Аз оғози фаъолияти Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» 15 сол сипарӣ гардид. 5 феврали соли 2008 ҳавопаймои Ширкат – Боинг 737-800 бори нахуст бо хатсайри Душанбе – Москва – Душанбе парвози мустақимро иҷро намуд. Алҳол Ширкат ба зиёда аз 25 самт, аз ҷумла Мюнхен, Дубай, Истанбул, Деҳлӣ, Теҳрон, Москва, Тошкент, Алмаато, Урумчӣ ва дигар шаҳрҳои ҷаҳон, парвозҳои мунтазам анҷом медиҳад.
Давоми солҳои сипаришуда Ширкати мазкур ба дастовардҳои зиёд, аз роҳандозии хатсайрҳои нав то шомил шудан ба ассотсиатсияи бонуфузи байналмилалӣ ноил гардидааст. Ширкати "Сомон Эйр" узви IATA (Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ) буда, тасдиқномаи Агентии Аврупо оид ба бехатарии авиатсионӣ (EASA) ва шаҳодатномаи иҷозаи иҷрои парвозҳоро ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо соҳиб аст.
Парки ҳавопаймоии «Сомон Эйр» айни замон аз 6 ҳавопаймои Боинг – 737-800 ва 737-900 иборат мебошад.
– Мо бо дастовардҳо ва касбияти кормандони худ ифтихор дорем ва саъй хоҳем кард, ки мавқеи худро ҳамчун Ширкати ҳавопаймоии минтақавӣ ва байналмилалӣ дар бозори интиқолоти ҳавоӣ боз ҳам мустаҳкам намоем. Аз мусофирон ва шарикон барои эътимод сипосгузорем ва ҷорӣ кардани намудҳои нави хизматрасонӣ ба онҳо ва воридсозии технологияҳои нав пайваста кӯшиш ба харҷ хоҳем дод, – мегӯяд Абдулқосим Валиев, директори генералии Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр».
Тавсеаи шабакаи парвозҳои ширкат, хариди ҳавопаймоҳои нави бароҳат, инчунин рушди парвозҳои дохилӣ ва минтақавӣ, аз тасмимҳои наздиктарини Ширкат дар оянда мебошад.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»