Инкишоф ва сабзиши пахта
Алҳол дар ҳамаи хоҷагиҳои деҳқонии мамлакат мавсими коркарди қаторҳои пахта вусъат гирифтааст. Барои фаъолияти пурсамар дар ин мавсим техникаю мошинолоти кишоварзӣ дар ҳолати хуби корӣ қарор доранд.
Дар асоси маълумоти фаврии раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзӣ, хоҷагиҳои пахтакор ба ҳолати 30 июни соли ҷорӣ дар майдони 180357 гектар, аз ҷумла дар вилоятҳои Суғд 54303 гектар, Хатлон 123270 гектар ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 2784 гектар пунба кишт намудаанд.
Аз майдони умумии киштшуда 180104 гектар пурра инкишоф ёфта, корҳои озуқадиҳӣ идома доранд.
Рафти кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ
Иқлими аксари минтақаҳои кишвари офтобрӯяи мо барои самаранок ва оқилона истифода намудани заминҳои корами обӣ ва гирифтани 2 – 3 ҳосил мусоид аст. Бо назардошти ин, деҳқонон баъди ҷамъоварии ҳосили маҳсулоти барвақтӣ бо ба роҳ мондани қоидаҳои хуби агротехникӣ ва истифодаи тухмиҳои хушсифати ватанию хориҷӣ кишти такрориро анҷом дода истодаанд.
Тавре аз раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзӣ иттилоъ доданд, то санаи зикршуда дар ҳудуди кишвар дар майдони 74808 гектар кишти такрорӣ гузаронда шудааст. Аз ҷумла, дар майдони 45508 гектар ғалладонагиҳо, аз он ҷуворимакка барои дон 21832 гектар, зироатҳои техникӣ 2273, полизӣ 3662, картошка 7, сабзавот 5541 ва хӯроки чорво 17819 гектар кишт шуд.
Ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти деҳқонон дар мавсими тобистон барои кишт ва ҷамъоварии саривақтии ғалладонагиҳо сафарбар мегардад. Дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 30 июни соли равон дар майдони 295476 гектар кишти ғалладонагиҳо гузаронда шудааст. Аз он майдони 155627 гектар дарав ва ҷамъоварӣ гардид, ки ҳосилнокӣ 34,6 сентнерро аз ҳар гектар ташкил медиҳад.
Сафарбарнамоии техникаю мошинолоти кишоварзӣ, истифодаи тухмиҳои хушсифат, дар маҷмуъ, корҳои саҳроӣ тибқи тавсияи олимону мутахассисони соҳа ва риояи қоидаҳои агротехникӣ роҳандозӣ гардидааст. Кишоварзон мақсад доранд, ки ҳосили бо ранҷ парваридаашонро беталаф ҷамъ оварда, хирмани ин неъмати пурарзишро беш аз пеш афзун намоянд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»