Ҳоло дар мавсими оғози имтиҳонҳои давлатӣ бисёр довталабон барои сазовори номи донишҷӯ шудан, мекӯшанд. Омодагиҳо ва кӯшишу талоши онҳо ба хотири донишандӯзӣ ва соҳиби касбу кори арзанда гаштан аст. Аммо, мутаассифона, давоми чанд соли охир дар муассисаҳои олии касбӣ теъдоди довталабон кам шуда истодааст.
Мувофиқи маълумоти омори расмӣ, дар муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ 239,5 ҳазор донишҷӯ таҳсил намуда, теъдоди онҳо нисбат ба соли хониши 2021-2022 2,6 дарсад кам шудааст. Тавре аз Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ба хабарнигори «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, солҳои охир раванди дохилшавии довталабон ба макотиби олии касбӣ, ҳамчунин, иҷрои нақшаи қабули довталабон барои таҳсил дар донишгоҳҳо коҳиш ёфта истодааст. Агар соли 2021 иҷрои нақшаи қабул 70,59 дарсадро ташкил дода бошад, соли 2022 ин нишондиҳанда ба 62 дарсад мерасад.
Сабаби кам шудани шумораи довталабонро мутахассисони соҳа ба таъсири омилҳои гуногун рабт медиҳанд. Аз ҷумла, мушкили сари вақт аз қайди нуқтаҳои бақайдгирии Маркази миллии тестӣ нагузаштани довталабон ва хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба раванди дохилшавӣ монеа эҷод мекунад.
Дар ин бора Шерафган Ойёҳмадов, ноиби ректор оид ба таълими Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов, изҳор дошт, ки дар баробари пурра аз бақайдгирии Маркази миллии тестӣ нагузаштани хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ, инчунин, масъалаҳои дигари дохилидонишгоҳӣ довталабонро аз интихоби таҳсил дар донишгоҳҳо дур месозанд.
Ба гуфтаи ӯ Донишкада аз 5145 нафар дар соли хониши 2021-2022 ба 4128 нафар дар соли хониши 2022-2023 расид, ки яке аз сабабҳои дигар коҳишёбӣ мебошад.
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкили сари вақт аз бақайдгирӣ нагузаштани довталабонро, ки гӯиё аз сабабҳои кам шудани шумораи довталабон маҳсуб меёбад, қобили қабул намедонад.
Шодиниё Абдулвосит Шодӣ, муовини якуми директори Маркази миллии тестӣ, дар робита ба ин, изҳор дошт, ки Маркази миллии тестӣ, аллакай, давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД-2023) аз 1-уми март то 1-уми май ба роҳ монда, барои таъмини дастрасии хоҳишмандон ба бақайдгирӣ дар 59 шаҳру ноҳияи интихобшудаи ҷумҳурӣ нуқтаҳои доимӣ ва сайёри бақайдгирӣ, аз ҷумла дар 44 шаҳру ноҳия 49 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ва дар 15 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ ташкил карда шудаанд. Яъне, ҳоло дар тамоми ҷумҳурӣ барои сари вақт аз қайди нуқтаҳои бақайдгирии Маркази миллии тестӣ гузаштани довталабон шароити мусоид фароҳам аст.
Номбурда иброз дошт, ки яке аз сабабҳои коҳиш ёфтани теъдоди довталабон кам будани шумораи хамткунандагони синфҳои 11-ум дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад. Шумораи хамткунандагони синфи 11 соли 2023 ҳудуди 105800 нафарро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022 тақрибан 13800 нафар кам мебошад. Аз ин шумораи хатмкунандагон дар давраи асосии бақайдгирӣ ҳамагӣ 68675 нафар (64,89 %) барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД-2023) худро номнавис кард. Соли 2022 аз шумораи умумии хатмкунандагони синфи 11-ум ҳамагӣ 61,41 дарсадашон барои иштирок дар ИМД худро номнавис карда буданд. Яъне, агар ҳиссаи хатмкунандагони синфи 11-уми дар соли ҷорӣ номнависшударо бо ҳамин нишондиҳандаи соли 2022 муқоиса кунем, фарқи онҳо 3,48 дарсад кам аст.
Паҳлуи дигари масъала ин аст, ки дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум) гурӯҳи ихтисосҳои кластери 5-ум (тиб, биология ва варзиш) аз ҳама пуринтихоб буда, шумораи довталабони ин гурӯҳ 99,14 дарсадро ташкил медиҳад. Солҳои пеш низ ин гурӯҳи ихтисосҳоро довталабон нисбат ба гурӯҳҳои дигар бештар интихоб мекарданд. Баръакс, гурӯҳи ихтисосҳои кластери 1-ум (табиӣ ва техникӣ) аз ҳама каминтихоб буда, шумораи довталабони он ҳамагӣ 44,81 дарсад мебошад. Новобаста ба корҳои таблиғотии анҷомдода, таваҷҷуҳи довталабон ба ихтисосҳои кластери 5-ум (тиб, биология ва варзиш) бештар аст.
Ҳамин тариқ, ба раванди коҳишёбии донишҷӯён ва хатмкунандагон дар муассисаҳои таълимӣ омилҳои гуногун таъсиргузоранд. Баъзе довталабон дар интихоби ихтисос ба иштибоҳ роҳ медиҳанд ё интихоби волидайнро напазируфта, аз дохилшавӣ даст мекашанд. Омодагии хуб нагирифтан ба имтиҳон, таъсири вазъи иқтисодию иҷтимоии хонавода ва чандин сабабҳои дигар боиси тарк кардани донишгоҳ мегардад. Умуман, ҳоло таҳсилоти олии муосир замонҳои хеле душворро аз сар мегузаронад. Дар муқоиса бо солҳои қаблӣ теъдоди довталабон ба донишгоҳҳо дар сатҳи ҷаҳон низ тақрибан 2 баробар коҳиш ёфтааст. Дар миқёси ҷаҳонӣ сабаби асосӣ, пеш аз ҳама, вазъи ноустуворӣ демографӣ, паст будани сатҳи таваллуд, буҳрони иқтисодӣ дар ҷаҳон, некуаҳволии ғайриқаноатбахши иҷтимоию иқтисодии аҳолӣ мебошад.
Бояд таъкид кард, ки коҳиши сатҳи таваллуд дар солҳои 90-ум назар ба “буҳрони” демографии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ хеле бештар буд. Ё ин ки, тибқи ҳисоби Вазорати маориф ва илми Россия, дар натиҷаи “буҳрони” демографии солҳои 90-ум соли 2015 дар донишгоҳҳои Россия тақрибан 4,5 миллион донишҷӯ боқӣ мондааст, ҳол он ки дар соли хониши 2013-2014 тақрибан 7,5 миллион нафарро ташкил медод. Яъне, ба раванди таҳсилот дар ҳар давру замон зарбаҳои гуногуни иҷтимоӣ таҳдид мекунанд ва вазъи баамаломада дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар низ, марҳилаи гузаришро аз сар мегузаронад. Имрӯзҳо донишандӯзӣ дар кишварҳои хориҷа, аз ҷумла Россия ва Амороти Муттаҳидаи Араб ба қавле “мӯд” шудааст. Ин, албатта, аз зиёд гаштани талаботи наврасону ҷавонон ба ҷаҳонгардӣ ва ҷаҳоншиносӣ шаҳодат медиҳад, то бо тараққиёти замон ҳамвора пеш раванд. Маҳз дар ҳамин раванд зарурати ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ сохтани сифати таълим пеш омадааст, ки аз масъулони соҳа андешидани тадбирҳои заруриро тақозо менамояд.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”