби раис (муовини раис, сараудитор)-и Палатаи ҳисоб шуруъ намуда, бо арзи садоқат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана савганд ёд мекунам, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда, ваколатҳои худро поквиҷдонона, беғаразона ва дар сатҳи баланди касбӣ ба манфиати давлат ва халқи Тоҷикистон иҷро менамоям. Агар ҳамин савганди ёдкардаамро вайрон кунам, дар назди қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошам.».
Моддаи 20. Боздоштан ва қатъ кардани ваколатҳои раис, муовини раис ва сараудитори Палатаи ҳисоб
1. Ваколатҳои раис, муовини раис ва сараудитори Палатаи ҳисоб дар ҳолати ба сифати номзад ба вакили мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ ба қайд гирифта шудан боздошта мешаванд.
2. Қарор дар бораи боздоштани ваколатҳои раис, муовини раис ва сараудитори Палатаи ҳисоб аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.
3. Раис, муовини раис ва сараудитори Палатаи ҳисоб пеш аз муҳлат бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зерин аз мансаб озод ва ваколатҳои онҳо қатъ карда мешаванд:
1) дар асоси ариза дар бораи озод намудан аз мансаб бо хоҳиши худ;
2) бинобар вазъи саломатӣ ё бо сабабҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз чор моҳ бефосила иҷро карда натавонистани уҳдадориҳои хизматӣ;
3) қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар ё тарки доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4) эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд дар бораи маҳдуд намудани қобилияти амалкунӣ ё ғайриқобили амал эътироф шудан;
5) эътибори қонунӣ пайдо намудани санади судӣ дар бораи татбиқ гардидани чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ;
6) дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 23 Қонуни мазкур;
7) вафот ё эътибори қонунӣ пайдо намудани санади судӣ дар бораи фавтида ё бедарак ғоибшуда эътироф гардидан;
8) ба кори дигар гузаштан;
9) расидан ба синни нафақа;
10) гирифтани нафақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати хориҷӣ;
11) машғул шудан ба фаъолияте, ки ба мансаби ишғолнамуда мувофиқ нест;
12) риоя накардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим.
Моддаи 21. Талаботи тахассусӣ нисбат ба роҳбари дастгоҳи Палатаи ҳисоб ва тартиби ба мансаб таъину озод кардани ӯ
1. Номзад ба мансаби роҳбари дастгоҳи Палатаи ҳисоб бояд ба талаботи тахассусии зерин ҷавобгӯ бошад:
1) доштани танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) донистани забони давлатӣ;
3) доштани таҳсилоти олӣ дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ, аудит, молия, иқтисод ё ҳуқуқ;
4) доштани собиқаи кории на камтар аз панҷсола дар мансабҳои роҳбарикунанда вобаста ба идоракунии маъмурӣ, молиявӣ ё ҳуқуқӣ дар мақомоти давлатӣ.
2. Роҳбари дастгоҳи Палатаи ҳисоб аз ҷониби раиси Палатаи ҳисоб бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад.
3. Роҳбари дастгоҳ ба фаъолияти дастгоҳ роҳбарӣ карда, кори онро ташкил ва супоришҳои раиси Палатаи ҳисобро иҷро менамояд ва ваколатҳои ӯ дар низомномаи Палатаи ҳисоб муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 22. Аудитор ва корманди дигари Палатаи ҳисоб
1. Аудитор ва корманди дигари Палатаи ҳисоб бояд шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, на камтар аз 3 сол собиқаи кории касбӣ дар соҳаи аудит, иқтисод, молия ва ё ҳуқуқ дошта бошад.
2. Ба уҳдадории хизматии аудитори Палатаи ҳисоб дар доираи ваколатҳои Палатаи ҳисоб бевосита амалӣ намудани аудити берунаи мустақили давлатӣ дохил мешавад.
3. Аудитори Палатаи ҳисоб ваколатҳои худро танҳо дар сурати доштани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи гузарондани аудит, аз ҷумла фармоиш ё шаҳодатнома амалӣ менамояд.
4. Аудитори Палатаи ҳисоб наметавонад дар чорабиниҳои аудиторӣ иштирок намояд, агар:
1) хешованди наздики роҳбар, муассис ё корманди объекти аудит бошад;
2) дар объекти аудит манфиатҳои молумулкии шахсӣ дошта бошад;
3) собиқ корманди объекти аудит бошад.
5. Ҳуқуқу уҳдадорӣ, масъулият, асосҳои ба кор қабул намудан ва аз кор озод кардани аудитор ва корманди дигари Палатаи ҳисобро Қонуни мазкур, Низомномаи Палатаи ҳисоб, Дастури Палатаи ҳисоб, дастурамали мансабӣ, қонунгузории меҳнат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд.
6. Риоя накардани талаботи қонунии аудитори Палатаи ҳисоб, поймол кардани ҳуқуқи ӯ ё зарар расондан ба ҳаёт, саломатӣ, шаъну шараф, молу мулк, аъзои оила ва хешовандони наздики ӯ вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ боиси ҷавобгарии дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда мегардад.
