Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои субъектҳои соҳаи мазкурро муқаррар намуда, ба таъмини рушди инфрасохтории соҳаи алоқаи барқӣ равона гардидааст.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Вазифаҳои Қонуни мазкур
Вазифаҳои Қонуни мазкур аз инҳо иборат мебошанд:
1) фароҳам овардани шароит барои пешниҳоди хизматрасониҳои алоқа;
2) мусоидат ба раванди дар амал татбиқсозии технологияҳои муосир ва стандартҳо дар соҳаи алоқаи барқӣ;
3) ҳифзи манфиатҳои истифодабарандагони хизматрасониҳои алоқа ва субъектҳои хоҷагидор дар соҳаи алоқа;
4) таъмини рақобати солим ва бовиҷдонона дар бозори хизматрасониҳои алоқа;
5) фароҳам овардани шароит барои рушди инфрасохтори алоқа, таъмини пайвасти он бо шабакаҳои байналмилалии алоқа;
6) таъмини идоракунии мутамаркази захираҳои радиобасомад, аз ҷумла захираҳои рақамгузорӣ ва захираҳои басомадҳои мадорӣ;
7) фароҳам овардани шароит ҷиҳати таъмини эҳтиёҷот ба алоқа барои идоракунии давлатӣ, мудофиаи кишвар, амнияти миллӣ ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ;
8) фароҳам овардани шароит барои рушд ва азнавсозии баробари системаҳо ва шабакаҳои иттилоотию телекоммуникатсионӣ;
9) мусоидат ба таҳияи талабот оид ба баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои алоқаи барқӣ;
10) фароҳам овардани шароити мусоид барои содагардонии дастрасии шаҳрвандон ба хизматрасониҳои алоқаи барқӣ;
11) суръат бахшидан ба татбиқи лоиҳаҳои рақамикунонӣ ва барномаҳо ҷиҳати аз байн бурдани нобаробарии рақамӣ дар ҷомеа;
12) мусоидат ба иҷрои мутамаркази консепсияи ҳукумати электронӣ, иқтисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ ва рақамикунонии равандҳои технологии хизматрасониҳое, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ расонида мешаванд;
13) фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби бевоситаи сармояи мустақим бо мақсади таъсиси паркҳои технологӣ-иттилоотӣ, марказҳои коркарди маълумот дар кишвар ва рушди соҳаи барномасозии ватанӣ ва истеҳсоли маҳсулоти технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ;
14) омода намудани шароит ва замина ҷиҳати ташаккули муносибатҳои нав байни мақомоти идоракунии давлатӣ ва истифодаи ҳадди аксари имкониятҳои технологӣ, иттилоотию коммуникатсионӣ дар равандҳои гуногуни идоракунии давлатӣ, ташаккули захираҳои миллии иттилоотӣ ва таъмини дастрасӣ ба онҳо;
15) муносиб намудани раванди танзими истифодабарии паҳнои радиобасомад ва мавқеияти мадории моҳвораҳои алоқа;
16) мусоидат ба таҳияи қоидаҳо ва тартиби нави сохтмони системаҳо ва шабакаҳои алоқа дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ва гузаргоҳҳои заминии сарҳадӣ бо назардошти масъалаҳои геополитикии байналмилалӣ ва минтақавӣ.
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мегарданд:
1) алоқаи барқӣ – ҳар навъи интиқол ё қабули нишонҳo, ишоратҳо, матни хаттӣ, тасвирҳо, садоҳо ё ҳар намуди иттилоот тавассути воситаҳои радиоэлектронӣ, низомҳои ноқилӣ, оптикӣ ё электромагнитии дигар;
2) биллинг – маҷмуи низомҳои барномавию техникӣ, ки барои ба таври худкор иҷро намудани амалиётҳои баҳисобгирии хизматрасониҳои ба муштариён пешниҳодшаванда, инчунин барои тарифбандии хизматрасониҳо ва пешниҳоди ҳисобнома ҷиҳати истифодаи хизматрасониҳои тарифбандишуда пешбинӣ шудаанд;
3) воситаҳои радиоэлектронӣ – воситаҳои техникии барои интиқол ё қабули мавҷҳои радиоӣ пешбинишуда, ки аз як ё якчанд дастгоҳи интиқол ва қабул ё аз таркиби чунин дастгоҳҳо иборат буда, таҷҳизоти ёрирасонро дар бар мегиранд;
4) интернет – шабакаи ҷаҳонии иттилоотию коммуникатсионии электронӣ;
5) инфрасохтори алоқаи барқӣ – манораҳо, симчӯбҳо, қубурҳо, ноқилҳо, инчунин ҳама намуди инфрасохтори дигар, ки бо мақсади таъсиси шабакаи алоқаи барқӣ ва истифодаи он сохта шудааст;
6) иҷозатномадор дар соҳаи алоқаи барқӣ – шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ, ки барои амалӣ намудани фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ иҷозатнома дорад;
7) истифодабарандаи хизматрасонии алоқаи барқӣ – шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки аз хизматрасониҳои алоқаи барқӣ истифода мебаранд;
8) маълумоти хизматӣ дар бораи истифодабарандагони хизматрасонии алоқаи барқӣ (минбаъд – маълумоти хизматӣ) – маълумот дар бораи истифодабарандагон, ки танҳо бо мақсади гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар шабакаҳои алоқа пешбинӣ шудаанд, аз ҷумла:
а) маълумот дар бораи рақамҳои муштарӣ ва рақамҳои мушаххаскунонии соҳибони рақамҳои муштарӣ;
б) маълумот дар бораи рамзҳои мушаххаси дастгоҳҳои муштарии алоқаи мобилӣ, аз ҷумла дар бораи рақамҳои мушаххаси соҳибони дастгоҳҳои муштарии алоқаи мобилӣ;
в) маълумоти биллингӣ (маълумот дар бораи хизматрасониҳои дарёфткардашудаи муштарӣ);
