Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иттилоъ доданд, дар соли нави таҳсил барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят дӯхтани 25000 либоси мактабӣ ба нақша гирифта шудааст. Ба ҳолати 1 июли соли равон дар корхонаҳои дӯзандагии шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят ҳамагӣ 2195 ҷуфт либоси мактабӣ дӯхта шудааст.
Ҳабиб Чоршанбеев, мудири шуъбаи саноат, энергетика ва коммуникатсияи МИҲД-и вилоят зикр кард, ки то ҳол дар ноҳияи Дарвоз баробари 47 фоизи нақша, Мурғоб 32, Шуғнон 24, шаҳри Хоруғ 6 фоиз дӯхти либоси мактабӣ таъмин гардида, ноҳияҳои Ванҷ, Рӯшон, Роштқалъа ва Ишкошим ҳанӯз дар ин самт иқдоме накардаанд. Дар маҷмуъ, дар вилоят баробари қариб нуҳ фоизи нақшаи пешбинишуда либоси мактабӣ дӯхта шудааст. Корхонаҳои дӯзандагӣ бошанд, аз он шикоят доранд, ки баъзе шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои вилоят оид ба дӯхти либоси мактабӣ дархост пешниҳод карда, маҳсулоти тайёрро (шояд ба хотири пешниҳоди ҳисобот аз иҷрои супориш) ба ноҳия мебаранд, вале баъдан онро бо ҳар баҳона ба корхона бозпас мегардонанд.
Дар ин бора дар машварати назоратии назди раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сухан рафт. Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ бо изҳори нигаронӣ аз фаъолияти кормандони соҳаи маориф, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар самти иҷрои супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини пурраи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар бо либоси мактабии дар коргоҳу корхонаҳои маҳаллӣ дӯхташуда таъкид намуд, ки ин масъала таҳти назорати қатъӣ бояд гирифта шавад. Бо ин мақсад, коргоҳу корхонаҳои дӯзандагии маҳаллӣ муваззаф гардиданд, ки дархостҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро бенавбат қабул намоянд ва либосҳоро бо сифати баланд дӯзанд. Дар баробари ин, дастур дода шуд, ки масъулон сабаби бозпас гардондани либоси мактабии дар коргоҳҳои маҳаллӣ дӯхташударо аниқ намоянд. Агар гап сари сифати пасти дӯхти либос набошаду супоришдодагон танҳо барои пешниҳоди ҳисоботи бардурӯғ аз иҷрои супориш ба ин амал даст зада бошанд, пас дархости чунин мизоҷон дигарбора қабул нагардад ва нисбат ба онҳо чораҳои интизомӣ дида шаванд.
Зикр шуд, ки соли гузашта баъзе муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят аз тоҷирони алоҳида либосҳои мактабии дӯхти хориҷиро хариданд, вале дар ҳисобот шуъбаи маориф онро чун маҳсулоти корхонаҳои худӣ нишон дода буд. Нисбат ба шахсоне, ки ба ин амал даст заданд, чораи интизомӣ дида шуд. Ба сарраёсати молияи вилоят, дигар ниҳодҳои мутасаддӣ супориши қатъӣ доданд, ки пеши роҳи изофанависӣ ва дигар ҳисоботҳои бардурӯғ оид ба дӯхти либос ва таъмини хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо либоси мактабӣ қатъиян гирифта шавад. Дастур дода шуд, ки дӯхти либоси мактабиро дар корхонаҳои дӯзандагии “Меҳри модар”-и ноҳияи Дарвоз, “Баҳори ишқ”-и шаҳри Хоруғ, “Бунёд”-и ноҳияи Шуғнон ва “Салтанат”-и ноҳияи Мурғоб ба роҳ монанд.
Воқеан, таъмини хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят бо либоси мактабӣ чанд сол боз масъалаи доғи рӯзи соҳа гардидааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо кӯшиш ба он доранд, ки либоси мактабӣ дар коргоҳу корхонаҳои дӯзандагии маҳаллӣ дӯхта шавад, то арзиши аслии маҳсулот пасттар фарояд. Яъне, падару модарон имконият пайдо намоянд, ки фарзандонашонро бо нархи дастрас бо либоси мактабӣ таъмин созанд. Аммо мушкил ин аст, ки на ҳамаи коргоҳу корхонаҳои дӯзандагии вилоят аз уҳдаи дӯхти босифати либос мебароянд, зеро ин корхонаҳо аз нарасидани кадри баландихтисос танқисӣ мекашанд.
Падару модарон аз он шикоят доранд, ки сифати либоси мактабии дар коргоҳу корхонаҳои дӯзандагии вилоят истеҳсолшаванда хеле паст буда, дар баробари ин, нархи гарон дорад. Бинобар ин, бисёре аз сокинони вилоят либоси мактабиро барои фарзандонашон аз дигар манотиқи кишвар дастрас мекунанд.
Дар ҳақиқат, ҳисоботи омории ниҳодҳои дахлдори вилоят оид ба дӯхти либоси мактабӣ чандон эътимодбахш нестанд, зеро онҳо бо ҳам мувофиқат накарда, ҳатто номи корхонаҳои дӯзандагие, ки дар онҳо либос дӯхта шудаанд, гуногун омадааст. Масалан, тибқи ҳисоботе, ки шуъбаи саноати МИҲД-и вилоят аз МИҲД-и шаҳр гирифтааст, шаҳри Хоруғ гӯё ҳамаи 251 ҷуфт либоси мактабиро дар ҶДММ “Баҳори ишқ”, аммо мутобиқи гузориши раёсати маорифи вилоят дар ҶДММ “Помир фабрик” дӯхтааст. Кадомаш дуруст аст, ё ҳар ду ҳам аз ҳақиқати воқеӣ дуранд, фақат масъулони соҳа медонанду халос. Аммо соли нави таҳсил дар пушти дар асту хонандагон бояд ба мактаб бо либоси мактабӣ бираванд.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”