Моддаи 23. Ҳолатҳое, ки дар мансаб будани корманди Палатаи ҳисоб ва қабули шаҳрвандро ба кор ба Палатаи ҳисоб истисно мекунанд
1. Корманди Палатаи ҳисоб ва шаҳрванд, ки барои ҷиноятҳои аз беэҳтиётӣ содиркарда доғи судӣ дорад, барои содир кардани ҷиноятҳои қасдона дар асоси сархатҳои сеюм, чорум, панҷум ва шашуми қисми 1 моддаи 27 ва моддаҳои 28-32 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод гардидааст ё бо ҳукми эътибори қонунӣ пайдокардаи суд маҳкум шудааст, наметавонад ба Палатаи ҳисоб ба кор қабул гардад ва дар Палатаи ҳисоб фаъолият намояд.
2. Корманди Палатаи ҳисоб наметавонад мансаби дигареро ишғол намояд, вакили мақомоти намояндагӣ, узви ҳизб ва созмонҳои сиёсӣ бошад, ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шавад, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ.
Моддаи 24. Кодекси одоби корманди Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Кодекси одоби корманди Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон қоида ва меъёрҳои рафтори корманди Палатаи ҳисобро ҳангоми амалӣ намудани ваколат ва уҳдадориҳои хизматӣ танзим менамояд ва кормандони Палатаи ҳисоб уҳдадоранд талаботи онро риоя намоянд.
2. Аз ҷониби корманди Палатаи ҳисоб риоя накардани қоидаҳои Кодекси одоби корманди Палатаи ҳисоб боиси ба ҷавобгарӣ кашида шудан бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.
Моддаи 25. Маркази такмили ихтисоси кормандони соҳаи аудит ва тадқиқоти илмӣ
1. Палатаи ҳисоб барои такмили ихтисоси кормандони соҳаи аудит ва тадқиқоти илмӣ маркази такмили ихтисос ва тадқиқоти илмӣ аз ҳисоби манбаъҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манънакарда ташкил менамояд.
2. Палатаи ҳисоб ба кормандони аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ ва ташкилотҳои аудитории дигар барои иштирок дар чорабиниҳо оид ба такмили ихтисос иҷозат медиҳад ва низоми коромӯзиро дар Палатаи ҳисоб барои такмили ихтисос ташкил менамояд.
Моддаи 26. Ҳавасмандгардонӣ ва унвони фахрии идоравии Палатаи ҳисоб
1. Палатаи ҳисоб номгӯйи чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва тартиби татбиқи онҳоро тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
2. Корманди Палатаи ҳисоб барои эътирофи хизматҳояш дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳорати касбӣ ва меҳнати бисёрсолаю софдилона, саҳми сазовор дар ғанӣ гардондани буҷети давлатӣ бо тартиби муқарраргардида аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофоти давлатӣ сарфароз гардонида мешавад.
3. Корманди Палатаи ҳисоб барои маҳорати касбӣ, дастовардҳои меҳнатӣ, хизмати бисёрсолаю софдилона ва бенуқсон аз ҷониби раиси Палатаи ҳисоб бо унвони ифтихории «Корманди фахрии мақоми олии аудити давлатӣ» мукофотонида мешавад.
4. Низомнома дар бораи нишони сарисинагии «Корманди фахрии мақоми олии аудити давлатӣ» бо пешниҳоди раиси Палатаи ҳисоб аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
БОБИ 4. АУДИТҲОИ БЕРУНАИ МУСТАҚИЛИ ДАВЛАТӢ
Моддаи 27. Аудити молиявӣ
Аудити молиявӣ бо мақсади арзёбии эътимоднокии маълумот ва амалиётҳои молиявию хоҷагидорӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ, мутобиқатии онҳо ба стандартҳои баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ гузаронда мешавад, ки аз натиҷаи он ҳисобот ва хулоса таҳия гардида, барои бартараф кардани қоидавайронкуниҳои молиявии муайянгардида ба объекти аудит тавсия ирсол карда мешавад. Тартиби гузарондани аудити молиявиро стандарти аудити молиявии Палатаи ҳисоб муқаррар менамояд.
Моддаи 28. Аудити мутобиқат
Аудити мутобиқат бо мақсади арзёбии мутобиқати фаъолияти объекти аудит бо меъёрҳои қонун, қоида, созишномаҳои дахлдор, инчунин принсипҳои идоракунии молияи давлатӣ гузаронда мешавад, ки тартиби амалӣ намудани онро стандарти аудити мутобиқати Палатаи ҳисоб муқаррар менамояд.
Моддаи 29. Аудити самаранокӣ
1. Аудити самаранокӣ бо мақсади беҳтар намудани сифати ҷараёни идоракунии воситаҳои буҷети давлатӣ ва захираҳои давлатӣ дар асоси пешниҳоди маълумоти пурра, саҳеҳ ва беғаразона оид ба сарфанокӣ, маҳсулнокӣ ва натиҷанок будани фаъолияти корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар гузаронда мешавад, ки тартиби амалӣ намудани онро стандарти аудити самаранокии Палатаи ҳисоб муқаррар менамояд.
2. Аз натиҷаи аудити самаранокӣ оид ба масъалаҳои самаранокии иқтисод, молия, фаъолияти объекти аудит, инчунин таклифҳо оид ба такмили қонун дар бораи буҷети давлатӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хулоса таҳия ва пешниҳод карда мешавад.
