Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои саҳроӣ, фаъолияти коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ва раванди умури созандагиву ободкорӣ аз ноҳияи Кӯшониён дидан кард.
Нахуст, раиси вилоят аз бинои сардхона барои нигоҳдории меваю сабзавот, воқеъ дар шуъбаи якуми Ҷамоати шаҳраки "Бохтариён" боздид намуд. Бинои сардхона барои нигоҳдории меваю сабзавот бо иқтидори 500 тонна пешбинӣ шудааст. Мақсад аз бунёди сардхона дар фаслҳои тирамоҳу зимистон таъмин намудани аҳолӣ бо меваю сабзавоти тару тоза мебошад, ки ин раванд ба танзими нарху наво дар бозори истеъмолӣ мусоидат хоҳад кард.
Ҳамзамон, дар ин мавзеъ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Фирдавс Валиев ба маблағи 3,5 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ дар корхонаи саноатӣ ҷараён доранд. Соҳибкор ният дорад, ки сардхонаи иловагӣ ба иқтидори нигоҳдории 500 тонна меваю сабзавотро бунёд намояд. Дар ин корхона айни ҳол 7 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошад.
Давлаталӣ Саид ин иқдоми соҳибкорро намуна хонда, бобати бештар кардани теъдоди чунин сардхонаҳо дар ҳудуди ноҳияи Кӯшониён ба масъулон тавсияҳо дод, зеро ноҳияи мазкур аграрӣ буда, дар таъминоти аҳолии ҷумҳурӣ бо аксар анвои маҳсулот саҳми назаррас дорад. Давлаталӣ Саид аз рафти корҳои таҷдиду азнавсозии маркази саломатии маҳаллаи "Файзи Истиқлол" низ, дидан намуд.
Зикр бояд кард, ки маркази саломатӣ пас азнавсозӣ ба 8568 нафар аҳолӣ хизмати босифати тиббӣ мерасонад. Шумораи кормандони марказ 13 нафар, аз ҷумла 3 нафар духтур, 9 корманди миёнаи тиббӣ, 1 корманди хурди техникӣ мебошад. Бинои мазкур аз 8 ҳуҷраи корӣ иборат буда, азнавсозии он бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории "Лоиҳаи беҳтаргардонии хизматрасонии тиббӣ" соли 2022 оғоз гардида моҳи апрели соли 2023 аз таъмир бароварда шуд, ки маблағи лоиҳавии он 490,0 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Давлаталӣ Саид зимни суҳбат ба мутахассисони маркази саломатии маҳаллаи "Файзи Истиқлол" ва масъулони соҳаи тандурустии ноҳия дастур дод, ки дар фаъолияти касбӣ ба сокинон содиқона хизмат намоянд. Аз усулҳои муосиру маъмули ташхису табобати беморон истифода бурда, хизматрасонии тиббиро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд.
Раиси вилоят, инчунин, бо ҷараёни корҳои азнавсозии бинои Муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии №4, воқеъ дар деҳаи Темурмалики Ҷамоати деҳоти "Бохтариён" шинос шуд. Муассиса барои тарбияи 70 нафар кӯдак пешбинӣ шуда, бо дастгирии шарикони рушд бозсозӣ мегардад, ки маблағи лоиҳавии он 350 ҳазор сомонӣ мебошад. Дар ин Муассиса 20 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, кӯдаконро ба машғулият ва тарбия фаро гирифтаанд.
Давлаталӣ Саид тадриҷан аз беҳтаршавии имкониятҳо барои таҳсил дар муассисаҳои томактабӣ ёдовар шуд ва таваҷҷуҳи кормандони кӯдакистони мазкурро ба масъалаи дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли ояндасози давлат ҷалб кард.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"