г) ҷойгиршавии дастгоҳҳои муштарӣ дар шабака мувофиқи талаботи муқарраргардидаи техникӣ;
д) суроғаҳо дар шабакаҳои таҳвили маълумот;
е) суроғаҳои муроҷиатҳо ба захираҳои интернетӣ дар шабакаҳои таҳвили маълумот;
ё) индентификатори захираҳои интернетӣ;
ж) протоколҳои шабакаҳои таҳвили маълумот;
9) муштарӣ – шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки бо ӯ шартномаи хизматрасонии алоқа бо ҷудо намудани рақами муштарӣ ва (ё) рамзи идентификатсионӣ барои ин мақсадҳо баста шудааст;
10) нишонҳо – аломатҳо, матнҳои хаттӣ, тасвирҳо, видеоҳо, садоҳо ё ҳама гуна паёмҳои дигар;
11) оператор – шахси ҳуқуқии дорандаи шабакаи алоқаи барқӣ, ки ба истифодабарандагон хизматрасонии алоқаи барқиро таъмин менамояд;
12) оператори универсалии хизмат-расонӣ – операторе, ки хизматрасониҳои алоқаро пешниҳод менамояд ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадории пешниҳоди хизматрасониҳои универсалии алоқаро дорад;
13) пайвастшавии байнишабакавӣ – ҷараёни пайвастшавии шабакаҳои алоқаи барқӣ, ки имконияти амалӣ намудани пайвастшавӣ ва интиқолу қабули иттилоотро байни истифодабарандагони ин шабакаҳо таъмин менамояд;
14) провайдер – шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ, ки ба истифодабарандагон тавассути шабакаи алоқаи барқии оператор хизматрасонӣ менамояд;
15) радиобасомад – маҷмуи мавҷҳои электромагнитии дар фазо бе истифодабарии ноқил ё мавҷбари дигари сунъӣ паҳншаванда, ки ҳангоми ташкили радиоалоқа, эфири телевизиону радио ва интиқоли ишоратҳои дигар истифода мешаванд;
16) рақамгузорӣ – аломатҳои шартии иборат аз рақамҳо, ҳарфҳо, аломатҳо ва таркиби чунин номгузориҳо, аз ҷумла рамзҳо, ки барои мушаххассозии якхелаи шабакаи алоқаи барқӣ, ҷойи пайвастшавӣ ва ҷузъиёти ниҳоии он пешбинӣ шудаанд;
17) таҷҳизоти ниҳоӣ – воситаи техникӣ ё дастгоҳи ба таври мустақим ё ғайримустақим ба шабакаи алоқаи барқӣ пайвастшуда, ки барои интиқол, қабул ва коркарди иттилоот истифода мешавад;
18) хизматрасонии алоқаи барқӣ – маҳсули фаъолияти оператор ва провайдер оид ба қабул, интиқол, коркарди нишонҳо, ишоратҳо ва намудҳои дигари иттилоот тавассути шабакаҳои алоқаи барқӣ;
19) хизматрасониҳои универсалии алоқаи барқӣ – номгӯйи ҳадди ақалли хизматрасониҳои алоқаи барқӣ, ки пешниҳоди он ба ҳамаи истифодабарандагони хизматрасонии алоқа дар маҳали дилхоҳи аҳолинишин дар вақти муқарраргардида аз рӯйи сифат ва арзиши дастрасӣ аз тарафи операторони универсалии хизматрасонӣ ҳатмӣ мебошад;
20) шабакаи алоқаи барқӣ – низомҳои технологии интиқол ва таҷҳизоти коммутатсионӣ ё самтӣ ва манбаъҳои дигаре, ки тавассути воситаҳои радиоэлектронӣ, таҷҳизот, низомҳои ноқилӣ ва ғайриноқилӣ, оптикӣ ё электромагнитии дигар, аз ҷумла шабакаи моҳворавӣ, шабакаҳои собит (коммутатсияи хаттӣ ва пакетӣ, аз ҷумла интернет ва IP-телефонӣ) ва сайёри заминӣ, шабакаҳои барои радиошунавонӣ ва телевизион истифодашаванда, инчунин шабакаҳои кабелӣ, ки новобаста аз намуди иттилооти интиқолшаванда, ишоратҳоро таҳвил медиҳанд;
21) шабакаи алоқаи барқии давлатӣ – шабакаи махсуси алоқаи барқӣ, ки пешниҳоди хизматрасониҳои алоқаи барқиро барои эҳтиёҷоти давлатӣ дар замони осоишта ва ҳолати ҷангӣ таъмин менамояд;
22) шахсони дигари дар соҳаи алоқаи барқӣ фаъолияткунанда – соҳибони шабакаҳои алоқаи махсуси идоравӣ ва корпоративӣ, воситаҳо, таҷҳизот, воситаҳои радиоэлектронӣ ва ноқилҳои алоқаи барқӣ, истифодабарандагони радиобасомад ва рақамгузорӣ, дорандагони сертификат дар соҳаи алоқаи барқӣ, ба истиснои иҷозатномадорон.
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи алоқаи барқӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи алоқаи барқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 4. Принсипҳои фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ
Фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:
1) қонуният;
2) баробарҳуқуқӣ;
3) эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
4) кафолати дастрас будани ҳамаи намуди хизматрасонии алоқаи барқӣ;
5) таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои истифодабарандагони хизматрасонии алоқаи барқӣ;
6) таъмини махфияти маълумоти истифодабарандагон аз ҷониби операторон ва провайдерони шабакаҳои алоқаи барқӣ;
7) расонидани хизматрасонии боэътимод ва баландсифати алоқаи барқӣ;
8) пешниҳоди хизматрасонии универсалии алоқаи барқӣ бо назардошти хусусиятҳо ва манфиатҳои миллӣ;
9) ҷорӣ намудани шаклҳои нави хизматрасонӣ ва таъмини мутобиқати шабакаҳои алоқаи барқӣ бо шабакаҳои байналмилалии алоқaи барқӣ;
10) рақобати озод, бовиҷдонона ва самаранок дар бозори хизматрасониҳои алоқаи барқӣ;
11) таъмини дастрасӣ ба шабакаҳои алоқаи барқӣ дар вазъияти фавқулода баҳри иҷрои вазифаҳо дар соҳаи идоракунии давлатӣ, таъмини мудофиа, амнияти миллӣ ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ.