3. Вазифаҳои асосии аудити самаранокӣ:
1) муайян намудани сабабҳои истифодаи ғайрисамараноки маблағ ва захираҳои давлатӣ аз тарафи гирандагону истифодабарандагони онҳо;
2) ташхис, таҳлил ва муайян намудани самаранокии фаъолияти объекти аудит дар самти муайян;
3) ташаккули таркиб, муайян намудани тавсияҳо барои беҳтар кардани самаранокии фаъолияти объекти аудит ва фаъолияти аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ;
4) пешниҳоди хулоса ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баҳодиҳӣ ба натиҷанокии қарорҳо оид ба танзими раванди иҷрои буҷети давлатӣ;
5) таъмини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо маълумот ва тавсияҳо оид ба афзун намудани самараи истифодаи захираҳо.
Моддаи 30. Хулоса аз натиҷаи аудити берунаи мустақили давлатӣ
1. Палатаи ҳисоб аз натиҷаи аудити берунаи мустақили давлатӣ оид ба мутобиқатии фаъолияти идоракунии молиявӣ, амалиётӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявии объекти аудит хулосаи мусбат бо қайди шартҳо ва дар ҳолати номутобиқатии онҳо ва муайян гардидани қоидавайронкуниҳои молиявӣ, хулосаи манфӣ медиҳад.
2. Палатаи ҳисоб дар сурати ғайриимкон гаштани ҷамъоварии далелҳои кофӣ, аз додани хулоса даст кашида, гузарондани аудитро қатъ мекунад ва вобаста ба ҳолати мазкур маълумоти дақиқ ва муфассалро ба мақоми болоии объекти аудит, аз ҷумла ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
БОБИ 5. МАҚСАД, БАНАҚШАГИРӢ, МАРҲИЛА, ДАВРИЯТ ВА УСУЛҲОИ АМАЛИГАРДОНИИ ЧОРАБИНИҲОИ АУДИТОРИИ ПАЛАТАИ ҲИСОБ. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРӢ
Моддаи 31. Мақсади гузарондани чорабиниҳои аудиторӣ
Мақсади гузарондани чорабиниҳои аудитории Палатаи ҳисоб:
1) арзёбии ҳисоботи молиявӣ ва низоми баҳисобгирии корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигари давлатӣ оид ба дурустии пешбурди ҳисоботи молиявӣ ва мутобиқати онҳо ба стандартҳои байналмилалии баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ;
2) арзёбии мутобиқати истифодаи воситаҳои буҷетӣ ва захираҳои давлатӣ ба қонун дар бораи буҷети давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3) арзёбии истифодаи самараноки воситаҳои буҷетӣ ва захираҳои давлатӣ барои расидан ба мақсадҳои пешбинишуда.
Моддаи 32. Банақшагирии фаъолияти аудитории Палатаи ҳисоб
1. Палатаи ҳисоб кори худро мутобиқи самтҳои асосии фаъолият, нақшаи солона, нақшаҳои корӣ барои таъмини иҷрои вазифаҳои Палатаи ҳисоб бо назардошти дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дархости Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкил менамояд. Татбиқи нақша бо пайдарҳамии арзёбии натиҷаҳои аудитҳои молиявӣ, мутобиқат ва самаранокӣ амалӣ карда мешавад.
2. Палатаи ҳисоб нақшаи сесолаи стратегии аудитро тартиб медиҳад, ки дар он аудити дар ин давра гузарондашаванда барои ҳар сол ва захираҳои инсонӣ барои иҷрои корҳои нақшавӣ муфассал дарҷ карда мешаванд. Нақшаи аудити стратегӣ ҳар сол таҷдид карда мешавад.
3. Нақшаи стратегӣ вақти ҷудошударо барои корҳои иловагии аудиторӣ дар бар мегирад, ки зимни таҳияи нақша пешбинӣ нашудаанд.
4. Нақшаҳои солонаи аудит аз нақшаи стратегии аудит дар қисмате, ки дар ҷараёни аудити ҳисоботи молиявии солона дар давоми соли ҷорӣ гузаронда мешавад, иборат мебошанд.
5. Палатаи ҳисоб нақшаи умумии чорабиниҳои аудиториро барои соли оянда (нақшаи солона) таҳия менамояд, ки дар он объекти аудит (зерсохторҳои объект), намудҳои фаъолияти он, мавзуъ, мақсад ва давраи аудит, инчунин муҳлати гузарондани аудит нишон дода мешаванд.
6. Нақшаҳои стратегӣ ва солонаи аудит аз ҷониби аъзои ҳайати мушовара ва сардори раёсати мустақил таҳия гардида, аз ҷониби ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоб тасдиқ карда мешаванд.
7. Палатаи ҳисоб ҳуқуқ дорад бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дархости мақомоти қонунгузор ё иҷроия, инчунин бо қарори асосноки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар доираи парвандаи ҷиноятии оғозгардида ва таъиноти суд чорабиниҳои ғайринақшавӣ гузаронад.
Моддаи 33. Марҳилаҳои чорабиниҳои аудитории Палатаи ҳисоб
1. Палатаи ҳисоб чорабиниҳои аудитории иборат аз марҳилаҳои зеринро амалӣ менамояд:
1) омодагӣ ба чорабиниҳои аудиторӣ;
2) гузарондани чорабиниҳои аудиторӣ дар объекти аудит;
3) омода намудани ҳисобот, хулоса ва тавсия аз натиҷаи аудит.
