Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода бо ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон хонум Рамсавами Парвати мулоқот намуд.
Аз Вазорат ба мо хабар доданд, ки ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот ҷиҳати боз ҳам мустаҳкам кардани ҳамкориҳо дар соҳаи таъмини амният ва рушди минбаъдаи муносибатҳо табодули афкор намуданд. Дар вохӯрӣ омодагии ҷонибҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманд иброз гардид.
НАМОИШ-ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ
Дар боғҳои фарҳангиву фароғатии пойтахт шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ доир намуда истодаанд.
Тавре ба мо аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд, то имрӯз шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Ваҳдат, Турсунзода, Конибодом, Рӯдакӣ, Қубодиён, Ҷайҳун, Панҷ ва Спитамен намоиш–фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ баргузор намуданд.
СОХТМОНИ 36 МУАССИСАИ ТИББӢ ДАР ШАШ МОҲ
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи худро ба натиҷаҳои фаъолияти соҳа дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ бахшид.
Зикр гардид, ки бо мақсади беҳтарсозии ҳолати инфрасохтори муассисаҳои соҳа дар нимсолаи аввал аз ҳисоби тамоми сарчашмаҳо 36 муассиса (31 КАТС, 4 госпитал, 1 муассисаи хусусӣ) сохта ба истифода дода шуда, бунёди 122 иншооти дигар идома дорад. Инчунин, 118 муассиса аз таъмир баромада, 137 муассиса дар таъмир аст. Дар ин муддат бо мақсади баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ аз ҷониби Вазорат дору ва таҷҳизоти ҳозиразамони тиббӣ дастрас шуданд.