Муаллимаи ман зани хоксорест, ки хулқи ашрофзодагонро дорад. Ӯ дар деҳа ба сар мебарад, аммо овозааш ба шаҳрҳои зиёде расида. Шуҳрати ӯ шогирдонаш аст. Тамоми умр паси пулу моле нарафта, танҳо ба тарбияи онҳо машғул мебошад. Ҳар яки онҳоро чун фарзандаш дӯст медорад, бо меҳри модарона барояшон забони модарию адабиёти ҳазорсола меомӯзонад. Инак, аз ҳазорон чанд мисолеро дар шинохти ӯ меорам, то шумо бишноседаш.
Таътили тобистона. Чашми субҳ барвақт кафида, соат панҷ шуда бошад ҳам, кӯча беодам. Гирди мактаби деҳа парандае пар намезанаду муаллима посбонро гоҳо аз хоб бедор карда, вориди бино мегардад. Бояд ҳамин ҳоло шогирдаш ояд. Ӯро ба озмуне тайёр мекунад. Хонанда як соату ду соат не, баъзан, то панҷ-шаш соат иншо менависаду муаллима саргарми мутолиаи китобе дар рӯбарӯяш менишинад. Ин заҳмати онҳо моҳҳову солҳо тул мекашад, то муваффақият ба даст ояд.
Зимистон. Соат аз 9-и шаб гузашта, баъзан, наздик ба 00.00 асту муаллима дар хона нест. Шогирдашро ба олимпиадаи шаҳрӣ бурда. Ӯ, ки сокини рустост, дар ин дили шаб баъд аз кашмакашиҳои зиёду талаби ҳаққи толибилм аз аъзои ҳакамон ва роҳхат гирифтани ӯ ба даври дигар, акнун аз шаҳр сӯи деҳа меояд... Дар шаби барфию боронӣ, ки аксар дар хоби нозанд...
Бузургдошти Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Мавлавӣ, Ҷомӣ ё Лоиқ аст. Бояд конфронсеро бо иштироки хонандагон омода созад. Моҳҳо, пас аз соати дарсӣ, ӯ машғули тамрин. Саҳна мегузораду қироати бачаҳоро гӯш мекунаду ислоҳ, саҳна меорояду нақшҳоро ҷо ба ҷо менамояд. Хуллас, то гузаштани барнома ҷон дар рамақ аст. Ин аст, ки чорабиниҳои сатҳи ноҳиявию вилоятиро маҳз ба ӯ бовар мекунанд, чун медонанд беҳтар аз ӯ касе ин корро ба субут намерасонад.
Нафаре нав донишгоҳро хатм кардаву омӯзгориро пеша намуда. Соатҳо бо ӯ кор мекунад, омодасозии нақшаи таълимиро нишон медиҳад, тарзи гузаштани дарси кушодро мефаҳмонад. Дар он иштирок намудаву каму кости навкорро ҳатман мегӯяд ва ба хотири ислоҳи кор маслиҳаташро низ, дареғ намедорад.
Муаллифи байтеро бояд пайдо кунанд, ҳоҷатбарор муаллима.
Дар забон баҳсе ба миён омада. Муаллима онро нуқта мегузорад.
Мактаб кабинети фанни забон ва адабиёт надорад. Чор тараф медавад, акси шоиру нависандаҳоро мекобад, шоҳбайт меёбад, лавҳаю овеза омода месозад. Синфхонаро тайёр ва ба мактаб ҳадия менамояд.
Шогирдаш то даври ниҳоии озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" омада, мукофотпулӣ мегирад. Қисме аз онро ба муаллима пешкаш мекунад, барои хидматҳояш. Муаллима аз ӯ сахт меранҷад, зеро ин аввалин шогирди ӯ нест, ки то ин сатҳ расида, балки шогирдони зиёде имрӯз дар идораву муассисаҳои ҷумҳуриявӣ соҳиби мақому мартабаанд. Барои камоли онҳо низ хидматҳои зиёде карда, вале ҳеҷ гоҳ ба ҷайби касе чашм надӯхтаву хасе нагирифтааст, зеро барояш омӯзгорӣ пешаи муқаддас аст. Онро бо пул иваз кардан намехоҳад. Ба сухан эҳтиром дораду суханфурӯширо ба худ раво намедонад. Ҳамин тавр, як умр бо меҳнати ҳалол, бо маоши омӯзгорӣ нон ва ҳам ном ёфта. Барояш аз шодии шогирду муваффақияти ӯ боарзиштар чизе нест. Маънои зиндагиашро дар тарбияи фарзанди мардум ва раҳнамун сохтани онҳо ба роҳи рост дарёфта.