2. Палатаи ҳисоб сифати чорабиниҳои аудиторӣ, инчунин татбиқи натиҷаҳои аудит ва тавсияҳоро ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои муайянгардида назорат менамояд.
3. Ҳангоми муайян намудани мавзуъ ва намуди чорабинии аудиторӣ, ки дар асоси баҳодиҳӣ амалӣ мешавад, Палатаи ҳисоб меъёрҳои зеринро ба инобат мегирад:
1) муҳимияти мавзуи чорабинии аудиторӣ;
2) дараҷаи хавф, ки ба фаъолияти объект хос аст;
3) муҳлати аз лаҳзаи анҷом ёфтани чорабинии қаблӣ гузашта;
4) ҳаҷми воситаҳои буҷетии ба объекти аудит ё барномаи мазкур ҷудогардида;
5) камбудиҳо дар низоми идоракунии дохилӣ, ки дар ҷараёни аудити қаблӣ аз ҷониби Палатаи ҳисоб ё мақомоти назоратии дигар муайян карда шудаанд.
4. Барои ҳар як чорабинии аудиторӣ барнома таҳия ва тасдиқ гардида, дар асоси фармоиши раиси Палатаи ҳисоб оид ба гузарондани аудит ва дар муҳлати муайянгардида амалӣ карда мешавад.
Моддаи 34. Даврияти гузарондани аудит
1. Ташхиси лоиҳаи буҷети давлатӣ барои соли молиявии навбатӣ ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои ду соли минбаъда, аудити ҳисоботи маҷмуии солонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷрои буҷети давлатӣ дар соли молиявии гузашта, ҳисоботи молиявии маҷмуии солонаи тақсимкунандагони асосии воситаҳои буҷетӣ, лоиҳаҳои сармоягузорӣ, барномаҳои давлатӣ ва аудити объектҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ, ҳамасола гузаронда мешавад.
2. Аудити фаъолияти субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва гирандагони воситаҳои буҷетӣ на камтар аз як маротиба дар ду сол гузаронда мешавад.
Моддаи 35. Усулҳои амалигардонии чорабиниҳои аудитории Палатаи ҳисоб
1. Усулҳои амалигардонии чорабиниҳои аудиторӣ аз гузарондани аудит, таҳлил, ташхис, таҳқиқ, арзёбӣ, санҷиш ва мониторинг иборат аст.
2. Аудит бо мақсади арзёбии ҳамаҷонибаи фаъолияти объекти аудит гузаронда мешавад, ки дар арзёбии ҳуҷҷатӣ ва воқеии қонунӣ будани амалиёти молиявӣ ва хоҷагидории амалигардида, эътимоднокӣ ва дурустии инъикоси онҳо дар ҳисоботи муҳосибӣ (молиявӣ) ва буҷетӣ ифода меёбад.
3. Таҳлил бо мақсади омӯзиши ҷанбаҳо, махсусиятҳо, қисмҳои таркибии мавзуи фаъолияти объекти аудит ва ба низом даровардани натиҷаҳои он амалӣ карда мешавад.
4. Таҳқиқ бо мақсади таҳлил ва арзёбии ҳолати соҳаи муайяни фаъолияти объекти аудит анҷом дода мешавад.
5. Фаъолияти ташхисию таҳлилӣ бевосита дар ҷараёни гузарондани чорабиниҳои ташхисию таҳлилӣ оид ба масъалаҳои муҳими низоми молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаккул ва иҷрои буҷети давлатӣ, инчунин ба воситаи омӯзиши сабабу оқибатҳои вайронкуниҳо ва камбудиҳо, ки дар натиҷаи чорабиниҳои гузарондашудаи ташхисию таҳлилӣ муайян гардидаанд, амалӣ карда мешавад.
6. Оид ба натиҷаҳои ташхис, таҳлил ва таҳқиқ хулоса тартиб дода мешавад.
7. Санҷиш бо мақсади тадқиқи ҳуҷҷатии амалҳо (амалиётҳо)-и алоҳида ё самти муайяни фаъолияти молиявии объекти аудит дар давраи муайян гузаронда шуда, хусусияти фаврӣ дорад ва оид ба натиҷаи он санад тартиб дода мешавад.
8. Мониторинг барои ҷамъоварӣ ва таҳлили иттилоот дар бораи мавзуъ ва фаъолияти объекти аудит мунтазам гузаронда мешавад.
9. Палатаи ҳисоб натиҷаи аудити гузарондашударо таҳлил карда, сабабу оқибатҳои ихтилоф ва қоидавайронкуниҳои муайяншударо дар раванди ташаккул ва иҷрои даромадҳо ва хароҷоти буҷети давлатӣ, фондҳои мақсадноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадқиқ ва ҷамъбаст менамояд.
10. Фаъолияти иттилоотии Палатаи ҳисоб тавассути фиристодани ҳисобот ва хулоса ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаи аудити гузарондашуда ва мунтазам пешниҳод намудани иттилоот дар бораи фаъолияти худ ба воситаҳои ахбори омма амалӣ карда мешавад.
