Идомаи сафари корӣ
ТАШРИФИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА НОҲИЯИ МАСТЧОҲ
7-уми июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар ҶДММ “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагӣ шинос шуданд.
Зимни шиносоӣ бо раванди истеҳсолот, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ин маҷмааи бузурги ресандагӣ бо саҳмгузории соҳибкорони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркия моҳи декабри соли 2022 баъди таҷидид дубора ба фаъолият оғоз намуд ва дар он зиёда аз 300 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид. Дар корхона шумораи бештари кормандонро занону духтарон ташкил дода, бо кор таъмин намудани боз 200 нафари дигар имконпазир аст. Дар ин марҳилаи истеҳсолот, дар маҷмуъ, шумораи кормандон ба 500 нафар расонда мешавад ва музди миёнаи меҳнат 1500 – 2000 сомониро ташкил медиҳад.
Дар ҶДММ “Арвис Зелал Текстайл”, ки дар се баст фаъолият дорад, дар як сол коркарди 6,5 ҳазор тонна нахи пахта ва истеҳсоли 5 ҳазору 400 тонна ресмони пахтагӣ имкон дорад. Эҳёи корхона қадами устувор дар роҳи рушди истеҳсолоти ватанӣ, инчунин, ташкили ҷойҳои зиёди кории нав арзёбӣ мешавад. Бо ҳамин мақсад, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бо иқдому дастгириҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, барои таъсиси корхонаҳои саноатӣ ба сармоягузорони ватанию хориҷӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Дар коргоҳҳои алоҳидаи ҶДММ “Арвис Зелал Текстайл” пешрафтатарин дастгоҳу таҷҳизоти коркарди нахи пахта ва тавлиди ресмони пахтагӣ аз ширкатҳои бонуфузи ҷаҳон – Олмон, Хитой ва Туркия, васлу насб шуда, ашёи хом пурра аз ҳудуди вилояти Суғд дастрас мегардад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аснои шиносоӣ бо ҷараёни истеҳсолот, аз масъулони дахлдор истифодаи самараноки таҷҳизоти корӣ, коркарди босифати нахи пахта, истеҳсоли маҳсулоти дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир ва ташкили ҷойҳои нави кориро тақозо намуданд.
Иттилоъ доданд, ки маҳсулоти истеҳсолшуда – ресмони пахтагӣ имрӯзҳо ба хориҷи мамлакат, аз ҷумла Ҷумҳурии Ӯзбекистон, содирот мешавад. Ҳамзамон, ҷамъият имкон дорад, корхонаҳои бофандагии мамлакатро бо риштаи пахтагӣ таъмин намояд. Тибқи маълумот, давоми моҳи декабри соли 2022 ва шаш моҳи сипаришудаи соли равон дар маҷмаа наздики 2 ҳазор тонна риштаи пахтагӣ истеҳсол шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулону сармоягузорони ҶДММ “Арвис Зелал Текстайл” дастур доданд, ки дар оянда истеҳсоли риштаро дар як сол ба 8 ҳазор тонна расонда, бо ворид намудани хатҳои нави технологӣ ва истифодаи самараноку оқилонаи имконияту иқтидорҳои мавҷуда, хусусан коркарди пурраи аёши хом: ресандагӣ, бофандагӣ, рангуборкунӣ ва дӯзандагӣ васеъ ба роҳ монда шавад. Анҷоми ин тадбир имкон медиҳад, ки дар мамлакат ашёи хом то ҳадди ниҳоӣ коркард шуда, дар баробари таъмини бозори дохилӣ, ҳаҷми содироти маҳсулоти тайёри дӯзандагӣ ба хориҷи кишвар низ афзояд. Масъулони корхонаи ресандагӣ нақша доранд, ки оянда истеҳсоли пахтаро ҳам ба роҳ монанд.
Сармоягузорон ваъда доданд, ки баъди ворид кардани хатҳои нави технологӣ корхонаи истеҳсол ва рангубори матоъро ба истифода дода, ҳамчунин барои таъсиси корхонаи дӯзандагӣ омодагиҳо ҷараён доранд. Зимни боздид аз намоиши маҳсулоти тайёр, иттилоъ дода шуд, ки ширкати “Зелал” дар як қатор кишварҳои минтақа, аз ҷумла Ҷумҳурии Ӯзбекистон, корхонаҳои истеҳсоли матоъ ва маҳсулоти тайёри дӯзандагиро таъсис додааст ва дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони тоҷик дар назди ҶДММ “Арвис Зелал Текстайл”-и ноҳияи Мастчоҳ низ бо амалӣ намудани нақшаю барномаҳои мукаммали истеҳсолӣ ба коркарди ашёи хом то ҳадди ниҳоӣ комёб мешавад. Таъсиси чунин корхонаҳо аз як ҷониб ба таъмини пурраи бозори дохилӣ бо маҳсулоти тайёри дӯзандагӣ ва содироти он бо нишони “Истеҳсоли Тоҷикистон” ба хориҷи кишвар мусоидат кунад, аз тарафи дигар боиси он мегардад, ки ҳазорҳо нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби кори доимӣ шаванд.
ИФТИТОҲИ МАҶМААИ МЕҲМОНХОНА ВА МАРКАЗИ САЙЁҲИИ “РАҲИМ”
7-уми июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Маҷмаа бо усули меъмории замонавӣ бунёд ёфта, аз чор ошёна иборат аст. Дар он ҳуҷраҳои маъмурият, кормандон, ҳавзи шиноварӣ, мағоза, толори варзиш, маҷлисгоҳ, ҳуҷраҳои мехмонхона ва амсоли инҳо ҷойгиранд. Ҳуҷраҳои меҳмонхона бо усули хоси аврупоӣ ва миллӣ сохта шуда, барҳавою зебо ва назаррабо мебошанд. Сохтмони меҳмонхона соли 2020 шуруъ гардида, дар бунёди он соҳибкори ватанӣ Абдуваҳҳоб Ҳасанзода саҳм гузошт. Барои бунёди меҳмонхона ва биноҳои ёрирасони он беш аз 4 миллион сомонӣ маблағ равона шуда, беш аз 20 сокини ноҳияи Мастчоҳ бо кори доимӣ таъмин гардид. Маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим” бо истифода аз усулҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ ва бо омезиши унсурҳои миллӣ сохтаю оро ёфта, қабулгоҳ, долонҳо ва ҳуҷраҳо бо мебелу таҷҳизоти муосир, мизу курсиҳои замонавӣ, роҳаткурсиҳо, ҷевонҳо ва дигар лавозимоти муосир муҷаҳҳаз мебошад. Ин имкон медиҳад, ки хизматрасониҳо дар як вақт то ба 100 нафар меҳмонону сайёҳони дохилу хориҷӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори ватанӣ барои чунин саҳму иқдоми шоиста баҳои арзанда дода, таъкид доштанд, ки Ҳукумати мамлакат чунин ташаббусҳои созандаи соҳибкорони ватандӯстро ҳамеша дастгирӣ менамояд. Маҷмаа дар шафати шоҳроҳи Душанбе – Бӯстон – Чаноқ, бо дарназардошти рафтуомади зиёди меҳмонони дохилу хориҷӣ, бунёд гашта, барои меҳмонон шароити хуби истироҳату фароғат фароҳам оварда шудааст. Маҷмаа дорои шароити замонавии шуғл варзидан ба намудҳои гуногуни варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва солимгардонӣ мебошад. Бо ин мақсад, дар маҷмаа варзишгоҳи болопӯшида, толори варзиш, се ҳавзи шиноварӣ ва нуқтаҳои машқу тамрин бо таҷҳизоти муосири варзишию солимгардонӣ бунёд ёфтаанд.
БУНЁДИ САРДХОНАИ МУОСИР
7-уми июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ сардхонаи муосирро бо ғунҷоиши 500 тонна маҳсулоти кишоварзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Сардхона дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Муассисаи давлатии «Рушди Мастчоҳ» ва соҳибкорони ватанӣ дар масоҳати 1600 метри мураббаъ бунёд гардида, дорои се анбори захираи маҳсулот мебошад. Дар сардхона дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ васлу насб шудааст, ки барои дар ҳамаи фаслҳои сол беталаф нигоҳ доштани маҳсулоти кишоварзӣ имконият медиҳад. Тавре иттилоъ доданд, сохтмони он бо истифода аз масолеҳи оҳану бетонӣ ба анҷом расид.
Фармоишгари иншоот Муассисаи давлатии «Рушди Мастчоҳ» ва паймонкор ҶДММ “Сохтмон-3” мебошад. Лоиҳаи сардхона аз ҷониби КВД “Лоиҳакаш” дар ноҳияи Мастчоҳ омода шуда, ба талаботи замони муосир ҷавобгӯст. Зимни шиносоӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин иқдомро шоиста арзёбӣ намуданд ва таъкид доштанд, ки бунёди сардхонаҳои муосир барои захираи маҳсулоти кишоварзӣ имконияти хуби дар тамоми фаслҳои сол таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тоза мебошад. Аз ин рӯ, ба ин масъала дар ҳамаи минтақаҳои мамлакат соҳибкорону хоҷагидорон таваҷҷуҳи хоса доранд.
Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзии хоҷагидорони ноҳияи Мастчоҳ боздид намуданд. Заҳматкашони ноҳия намудҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили сабзавот ва меваҳои хушсифатро ба маъраз гузоштанд. Намоиши мазкур бозгӯи он аст, ки сол ба сол ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ дар вилояти Суғд, бахусус ноҳияи Мастчоҳ зиёд мешавад.
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ БӮСТОН – ОБШОРОН – ЗАРНИСОР
7-уми июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон – Обшорон – Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд.
Масофаи он 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. Таҷдиди роҳи автомобилгарди Бӯстон – Обшорон – Зарнисор яке аз лоиҳаҳои калонҳаҷми соҳаи роҳсозӣ маҳсуб меёбад, ки тибқи супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ дар асоси шартномаи сетарафа байни ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин”, ҶДММ “Муассисаи корҳои механиконидаи “Сомонӣ” ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бо харҷи беш аз 75 миллион сомонӣ татбиқ гардид. Иттилоъ доданд, ки дар натиҷаи истифодаи солҳои тулонӣ роҳ фарсуда гардида буд ва он таҷдиду навсозӣ шуд.
