НАФС
Тасарруфи 272043 сомонӣ директори корхонаро ба толори суд бурд
Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба директори ҶДММ “Аҳмад Сохтмон” Хуршедҷон Назаров, ки дар тасарруфи 272043 сомонӣ айбдор мешавад, барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол шудааст.
Дар ин бора маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод. Тибқи иттилои манбаъ, номбурда бо истифода аз ваколати мансабиаш зимни анҷом додани корҳои таъмиру сохтмонии бинои шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо роҳи сохтакорӣ 272043 сомониро барзиёд нишон дода, ин маблағро тасарруф кардааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбат ба Хуршедҷон Назаров бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б” (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) ва 340 қисми 1 (сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп, муҳр ва бланкаҳои қалбакӣ) Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъд аз анҷоми тафтишоти пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд фиристода шудааст.
ҶАҲОЛАТ
ё муноқишае, ки боиси фавти инсон шуд
Вазорати корҳои дохилӣ аз оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба як марди 29-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо моддаи 110 қисми 3 Кодекси ҷиноятӣ (қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси фавт гардидааст) хабар дод.
Бино ба гузориши маркази матбуоти Вазорат, ин мард 12 июли соли ҷорӣ дар хонаи истиқоматиаш бо марди 37-солаи сокини ҳамин ноҳия муноқиша карда, ӯро шадидан лату кӯб намудааст. Дар натиҷа, ҷабрдида бо бардоштани ҷароҳати вазнин дар беморхона ба ҳалокат расидааст, ҳоло тафтишоти ҳодиса идома дорад.
Ду сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар доми фиреб
Як сокини ноҳияи Фархор, ки аз ӯ марди 30-сола ном бурда мешавад, бо ваъдаи ба ҳаҷи фарзӣ фиристодани ду нафар, аз онҳо маблағҳои калони пулӣ гирифтааст.
Кормандони мақомоти милитсия муайян кардаанд, ки номбурда моҳи январи соли 2023 бо роҳи фиреб ба бовари марди 27-солаи сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ даромада, аз ӯ 109 ҳазору 943 сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки падару модарашро ба ҳаҷи фарзӣ мефиристад. Ӯ бо ҳамин усул аз як сокини дигари ҳамин ноҳия 70 ҳазор сомонӣ гирифта, шаҳрвандонро фиреб додааст.
Сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад, ки вобаста ба ин ҳодисаҳо тафтишот оғоз шудааст.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»