Поймол гардидани ҳуқуқҳоям аз ҷониби Н. Сайфуллозода, судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва дастгирӣ намудани ҳалномаи ин судя аз ҷониби марҳилаи кассатсионӣ ва назоратии суди шаҳри Душанбе нисбат ба ҶДММ “Раҳмон-2016” дар шахсияти директор Махсиддинов Насрулло Абдулхолиқович водорам намуд, то тавассути гӯшаи “Шаҳрванд”- рӯзномаи “Ҷумҳурият” арзамро ирсол намоям.
Дар манзили истиқоматии ба ман тааллуқдошта, ки дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Испечак 1, хонаи 1 воқеъ аст, ман (маъюби дараҷаи 2), шавҳарам, ду фарзандам (яке маъюби дараҷи 1 ва дигаре маъюби дараҷаи 2) ва фарзанди духтарам, ки мутаассифона ӯ ятим аст, иқомат дорем. Тибқи нақша бояд дар ҷойи манзилҳои мо хонаҳои баландошёна бунёд гарданд, ки байни мо ва ширкати сохтмонӣ – ҶДММ “Раҳмон-2016” оид ба ҷуброни манзили истиқомотӣ ва бастани шартнома мувофиқа ҳосил нашуд ва баҳсамон ба суд рафт.
ҶДММ “Раҳмон-2016” ба суд бо аризаи даъвогӣ муроҷиат намуд. Судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Н. Сайфуллозода 13 декабри соли 2021 бе иштироки мо аризаро қонеъ кард. Ман бо ҳалномаи суди ноҳияи Сино аз тарафи иҷрочиёни хадамоти иҷро дар ноҳияи Сино шинос шудам. Бо ариза оид ба гирифтани ҳалнома ба судяи суди ноҳияи Сино муроҷиат намудам, аммо додани ҳалномаро то 16 ноябри соли 2022 кашол доданд, то он ки иҷрочиён моро аз хона кӯчонанд. Ҳамин тавр ҳам шуд. Ҳангоми баррасии парванда гӯё суд шоҳидонро пурсидааст, вале дар асл ягон шоҳидро напурсидаанд, ки ин ҳолатро нусхаи забонхатҳо ва сабти овози шоҳидон тасдиқ мекунад.
Сархати 3 моддаи 118 Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон бо чунин мазмун соҳибкорро вазифадор кардааст: “Мувофиқи хоҳиши молик ба ивази хонаҳои истиқоматӣ ва иморатҳои вайроншаванда мумкин аст дар ҷои дигар хонаҳои истиқоматӣ ва иморату иншоот сохта шаванд. Дар чунин ҳолат маблағи арзиши хонаю иморат ва иншооти вайроншуда пардохта мешаванд”. Дар сурате, ки даъвогар барои бартараф намудани манзили истиқоматиам розигии хаттиамро нагирифта, хуқуқ надорад хонаи моро вайрон кунад. Шавҳарам борҳо ба роҳбари ҶДММ “Раҳмон-2016” фаҳмонд, ки аз сабаби дар манзили истиқоматӣ қарор доштани 3 шахси маъюб ба ман маблағи манзили истиқоматиамро диҳед, то он ки дар дигар мавзеъ хона бо замини наздиҳавлигӣ харида, зиндагӣ намоем. Барои мо – маъюбон дар биноҳои баландошёна зиндагӣ кардан мусоид нест, зеро бо аробачаи маъюбӣ гаштану рафтуомад мушкил мегардад. Аммо ин пешниҳоди шавҳарам қабул нагардид.
Аз ин рӯ, хостам бо истифода аз имконияте, ки рӯзномаи бонуфузи «Ҷумҳурият» барои мо – шаҳрвандон (гӯшаи «Шаҳрванд») додааст, арзамро ирсол намоям. Шояд зинаҳои болоии мақомоти судӣ номаи маро аз ин минбар хонанд ва ба қазия таваҷҷуҳ карда, ҳақро ба ҳақдор расонанд, зеро ман ба адолати судӣ бовар дорам!
Латофат ЗУЛФИҚОРОВА,
сокини шаҳри Душанбе,
кӯчаи Испечак 1, хонаи 1,
маъюби гурӯҳи II