Моддаи 36. Огоҳкунӣ дар бораи аудити гузарондашаванда
1. Палатаи ҳисоб оид ба иҷрои нақшаи чорабиниҳои аудиторӣ ба роҳбари объекти аудит ба таври хаттӣ хабар дода, ҳуқуқ дорад ҷиҳати омӯзиш ва арзёбии пешакӣ ҳуҷҷатҳои дахлдори муҳосибию молиявӣ ва омориро дархост намояд ва онҳоро гирад.
2. Палатаи ҳисоб на дертар аз 5 рӯзи корӣ роҳбари объекти аудитро дар бораи санаи оғози аудит ва давомнокии он расман огоҳ менамояд.
3. Роҳбарияти объекти аудит пас аз гирифтани дархост ва огоҳинома уҳдадор аст барои омӯзиш ҳуҷҷатҳои дархостшударо пешниҳод намуда, ҷиҳати таъмини шароити мувофиқи корӣ ба корманди Палатаи ҳисоб, инчунин дастрас намудани маълумоти зарурие, ки ба мақсад ва мавзуи аудит бевосита алоқаманд аст, чораҳо андешад.
4. Агар сараудитори барои аудити мазкур масъул бо асосҳои кофӣ зарур шуморад, ки огоҳкунии пешакӣ барои расидан ба мақсади аудит халал расонда метавонад, огоҳкунии пешакӣ анҷом дода намешавад. Дар ин сурат сараудитор ба роҳбари объекти аудит мактуби раиси Палатаи ҳисобро дар бораи гузарондани аудит бо талаби бетаъхир андешидани чораҳо вобаста ба пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва иттилооти зарурӣ месупорад.
Моддаи 37. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои роҳбари объекти аудити Палатаи ҳисоб
1. Роҳбари объекте, ки дар он аудит гузаронда мешавад, ҳуқуқ дорад:
1) бо сана, номгӯйи мавзуъ, давра ва давомнокии чорабинии аудиторӣ, натиҷаи он, хулоса ва тавсияҳо (агар мавҷуд бошанд) шинос шавад;
2) ба огоҳиномаи хаттӣ оид ба ҳама гуна тағйирот дар муҳлат ё тамдиди он шинос шавад ва дар ҳолати беасос будан тибқи тартиби муқарраргардида ба суд муроҷиат кунад;
3) ба корманди Палатаи ҳисоб, ки ҳуҷҷати дахлдорро барои гузарондани аудит пешниҳод накардааст, дастрасиро ба ҳуҷҷатҳо ва маълумоти дигар иҷозат надиҳад;
4) ҷуброни зарари дар натиҷаи фаъолияти ғайриқонунии корманди Палатаи ҳисоб расонидашударо талаб намояд;
5) оид ба амали ғайриқонунии корманди Палатаи ҳисоб ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва раиси Палатаи ҳисоб хабар диҳад.
2. Роҳбари объекте, ки дар он аудит гузаронда мешавад ё шахсони мансабдори он уҳдадоранд:
1) ба корманди Палатаи ҳисоб маълумот ва ҳуҷҷатҳои дархостшударо дар давраи гузарондани аудит пешниҳод намуда, эътимоднокӣ, дурустӣ ва пуррагии онро таъмин намоянд;
2) ба фаъолияти корманди Палатаи ҳисоб дахолат накунанд, ӯро ба иштибоҳ наандозанд, ба ҷараёни аудит халал нарасонанд ё доираи онро маҳдуд накунанд;
3) ба корманди Палатаи ҳисоб барои гузарондани аудит ва омӯзиши ҳуҷҷатҳо дар вақти корӣ, бе қатъ намудани фаъолияти объекти аудит, иҷозат диҳанд;
4) тавсияи Палатаи ҳисобро мавриди баррасӣ қарор дода, дар муҳлати то як моҳ аз чораҳои андешидашуда тариқи хаттӣ хабар диҳанд.
3. Роҳбари объекти аудит ё шахсони мансабдори он барои пешниҳод накардани маълумот ва ҳуҷҷатҳо ё эҷоди монеаҳо барои сари вақт пешниҳод кардани иттилоот ё ҳуҷҷатҳои зарурии дархосткардаи Палатаи ҳисоб, инчунин пешниҳоди маълумоти бардурӯғ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 38. Ҷалб кардани коршиносони беруна
1. Палатаи ҳисоб барои мусоидат дар гузарондани чорабиниҳои аудиторӣ ҳангоми зарурат ба дониши махсус дар соҳаи илм, техника, фарҳанг ё касбу ҳунар метавонад аз хизматрасонии коршиносони беруна ва мутахассисони мақомоти давлатӣ истифода барад.
2. Маблағи хизматрасонии коршиносони беруна аз ҳисоби сметаи хароҷоти Палатаи ҳисоб пардохт карда мешавад.
3. Интихоби коршиносони беруна мутобиқи тартиби тасдиқ-намудаи ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоб амалӣ карда мешавад.
Моддаи 39. Методологияи аудит
1. Палатаи ҳисоб барои амалигардонии фаъолияти аудиторӣ методологияи мувофиқ ва стандартҳои аудитро, ки санадҳои меъёрии дохилӣ ба шумор мераванд, аз ҷумла:
1) стандартҳои аудит бо назардошти таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ ва стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи аудит ва ҳисоботи молиявӣ;
2) қоидаҳои татбиқи стандартҳои аудит, тартиби ташкил ва амалӣ намудани чорабиниҳои аудиторӣ;
3) стандарт ва тартиби банақшагирӣ, ташкил ва амалӣ намудани фаъолияти аудиторӣ, омода намудани ҳисобот ва хулоса аз натиҷаи аудитро мустақилона бо тартиби пешбинишуда ба ҳар намуди аудит муқаррар менамояд.
2. Иҷрои талаботи методологияи аудит ва стандартҳои аудит барои кормандони Палатаи ҳисоб ҳатмӣ мебошад.
Моддаи 40. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корманди Палатаи ҳисоб ҳангоми гузарондани аудит, дастрасӣ ба ҳуҷҷатҳо ва бартараф намудани камбудиҳои муайянгардида
1. Аудит аз тарафи кормандони Палатаи ҳисоб гузаронда мешавад, ки ба он сараудитор ё сардори раёсати мустақил роҳбарӣ менамояд.
2. Корманди Палатаи ҳисоб ҳангоми иҷрои ваколатҳои худ, дар сурати доштани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи иҷозат (фармоиш ё шаҳодатнома), барои гузарондани аудит ҳуқуқ дорад:
1) ба анбор, иншооти нигоҳдорӣ, биноҳои саноатӣ ва биноҳои дигар, мақомоти давлатӣ, қисмҳо ва воҳидҳои низомӣ, инчунин корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигаре, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд ё захираҳои давлатиро истифода менамоянд, бо риояи тартиби муқарраргардида ворид шавад;
2) ба ҳуҷҷатҳои аввалия, ки фаъолияти молиявӣ ва хоҷагидориро инъикос мекунанд, феҳристҳои бақайдгирӣ, тавозун ва суратҳисобҳо, маводи оморӣ, санаду хулосаи мақомоти назоратӣ ва воҳидҳои аудити дохилӣ, сметаҳои хароҷотӣ, қарордодҳо, фармонҳо, фармоишҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, мукотибот ва ҳуҷҷатҳои корӣ, ҳомилҳои коғазӣ ва электронӣ, ки нусхаи асл ба шумор мераванд ва ҳуҷҷатҳои дорои сирри давлатӣ ва сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда, бо риояи қонун, дастрасии бемаҳдуд дошта бошад;
3) дар ҳолати зарурӣ аз шахсони масъули объекти аудит тавзеҳоти шифоҳӣ, хаттӣ ва маълумотро оид ба масъалаҳои марбут ба ин аудит гирад;
4) дар ҳолатҳои ҷой доштани хавфи ҷиддии мавҷудияти қоидавайронкунӣ бо огоҳии сараудитори самти фаъолият дар асоси фармоиши раиси Палатаи ҳисоб ё муовини раис корманд метавонад муваққатан нусхаи аслии ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла бастаи ҳуҷҷатҳои дорои маълумоти дахлдорро гирад. Дар ин ҳолат ба объекти аудит бояд рӯйхати иттилоот ва таҷҳизоти гирифташуда, инчунин нусхаи ҳуҷҷатҳо пешниҳод карда шаванд;
5) нигоҳдории арзишҳои моддии объекти аудитро, новобаста ба он ки дар бинои худи объект ё дар нигоҳдорӣ ё истифодаи объекти дигар мебошанд, мавриди арзёбӣ қарор диҳад;
6) вобаста ба арзёбии истифодаи мақсаднок ва самараноки воситаҳои буҷетӣ ва захираҳои давлатӣ дар корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ки маблағҳои буҷетиро истифода менамоянд, дар ҳолати ҷой доштани хавф ва камбудиҳои молиявӣ аудити мутақобила гузаронад;
7) аз шахсони масъул тавзеҳот ва маълумоти заруриро вобаста ба аудит гирад, инчунин пешниҳоди маълумотро дар шакли ҷадвал ва рӯйхати ҳуҷҷатҳои ба мавзуи аудит дахлдор талаб намояд.
3. Агар шахси масъули объекти аудит, ки дар он Палатаи ҳисоб аудит мегузаронад, барои пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дархостшуда ва дастрасӣ ба онҳо ба корманди ваколатдори Палатаи ҳисоб монеъ шавад, корманди ваколатдор оид ба ин ҳолат фавран роҳбарияти худро дар шакли хаттӣ огоҳ месозад.
4. Корманди Палатаи ҳисоб пас аз анҷоми аудит бояд роҳбари объектро аз натиҷаи аудит шинос намуда, дар мавриди розӣ будани ӯ бо хулоса ва натиҷаи аудит, дар ҳисобот ва хулосаи аудит имзои худро гузорад. Ҳангоми розӣ набудани роҳбари объект бо натиҷаи аудит, рад кардани баимзорасонии ҳисобот ва хулосаи аудит корманди барои гузарондани аудит масъул бо иштироки аъзои комиссия санад тартиб дода, дар он имзо мегузоранд. Роҳбари объект бояд ба таври хаттӣ сабаби рад кардани баимзорасонии ҳисобот ва хулосаи аудитро асоснок намояд.
