Дурахши Идрис дар Якутск
Паҳлавони навраси тоҷик Идрис Баҳромов (52кг) дар Мусобиқаи байналмилалии гӯштии тарзи озод ба хотираи қаҳрамони олимпӣ, чемпиони секаратаи ҷаҳон, Устоди хизматнишондодаи варзиши ИҶШС Павел Павлович Пинигин (1-7 июл, Якутск, Россия) мақоми аввалро касб кард.
Дар ин бора Сорбон Абдулҳаев, сармураббии тими наврасони Тоҷикистон оид ба гӯштии тарзи озод, иттилоъ дод.
Идрис барои расидан ба ин натиҷа ҳафт гӯштигиро мағлуб кард.
БАДМИНТОН
Душанбе мизбони боз як мусобиқаи байналмилалӣ
Аз 31 июл то 4 август дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе бори дуюм Чемпионати минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба бадминтон баргузор мегардад.
Тибқи иттилои ТВ “Варзиш”, дар мусобиқа бадминтонбозони беҳтарин аз кишварҳои ҳамҷавор ширкат меварзанд.
Пирӯзии “Хуҷанд” бар “Бухоро”
Тими “Хуҷанд” (Тоҷикистон) дар бозии рафиқонаи байналмилалӣ (10 июл, Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” дастаи “Бухоро” (Ӯзбекистон)-ро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод.
Тибқи маълумоти сомонаи клуби “Хуҷанд”, голҳои мизбононро Тони Бикатал ва Нозим Бобоҷонов заданд.
ЧЕМПИОНАТИ АВРУПО
Қаҳрамонии таърихии ҷавонони Англия
Тими мунтахаби то 21-солаи Англия бо нишондоди таърихӣ унвони чемпионии Аврупоро ба даст овард.
Футболбозони англис дар шаш бозӣ 11 тӯб ба самар расонда, ягон гол ба дарвозаашон сар надодаанд, ки ин натиҷа бори аввал дар таърихи Чемпионати Аврупо сабт гардид. Муҳимтар аз ҳама, Ҷеймс Траффорд дарвозабони бомаҳорат, дар дақиқаи 90+8 вохӯрии финалӣ зарбаи ҷаримавии 11-метраи испаниҳоро баргардонда, ғалабаи мунтахабашро таъмин намуд. Бори охир мунтахаби ҷавонони Англия 1984 чемпиони қора шуда буд.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш