10 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев барқияи шодбошӣ ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:
«Муҳтарам Шавкат Миромонович!
Табрикоти самимии моро ба муносибати пирӯзии қатъиятон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бипазиред.
Натиҷаҳои ин рӯйдоди муҳими сиёсӣ далели равшани нуфузи баланди Шумо, эътимод ва ҳимояи қавии мардуми Ӯзбекистон аз роҳи стратегиатон мебошад, ки ба навсозии устувори иҷтимоию иқтисодии кишвар ва тақвияти пайвастаи мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ нигаронда шудааст.
Дар баробари таъкиди саҳми назарраси Шумо дар таъмини рушди афзояндаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ӯзбекистон, алоқамандии амиқи ин ҷонибро ба таҳкими ҳамаҷониба ва ғанӣ гардондани ин раванд бо мазмуну мундариҷаи нави амалӣ изҳор менамоям.
Итминон дорам, ки мову Шумо дар оянда низ, барои пешбурди самарабахши шарикии стратегӣ ва равобити ҳампаймонии ду кишвар мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумонамон саъю талоши муштарак ба харҷ хоҳем дод.
Ба Шумо, Шавкат Миромоновичи гиромӣ, сиҳатмандии комил, комёбиҳои навин ва иҷрои бомуваффақияти тамоми нақшаҳоятонро ба нафъи пешрафти бемайлони Ӯзбекистони дӯст ва ба мардуми бародари Ӯзбекистон сулҳи абадӣ, некуаҳволӣ ва шукуфоӣ орзумандам».