Мир 24. Дар Туркия то 12 феврал мотами миллӣ эълон шудааст. Мамлакат пас аз як силсила заминларзаҳои шадид амалиёти наҷотдиҳӣ ва тоза кардани харобаҳоро идома медиҳад. Заминларза чунон сахт буд, ки дар Анкара ва Анталия низ, ҳис карда шуд. Баъзе биноҳо аз маркази заминларза садҳо километр дуртар фурӯ рехтанд. Бар асари ин ҳодиса дар Туркия 12391 кас ба ҳалокат расида, 62914 нафар ҷароҳат бардошт. Теъдоди фавдидагон ва ҷароҳатбардоштагон ҳар лаҳза меафзод. Аз замони заминларзаи аввал дар кишвар 285 зилзилаи нав ба қайд гирифта шудааст.
Фирори тақрибан 20 ҷангҷӯи «Давлати исломӣ» пас аз заминларза дар Сурия
RT. Бино ба иттилои Муассисаи телевизионии байналмилалии «Ал Ҷазира», дар пайи заминларза на кам 20 маҳбуси гумонбар ба узвият дар созмони террористии "Давлати исломӣ" аз зиндон дар шимолу ғарби Сурия фирор карданд. "Баъди заминларза бинои зиндон хароб шуд, маҳбусон исён бардошта, як қисми зиндонро тасарруф карданд", – гуфт яке аз кормандони маҳбас. Сухан дар бораи зиндоне дар наздикии шаҳри Раҷу меравад, ки дар он наздики 2 ҳазор маҳбус нигоҳ дошта мешавад. Тақрибан 1300 нафари онҳо ба мансубияти ҷангҷӯёни ДИИШ гумонбар дониста мешаванд.
СҶТ дар пайи заминларза дар Туркия дараҷаи 3-юми ҳолати фавқулодаи тандурустиро эълон кард
Мир 24. Ҳанс Клюге, директори минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Аврупо гуфт, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) дар пайи заминларзаи харобиовар дар Туркия сатҳи 3-юми ҳолати фавқулодаи тандурустиро эълон кард.
"Ҳолати фавқулодаи дараҷаи 3 сатҳи баландтарин аст, ки маънои сафарбаркунии захираҳои саросарии агентиро дорад", – гуфт ӯ. Клюге ба ҳукуматдорони Туркия барои иқдомоти фаврӣ ҷиҳати наҷоти осебдидагон аз офати табиӣ, инчунин, ба кишварҳои узви Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ки бо Анкара ҳамбастагӣ нишон медиҳанд, изҳори сипос кард. Ӯ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват намуд, ки дастгирӣ ва ҳамоҳангии комилро бо мақомоти Туркия в СҶТ идома диҳад.
Пайомадҳои офатҳои табиӣ дар Чили ва Перу
Мир 24. Дар Чили як қатор деҳаҳо ба коми оташ рафтанд. Тӯфон алангаи оташро дар саросари кишвар паҳн карда, беш аз ҳазор хонаро валангор намудааст. Нафарони зиёд ба ҳалокат расида, як қисми дигар бедарак гаштаанд. Шамол ҳама вақт самташро иваз мекунад, киштзорҳо тавассути тундбодҳои оташин месӯзанд. Майдони сӯхтор қариб 250 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Бинобар ин, дар Чили вазъияти фавкулода эълон карда шуд. Ба оташнишонон ҳамкасбон аз Мексика, Аргентина, Бразилия, Эквадор, Венесуэла ва Испания ёрӣ мерасонанд. Барои хомӯш кардани сӯхтор аз авиатсия низ истифода мешавад. "Вазифаи мо ин аст, ки ҳоло дар канори шумо бошем ва ҳама кори аз дастамон меомадаро анҷом диҳем, то ба ин фоҷиа, ки дубора ба сари мо омадааст, мубориза барем. Бешубҳа, ягонагии чилиҳо ба мо имкон медиҳад, ки ин ҳодисаро дар якҷоягӣ пушти cap намоем», – гуфт Президенти Чили Габриэл Борич.
Дар ҷануби Перу бошад, баъди боронгариҳои сахт сел ва ярч ба амал омада, зиёда аз 600 хона, пул, каналҳои обёрӣ ва роҳҳоро вайрон кард.