(аз забони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон)
Ҳамсуҳбати ғамбарор
будӣ, модар,
Хушрӯйтар аз баҳор, будӣ,
модар.
Дар сурату сират осмонӣ будӣ,
Боиззату хоксор будӣ, модар.
Эй баъди Худо ягона ҷонпарвари ман,
Аз файзи дуои туст тоҷи сари ман.
Ороиши тоҷи бар сарам бинҳода
Аз хоки қудуми туст, эй модари ман!
Ҳаргиз наравад зи дил ҳавои модар,
Бар чашм кашем гарди пои модар.
Хоҳед саодати абадро ёбед,
Кӯшед, ки гиред дуои модар!
Бар авҷ расад кас аз дуои модар,
Биншаста Ҳумост бар сарои модар.
Ҷаннат, ки ба зери пои модар бошад,
Боло зи фариштаҳост ҷои модар.
САДО АЗ ҒАЙБ
(дар ифтитоҳи муҷассамаи
“Дуои модар” дар шаҳри Кӯлоб)
Сари гаҳвораат нохуфта будам,
Суруди алларо ширин сурудам.
Мураттаб кардам аз гул ҷогаҳатро,
Сафед аз шири худ кардам раҳатро.
Дуоят додам, эй фарзанд, умре,
Ки бошӣ марди неруманд умре.
Дуои ман чу мақбули Худо шуд.
Ҷигарбандам ба мардум Пешво шуд.
Агарчи нашнавӣ дигар садоям,
Ҳамеша бо ту мебошад дуоям!
ДАСТУ ТАНӮР
Дар танӯри чун шафақ сурх
Лахча чун истора месӯхт.
Чашм рӯшан, чеҳра пурнур,
Модари ман кулча мепухт.
Ӯ ҳамегустурд бо завқ
Осмони суфраи файзу барорашро,
Рӯйи маҳтоби рафида
Пораи абри хамири ширборашро.
Пас, бар он бо муғпари гулофараш
Хол мекӯбид модар.
Гаҳ зи нӯги панҷаҳои руҳбахшаш
Орд меборид чун нури саҳар.
Бар тани сӯзони чагдон
Нарм мезад хомнонро.
То гул аз сӯзиш набандад кулчааш,
Об мепошид онро.
Бо алавшури ба оташ ошно
Лахчаҳоро боз мекард ӯ тагу рӯ, ҷо ба ҷо.
Дар танӯри чун шафақ сурх,
Лахча чун истора месӯхт.
Модари эъҷозкорам
Бар қатори кулчаҳояш дида медӯхт.
Гӯиё ӯ дар муҳити Моҳу анҷум
Пушти ҳам Хуршед мепухт.
НОНИ МОДАР
Савганд ба покии хамири модар,
Гирем дуою дасти пири модар.
Роҳат бикунад димоғи ҳар хурду бузург
Аз накҳати кулчаю фатири модар.
Бо чашми дилат биё, ба нонаш бинигар,
Бо дидаи ҷон ба ҳусни хонаш бинигар.
Чун бар рухи хуршеди сиёҳӣ бадбин,
Бар нони сафеди хонадонаш бинигар.
Хезанд зи ҷо ба ҳурматаш аҳли тамиз,
К-аз ҳастии нон шавад муҳайё ҳама чиз.
Бӯсида варо ба дидаҳо мемолем,
Чун ҳуҷҷати тинҷӣ аст бар халқ азиз.
КӮЗАИ ТО ЛАБИ ОБ ОМАДААСТ
Модарам кунҷи азоб омадааст,
Таби ӯ бар сари тоб омадааст.
Бедаво дарди сараш бехобист,
Чашм бегона зи хоб омадааст.
Ҳарфаш имрӯз парешон гӯяд,
Чун пароканда китоб омадааст.
Ба дари пирии бенақшу нигор
Чӣ қадар ӯ ба шитоб омадаст.
Ашки ӯ чашми маро дарё кард,
Кӯзаи то лаби об омадааст.
ҲАСТИЯШ ИНҚИЛОБҲО ДОРАД
Модари ман азобҳо дорад,
Ҷони дар изтиробҳо дорад.
Хонааш гоҳ гарму гаҳ сард аст,
Мӯ барин печутобҳо дорад.
Меҳмонаш вале агар ояд,
Покафида шитобҳо дорад.
Рӯзҳо дар фиреби бедорист,
Нолишолуда хобҳо дорад.
Дасткӯтоҳиям ба дил доғ аст,
Доғшӯянда обҳо дорад.
Баҳри қатли ҳазор навмедӣ
Аз насиҳат танобҳо дорад.
В-аз гулистони ҳикматомӯзон
Шаккарин интихобҳо дорад.
Мактаби ҳалли мушкилотам ӯст,
Ҳама ҳолат ҷавобҳо дорад.
Дар рафожангҳои пешонӣ-ш
Беҳтар аз мо китобҳо дорад.
Гирди ӯ як гунаҳ намегардад,
То саводи савобҳо дорад.
Шиква дур аст аз забони ӯ,
Дар сукуташ хитобҳо дорад.
Қаҳрамонмодараш чу мехонанд,
Ҳастияш инқилобҳо дорад.
Файзи АШӮР