Миураи 56-сола фаъолияти касбияшро идома медиҳад
Яке аз куҳансолтарин футболбозони ҷаҳон Кадзуёси Миура фаъолияти касбии худро идома медиҳад. Бозигари 56-солаи ҷопонӣ бо клуби «Оливейренсе»-и Португалия то соли 2024 шартнома ба имзо расонд.
Дар ин бора дафтари матбуотии даста хабар медиҳад.
«Оливейренсе» дар дивизиони дуюми чемпионати Португалия баромад мекунад.
Миура тайи фаъолияти тулонии худ, дар ҳайати тими миллии футболи Ҷопон 89 бозӣ (55 гол) ва 6 бозӣ дар тими миллии футзали Ҷопон кардааст.
Бояд гуфт, ки ин 38-умин мавсим барои Кадзуёси Миура ба ҳисоб меравад.
ФУТЗАЛ
“Истиқлол” ва “Соро компания” бо пешсафӣ марҳилаи аввали Суперлигаро ҷамъбаст карданд
Марҳилаи аввали Суперлигаи Тоҷикистон- 2023 бо пешсафии тимҳои “Истиқлол” ва “Соро компания”, ки ҳар ду 13-холӣ доранд, ба анҷом расид.
Бино ба маълумоти ФФТ, “Истаравшан” (7 хол), “Амонатбонк” (6 хол), “Самандар” (3 хол) ва “Пойтахт” (1 хол) дар зинаҳои баъдии ҷадвал қарор гирифтаанд.
Муҳаммадҷон Шарифов (“Соро компания”) ва Фирдавс Саидов (“Пойтахт”) бо 7-голӣ дар садри ҷадвали беҳтарин нишонзанҳо қарор доранд.
Ёдовар мешавем, ки дар робита ба ширкати мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» дар чемпионати кишвар танаффус эълон шуд. Марҳилаи дуюми Суперлига аввали моҳи август оғоз мешавад.
БОКС
Санаи қувваозмоии Усик ва Дюбуа муайян шуд
Дорандаи унвони қаҳрамонӣ аз рӯи фарзияи WBA, WBO, IBO ва IBF миёни сангинвазнҳо Александр Усики украинӣ (20-0, 13 КО) бо Даниэл Дюбуаи бритонӣ (19-1, 18 КО) рақобат мекунад.
Тибқи иттилои сомонаи ringside24.com, набарди боксёрон 26 август дар варзишгоҳи «Арена Тарчински» (Врослав, Лаҳистон) баргузор мегардад.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш