ГӮШТӢ
Наврасони тоҷик дар Чемпионати Осиё 6 медал гирифтанд
Паҳлавонони навраси Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштӣ миёни варзишгарони то 15-сола (Уммон, Урдун) 6 медал (2 тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ) ба даст оварданд.
Тибқи иттилои ТВ “Варзиш”, Алишер Рӯзимадов (75 кг) ва Дамир Отаев (44 кг) аз риштаи гӯштии юнонӣ-румӣ чемпиони қора гардиданд.
Медали нуқраро Умар Раҳимов (48 кг, тарзи озод) соҳиб шуд.
Алиризо Баҳромов (68 кг), Шоҳиҷаҳон Бобоев (57 кг), Амирҷон Обидов (52 кг) аз риштаи юнонӣ-румӣ дар вазнҳои хеш мақомҳои сеюмро касб карданд.
ТЕННИС
Алкарас Уимблдонро фатҳ кард
Теннисбози 20-солаи испанӣ Карлос Алкарас (ракеткаи 1-уми ҷаҳон) бори аввал дар корномаи худ дар мусобиқаи Уимблдон (Британияи Кабир) пирӯз шуд, – хабар медиҳад сомонаи sportmail.ru.
16 июл Алкарас дар бозии ниҳоӣ, ки наздики панҷ соат идома кард, Новак Ҷокович (Сербия)-и дастонро бо ҳисоби 3:2 (1:6, 7:6 (8:6), 6:1, 3:6, 6:4) шикаст дод.
Пас аз ин ғалаба, Алкарас дар радабандии Ассотсиатсияи теннисбозони касбӣ (ATP) мавқеашро дар садри ҷадвал устувор намуд.
Миёни бонувон дар Уимблдон Маркета Вондроушова (Чехия) зафар ёфт.
Номзадии Дилшод Назаров ба узвияти КИ Шурои олимпии Осиё пешниҳод шуд
Президенти нави Шурои олимпии Осиё Шайх Талол Фаҳад ас-Сабоҳ ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, чемпиони Бозиҳои олимпӣ Дилшод Назаровро ба узвияти Кумитаи иҷроияи Шурои олимпии Осиё барои давраи солҳои 2023-2027 пешниҳод кард.
Бино ба ахбори Кумитаи миллии олимпӣ, аъзои нави КИ Шурои олимпии Осиё 15 августи соли равон дар ҷаласаи ғайринавбатии Ассамблеяи генералии ОСА ба таври фосилавӣ интихоб мешаванд.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш