12-уми июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор воҳидҳои сохтории Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал бароварданд.
Мутобиқи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия», дар мувофиқа бо Сарвари давлат, Суҳроб Қурбонзода аз вазифаи сардори раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ озод гардида, Рустам Мирзомуродзода ба ин мансаб таъин гардид. Ҳамчунин, сардорони раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт, воҳиди махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба самтҳои ҳаракати Сарвари давлат ва меҳмонони олиқадр, раёсати экологӣ ва сайёҳӣ ва раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби кадрҳои соҳибтаҷриба таъин шуданд.
Сардори давлат, зимни суҳбат бо ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти зикргардида, фаъолияти соҳаро ҳаматарафа таҳлилу баррасӣ намуда, барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта, пешгирии ҳама гуна қонунвайронкуниҳо ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҳолатҳои зиёди қонуншиканӣ зимни идораи нақлиёт бо рақамҳои қалбакӣ, бе рақами қайди давлатӣ ва итоат накардан ба талаботи қоидаи ҳаракат ёдовар шуда, ҷиҳати тоза намудани сафи ҳайати шахсии Бозрасии давлатии автомобилӣ супориш доданд, ки тамоми кормандони он аз аттестатсия гузаронда шаванд.
Ба роҳбарияти Бозрасии давлатии автомобилӣ дастур дода шуд, ки минбаъд зимни ба кор қабул кардан, ба маҳорати касбӣ ва дониши мукаммали кадрҳо диққати ҷиддӣ диҳанд.