Забони модариро чун модараш дӯст медорад. Мегӯед чӣ хел? Методи таълимияш чунин аст, ки то ба синфхона даромадани муаллима, яъне оғози дарс, толибилмон ҳатман бояд "гимн"-и забонро хонанд:
Қанд ҷӯӣ, панд ҷӯӣ, эй ҷаноб,
Ҳар чи меҷӯӣ, биҷӯ...
Ба дарс дер намеояд, як дақиқа пеш ҳам намеравад. Ӯ, ки ниҳоят сахтгир аст, шогирдон низ бо тайёрии ҷиддӣ меоянд. Муаллима, ба қавле, ҳар мавзуъро об карда, ба сари хонанда мерезаду аз сахтгириҳояш, баъзан, хонандагон шиква ҳам мекунанд. Вале чун каме бузургтар мешаванд ва чархи зиндагӣ онҳоро ба чор самти даҳр мебараду дарсҳои муаллима кор медиҳанд, дармеёбанд, ки устоди ҳақиқиашон ӯ буда. Борҳо шуда, ки баъд аз тай кардани чанд зинаи таҳсил, шогирдон назди муаллима омадаву сипос мегӯянд. Муаллима бошад, нигоҳе мекунаду бас. Хандаеро, ки дар лабонаш беибо мешукуфад, дар як он фурӯ мебарад, зеро ӯ ҳеҷ гоҳ фахр накардаву ин амалро ба худ раво намебинад. Аз нигоҳу лабхандаш танҳо оёти шукр мехонӣ.
На унвони илмӣ дорад, на мақому мансаб. Як умр муаллими одист. Аммо ӯ ба таъбире "профессори беунвон" аст, ки садҳо шогирдро унвондор карда. Агар чархи зиндагӣ ба сӯи дигар тоб мехӯрду ӯ дар русто намемонд, кайҳо соҳибунвон гашта буд, аммо худ аз роҳи тайкардааш ризост, зеро гаронтарин арзиш: боварии халқро ба даст оварда. На танҳо сокинони як деҳа, балки деҳоти гирду атроф низ, орзу доранд, то фарзандашон маҳз тарбияти ӯро гирад, муаллима роҳнамо ва раҳбарашон бошад.
Эҳтирому эътирофи муаллима беқиёс аст. Ӯ мисоли заре андаруни кӯҳсори Ватан медурахшад. Аз ин ҷост, ки заҳматҳояш бо унвони Аълочии маориф ва илм қадр шуда, аз дасти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфа – соати тиллоӣ низ, гирифтааст. Ин соат рамзи эътирофи хидматҳояш дар роҳи таълиму тарбияи насли наврас аст...
Бузургии муаллима берун аз ҳарфу ҳиҷост. Як умр аз як деҳ берун нарафт, ба гуфтае, рӯи оламро надид, аммо табиатан ашрофзода монд: ҳам дар гуфтор, ҳам дар рафтор, ҳам дар кирдор...
Гузашта аз ин, ӯ модар аст. Бар замми ҳама масъулиятҳо, модари меҳрубони на танҳо се фарзандаш, балки сокинони як деҳа аст. Аз хурсандиашон меболаду дар мушкилиҳо роҳи ҳал меҷӯяд. Ӯро яке муаллима мехонаду дувумӣ Шафоат Раҳимова ва дигаре бибии Шафоат.
Ӯ дар роҳи мактабу маориф мӯй сафед кард ва ба ду, ҳатто се насли деҳа ҳаққи устодӣ дорад. Солҳои зиёд нафақахӯр бошад ҳам, ҳар субҳ бо меҳр ҷониби мактаб меояд. Остони ин мактаб барояш муқаддаст аст: мактаби овозадори рақами 6-и деҳаи Ғӯсари шаҳри Панҷакент, ки бо номи адиби маъруф Абдусалом Деҳотӣ маъруф аст.
Меҳрангез ҚОДИРОВА, унвонҷӯи ДМТ