Сохтмону навсозии роҳи автомобилгард ва иншооти марбутаи онро коргарону мутахассисони ҶДММ “Муассисаи корҳои механиконидаи “Сомонӣ” бо ҷалби коргарону мутахассисон ва техникаю механизмҳо дар муҳлати беш аз як сол бо сифати баланд ба анҷом расонданд. Роҳи автомобилгарди Бӯстон – Обшорон – Зарнисор дар масофаи 38 километр пурра аз таҳкурсӣ аз нав сохта, тибқи меъёрҳои роҳсозӣ ду қабат асфалт хобонида шуд. Паҳноии асфалт аз 7 то 11 метрро ташкил медиҳад.
Дар масофаи ин роҳ ду пули нави мошингузар эъмор гашта, ду пули мавҷуда таъмир шуд. Дар мавзеъҳои гуногуни роҳи мошингарди Бӯстон – Обшорон – Зарнисор иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ, новаҳои обгузару обпарто ва сохтмони иншооти ҳимоявии шафати роҳ бунёд ёфтаанд. Масолеҳи сохтмонӣ: регу шағал ва асфалти гарм аз ҷониби корхонаи “Муассисаи корҳои механиконидаи “Сомонӣ” таъмин гардид.
Таъкид шуд, ки татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Бӯстон – Обшорон – Зарнисор бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ аз тадбирҳои муҳими бунёду навсозии иншооти коммуникатсонӣ буда, дар рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти минтақа нақши муҳим дорад. Зеро ин роҳ минтақаи калони саноати кӯҳкории кишвар – ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин”, силсилаконҳои Зарнисору Бургунда, минтақаҳои кишоварзӣ ва деҳаҳои ноҳияҳои Бобоҷон Ғафурову Мастчоҳро ба маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд мепайвандад. Роҳи нав вақт ва хароҷоти бору мусофиркашониро кам карда, шароитҳои меъёрии ҳаракати воситаҳои нақлиёти бору мусофиркашонро фароҳам меорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои дар муҳлати пешбинишуда анҷомёфта баҳои баланд дода, саҳми ширкату корхонаҳоро барои татбиқи лоиҳа назаррас арзёбӣ намуданд. Намояндагони аҳли ҷомеаи ноҳияи Мастчоҳ ва шаҳри Гулистон барои таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ дар соҳаи роҳсозӣ ба Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат изҳори сипос намуданд.
НАМОИШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ
7-уми июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти “Навбаҳор”-и ноҳияи Мастчоҳ бо фаъолияти саҳмдорони хоҷагии деҳқонии “Тутзор-19”, нашъунамои полизиҳо, лӯбиёиҳо шинос шуда, аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзию ҳунарҳои мардумӣ дидан карданд ва бо масъулону мутахассисони соҳа ва кишоварзон суҳбат оростанд.
Хоҷагии деҳқонии “Тутзор-19” дар натиҷаи таҷдиди хоҷагиҳои калони кишоварзӣ таъсис ёфт. Саҳмдорони хоҷагӣ замини киштро оқилона истифода бурда, пахта, полизӣ, сабзавот ва лӯбиёиро кишту парвариш ва истеҳсол менамоянд. Дар хоҷагӣ масоҳати полизиҳо (харбузаю тарбуз) 0,7 гектарро ташкил медиҳад. Полизиҳо охири моҳи март кишт шуда, ҳосили аввали онҳо пухта расид ва меҳнаткашон ба ҷамъоварӣ омодагӣ мебинанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшу саҳм ва маҳорату кордонии деҳқонони ноҳияи Мастчоҳро дар истеҳсоли маҳсулот, хусусан пахта, чормағзи заминӣ, полизӣ ва рушди чорводорӣ, таъкид намуданд. Тухмиҳои серҳосил асосу заминаи зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли полизиҳо буда, харбузаю тарбузи парвардаи деҳқонони ноҳияи Мастчоҳ сифат ва таъму лаззати хоса доранд. Ин ба иқлими гарми мавзеи Дилварзин ва муҳимтар аз ҳама, ба заҳмату маҳорату кордонии деҳқонон вобаста аст. Саҳмдорони хоҷагии деҳқонии “Тутзор-19” дар як қисми замин баъди ҷамъоварии ғалла дар кишти такрорӣ лӯбиёиҳо ва мош парвариш менамоянд. Ҳосили кишти такрории лӯбиёиҳо то 30-35 сентнер аз як гектар буда, аҳли хоҷагӣ дар кишти асосӣ 40-сентнерӣ ҳосили ғалла рӯёнданд. Ҳосили ғалла ва лӯбиёиҳо якҷоя дар кишти асосӣ ва такрорӣ 70 – 75-сентнериро ташкил медиҳад. Саҳмдорон нақша доранд, ки баъди гирифтани ҳосили лӯбиёиҳо дар ин қитъаҳои замин бори сеюм зироати хӯроки чорво кишта, аз як замин ҳосили сеюм низ рӯёнанд. Ин намунаи истифодаи оқилонаи замин дар ноҳияи Мастчоҳ мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишти такрориро аз роҳу омилҳои афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, махсусан полизӣ, арзёбӣ намуда, масъулону мутахассисони вилояти Суғд ва ноҳияи Мастчоҳро ҳидояту вазифадор намуданд, ки аз ин тадбири муҳими самаранокии обу замин бо масъулият ва оқилона истифода баранд. Дар ҳамин мавзеъ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии ноҳияи Мастчоҳ боздид ба амал оварданд. Дар намоишгоҳ кишоварзону ҳунармандони ҳамаи шаҳраку деҳоти ноҳия намунаҳои маҳсулоти озуқаворӣ ва ҳунармандиро пешниҳоду муаррифӣ карданд.
Кишоварзони ноҳия анвои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ, ғалладонагиҳо, нон ва маҳсулоти нонӣ, асал ва маҳсулоти занбӯри асал, маҳсулоти ширӣ, қурут, чормағзи заминӣ ва намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, чун кандакорӣ, оҳангарӣ ва амсоли инро ба намоиш гузоштанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишоварзону аҳолии ноҳияи Мастчоҳро барои боз ҳам афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҳидоят намуданд.
КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ БА ФАЪОЛИЯТ ПАРДОХТ
7-уми июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи парандапарварии ҶДММ “Некбахт”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Корхона ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкорон Некрӯз Валиев ва Бахтиёр Валиев бунёд гардида, дар он айни замон дар як марҳила, ки 45 рӯзро дар бар мегирад, 50 ҳазор сар паранда, аз ҷумла ҳазор сар мурғи марҷон, парвариш мешавад. Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иқтидори солонаи корхона истеҳсоли 600 тона гӯшти парҳезӣ буда, минбаъд саршумори паранда ба 100 ҳазор сар расонда шуда, истеҳсоли гӯшти паранда солона ба 1000-1200 тонна баробар мегардад. Масоҳати иншоот 5 ҳазор метри мураббаъ буда, дорои панҷ бинои мурғпарварӣ мебошад. Дар корхона раванди обу ғизодиҳӣ, ҳолати зооветеринарӣ, беҳдоштӣ ва назорати ҳарорати дохили бино ба таври автоматӣ ба роҳ монда шуда, муосиртарин дастгоҳу таҷҳизот васлу насб гардидаанд.
Ҳадаф аз бунёди чунин корхонаҳо, пеш аз ҳама, таъмини бозори дохилӣ бо гӯшти парҳезӣ, зиёд намудани ҳаҷми содироти маҳсулот ва таъсиси ҷойҳои нави кор арзёбӣ мешавад. Ҳоло дар корхона 50 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мебошад. Бо истифода аз имтиёзу сабукиҳои аз ҷониби Ҳукумати мамлакат пешниҳодгардида соҳибкорон дар бунёди корхонаҳои парандапарварӣ саҳми арзанда мегузоранд. Дар корхонаи “Некбахт” барои фаъолияти меъёрии соҳаҳо шароиту инфрасохтори зарурӣ муҳайёст.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хатти обро мавриди истифода қарор доданд. Тибқи маълумотҳо, дар асоси ҳидоятҳои роҳбарияти олии давлату Ҳукумат бо мақсади самаранок истифода намудани замин хатти об дар масофаи 4 километр сохта шуда, тавассути он 15 гектар заминҳои ҷамъият шодоб мешаванд. Дар ҳудуди корхона намоишгоҳи маҳсулоти соҳа ташкил гардид.
Зимни боздид аз намоиши маҳсулоти корхонаҳои парандапарварии вилояти Суғд, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ташаббуси соҳибкорон, ки дар татбиқи сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакат саҳм мегузоранд, миннатдорӣ баён дошта, соҳибкорони ватандӯстро барои истифодаи мақсадноки зарфияту имконот, зиёд намудани шумораи ҷойҳои кор, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ ҳидоят карданд. Дар ҶДММ “Некбахт” Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, ба фаъолияти коргоҳи истеҳсоли пину, яъне қурут ва бандубасти чормағзи заминӣ оғоз бахшида, бо раванди истеҳсолот шинос гаштанд.
Иттилоъ доданд, ки дастгоҳу таҷҳизоти муосир аз Ҷумҳурии Қазоқистон ворид гашта, дар раванди васлу насби хатти истеҳсолӣ ва омӯзишу истифодаи онҳо коргарону мутахассисони Тоҷикистону Қазоқистон ҳамкорӣ намуданд. Коргоҳи мазкур нахустин дар минтақа буда, бо харҷи 500 ҳазор сомонӣ бунёд ёфт ва дар он тайи як шабонарӯз 400-500 килограмм маҳсулот тавлид мешавад. Айни замон 10 навъу намуди қурут бо бастабандии замонавӣ роҳандозӣ гардида, бандубасти чормағзи заминӣ дар оянда ба нақша гирифта шудааст. Маҳсулоти коргоҳ дар марҳилаи аввал ба бозорҳои дохили мамлакат пешниҳод мегардад. Бо зиёд намудани ҳаҷми истеҳсол ва номгӯйи он ба яке аз маҳсулотҳои навъи содиротӣ табдил меёбад.
БОЗДИД АЗ ҶДММ “НЕКБАХТ”
7-уми июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ бо парвариши чорвои калони хушзот ва гӯштии ҶДММ “Некбахт” шинос шуданд.
Ин фермаи чорвопарварӣ аз тарафи соҳибкорон Некрӯз Валиев ва Бахтиёр Валиев бунёд ёфт. Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки бо мақсади рушди соҳаи чорводорӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, шир ва гирифтани чорвои хушзот дар шароити маҳал фермаи мазкур таъсис ёфта, чорвои калони зоти сементалӣ аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Беларус оварда шуд. То имрӯз, аллакай, 100 сар чорво ворид гардид. Чорвои калони зоти сементалӣ шашмоҳа буда, ҳар як сар то 300-400 кг вазн дорад ва дар ин ферма чорво то 6-8 моҳ нигоҳубин мешавад. Дар ин муддат вазни ҳар сар чорво бояд то ба 800-1000 кг расад. Бино ба андешаи мутахассисон, ин зоти чорво барои истеҳсоли гӯшт мувофиқ буда, аз ҳар сари он то 65 фоиз гӯшти босифат ва бозоргир гирифта мешавад. Яъне, агар вазни зиндаи чорво ба 1000 кг баробар гардад, дар ин сурат метавон то 650 кг гӯшт истеҳсол кард.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкор барои таъсиси чунин фермаи чорвопарварӣ изҳори сипос намуда, барои боз ҳам рушд бахшидани соҳа дар минтақа ба масъулон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд. Таъкид гардид, ки, дар шароити афзудани талаботи аҳолӣ ба маҳсулоти гӯштӣ, таъсиси чунин фермаҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ саривақтӣ буда, қадами устувор дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат мебошад. Имрӯзҳо дар ноҳияи Мастчоҳ, асосан, чорвои калони зоти сементалӣ, сиёҳало, гӯсфандҳои зоти ҳисорӣ, ҷойдорӣ ва маҳаллӣ парвариш меёбанд. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия 190 227 сар чорвои хурд ва 72 422 сар чорвои калон нигоҳубин мешаванд.
Бо мақсади амалигардонии рушди устувори соҳаи чорводорӣ ва мусоидат намудан дар таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифату рақобатпазир, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи маҷмуавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 қабул кард, ки ба рушди соҳа, зиёд гаштани саршумори чорво, таъсиси фермаҳои чорвопарварӣ мусоидат намуд. Дар ноҳияи Мастчоҳ се фермаи чорвопарварӣ фаъолият дошта, саршумори чорво зиёд ва истеҳсоли маҳсулоти гӯштиву ширӣ дар минтақа беш аз пеш меафзояд. Давоми панҷ моҳи соли равон дар ноҳия зиёда аз 9 143 тонна шир ва 1 315 тонна гӯшт истеҳсол гардид, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта беш мебошад. Чорвопарварӣ аз самтҳои сердаромади соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, сол ба сол шумораи фермаҳои чорводорӣ ҳам дар бахши хусусӣ ва ҳам хоҷагиҳои ҷамъиятӣ зиёд мегардад.
Вилояти Суғд ба ҳолати 1 июн дорои 152 фермаи чорвопарварии хурду калон буда, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 739 502 сар чорвои калон ва наздики 1 миллиону 800 ҳазор сар чорвои хурд мавҷуд аст. Маҳз таваҷҷуҳ ва дастгирии роҳбарияти олии мамлакат имкон дод, ки ин самти соҳаи кишоварзӣ дар минтақаҳо рушд ёфта, имрӯзҳо бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти гӯштӣ ва ширии истеҳсоли ватанӣ таъмин бошанд.
Сарвари давлат аснои шиносоӣ ва мулоқоти самимӣ бо чорвопарварон кори хоҷагидоронро мусбат арзёби дошта, ҷиҳати боз ҳам рушд бахшидани ин соҳаи сердаромад, таъсиси ҳарчи бештари фермаҳои чорводорӣ ва фабрикаҳои парандапарварӣ, парвариш ва нигоҳубини чорвои хушзот, афзоиши саршумори чорвою паранда ва таъмини аҳолӣ бо гӯшту шири чорвою тухми паранда ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Муассисон ва соҳибкорон, баробари саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи чорводорӣ ва парандапарварӣ, дар ободонӣ низ ҳиссаи худро гузоштанд. Дар ин замина, зиёда аз 1,5 километр роҳҳои асосӣ ва ҳудуди ҶДММ “Некбахт” мумфарш шуданд.
КОРХОНАИ ДӮЗАНДАГИИ “ЁСУМАН”
7-уми июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Палдорак коргоҳи дӯзандагии “Ёсуман”-ро ифтитоҳ бахшиданд.
Самти фаъолияти корхона дӯхтани либоси миллӣ ва мактабӣ буда, аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Фазлиддин Ҳасанов таъсис ёфт. Дар ошёнаи якуми бино ду сехи дӯзандагӣ бо 30 мошини дарздӯзӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ ба истифода дода шуд. Дар оянда дар ошёнаи дуюм ду сехи дӯзандагии дигарро омода намуда, дар маҷмуъ, беш аз 65 нафар занону духтарони маҳаллӣ ба кори доимӣ ҷалб мешаванд. Ҳамчунин, дар корхонаи навбунёд барои ҷалби духтарони деҳот ба омӯзиши ҳунарҳои дӯзандагию бурандагӣ шароит фароҳам оварда шуд. Тибқи маълумотҳо, ҳадафи бунёди коргоҳ саҳмгузорӣ дар саноатикунонии босуръати мамлакат, сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, таъмини занону бонувони маҳаллӣ бо кори доимӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад. Ин иқдом дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсиси корхонаю коргоҳҳои саноатӣ дар деҳоти мамлакат, таъсиси ҷойҳои кор ва рушди саноат дар минтақа аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ амалӣ гардид.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи нав, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкори ватанӣ баҳои арзанда дода, масъулонро вазифадор намуданд, ки дар самти таъмини хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо либоси мактабии истеҳсоли ватанӣ тадбирҳоро тақвият бахшанд. Дар мамлакат ифтитоҳу ба фаъолият пардохтани чунин корхонаҳои дӯзандагӣ имкон медиҳад, ки дар онҳо бо истифода аз ашёи хоми ватанӣ истеҳсоли либоси мактабӣ, дӯхтани либосҳои миллӣ ва либосҳои махсуси корӣ барои соҳаҳои гуногун ба роҳ монда шуда, сокинон бо ҷои кори доимӣ таъмин шаванд.
Маврид ба зикр аст, ки дар ноҳияи Мастчоҳ 48 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо фарогирии 28 ҳазору 850 нафар хонанда ба таълиму тарбия фаъолият дорад. Барои ин шумораи хонандагон либоси тавсиявии мактабӣ пурра дар коргоҳҳои дӯзандагии ҳудуди ноҳия омода мегардад. Ҳоло дар шаҳраку деҳоти ноҳияи Мастчоҳ беш аз 10 коргоҳу сехи дӯзандагӣ фаъолият дорад ва шумораи коргарон беш аз 50 нафарро ташкил медиҳад. Тибқи барномаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, дар кишвар саноати сабук рушд меёбад. Дар натиҷаи тадбирҳои андешида дар соҳаи саноат, нишондиҳандаҳои саноати дӯзандагӣ баланд мешавад. Дар панҷ моҳи соли равон дар корхонаҳои ин соҳа ба маблағи 162 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуд, ки талаботи бозори дохилиро қонеъ менамояд ва як қисми он содирот мегардад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар мамлакат имконияту иқтидорҳои соҳа бояд барои рушди минбаъдаи ин бахш истифода шаванд. Дар ин самт дар вилояти Суғд тайи солҳои ахир баҳри таъсису бунёди корхонаву коргоҳҳои коркарди нахи пахта ва истеҳсоли маҳсулоти нимтайёру ниҳоӣ нақшаву иқдомҳои муҳим амалӣ мегарданд.
КОРГОҲИ КОРКАРД ВА БАНДУБАСТИ ЧОРМАҒЗИ ЗАМИНӢ
Дар доираи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ коргоҳи коркард ва бандубасти чормағзи заминиро мавриди истифода қарор доданд.
Корхонаи нахустини коркарди ниҳоӣ ва бандубасти чормағзи заминӣ бо саҳми муассисони ҶДММ “Ҷаъфар” таъсис ёфт. Дар он барои беш аз 25 сокини ноҳия ҷойи кори доимӣ муҳайё шуд. Ба коргоҳ 6 таҷҳизоти коркарду бандубасти чормағзи заминӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид ва васлу насб гашт. Тавассути ин хатти технологӣ ҷараёни тозакунии мағзи чормағзи заминӣ, сараю ба хелҳо ҷудо кардани он ва якчанд навъу ғунҷоиши чормағзи заминӣ дар бандубаст анҷом мегирад.
Иқтидори шабонарӯзии коркарди чормағзи заминӣ беш аз 40 тонна ва дар як сол зиёда аз 10 ҳазор тонна мебошад. Бо оғози фаъолияти корхонаи “Ҷаъфар”, ҳаҷми зиёди коркарду истеҳсоли чормағзи заминӣ дар бандубасти ҷолиб содирот мегардад. Ин имкон медиҳад, ки чормағзи заминӣ дар шакли коркардшуда нисбат ба ашёи хом бо арзиши баланд ба фурӯш рафта, манфиати зиёди иқтисодӣ гирифта шавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ ва суҳбатҳои самимӣ бо соҳибкори ватанӣ ва масъулони соҳа, аз иқдому таҷрибаи кишоварзони ноҳия дар кишту парвариши чормағзи заминӣ ва рӯёндани ҳаҷми зиёди ин маҳсулоти содиротӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд. Таъкид доштанд, ки таъсису ташкили корхонаи коркард дар ноҳия боз як иқдоми шоиста баҳри муаррифии ин маҳсулоти кишоварзони тоҷик дар бозори ҷаҳонӣ ва афзун намудани даромаднокии соҳа мебошад.
БИНОИ ИЛОВАГИИ МАРКАЗИ ТАШХИСИЮ ТАБОБАТИИ “СИНО” БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
7-уми июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти бинои нави иловагии маркази ташхисию табобатии “Сино” оғоз бахшиданд.
Марказ сеошёна буда, дар таҳхонаи он ду толори муосири варзишии табобатӣ, бойгонӣ ва ҷойи нигоҳдории ашёи мулоим ташкил шуданд. Ошёнаи якуми бино дорои ду ошхона барои то 150 нафар, бахши табиатшифоӣ, ҳуҷраи кормандони тиб барои муоина ва дар ошёнаҳои дуюм ва сеюм бошад, ҳуҷраҳои доругузаронӣ, истироҳатӣ ҷойгиранд. Сохтмони бинои нав аз ҷониби бинокорони ҶДММ “Фаворид”моҳи июни соли 2021 оғоз гардида, дар муддати ду сол бо сатҳу сифати баланд бунёд шуд. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар бинои нав барои табобат ва истироҳати то 40 нафар дар як вақт шароити зарурӣ фароҳам мебошад. Баҳри ташхиси дақиқ ва табобати саривақтии шаҳрвандон панҷ намуди таҷҳизоти навӣ тиббӣ: рентгени рақамӣ, ташхиси ултрасадо, дастгоҳи автоматии умумии ташхиси хун ва дигар таҷҳизоту воситаҳои муосири тиббӣ харида, имконияти ташхисию табобатӣ ва истироҳат ба замони муосир мутобиқ гардид.
Бо мавриди истифода қарор додани бинои иловагӣ, 12 нафар мутахассиси соҳаи тиб, дар маҷмуъ, беш аз 100 нафар, аз ҷумла хатмкардагони коллеҷу Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, бо кор таъмин шуд. Дар ҳуҷраҳои истироҳатӣ рахти хоб бо матоъҳои миллӣ оро ёфта, ҷевон ва мизу курсии нав мавҷуданд ва барои тамошои шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон имконият фароҳам аст. Дар маркази ташхисию табобатии “Сино” табобат бо усулҳои маъмули тиббӣ, табиатшифоӣ, сӯзандармонӣ, маҳси дастии барқӣ ва лазерӣ сурат гирифта, ташхису муолиҷаи бемориҳои системаи ҳаракату такягоҳ, асаб, амрози дарунӣ, дар умум 25 номгӯи табобат, анҷом меёбад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди бинои наву замонавӣ ва фароҳам овардани шароити ҷавобгӯ ба замони муосир баҳои баланд доданд.
Зимни суҳбат бо кормандони марказ, истифода аз имконият, муоширати хуб бо истироҳаткунандагон ва ҷалби мутахассисони ҷавони соҳаи тиб ба кор дастуру супоришҳои муфид доданд. Роҳбарият ва кормандони марказ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам овардани имконияти мусоид, дастгирии ҳамешагии намояндагони бахши хусусӣ, ки чунин фазою шароит омили рушди соҳа ва бунёди чунин муассисаҳои замонавӣ гардидааст, сипосу миннатдории хешро баён доштанд. Дар доираи дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди мамлакат, фазои хуби соҳибкорӣ ва иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассиси ин маркази ташхисию табобатӣ Боймаҳмад Султонов иқдом намуд, ки баҳри таъмини талаботи аҳолӣ бо бунёди бинои нав фаъолиятро тавсеа мебахшад.
РУШДИ СОҲАИ МОҲИПАРВАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД
8-уми июл дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи моҳипарварӣ дар шаҳри Хуҷанд ба дарёи Сир як миллион дона моҳича сар доданд.
Бояд гуфт, ки моҳичаҳо зотҳои “амури сафед”, “пешонапаҳни сафед” ва “зағорамоҳӣ” мебошанд, ки дар ҳавзҳои ҳоҷагии моҳипарвари ҶДММ “Корпоратсияи моҳии тоҷик” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров парвариш шудааст. Тадбири мазкур бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо мақсади афзоиши саршумори моҳӣ дар дарёи Сир роҳандозӣ гардид. Тавре масъулон иттилоъ доданд, ҳоло дар вилояти Суғд 63 хоҷагии моҳипарвар фаъолият дорад, ки масоҳати умумии ҳавзҳои онҳо 685 гектарро ташкил медиҳад. Хоҷагиҳои моҳипарвар дар шаҳрҳои Конибодом, Исфара, Панҷакент ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Ашт, Айнӣ фаъолият мекунанд ва дар онҳо, асосан, моҳии зотҳои “амури сафед”, “пешонапаҳни сафед”, “зағорамоҳӣ”, “гулмоҳӣ”, “тосмоҳӣ” ва чанд намуди дигар парвариш мешаванд.
Тибқи маълумотҳо, моҳиҳои “амури сафед”, “пешонапаҳни сафед” ва “зағорамоҳӣ”, вобаста ба шароити обу иқлим, ба ҳисоби миёна давоми як сол аз 600 грамм то 1, 5 килограмм вазн мегиранд. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки тайи шаш моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Суғд 430,7 тонна гӯшти моҳӣ истеҳсол шуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 121 тонна зиёд мебошад. Соли 2022 ба обанбори "Баҳри тоҷик" ва дарёи Сир 1 миллиону 600 дона моҳича сар доданд. Имсол, тибқи нақша, марҳила ба марҳила 4 миллион дона моҳича сар дода мешавад. Ҳадаф аз ин тадбирҳо, афзун намудани шумораи моҳиҳо ва рушди соҳаи моҳипарварӣ дар мамлакат мебошад.
Дар ҳамин ҷо, дар аквариумҳо намудҳои моҳӣ аз оилаи “тосмоҳӣ” ва “гулмоҳӣ” муаррифӣ шуданд, ки дар хоҷагиҳои моҳипарвари вилоят парвариш меёбанд. Таъсиси хоҷагиҳои моҳипарвар ба тараққӣ додани соҳа ва дар ин замина, рушди соҳаи саноати хӯрокворӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо гӯшти парҳезии моҳӣ мусоидат менамояд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мутахассисони соҳа барои боз ҳам рушд додани ин бахши сердаромад ба иқтисоди миллӣ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
ҶАШНИ ТИРГОН, ИДИ ЗАРДОЛУ ВА АСАЛ ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД
8 июли соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд дар ҷашни Тиргон, иди зардолу ва асал иштирок намуданд.
