Воқеаҳои фоҷиабори даҳаи охири қарни ХХ, ҳар лаҳза моро ҳушдор медиҳанд, ки аз макри душманон дар ғафлат набошем, то дигарбора ҳолати парешонӣ ба миён наояд. Мушоҳидаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳанд, ки то ҳол тарроҳони ҳаводиси хунини солҳои аввали истиқлоли давлатӣ аз ҳадафҳои душманонаи худ даст набардошта, кӯшиш менамоянд, ки бо ҳар роҳу усул байни мардум ҷудоӣ андозанд. Хушбахтона, алорағми ин ҳама дасисаҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи сиёсати дурнигаронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масири нави рушд ҳаракат дорад ва ҳамчун давлати ташаббускори сатҳи байналмилалӣ эътирофи волои сиёсиро касб кардааст.
Тибқи назарсанҷии марказҳои таҳлилии ҷаҳон давлати замоне ҷангзадаи мо ҳоло ба амнтарин кишвари сайёра табдил ёфтааст. Исботи ин амр аз ҷониби Маркази таҳлилии “Gallup” (ИМА), маҷаллаи байналмилалии молиявии англисии «Global Finance» ва дигар пажӯҳишҳо ба қатори кишварҳои амн шомил гаштани Тоҷикистон мебошад. Гузашта аз ин, шаҳри Душанбе шаҳри сулҳ ва даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амният эътироф гардидааст.
Чуноне дар боло гуфтем, имрӯз нотавонбинон аз ҳар восита истифода намуда, бо пуштибонии хоҷагони хориҷиашон мехоҳанд Тоҷикистонро дар назди шаҳрвандон ва ҷомеаи байналмилалӣ бадном нишон диҳанд. Чунончи, баъзе аз расонаҳо, “коршиносон” ва гурӯҳҳои манфиатҷӯй дар робита ба ду ҳодисаи одамрабоӣ, ки моҳи июн ба амал омад, тобиши сиёсӣ дода, бо пеш овардани мисолҳои беасос исбот кардан мехоҳанд, ки гӯё дар Тоҷикистон амният пойдор нест.
Албатта, ҳар ду ҳодиса, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ба онҳо вокуниши саривақтӣ нишон дода, корҳои тафтишотиро пеш бурда истодаанд, қобили маҳкум кардан аст, вале ба ин монанд дар ҷаҳон ҳамарӯза аз ҳиссиёти рашк садҳо ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин, рӯй медиҳанд. Гумон мекунам, хонандаи огоҳ дарк намуда, ки гап дар сари кадом ҳодисаҳост, зеро ҷузъёти онҳо, аллакай, дар расонаҳо нашр гардида, ҳангомаҳои беш аз ҳадро ба миён овардаанд. Ҳеҷ ҷойи шубҳа нест, ки каҷназарон аз фурсат истифода бурда, мехоҳанд шарҳу тафсири онҳоро бар пояи хостаҳояшон тобиш диҳанд. Ин афрод ҳамон биноҳои кӯрдиланд, ки ободиҳо ва сулҳу амниятро бо чашми сар мебинанд, вале ақли тираашон қабул надорад.
Дар робита ба таҳлили муғризонаи расонаҳову “коршиносон” ва бо ин роҳ тағйир додани афкори ҷомеа Алиназар Ашуров, сардори раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, назарашро чунин баён дошт: “Омилони ин ҳодисаҳо дар назди қонун ҷавоб медиҳанд. Дар ин иртибот, мақомоти давлатӣ тафтишот бурда истодаанд. Вобаста ба он ки баъзе расонаҳо ё коршиносони ба истилоҳ мустақил ин масъаларо тобиши сиёсӣ доданӣ мешаванд, ё ин, ки амнияти миллии моро зери шубҳа қарор додан мехоҳанд, бояд зикр намоям, ки ҳадаф ва мақсади онҳо ба ҷуз ғараз ба давлат чизи дигаре нест. Албатта, дар дилхоҳ давлат чунин ҳолатҳо ба вуҷуд омаданаш мумкин аст. Масалан, як сол қабл дар маркази Ҷопон нисбат ба собиқ Сарвазири он Синдзё Абэ суиқасд сурат гирифт, ки дар натиҷа собиқ Сарвазир кушта шуд”.
Сиёсатшиноси тоҷик афзуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон субот ва амнияти пойдор ва устувор мавҷуд аст. Фаъолияти самаранок ва судманди мақомоти давлатӣ, ки дар меҳвари онҳо ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон қарор дорад, боис гардида, ки амнияти миллӣ таъмин ва сокинон пайи кору зиндагии осоиштаи худ бошанд. Як назар ба атроф ба дилхоҳ шахси оқил собит менамояд, ки дар мамлакати мо суботи сиёсӣ ва амнияти миллии фарогир мавҷуд аст. Исботи ин натиҷагирии созмону ташкилотҳои байналмилалист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамасола дар рӯйхати амнтарин кишварҳои ҷаҳон қарор медиҳанд.
– Дар мавриди он, ки баъзе расонаҳо ва коршиносони ба истилоҳ мустақил ҳодисаи ба- амаломадаро дигаргуна шарҳ дода, мехоҳанд афкори ҷомеаро зери таъсири манфӣ қарор диҳанд, бояд гуфт, ки онҳо ба ҷуз бадхоҳӣ, кинаварзӣ ва ҷудоиандозӣ дигар ҳадафу мақсаде надоранд. Барои мо маълум аст, ки чунин коршиносон ва расонаҳои мавриди назар аз куҷо дастур мегиранд ва барои чӣ ба чунин корҳо даст мезананд. Як нуктаро бояд зикр намоям, ки барои чунин коршиносони мустақил манфиатҳои миллии Тоҷикистон аҳамият надоранд. Онҳо дар натиҷаи мағзшӯӣ гардидан ва ба ивази маблағи муайян дар хизмати хадамотҳои махсуси ҷосусӣ қарор гирифта, ба чунин амалҳои зишт даст мезананд. Яъне, чунин коршиносони мустақили мавриди назар барои як миқдор маблағ ҳар гуна таҳлилҳои пуч ва беасосро тавассути расонаҳои тобеи хадамоти ҷосусии кишварҳои хориҷӣ нашр менамоянд,– иброз дошт Алиназар Ашуров.
Маҳмуд МИРЗОЁН, “Ҷумҳурият”