Ин нуктаро Юн Сог Дэ – мудири кулли Корпоратсияи захираҳои оби Корея (K water), ки дубора ба ҳайси раиси Шурои оби Осиё интихоб гардидааст, зимни мулоқоташ бо сафири Тоҷикистон дар Корея иброз дошт.
Ба “Ҷумҳурият” аз Вазорати корҳои хориҷӣ хабар доданд, ки зимни суҳбат, ҳамчунин, роҷеъ ба паҳлуҳои мухталифи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Корея дар соҳаи обу иқлим табодули афкор сурат гирифт.
СУРЪАТИ АФЗОИШИ САНОАТ
Дар панҷ моҳи соли равон корхонаҳои саноатӣ якҷо бо соҳибкорони хусусӣ ба маблағи 16 миллиарду 656, 3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиарду 155,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Агентии омори ҷумҳурӣ хабар додааст, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз 15,1 миллиард сомонии соли 2016 то ба 43 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонда шуд. Дар панҷ моҳи соли 2023 омили асосии рушди суръати соҳаи саноат, асосан, аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми саноати истихроҷ – 2,8, саноати коркард – 12,8, таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво – 13,1 дарсад ба амал омадааст.
БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ ҲАМКОРӢ
Вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода бо ноиби президент – котиби корпоративии Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ (БОСИ) Лудгер Шукнехт вохӯрд.
Дар хабари интишорнамудаи АМИТ «Ховар» гуфта мешавад, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масъалаҳои сармоягузорӣ, бахусус дар соҳаи энергетика ва дигар соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, мубодилаи афкор намуданд.
БА ИМЗО РАСИДАНИ 36 САНАДИ ҲАМКОРӢ
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ фаъолияташро дар нимсолаи аввал натиҷагирӣ намуд.
Тавре ба мо аз Вазорат хабар доданд, иҷрои чорабиниҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ 65,4 дарсад таъмин шуда, ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо 13 давлат 36 санад ба имзо расид. Дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ҷиҳати мукаммал намудани заминаҳои моддию техникии муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизоти зарурӣ ба 5 муассиса техника ва лавозимоти таълимӣ дастрас шуд.
МУЛОҚОТИ РОҲБАРОНИ СОҲАИ НАҚЛИЁТ
Дар шаҳри Тошкент мулоқоти ғайрирасмии роҳбарони бахшҳои давлатӣ ва хусусии соҳаи нақлиёт баргузор гардид. Ҳайати Тоҷикистон дар он таҳти сарварии вазири нақлиёт Азим Иброҳим иштирок намуд.
Аз Вазорат хабар доданд, ки дар мулоқот байни вазоратҳои нақлиёти ҷумҳурии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Татбиқи он барои осон кардани ҳамлу нақли дуҷониба ва бисёрҷонибаи байналмилалии автомобилӣ шароити мусоид фароҳам меорад.
ТАЪСИСИ ШУРОИ СОҲИБКОРОНИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚАТАР
Дар шаҳри Давҳа Созишнома байни палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистон ва Давлати Қатар роҷеъ ба таъсиси Шурои муштараки соҳибкорон ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Қатар хабар доданд.
Созишномаи мазкур дар доираи мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода бо муовини якуми раиси Палатаи савдо ва саноати Қатар Муҳаммад ибни Аҳмад Тавор ал-Куворӣ ба имзо расид.
«МОДАРОНИ ВАҲДАТСАРО» ДАР СУҒД
Гурӯҳи занону духтарони фаъол дар доираи чорабиниҳои корвони «Модарони ваҳдатсаро» дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд қарор доранд. Чорабинии мазкур яке аз иқдомҳои наҷиби таҳкимбахшандаи ваҳдату субот арзёбӣ гардида, аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оила роҳандозӣ мешавад.
Тавре ҳамкори мо Наргис Розиқова хабар дод, сафари онҳо аз ноҳияи Айнӣ оғоз гардид. Баъди пазироии самимӣ, мулоқоти роҳбарияти Кумитаи кор бо занон ва оила бо фаъолони ноҳия баргузор гашт. Сипас, корвони мазкур ба ноҳияи Ашт сафар намуд.