Пешниҳоди дастранҷи кишоварзон, маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои гуногуни миллӣ, анвои зиёди маҳсулоти нонӣ, раванди омодакунии маҳсулоти гуногун аз зардолу ва намоишҳои фолклорӣ чорабиниро ба базмгоҳи ҳақиқии фараҳу хушҳолӣ ва шукргузорӣ аз фазои осудаи Ватану фаровонии ҳосили зироати кишоварзӣ табдил дод. Дар гӯшаҳои намоишгоҳ полизӣ, зардолу, ғалладонагӣ ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ дар шаклҳои гуногун бо тасвирҳои зебо пешниҳод шуданд. Тавре аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик дар истифодаи самараноки замин, истеҳсоли неъматҳои моддӣ ва такмили таҷрибаи заминистифодабарӣ дар олам нақши муҳим гузоштааст. Ҷашнҳои чоргонаи кишоварзӣ: Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон мисоли таҷрибаи омӯзандаи миллати куҳанбунёди тоҷик ва шуҳрат доштан дар истеҳсоли маҳсулоти босифати кишоварзӣ мебошад. Тиргон иди тобистонаи миллати тоҷик буда, таъмини зироат бо об, ҷамъоварии беталафи ҳосил, кумак ба якдигар, заминагузорӣ барои ҳосили навбатӣ ва баланд бардоштани самаранокии замин маҳаки асосии он аст. Хоҷагидорони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд навъҳои гуногуни зардолуро мутобиқи анъанаҳои миллӣ, расму ойин ва хусусиятҳои хоси зардолупарварӣ дар шакли тару хушк намоиш доданд. Айни замон дар вилояти Суғд майдони умумии боғи зардолу 50 ҳазору 90 гектарро ташкил медиҳад, ки аз ин 34 389 гектараш ҳосилдиҳанда мебошад.
Исфара, Конибодом, Ашт, Кӯҳистони Мастчоҳ, Бобоҷон Ғафуров ва Айнӣ аз ҷумлаи шаҳру ноҳияҳои асосии зардолупарвар дар вилояти Суғд ба ҳисоб мераванд. Тибқи таҳлилҳо, соли 2023 дар вилояти Суғд истеҳсоли зиёда аз 100 ҳазор тонна зардолу пешбинӣ мешавад, ки ин нисбат ба соли 2022 зиёд хоҳад буд. Кишоварзон барои дастгириҳои доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба фаъолияти истеҳсолкунандагони неъматҳои моддӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуданд. Дар ин намоишгоҳ “қандак”, “мирсанҷалӣ”, “субҳонӣ”, дар маҷмуъ, тақрибан, 180 навъ, намуна ва дурагаҳои зардолу дар Тоҷикистон парвариш меёбад, ки қисми зиёди он ба таври намунавӣ муаррифӣ шуд. Зардолупарварӣ дар шароити вилояти Суғд яке аз самтҳои асосии соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, дар таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани самаранокии замин, ба кор таъмин кардани аҳолии деҳот дар хоҷагиҳои деҳқонию корхонаҳои коркард ва васеъшавии имкониятҳои содиротӣ нақши муҳим дорад. Ҳамчунин, дар намоишгоҳ раванди хушкондани намудҳои гуногуни мева ва маҳсулоти аз зардолу омодашаванда муаррифӣ гашт.
Бо бунёди корхонаҳои коркард ва омӯзиши таҷрибаи пешқадам, имрӯз хушкондани зардолу дар шаклҳои гуногун ба роҳ монда шудааст. Такмили ин раванд ва васеъ ба роҳ мондани хушкондани мева ба зиёдшавии имкониятҳои истеҳсолӣ мусоидат менамояд. Дар оғоз Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ҷашни Тиргон, иди зардолу ва асал бо маҳсулоти бандубастшудаи асал шинос шуданд. Занбӯриасалпарварони вилояти Суғд асал, гарди гул, шири модарзанбӯр, ширеш ва муми занбӯрро муаррифӣ намуданд. Теъдоди оилаҳои занбӯри асал ба ҳолати якуми июни соли 2023 дар Тоҷикистон 263 ҳазору 703-торо ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 6 586 оила зиёд аст. Солҳои ахир теъдоди оилаҳои занбӯри асал ва маҳсулоти он на танҳо дар вилояти Суғд, балки мамлакат зиёд гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо ёдоварӣ аз имкониятҳои васеи вилоят, масъулони дахлдори соҳа ва хоҷагидоронро ба ворид намудани зотҳои сермаҳсули занбӯри асал, омӯзиши ҳарчи бештари таҷрибаи муосир, истифодаи пурраи имкониятҳои табиӣ ва таъмини афзоиши истеҳсоли ин намуди маҳсулоти табобатӣ вазифадор карданд. Инчунин, намудҳои гуногуни маҳсулоти нонӣ, қаннодӣ, тарзи омода кардани нишоло ва набот бо ороиши махсуси идона пешниҳод шуд. Ҷашни Тиргон, иди зардолу ва асал ба базмгоҳи ҳақиқии шодию хушҳолӣ, арҷгузории мардум ба таъриху тамаддуни қадимаи заминистифодабарӣ, шукргузорӣ аз фаровонии ҳосил ва осудагии Ватани азизу маҳбуб табдил ёфт. Маҳз доир шудани ҳамин гуна чорабиниҳои сатҳи баланд ба омӯзиши таҷрибаи пешқадами ҳамдигар, таҳкими робитаи илм бо истеҳсолот, баланд бардоштани самаранокии замин ва афзун гардондани дастовардҳои истеҳсолӣ такон мебахшад.