БОБИ 2. ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ
ДАРСОҲАИ АЛОҚАИ БАРҚӢ
Моддаи 5. Идоракунии давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ
Идоракунии давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ амалӣ карда мешавад.
Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи алоқаи барқӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи алоқаи барқӣ дорои салоҳияти зерин мебошад:
1) пешбурди сиёсати давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ;
2) муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ;
3) тасдиқи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он;
4) тасдиқи тартиби бақайдгирии таҷҳизоти ниҳоии алоқаи мобилӣ;
5) тасдиқи қоидаҳои истифодабарии алоқаи барқӣ ва таҷҳизоти техникии махсус дар ҳудуди муассисаҳои ислоҳӣ ва ҷойҳои нигоҳдории муваққатӣ;
6) тасдиқи тартиби хизматрасонӣ ва истифодабарии алоқаи моҳворавӣ;
7) тасдиқи тартиби пешниҳод намудани хизматрасонии интернет;
8) тасдиқи номгӯйи хизматрасониҳои универсалӣ ва тартиби маблағгузории онҳо;
9) салоҳияти дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 7. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ
Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:
1) амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ бо мақсади вусъати фарогирӣ бо хизмати алоқаи барқӣ барои таъмини эҳтиёҷоти рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) иштирок дар таҳияи лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, пешниҳоди таклиф барои такмили онҳо;
3) иштирок дар таҳияи лоиҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, ки дар мақомоти идоракунии давлатӣ татбиқ мешаванд;
4) татбиқи барномаҳои давлатӣ вобаста ба ҷорӣ намудан ва иҷрои консепсияи ҳукумати электронӣ, иқтисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ ва барномаҳои дигар вобаста ба рақамикунонии равандҳои технологии пешниҳоди хизматрасониҳои мақомоти идоракунии давлатӣ;
5) танзими масъалаҳои ба кишвар ворид кардан, истеҳсол ва истифодабарии воситаҳои радиоэлектронӣ, таҷҳизоту воситаҳо ва ноқилҳои алоқаи барқӣ, сертификатсия, ҳалли баҳсҳо, дастрасӣ ва пайвастшавии байнишабакавӣ ба шабакаҳои алоқаи барқӣ ва инфрасохтори онҳо, сифати алоқаи барқӣ;
6) фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузории хориҷӣ ва ватанӣ барои рушди соҳаи алоқаи барқӣ;
7) дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ андешидани тадбирҳо оид ба пешгирии фаъолияте, ки ба муқобили рақобат дар соҳаи алоқаи барқӣ равона гардидааст ва ба вуҷуд овардани муҳити рақобати солим барои операторон ва провайдерон;
8) гузаронидани сертификатсия, додани сертификати мутобиқат ба таҷҳизот ва хизматрасонии алоқаи барқӣ ё тартиби иcтифодаи сертификати давлатҳои дигар, инчунин ба воситаҳои дигари техникӣ, радиобасомадҳои шуоафкан ё манбаи мавҷҳои баландбасомади электромагнитие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд;
9) танзими сифати хизматрасонии шабакаҳои алоқаи барқӣ;
10) таҳияи номгӯйи хизматрасониҳои универсалӣ, тартиби маблағгузорӣ ва ҷиҳати тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани он;
11) танзими пайвастшавии байнишабакавӣ ва дастрасӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ, инчунин пайвастшавии байнишабакавӣ дар сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла масъалаҳо ва лоиҳаҳои сохтмони гузаргоҳҳои заминӣ, наздисарҳадӣ ва пайвандҳо бо операторони давлатҳои хориҷӣ;
12) ба вуҷуд овардан, рушд додан ва истифодабарии низоми давлатии назорати радио, ки низоми ба ҳам алоқаманди воситаҳои техникии назорати радиоӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба гузаронидани ченкунии умумии истифодаи шабакаҳо ва қитъаи радиобасомадҳо, санҷиши сифати техникӣ ва истифодабарии радиоишоратҳои интиқолшаванда, ошкор ва фарқ кардани радиофиристониҳои бе иҷозат ва манбаъҳои шуоафкании баландбасомади электромагнитӣ, радиохалалҳо имконият медиҳад;
13) ҳамоҳангсозии дохилӣ, танзим, назорат, бақайдгирӣ ва ҷудокунии рақамҳо, диапазони рақамҳо, аз ҷумла рамзҳои телефонии байнишаҳрӣ ва байналмилалӣ, рақамҳои кӯтоҳ, IР-суроғаҳо, домени интернетӣ дар минтақаи «TJ», шабакаҳо, хатҳо ва радиобасомадҳо, бартарафкунии радиохалал, инчунин дар асоси санади суд ё мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқ боздоштан ва қатъ намудани истифодабарии онҳо;
14) бартараф кардани ишоратҳо ва радиохалалҳои ғайриқонунӣ;
15) анҷом додани идоракунии радиотехникӣ ва радиомониторинги ҳолати истифодабарии воситаҳои радиоэлектронӣ;
16) ҷамъоварӣ ва таъмини нигоҳдории иттилооти бадастомада, дар ҳолатҳои зарурӣ бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсоли натиҷаҳои санҷиш ва маводи дигари марбут ба онҳо ба мақомоти дахлдор;
17) гузаронидани ташхис ва додани хулосаи тахассусӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ;
18) таъмини иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, санадҳои судӣ вобаста ба манъи фаъолияти ғайриқонунии шабака ва сомонаҳои интернетӣ, иҷрои уҳдадориҳое, ки барои таъмини мудофиа, амнияти миллӣ ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ равона гардидаанд, инчунин назорати таъмини сифати хизматрасонии алоқаи барқӣ ва ҳолати техникии воситаҳои алоқаи барқӣ;
19) назорати риояи талаботи стандартҳо, қоидаҳо, дастурамалҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва иҷрои шартҳои иҷозатномаҳои додашуда, инчунин назорат ва танзими хизматрасонии интернет;
20) санҷиш ва назорати тартиби пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он, инчунин тибқи талаботи қонунгузорӣ амалӣ намудани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидори дар соҳаи алоқаи барқӣ фаъолияткунанда;
21) иҷрои ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст.