5. Агар аз роҳбарияти объекте, ки дар он аудит гузаронда шудааст, то муҳлати муқарраршуда ба эроду тавсияҳо ҷавоб пешниҳод нагардад ё он мақсади худро дар бораи пурра ё қисман ислоҳ кардани камбудиҳои муайянгардида изҳор намояд, дар ин маврид сараудитор нусхаи хотимавии хулосаро омода намуда, ба он ҷавоби объекти аудитшударо (агар он мавҷуд бошад) замима мекунад ва онро барои баррасӣ ба ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоб пешниҳод менамояд.
6. Бо мақсади назорати иҷрои тавсияҳои пешниҳоднамудаи Палатаи ҳисоб ва бартараф намудани камбудиҳои муайянгардида корманд арзёбии минбаъдаи иҷрои тавсияҳо ва бартараф намудани камбудиҳоро амалӣ менамояд.
7. Агар корманди Палатаи ҳисоб дар ҷараёни чорабиниҳои аудиторӣ муайян намояд, ки тавсияҳои қаблии Палатаи ҳисоб аз тарафи объекти аудит пурра ё қисман иҷро нашудаанд ва камбудиҳои муайянгардида бартараф нагаштаанд, ӯ дар ин хусус сараудиторро хабардор менамояд ва хулосаи сараудитор оид бо ҳолатҳои мазкур барои баррасӣ ба ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоб пешниҳод карда мешавад.
8. Корманди Палатаи ҳисоб ҳангоми иҷрои ваколатҳои худ уҳдадор аст:
1) қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси одоби корманди Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, меъёрҳои эътирофнамудаи байналмилалии аудит ва стандартҳои аудити Палатаи ҳисобро риоя намояд;
2) ҳангоми гузарондани чорабиниҳои аудиторӣ ба фаъолияти объекти аудит дахолат накунад;
3) маълумоти дорои сирри бонкӣ ва сирри дигари бо қонун ҳифзшавандаро, ки ба ӯ дар натиҷаи аудит тибқи риояи қонун дастрас шудааст, ифшо накунад. Нисбат ба тамоми маълумоте, ки ҳангоми аудит ба ӯ муайян гардидааст, ҳамчун маълумоти махфӣ муносибат карда, бо корманди объекти аудит танҳо он масъалаҳоеро муҳокима намояд, ки ба аудит муносибати мустақим доранд;
4) дар сурати дар объекти аудит муайян гардидани ҳолатҳои азонихудкунӣ ё исрофкорӣ, дар давраи аудит ё дар муҳлати муқарраршуда ҷуброн накардани зарари расондашуда фавран санад тартиб дода, бо гузориши хаттӣ маводи чорабинии аудиториро барои ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фиристодан ба роҳбарият пешниҳод намояд.
Моддаи 41. Хулосаи аудиторӣ
1. Хулосаи аудиторӣ дар асоси далелҳои аз натиҷаи аудит ҷамъовардашуда оид ба ҳисоботи солонаи молиявӣ, эътимоднокӣ ва холисона будани вазъи молиявӣ, мутобиқати фаъолияти объекти аудит ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва самаранокии он таҳия гардида, аз ҷониби ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоб тасдиқ карда мешавад.
2. Хулосаи Палатаи ҳисоб оид ба асоснокии лоиҳаи буҷети давлатӣ ва ҳисоботи маҷмуии солонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷрои буҷети давлатӣ тибқи стандартҳои аудити Палатаи ҳисоб таҳия ва пешниҳод карда мешаванд.
Моддаи 42. Уҳдадорӣ барои иҷрои талаботи қонунии корманди Палатаи ҳисоб
Талаботи қонунии корманди Палатаи ҳисоб вобаста ба иҷрои ваколатҳои хизматӣ ҳангоми гузарондани аудит ва чорабиниҳои ташхисию таҳлилӣ барои мақомоти давлатӣ, инчунин корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, новобаста ба тобеият ва шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ҳатмӣ мебошад.
Моддаи 43. Тартиби нигоҳдории ҳуҷҷатҳо
Муҳлат ва шароити нигаҳдории нусхаҳои аслии хулоса, ҳисобот ва ҳуҷҷатҳои дигари аудиторӣ аз ҷониби Палатаи ҳисоб тибқи Қонуни мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
БОБИ 6. ФАЪОЛИЯТИ МОЛИЯВИИ ПАЛАТАИ ҲИСОБ
Моддаи 44. Маблағгузории Палатаи ҳисоб
1. Палатаи ҳисоб аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва манбаъҳои дигари бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манънагардида маблағгузорӣ карда мешавад.
2. Палатаи ҳисоб ҳамасола лоиҳаи сметаи хароҷоти фаъолияташро мустақилона таҳия менамояд.
Моддаи 45. Молу мулки Палатаи ҳисоб
Бино, воситаҳои нақлиёт, иншооти коммуникатсионӣ ва молу мулки давлатии дигаре, ки барои таъмини фаъолияти Палатаи ҳисоб заруранд ва таҳти идораи оперативии Палатаи ҳисоб қарор доранд, наметавонанд бо мақсадҳои дигар истифода шаванд.
БОБИ 7. ҲАМКОРИИ ПАЛАТАИ ҲИСОБ БО МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ ВА БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Моддаи 46. Ҳамкории Палатаи ҳисоб бо мақомоти давлатӣ
1. Палатаи ҳисоб барои иҷрои вазифаҳои худ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, назоратӣ, вазорату идораҳо ва воҳидҳои аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти андоз ва гумрук ҳамкорӣ менамояд.
2. Барои амалӣ намудани чунин ҳамкорӣ Палатаи ҳисоб ҳуқуқ дорад тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ, хулосаҳои мақомоти назоратӣ ва аудити дохилиро ба даст оварад, бо кормандони онҳо машварат гузаронад ва мубодилаи маълумот намояд.
Моддаи 47. Ҳамкории байналмилалии Палатаи ҳисоб
1. Палатаи ҳисоб дар доираи ваколатҳои худ бо тартиби муқарраргардида ҳамкории байналмилалиро бо мақомоти аудити давлатҳои дигар амалӣ менамояд.
2. Барои ноил шудан ба ин ҳадаф Палатаи ҳисоб метавонад:
1) дар расондани ёрии бевоситаи иттилоотӣ, ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва ёрии дигар, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартномаҳои байналмилалӣ манъ накардаанд, ширкат варзад;
2) омӯзиши таҷрибаи пешқадами мақоми аудити давлатҳои хориҷӣ, расондани кумак ва истифодаи он дар такмили ихтисоси кормандон, инчунин таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи аудити берунаро амалӣ намояд;
3) бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои созишномаҳои байналмилалиро ба имзо расонад ва ба созишномаҳо тағйиру иловаҳо ворид намояд;
4) ҳамкориҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ намояд.
БОБИ 8. ҲИСОБОТДИҲӢ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ
ПАЛАТАИ ҲИСОБ
Моддаи 48. Ҳисоботи солона оид ба фаъолияти аудитории Палатаи ҳисоб
Палатаи ҳисоб ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 апрели соли молиявии навбатӣ оид ба фаъолияти аудитории худ ҳисоботи ҷамъбастӣ пешниҳод менамояд.
Моддаи 49. Ҳисоботи махсус
Палатаи ҳисоб ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳое, ки қабули чораҳои таъхирнопазирро талаб менамоянд, хулосаҳои аудиторӣ пешниҳод менамояд.
Моддаи 50. Ҳисоботи солона оид ба фаъолияти Палатаи ҳисоб
1. Палатаи ҳисоб ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 апрели соли молиявии навбатӣ ҳисобот дар бораи фаъолияти Палатаи ҳисоб пешниҳод менамояд.
2. Ҳисоботи мазкур маълумоти зеринро дар бар мегирад:
1) масъалаҳои кадрӣ;
2) такмили ихтисоси кормандон;
3) такмили методологӣ;
4) татбиқи технологияҳои иттилоотӣ;
5) масъалаҳои маблағгузории Палатаи ҳисоб.
Моддаи 51. Нашри ҳисоботи аудиторӣ
Палатаи ҳисоб тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи аудитории худро дар воситаҳои ахбори омма нашр мекунад, аз ҷумла дар сомонаи расмии худ ҷойгир менамояд.
БОБИ 9. АУДИТИ ҲИСОБОТИ СОЛОНАИ МОЛИЯВӢ ВА БАҲОДИҲИИ СИФАТИ АУДИТИ ПАЛАТАИ ҲИСОБ
Моддаи 52. Аудити ҳисоботи солонаи молиявии Палатаи ҳисоб
1. Фаъолияти молиявии Палатаи ҳисоб дар ду сол як маротиба аз ҷониби ширкати аудитории касбӣ, ки онро комиссия аз рӯйи натиҷаи озмун интихоб мекунад, мавриди аудити молиявӣ қарор дода мешавад. Комиссияро раиси Палатаи ҳисоб дар ҳайати на кам аз панҷ нафар таъсис медиҳад.
2. Вазифаҳои ширкати аудитории касбӣ омода кардани хулоса оид ба арзёбии риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ҳангоми хароҷоти воситаҳои буҷетӣ дар Палатаи ҳисоб мебошад.
3. Хулосаи ширкати аудитории касбӣ дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоб баррасӣ карда мешавад.
4. Пардохти ҳаққи хизматрасонии ширкати аудитории касбӣ аз ҳисоби маблағҳое, ки дар сметаи хароҷоти Палатаи ҳисоб пешбинӣ шудаанд, амалӣ карда мешавад.
Моддаи 53. Баҳодиҳии мустақили берунаи сифати аудити гузарондаи Палатаи ҳисоб
1. Ба сифати аудите, ки Палатаи ҳисоб гузарондааст, на камтар аз як маротиба дар панҷ сол бо тартиби муқаррарнамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳо дода мешавад.
2. Баҳодиҳӣ аз ҷониби аудити байналмилалии берунаи давлатӣ, ки ваколаташ ба Палатаи ҳисоб баробар аст, гузаронда шуда, хулосаи он ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад.
БОБИ 10. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 54. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 55. Аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28 июни соли 2011 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, № 6, мод. 460; с. 2017, № 5, қ.1, мод. 282, мод. 283) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 56. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 22 июни соли 2023, № 1977
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
2. Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2011, № 453 «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, № 6, мод. 501; с. 2017, № 3-4, мод. 204, № 5, мод. 358) аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 3 майи соли 2023, № 1003
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 16 июни соли 2023, № 394