Донишгоҳи миллӣ аз рӯйи даҳ барнома аз марҳилаҳои ҷиддиву мушкили аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, соҳиби сертификатҳо гардид. Сертифакатҳо ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки таҳсили худро дар риштаи магистратура ва доктарантура дар донишгоҳҳои Аврупо идома диҳанд. Ихтисосҳои аз аккредитатсия гузашта бо ихтисосҳои бонуфузтарин донишгоҳҳои ҷаҳон баробарвазн гардиданд.
Ректори донишгоҳ Қобилҷон Хушвахтзода ин дастоварди донишгоҳро як қадами муҳими дигар дар роҳи беҳтар гардидани сифати таҳсилот арзёбӣ намуд.
Дар маросими супурдани шаҳодатномаҳо мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода, директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм Маҳмадтоҳир Саидзода, муовини вазири адлия Каримзода Шараф иштирок ва суханронӣ доштанд.
Латифабону РУСТАМЗОДА, “Ҷумҳурият”