CentralAsia (UZ). Президенти феълии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар интихоботи президентӣ пирӯз шуд. Мувофиқи маълумоти пешакии Комиссияи марказии интихоботӣ (КМИ), ба тарафдории ӯ 87,05 фоизи интихобкунандагон овоз доданд. Ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ, дар интихобот 79,8 дарсади раъйдиҳандагон ширкат варзиданд.
Зайниддин Низомхоҷаев, раиси КМИ, Шавкат Мирзиёевро, ки 13 миллиону 625 ҳазору 55 нафар ба ҷонибдории ӯ раъй додаанд, дар маъракаи президентӣ ғолиб эълон кард.
«Интихобот дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ ва қонунгузории миллии интихобот, бо риояи комили принсипҳои демократӣ, аз қабили ошкорбаёнӣ, шаффофият, озодӣ ва адолат, баргузор гардид.
Си Ҷинпин: «Россия ва Чин бар асоси манфиатҳои мутақобила амал мекунанд»
Мир24. Тавре Си Ҷинпин, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, зимни мулоқот бо Валентина Матвиенко баён дошт, рушди равобити Россия ва Чин интихоби стратегии ҳар ду кишвар буд, ки онҳо дар асоси манфиатҳои тарафайн пазируфтаанд.
Си Ҷинпин бо раиси Шурои Федератсия Валентина Матвиенко, ки дар Пекин қарор дорад, дар Хонаи намояндагони мардумӣ мулоқот кард. Сарвари Чин таъкид намуд, ки ҳамкориҳои иқтисодии Россия ва Чин солҳои охир таҳким ёфтаанд. Вай, ҳамчунин, аз равобити ҳасанаи дипломатӣ изҳори қаноатмандӣ кард.
Қаблан, Валентина Матвиенко гуфта буд, ки даъвати ҳайати Россия ба Чин аз густариши ҳамкориҳои ин кишварҳо гувоҳӣ медиҳад. Илова бар ин, вай ба Си Ҷинпин паёми шифоҳии Президенти ФР Владимир Путинро расонд.
Қонуни нав дар Қазоқистон: блогерон дигар андоз месупоранду барои дурӯғгӯӣ ҷазо мегиранд
Sputnik.tj. Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев тағйиру иловаҳо ба қонунеро имзо кард, ки тибқи он, блогерҳо ба пардохти андоз муваззаф ва барои паҳн кардани маълумоти қалбакӣ ҷарима карда мешаванд.
Дар ин бора хадамоти матбуоти Роҳбари Қазоқистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, қаблан, вакилони палатаи поёнии парлумон, ташаббускорони ин навовариҳо хабар дода буданд, ки ба қонунгузорӣ мафҳумҳои "корбарии платформаи онлайнӣ" ва "инфлюенсер (блогер)" ворид ва ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳо муқаррар мешаванд.
Таъкид шудааст, ки барои истифодабарандагони платформаҳои интернетӣ, ки маълумоти бардурӯғро паҳн мекунанд, ба андозаи 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва барои блогерҳое, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд, 40 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима муқаррар карда мешавад.
Боздошти террорист дар Озарбойҷон
Известия. Дар Озарбойҷон як шаҳрванди Афғонистон, ки қасди анҷоми ҳамлаи террористӣ дар ҳудуди ин кишварро дошт, боздошт шуд. Дар ин бора рӯзи 10 июл Хадамоти амнияти давлатии Озарбойҷон дар сомонаи худ хабар додааст.
«Дар натиҷаи тафтишот маълум шуд, ки шаҳрванди Афғонистон Фавзан Мӯсохон, соли таваллудаш 1990, тибқи маслиҳати пешакӣ бо дигар шахсон, дар қаламрави Озарбойҷон бо мақсади халалдор кардани суботи ҷомеа қасди анҷоми амали террористиро дошт»,– гуфта мешавад дар изҳороти Хадамот. Ҳадаф аз амали террористӣ бинои яке аз сафоратхонаҳои мамлакати хориҷӣ дар Боку буд.