Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори ворид шудани куллиёти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ҳамчун мероси ҳуҷҷатӣ ба Феҳристи хотироти ҷаҳонии ЮНЕСКО, намоиши ҷашнӣ ифтитоҳ гардид.
Шуҳрат Азиззода, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Зафаршо Иброҳимзода, директори Осорхонаи миллӣ, Муҳаммад Абдураҳмон, ноиби президенти Академияи миллии илмҳо, Раҳматкарими Давлат, директори Маркази мероси хаттии назди раёсати АМИТ, Абдуллоҳи Раҳнамо, директори Маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллии Иттифоқи нависандагон, Зулфия Бурҳон, котиби масъули Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр шуд, ки Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ яке аз нобиғагони назми классикии форс – тоҷик буда, дар арсаи суханварӣ ҳамчун офарандаи беҳамтои мамлакати ишқу зебоӣ шинохта шудааст. Саҳми ӯ ҳамчун ориф ва адиби тоҷик дар омӯзиш ва рушди илму фарҳанги ҷаҳонӣ басо муҳим арзёбӣ гардидааст. Куллиёти Мавлоно “Маснавии Маънавӣ”, “Девони Шамси Табрезӣ”, “Фиҳӣ мо фиҳӣ”, “Маҷолиси Сабъа” ва “Мактубот”-ро дар бар гирифта, ба забони тоҷикӣ – форсӣ навишта ва ба забонҳои гуногуни ҷаҳон тарҷума шудаанд.
Зулфия Бурҳон баъд аз анҷоми суханронии худ “Сертификат”-и асле, ки ворид шудани куллиёти Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро ҳамчун мероси ҳуҷҷатӣ ба Феҳристи хотироти ҷаҳонии ЮНЕСКО тасдиқ мекунад, баҳри нигаҳдорӣ ва истифодаи минбаъда ба Зафаршо Иброҳимзода супурд.
Дар намоиши мазкур аз фонди тиллоии Осорхона намунаҳои гуногуни осори таърихию фарҳангии марбут ба Мавлоно, аз қабили нусхаҳои дастнавис ва чопи сангии «Маснавии маънавӣ», «Луби лубоб» (шарҳи маснавӣ)-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ, мусаввараҳо, қаламкашиҳо, пайкараи Мавлоно, намунаҳои ҳунари хушнависӣ аз ашъору дигар осори бостоншиносӣ ба тамошо гузошта шуданд.
Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурият»