Барои камина мояи ифтихор аст, ки дар конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Таҳдидҳо ва хатарҳои эҳтимолӣ ба суботу амният ва равандҳои интегратсионӣ дар Осиёи Марказӣ” (Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, 23 июн) ва Анҷумани байналмилалии “Хонишҳои V Артуч” бахшида ба “Масоили мубрами илмҳои педагогӣ, иҷтимоӣ – гуманитарӣ ва фанҳои дақиқ дар замони муосир”, ки дар лагери кӯҳнавардии Артучи шаҳри Панҷакент аз 4 то 6 июл баргузор гашт, иштирок намуда, аз масъалаҳои муҳими илмҳои гуманитарӣ, табииву риёзӣ ва мубрами замони муосир огаҳӣ пайдо кардам.
Дар Анҷуман олимону донишмандон иштирок намуда, дар бораи масъалаҳои мубрами педагогиву иҷтимоӣ, илмҳои дақиқ, таҳдиду хатарҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ суханронӣ карданд.
Нигорандаи сатрҳо низ дар Анҷумани байналмилалии “Хонишҳои V Артуч” дар мавзуи “Ҷавонон заминагузору замонагузори ҷомеаи ҳушманд” мақолаи илмӣ ирсол намуда, фаъолона ширкат варзид.
Бештари масоили педагогӣ, иҷтимоӣ ва фанҳои дақиқ аз ҷониби коршиносон бо зикри мисолу масалҳои таҷрибавӣ, маънову мафҳум ва шарҳу тавсифҳо ба иштирокчиён фаҳмонда шуданд, ки аз нукоти муҳими Анҷуман ба ҳисоб мераванд. Ҳамин тариқ, вазифаҳои асосии забону адабиёт, муҳаққиқу мутааллим ва таҳлилгар бо истифода аз ченаки санҷишии чӣ, кӣ, кай, чарову чӣ хел, дар куҷо ва роҳҳои муосири таълиму тарбия аз ҷониби маърузачиён бо мисолҳои ҷаззоб ва бозиҳои интерактивӣ баён гардиданд.
Масоили мубрам ва доғи рӯз, аз қабили ҳамгироии илмиву фарҳангии кишварҳои Осиёи Марказӣ, рушди илму маърифат ва баҳсҳои илмӣ, роҳҳои пешгирии хатарҳои глобалӣ ва пайомадҳои манфии он ба мардумони осоиштаи ҷомеа ва роҳҳои ҷилавгирӣ аз онҳо бо истифода аз доштани нақша, ҳамқадами замон, дақиқу кӯтоҳу пурмазмун будан ироа шуда, таҳлилу баррасӣ гардиданд, ки аз муҳимтарин нукоти омӯзиш ва дарки масоили мубрами замони муосир мебошанд.
Дар кори конференсияи мазкур олимону мутахассисон ва коршиносони байналмилалӣ аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Федератсияи Россия ширкат доштанд.
Дарвоқеъ, баргузории чунин маҳфилу форумҳои илмӣ дар маконҳои сайёҳии кишварҳои минтақа барои рушди илму маърифат муфиду муҳим буда, муҳаққиқонро сари дастархони хираду маърифат ҷамъ оварда, тавассути онҳо масоили мубрамро ҳаллу фасл ва ҷомеаро ба сӯи қуллаҳои баланд ҳидоят мекунанд. Ибтикороти ташаббусгарони чунин маҳфилҳоро метавон аз фурӯғдиҳандагони машъали илму маърифат донисту икдомҳои онҳоро бояд дастгирӣ карда, амалӣ намуд.
Мирсаид РАҲМОНОВ,
таҳлилгар, ходими калони илмии
Институти Осиё ва Аврупои АМИТ