Президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммедов вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддинро, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Ашқобод қарор дошт, ба ҳузур пазируфт.
Аз Вазорат ба мо хабар доданд, ки Сироҷиддин Муҳриддин, нахуст, паёму таманниёти неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Сардор Бердимуҳаммедов расонд. Таъкид гардид, ки ба шарофати иродаи сиёсии сарварони ду давлат, ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон бемайлон рушд намуда, то сатҳи шарикии амиқи стратегӣ бароварда шуданд.
Дар Ашқобод, ҳамчунин, мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гашт, ки зимни он масъалаҳои муносибат дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ баррасӣ гардиданд.
Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ
Дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати кишоварзӣ натиҷаҳои фаъолияти соҳа дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ баррасӣ гардид.
Аз Вазорат ба мо хабар доданд, ки дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 18658,7 млн сомонӣ баробар шуд, аз ҷумла маҳсулоти рустанипарварӣ 13224,3 миллион сомонӣ (110,4 %) ва чорвопарварӣ 5434,4 миллион сомониро (102,4%) ташкил дод.
Истеҳсоли меваҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,6, аз ҷумла зардолу 2 баробар, зиёд мебошад. Инчунин, истеҳсоли сабзавот ба андозаи 10,2, полизӣ 5,4 ва ғалладона 2,5 дарсад афзуд.
Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суистеъмоли маводи нашъадор
Дар Агентии назорати маводи нашъаовар таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид, – хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар он роҳҳои таъмини иҷрои Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои солҳои 2021 – 2025 баррасӣ гашт.
Омодагии муҳоҷирони меҳнатӣ барои кор дар хориҷа
Ҷиҳати аз наздик шинос шудан бо шароиту имкониятҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, заминаҳои таълимӣ ва раванди омода намудани кадрҳои коргарӣ барои кор дар хориҷа, муовини директори генералии "Маркази сершуғли муҳоҷират"-и Россия Олег Нуждин дар Тоҷикистон қарор дорад.
Зимни мулоқоти ӯ бо намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, масъалаҳои ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин бора ба «Ҷумҳурият» аз Вазорати мазкур хабар доданд.
449 мутахассиси ҷавон ба ВМКБ меравад
Барои таъмини муассисаҳои соҳаи маориф бо кадрҳои омӯзгорӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илм 449 мутахассиси ҷавон ба ВМКБ фиристода шуд, ки 130 нафараш тибқи Квотаи президентӣ мактабҳои олиро хатм намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» таъкид менамояд, ин нукта зимни таҳлили фаъолияти нимсолаи соҳаи иҷтимоии ВМКБ зикр шуд. Дар хабар, инчунин, гуфта мешавад, ки дар ин муддат сохтмони 11 иншооти таълимӣ бо ҷалби 140 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин шумора сетоаш кӯдакистон мебошад. Ҳамзамон, дар ҷаласа омодагии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят ба соли нави хониш баррасӣ гардид.
Нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо
Шуруъ аз 26 июл дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2023 нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд.
Намояндагони ВАО зимни нишастҳои матбуотӣ имкон доранд, оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар шаш моҳи соли ҷорӣ маълумот гиранд.