Моддаи 8. Фаъолияти иҷозатномадиҳӣ ва иҷозатдиҳӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ
Иҷозатномадиҳӣ ва додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи иҷозатдиҳӣ амалӣ мегарданд.
Моддаи 9. Танзими истифодабарии радиобасомад
1. Радиобасомад захираи маҳдуди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, истифодаи он бо мақсади истифодабарии шабакаҳои алоқаи барқӣ ва анҷом додани хизматрасонии алоқаи барқӣ аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар асоси иҷозатномаи дахлдор амалӣ карда мешавад.
2. Ҳама гуна воситаҳои техникие, ки шуоафканиҳои радиобасомадӣ медиҳанд ё манбаи мавҷҳои баландбасомади электромагнитӣ мебошанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешаванд.
3. Тартиби танзими истифодабарии радиобасомадҳо, таъмини мутобиқати электромагнитӣ ва пешгирии радиохалалҳои хадамоти гуногун ва соҳаҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 10. Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи истифодаи спектрҳои радиобасомад, таъмини мутобиқати электромагнитии воситаҳои радиоэлектронии ҳамаи истифодабарандагон ва ҳифзи ҳуқуқии манфиатҳои давлат дар Иттифоқи байналмилалии алоқаи барқӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.
2. Вазифаҳо ва ҳуқуқу уҳдадориҳои Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Низомномае, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, муайян карда мешаванд.
Моддаи 11. Тартиби сертификатсия
1. Ҳамаи хизматрасонӣ, восита, таҷҳизот, ноқилҳои дар шабакаи алоқаи барқӣ истифодашаванда ҷиҳати мутобиқат ба стандартҳои муқарраршуда дар соҳаи алоқаи барқӣ, шартҳои техникӣ ва меъёрҳои дигар, аз ҷумла стандартҳои байналмилалӣ ва миллии давлатҳои дигар, ки тибқи тартиби муқарраргардида дар асоси шартномаҳои дуҷонибаи эътирофи мутақобилаи сертификатҳо мавриди амал қарор дода шудаанд, аз сертификатсия гузаронида мешаванд.
2. Сертификатсияи воситаҳои алоқаи барқӣ ё тартиби истифодаи сертификатҳои давлатҳои дигар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ ба амал бароварда мешавад.
3. Андоза ва тартиби пардохти корҳои сертификатсионӣ, восита, таҷҳизот, ноқил ва барномаҳои дар шабакаи алоқаи барқӣ истифодашаванда, ки мавриди сертификатсия қарор мегиранд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегарданд.
Моддаи 12. Рақамгузорӣ
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ идоракунии рақамгузориро ба амал бароварда, тақсим ва истифодабарии рақамҳоро таъмин ва назорат менамояд.
2. Тартиби ҷудо намудан ва истифодабарии захираи рақамгузорӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ муайян карда мешавад.
3. Андоза ва тартиби пардохт барои истифодабарии захираҳои рақамгузорӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ дар мувофиқа бо мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ муайян карда мешаванд.
Моддаи 13. Хизматрасонии универсалии алоқаи барқӣ
1. Хизматрасонии универсалии алоқаи барқӣ аз рӯйи тарифҳо ва шартҳои техникӣ ба гурӯҳҳои алоҳидаи ба ин хизматрасонӣ эҳтиёҷоти махсуси иҷтимоидошта ва истифодабарандагони имконияташон маҳдуд пешниҳод гардида, барои ба онҳо дастрас будани хизматрасонии алоқа мусоидат менамояд.
2. Зангҳои содиротии ройгон ба хадамоти садамавӣ ва таъҷилӣ барои ҳамаи таъминкунандагони хизмати алоқаи телефонии истифодаи умум ҳатмӣ мебошад.
Моддаи 14. Хизматрасонии интернет
1. Хизматрасонии интернет ва таъмини дастрасӣ ба шабакаи интернет тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби иҷозатномадор амалӣ карда мешавад.
2. Истифодабарандаи хизматрасонии алоқаи барқӣ ҳуқуқ дорад оператори пешниҳодкунандаи хизматрасонии дастрасӣ ба шабакаи интернетро интихоб намояд.
3. Муносибатҳо оид ба таҳвил ва таъмини дастрасӣ ба шабакаи интернет аз ҷониби иҷозатномадорон бо субъектҳои дигари соҳаи алоқаи барқӣ дар асоси шартнома мустақилона ба роҳ монда мешаванд.
4. Аз ҷониби оператор, провайдер ва истифодабарандаи хизматрасонии алоқаи барқӣ тавассути хизматрасониҳои алоқаи барқӣ паҳн ё таблиғ намудани ҳама гуна иттилоот бар зидди асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти шахсӣ, ҷамъиятӣ, давлатӣ, иттилоот дар бораи маҳдуднамоии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, барангехтани кинаю адовати динию мазҳабӣ ё низои миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ, паст задани шаъну эътибори миллӣ, тарзи омодасозӣ ва тарғиби маводи нашъаовар, тарканда ва маводи дигари заҳролудкунанда, ба содир намудани ҷиноят ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ равонагардида, хусусияти экстремистию террористидошта, порнография, аз ҷумла порнографияи кӯдакона, инчунин паҳн намудани ҳама гуна маълумот, ки бо санади судии эътибори қонунӣ пайдонамуда ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст, манъ мебошад.
Моддаи 15. Таҷҳизоти ниҳоӣ
1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо риояи талаботи Қонуни мазкур ҳуқyқи ворид намудан, фурӯш, васлу истифодабарӣ ва хизматрасонии таҷҳизоти ниҳоиро доранд.
2. Таҷҳизоти ниҳоӣ, ба истиснои таҷҳизоти ниҳоии алоқаи мобилӣ, метавонад дар хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ, маҳаллӣ, интернет ва хизматрасониҳои дигари алоқаи барқӣ дар ҳолате насб ва истифода карда шавад, ки бо тартиби муқарраршуда мавриди сертификатсия қарор гирифтааст.
3. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба хизматрасонии таҷҳизоти ниҳоӣ машғуланд, бояд таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётии сертификатсияшударо истифода намоянд.
4. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ номгӯйи таҷҳизоти ниҳоиро, ки мавриди сертификатсия қарор мегиранд, тасдиқ менамояд.
Моддаи 16. Бақайдгирӣ ва муайянсозии таҷҳизоти ниҳоии алоқаи мобилӣ
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ низоми давлатии муайянсозии таҷҳизоти ниҳоии алоқаи мобилиро ташкил ва истифода менамояд.
2. Идентификаторҳои байналмилалии таҷҳизоти ниҳоии алоқаи мобилӣ дар низоми давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ ба қайд гирифта мешаванд.
3. Бақайдгирии идентификаторҳои воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ ройгон анҷом дода мешавад.
4. Дигаргун сохтан, нусхабардорӣ ва паҳн кардани маълумоти низоми давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ бе розигии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ манъ аст.
5. Ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ тайёр, паҳн кардан ва истифодаи намудҳои гуногуни таҷҳизот ва барномаҳо, ки барои дигаргун кардани маълумоти идентификаторҳо истифода мешаванд ё истифодаи таҷҳизоти тайёри алоқаи мобилӣ, ки маълумоти идентификаториашон дигар карда шудааст, манъ мебошад.
6. Оператор ва провайдери алоқаи мобилӣ ҳуқуқ надоранд ба таҷҳизоти тайёри алоқаи мобилии дар низоми ягона бақайдгирифтанашуда хизматрасонӣ намоянд.
Моддаи 17. Маркази ягонаи коммутатсионии алоқаи барқӣ
1. Маркази ягонаи коммутатсионии алоқаи барқӣ ҳамчун зерсохтори мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ бо мақсади назорат ва танзими соҳаи алоқаи барқӣ, инчунин тавассути он анҷом додани гузариши трафикҳои воридотию содиротии хизматрасониҳои байналмилалии алоқаи барқӣ ва интернет фаъолият менамояд.
2. Тартиби таъсис ва амалӣ намудани фаъолияти Маркази ягонаи коммутатсионии алоқаи барқӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 18. Сифати хизматрасонии алоқаи барқӣ
1. Сифати хизматрасонии алоқаи барқӣ бояд ба талаботи ҳатмии стандартҳо ва меъёрҳои техникии хизмати алоқаи барқӣ мутобиқат намояд.
2. Талаботи ҳадди ақал ба сифати хизматрасонии алоқаи барқӣ тибқи тартиби муқарраргардида аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ тасдиқ карда мешавад. Талаботи ҳадди ақал ба сифати хизматрасонӣ дар асоси сифати миёнаи бадастовардашудаи хизматрасонӣ муқаррар гардида, бо мақсади баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва бо назардошти эҳтиёҷоти истифодабарандагон, тараққиёти техникӣ ва рушди иқтисодӣ давра ба давра тағйир дода мешавад.
3. Иҷозатномадорон ба мақоми ваколатдор дар бораи сифати хизматрасониҳои пешниҳодшаванда мутобиқи шакли тасдиқгардида ҳисобот пешниҳод менамоянд.
4. Барои санҷиши сифати хизматрасонии соҳаи алоқаи барқӣ иҷозатномадор мақоми ваколатдорро бо алоқаи барқии ройгон таъмин менамояд.
5. Ҳангоми дағалона ё такроран вайрон кардани меъёри сифат, мақоми ваколатдор ҳуқуқ дорад пешниҳоди хизматрасонии алоқаи барқиро то бартараф кардани камбудӣ боздорад.
Моддаи 19. Иттилооти афзалиятнок
1. Оператор, провайдер ва истифодабаранда бояд афзалияти мутлақи иттилооти зеринро дар ҳамкорӣ ва супориши мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ таъмин намоянд:
1) оид ба бехатарии ҳаёти инсон;
2) оид ба мудофиа, амнияти миллӣ ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ;
3) оид ба офатҳои табиӣ, паҳншавии эпидемия ва ҳолатҳои дигари фавқулода;
4) оид ба хадамоти садамавию таъҷилӣ ва ҳолатҳои дигари муайяннамудаи мақоми ваколатдор.
2. Операторон ва провайдерон уҳдадоранд ба таври ройгон дастрасии истифодабарандаро ба хадамоти садамавию таъҷилӣ таъмин карда, ҳангоми таҳдиди ҳолатҳои фавқулода, ҷорӣ намудан ва бекор кардани вазъияти фавқулода, инчунин бо мақсади таъмини мудофиаи кишвар, амнияти миллӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ, мувофиқи дархости мақоми ваколатдори давлатӣ ба истифодабарандагон паёмҳои кӯтоҳ ирсол намоянд.
3. Тартиби бо мақсади таъмини мудофиаи кишвар, амнияти миллӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ истифода намудани шабакаҳои оператор ва провайдер аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 20. Махфияти алоқаи барқӣ
1. Махфияти гуфтугӯҳои телефонӣ, телеграфӣ, электронӣ ва маълумоти дигари тавассути шабакаҳои алоқаи барқӣ таҳвилёбандаро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз менамояд.
2. Иҷозатномадорон, операторон ва провайдерон уҳдадоранд, ки махфияти гуфтугӯ ва маълумоти ирсолшавандаро риоя намоянд. Маълумоти тавассути шабакаи алоқаи барқӣ интиқолдодашаванда танҳо ба шахси ирсолкунанда ва (ё) намояндаи қонунии ӯ дода мешавад.
3. Гӯш кардани гуфтугӯҳои телефонӣ, шиносоӣ бо маълумоти тариқи шабакаи алоқаи барқӣ интиқолшаванда, дастрас кардани маълумот дар бораи онҳо, инчунин маҳдудиятҳои дигари махфияти гуфтугӯ ва маълумот танҳо дар асос ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад.
4. Иҷозатномадорон, операторон ва провайдерони хизматрасонии соҳаи алоқаи барқӣ уҳдадоранд риояи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иттилоот» ва «Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ»-ро таъмин намоянд.
Моддаи 21. Амали якҷояи операторон ва провайдерони хизматрасонии алоқаи барқӣ бо мақомоте, ки фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯиро амалӣ мекунанд
1. Операторон ва провайдерони хизматрасонии алоқаи барқӣ, новобаста аз шакли моликият, уҳдадоранд:
1) барои дар шабакаи алоқаи барқӣ ба амал баровардани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шароит фароҳам оваранд;
2) барои роҳ надодан ба ошкор кардани усулҳои ташкилӣ ва тактикии гузаронидани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ чораҳо андешанд;
3) тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муштариёнро ҷамъоварӣ ва нигоҳ доранд.
2. Дар сурати истифодаи ғайриқонунии воситаҳои алоқа, ки ба манфиати мудофиаи кишвар, амнияти миллӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва аҳолӣ зарар мерасонанд, иҷро накардани талаботи мақомоте, ки фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯиро амалӣ месозанд, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ дар асоси дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолияти шабака ва воситаҳои алоқаи дахлдорро, новобаста аз шакли моликияташон, бозмедорад.
Моддаи 22. Санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар соҳаи алоқаи барқӣ
Санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар соҳаи алоқаи барқӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» анҷом дода мешавад.
БОБИ 3. ШАБАКАҲОИ АЛОҚАИ БАРҚӢ
Моддаи 23. Моликияти шабакаҳои алоқаи барқӣ
1. Шабакаҳои алоқаи барқӣ метавонанд моликияти хусусӣ ва давлатӣ бошанд.
2. Номгӯйи шабакаҳо ва воситаҳои алоқа, ки танҳо моликияти давлатӣ мебошанд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
3. Соҳибони шабакаҳои алоқаи барқӣ ҳуқуқҳои баробар дошта, ҳуқуқу манфиатҳои онҳо тавассути қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз мегарданд.
Моддаи 24. Шабакаҳои хусусии алоқаи барқӣ
1. Шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд шабакаи алоқаи барқиро таъсис дода, истифодабарии онро ба роҳ монанд.
2. Дар ҳолатҳои истисноӣ мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, ташкилотҳои дигари давлатии наҷотдиҳӣ метавонанд аз хизматрасонии шабакаҳои хусусии алоқаи барқӣ ба таври ройгон истифода намоянд, ки тартиби онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 25. Шабакаҳои давлатии алоқаи барқӣ ва истифодабарии онҳо барои эҳтиёҷоти давлатӣ
1. Шабакаи алоқаи барқии давлатӣ аз ҷониби оператори давлатӣ таъсис дода шуда, хизматрасонӣ карда мешавад.
2. Оператори давлатӣ пешниҳоди хизматрасониҳои алоқаи барқӣ, аз ҷумла таъминоти техникӣ ва барномавии системаҳо ва шабакаҳои алоқаро, ки бо консепсияи ҳукумати электронӣ алоқаманд мебошанд, барои мақомоти дигари идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
3. Мақомот ва ташкилотҳои дигари давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз шабакаи алоқаи барқии давлатӣ истифода мебаранд ва оператори давлатӣ уҳдадоранд дастрасии шабакаро таъмин намоянд ва хизматрасониҳои алоқаи барқиро барои эҳтиёҷоти давлатӣ, аз ҷумла барои мақсадҳои мудофиаи кишвар, амнияти миллӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ, инчунин дар ҳолатҳои фавқулода истифода намоянд.
4. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулода ё дар ҳолатҳои зарурӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти дигари давлатии салоҳиятдор ва иҷозатномадорон пешниҳоди мунтазами хизматрасониҳои алоқаи барқиро таъмин менамояд ё онро қатъ мекунад.
Моддаи 26. Ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда ҳангоми пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ
Ҳангоми пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
– ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шиносномаи шаҳрванди хориҷӣ, гувоҳномаи иқомат барои шаҳрванди хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, гувоҳномаи иқомат барои шахси бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шаҳодатномаи гуреза) барои шахсони воқеӣ;
– ҳуҷҷатҳо дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликият, барои шахсони ҳуқуқӣ.
Моддаи 27. Пайвастшавии байнишабакавӣ
1. Операторони шабакаҳои алоқаи барқии истифодаашон умум, ки мавқеи бартарӣ доранд, пайвастшавии байнишабакавии шабакаҳои худро бо шабакаҳои операторони дигари алоқаи барқие, ки иҷозатнома доранд, анҷом медиҳанд.
2. Пайвастшавии байнишабакавӣ, аз ҷумла пайвастшавӣ дар сатҳи байналмилалӣ дар асоси шартномаи байни операторон ва провайдерон басташаванда, ки мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ онро тасдиқ менамояд, ба амал бароварда мешавад. Муқаррароти шартнома оид ба пайвастшавии байнишабакавӣ набояд ба муқаррароти Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намоянд.
3. Дар сурати мавҷуд будани имконияти техникӣ барои пайвастшавии байнишабакавӣ иҷрои он набояд рад карда шавад. Ҳар як радкунии пайвастшавии байнишабакавӣ бояд пурра асоснок карда шавад.
4. Зарари расонидашуда ба иҷозатномадор аз ҷониби иҷозатномадори дигари дар соҳаи алоқаи барқӣ фаъолияткунанда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.
Моддаи 28. Таъсиси шабакаҳои алоқаи барқӣ ва васеъкунии онҳо
1. Инфрасохтор ва шабакаҳои алоқаи барқӣ, таъсис ва васеъкунии онҳо аз ҷониби иҷозатномадор, ки ҳуқуқи анҷом додани корҳои банақшагирӣ, сохтмон ва хизматрасонии минбаъдаи техникии онҳоро дорад, ба амал бароварда мешавад.
2. Дар мавриди банақшагирӣ ва ободонии шаҳру ноҳияҳо ва маҳалҳои аҳолинишин талабот оид ба таъсиси шабакаи алоқаи барқӣ ба инобат гирифта мешавад.
3. Операторони алоқаи барқӣ ҳуқуқ доранд дар қитъаҳои замин, биноҳо, симчӯбҳо, пулҳо, қубурҳо, роҳҳо, нақбҳо ва ҷойҳои дигар тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо розигии соҳибмулк биною иншоот, инфрасохтор ва шабакаи алоқаи барқиро бунёд ё онҳоро истифода намоянд. Корҳои мазкур бо риояи талаботи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.
4. Ба заминҳои шабакаҳои алоқаи барқӣ қитъаҳои замине мансубанд, ки барои иcтифода ба операторон ҷиҳати иҷрои вазифаҳои ба онҳо вогузоршуда оид ба истифодабарӣ, нигоҳдорӣ, сохтмон, азнавсозӣ, тармими иншоот ва объектҳои шабакаи алоқаи барқӣ вобаста карда шудаанд. Қитъаи замин барои таъмини фаъолияти алоқаи барқӣ мувофиқи тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикиcтон муқаррар кардааст, ҷудо карда мешавад.
5. Баъди ба итмом расонидани ҳама гуна корҳо оид ба сохтмон, насб ё тармими шабакаи алоқаи барқӣ қитъаи замин, бино ё иншооти истифодашуда аз ҳисоби оператор ба ҳолати аввала баргардонида мешавад.
6. Оператор уҳдадор аст, товони зарари дар натиҷаи сохтмон ва иcтифодабарии шабакаи алоқаи барқӣ расонидашударо ҷуброн намояд.
7. Ба ҷойи дигар кӯчонидани биною иншоот, инфрасохтор ва шабакаи алоқаи барқӣ, ки бинобар сохтмон ва азнавсозии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишин ба вуҷуд меояд, аз ҳисоби фармоишгари сохтмон тибқи тартиби муқарраршуда ҷуброн гардида, васеъкунии шабакаи алоқаи барқӣ аз ҳисоби соҳибмулки он ба амал бароварда мешавад.
Моддаи 29. Бартарафсозии оқибатҳои садама ва вайроншавӣ дар шабакаи алоқаи барқӣ
1. Оқибатҳои садама ва вайроншавии шабакаи алоқаи барқӣ аз ҷониби операторони шабакаҳои мазкур бартараф карда мешаванд.
2. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ барои бартарафсозии оқибатҳои садамавӣ дар шабакаи алоқаи барқӣ тибқи тартиби муқарраргардида кумак мерасонанд.
3. Барои гузаронидани корҳо ҷиҳати бартарафсозии ҳодисаҳои садамавӣ дар шабакаи алоқаи барқӣ гирифтани иҷозати истифодабарандаи қитъаи замин, соҳибони бино ё иншоот, ки дар онҳо воситаҳои алоқаи барқӣ ҷойгир карда шудаанд, талаб карда намешавад.
4. Зараре, ки дар натиҷаи бартарафсозии оқибатҳои садамавӣ ба истифодабарандаи қитъаи замин ва соҳибмулк расонида мешавад, аз ҷониби оператори дахлдор ҷуброн карда мешавад.
5. Зараре, ки дар натиҷаи сар задани ҳодисаҳои садамавӣ ба операторон аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ расонида шудааст, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур аз ҷониби онҳо ҷуброн карда мешавад.
БОБИ 4. ҲУҚУҚУ УҲДАДОРИҲОИ ИҶОЗАТНОМАДОР ВА
ИСТИФОДАБАРАНДАИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ АЛОҚАИ БАРҚӢ
Моддаи 30. Ҳуқуқҳои иҷозатномадор дар соҳаи алоқаи барқӣ
Иҷозатномадор дар соҳаи алоқаи барқӣ ҳуқуқ дорад:
1) дар асоси иҷозатнома хизматрасониҳои алоқаи барқиро пешниҳод намояд;
2) ҳангоми аз ҷониби истифодабарандагон вайрон гардидани қоидаҳои муқарраргардидаи истифодабарии алоқаи барқӣ, бо дастури мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ хизматрасониро қатъ намояд;
3) ҷуброни зарареро, ки аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ расонида шудааст, бо тариқи судӣ талаб намояд;
4) нисбат ба амали ғайриқонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят намояд;
5) ҳуқуқҳои дигари бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо доро мебошад.
Моддаи 31. Уҳдадориҳои иҷозатномадор дар соҳаи алоқаи барқӣ
Иҷозатномадор дар соҳаи алоқаи барқӣ уҳдадор аст:
1) мутобиқи талаботи Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарту талаботи иҷозатнома фаъолият намояд;
2) шартномаҳоро бевосита бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо гирифтани нусхаи ҳуҷҷатҳои ҳангоми пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ пешниҳодшаванда ба имзо расонад;
3) намояндаи худро ҳамчун шахси масъули бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ ҳамкорикунанда таъин намояд;
4) ҳамкориро бо мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ таъмин ва маълумоти дахлдорро мувофиқи дархости онҳо пешниҳод намояд;
5) ба истифодабарандагон иттилооти муфассали саривақтиро дар бораи шартҳо ва тартиби хизматрасониҳои алоқаи барқӣ, аз ҷумла дар бораи тағйири тарифҳои хизматрасониҳои алоқаи барқӣ ба таври ройгон расонад;
6) зарари дар натиҷаи анҷом надодан ё бесифат анҷом додани хизматрасонии алоқаи барқӣ расонидашударо ҷуброн намояд;
7) тибқи дархости мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ дар бораи шабакаи алоқаи барқӣ, инфрасохтори он, таҷҳизоту ноқилҳо, таҷҳизоти ниҳоӣ, муштариён ва ҳаҷми хизматрасониҳо, аз ҷумла маълумоти биллингро сари вақт пешниҳод намояд;
8) ҳамкориро бо низоми ягона ва ба шабакаи алоқаи барқӣ васл кардани воситаҳои мобилии алоқаи барқии дар низоми ягона бақайдгирифташударо таъмин намояд;
9) дастрасиро ба сомонаҳо ва захираҳои дигари иттилоотӣ, аз ҷумла сомона ва барномаҳои интернетӣ, ки ба паҳн намудани ҳама гуна иттилоот бар зидди асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти шахс, ҷамъият, давлат, иттилоот дар бораи ғайриқонунӣ маҳдуднамоии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, барангехтани кинаю адовати динию мазҳабӣ ё низои миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ, паст задани шаъну эътибори миллӣ, тарзи омодасозӣ ва тарғиби маводи нашъаовар, тарканда ва маводи дигари заҳролудкунанда, содир намудани ҷиноят ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ равонагардида, инчунин иттилооти хусусияти экстремистию террористидошта, порнография ва порнографияи кӯдакона машғулбуда, маҳдуд намояд;
10) иҷрои дархостҳои дигари мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқиро, ки бо мақсади таъмини иҷрои талаботи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидаанд, таъмин намояд;
11) уҳдадориҳои дигари пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро намояд.
Моддаи 32. Ҳуқуқҳои истифодабарандаи хизматрасонии алоқаи барқӣ
1. Истифодабаранда дар соҳаи алоқаи барқӣ ҳуқуқ дорад:
1) аз хизматрасонии алоқаи барқӣ истифода намояд;
2) мутобиқи шартҳо ва тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти ниҳоиро ба шабакаи алоқаи барқӣ пайваст намояд;
3) ҳангоми аз ҷониби иҷозатномадор вайрон гардидани шартҳои шартнома аз хизматрасонии алоқаи барқӣ даст кашад;
4) дар сурати анҷом надодан ё бесифат анҷом додани хизматрасонии алоқаи барқӣ ҷуброни зарари моддӣ ё маънавиро талаб намояд;
5) дар ҳолати вайрон гардидани ҳуқуқҳои худ ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ ё суд муроҷиат намояд;
6) ҳуқуқҳои дигари бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо доро мебошад.
2. Дар ҳолати истифода гардидани хизматрасонии алоқаи барқӣ аз ҷониби фарзанди ноболиғ, ба истиснои ноболиғи дорои қобилияти пурраи амалкунӣ, падару модар ҳуқуқ доранд аз оператор ва провайдер оид ба истифодабарии хизматрасонии алоқаи барқӣ маълумоти дахлдорро ба таври ройгон дастрас намоянд.
Моддаи 33. Уҳдадориҳои истифодабарандаи хизматрасонии алоқаи барқӣ
Истифодабаранда дар соҳаи алоқаи барқӣ уҳдадор аст:
1) ҳангоми ба имзо расонидани шартнома нусхаи ҳуҷҷатҳо барои пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ пешниҳодшавандаро супорад;
2) қоидаҳои муқарраргардидаи истифодабарии хизматрасониҳои алоқаи барқиро риоя намояд;
3) пардохти ҳаққи хизматрасониҳои ба ӯ пешниҳодгардидаро сари вақт таъмин намояд;
4) амалҳои ба пасткунии сифати алоқа ё вайроншавии шабакаҳои алоқаи барқӣ равонагардидаро содир накунад;
5) тавассути хизматрасониҳои соҳаи алоқаи барқӣ аз паҳн намудан ё таблиғи ҳама гуна иттилоот бар зидди асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти шахс, ҷамъият, давлат, иттилоот дар бораи ғайриқонунӣ маҳдуднамоии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, барангехтани кинаю адовати динию мазҳабӣ ё низои миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ, паст задани шаъну эътибори миллӣ, тарзи омодасозӣ ва тарғиби маводи нашъаовар, тарканда ва маводи дигари заҳролудкунанда, содир намудани ҷиноят ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ равонагардида, инчунин иттилооти хусусияти экстремистию террористидошта, порнография ва порнографияи кӯдакона қатъиян худдорӣ намояд;
6) уҳдадориҳои дигари пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро намояд.
БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 34. Ҳамкориҳои байналмилалӣ
1. Ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, амалӣ карда мешаванд.
2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ дар самти ҳамкориҳои байналмилалӣ ба сифати маъмурияти ягонаи алоқа баромад карда, бо маъмурияти мақомоти соҳаи алоқаи давлатҳои дигар ва созмонҳои байналмилалии соҳаи алoқa ҳамкорӣ менамояд.
Моддаи 35. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 36. Аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» аз 10 майи соли 2002 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, № 4, қ. 2, мод. 323; с. 2006, № 3, мод. 156; с. 2008, № 3, мод. 198, № 12, қ. 2, мод. 996; с. 2013, № 12, мод. 891; с. 2015, № 12, қ. 1, мод. 1117; с. 2016, № 3, мод. 154; с. 2017, № 1-2, мод. 24) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 37. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 22 июни соли 2023, № 1978
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи алоқаи барқӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» қабул карда шавад.
2. Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 апрели соли 2002, № 603, «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, № 4, қ. 2, мод. 323; с. 2006, № 3, мод. 156; с. 2008, № 3, мод. 198, № 12, қ. 2, мод. 996; с. 2013, № 12, мод. 891; с. 2015, № 12, қ. 1, мод. 1117; с. 2016, № 3, мод. 154; с. 2017, № 1-2, мод. 24) аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 19 апрели соли 2023, № 996
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи алоқаи барқӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 16 июни соли 2023, № 395