(Ёдгориҳои фарҳангӣ-таърихӣ ба навсозӣ ниёз доранд)
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар ба омӯзиш, дарёфт, нигаҳдорӣ ва бозсозии ҷойҳои таърихӣ таваҷҷуҳи зиёд дода мешавад. Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд: “Ёдгориҳои таърихию фарҳангии худро ҳифз, омӯзем, эҳё кунем ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем”.
Дар асоси дастури Роҳбари давлат, бо мақсади омӯзиш ва ҳифзу барқарорсозии мероси фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии халқи тоҷик солҳои охир аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги мамлакат як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки ба пешрафти кор дар ин самт такони ҷиддӣ бахшиданд. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2011 «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» ва «Барномаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик барои солҳои 2013-2020» аз ҷумлаи онҳо маҳсуб меёбанд. Аммо, бо вуҷуди ин, дар ин ҷода дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳанӯз камбудиҳои зиёд ҷой доранд.
Тибқи Феҳристи ёдгориҳои таърихии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоди ёдгориҳои таърихӣ дар ВМКБ беш аз 650-то мебошад. Мувофиқи Феҳрист ин ёдгориҳо арзиши таърихӣ доранд ва, мутаассифона, аксарашон дар ҳолати ногувор ва маҳвшавӣ қарор дошта, таъҷилан ба ҳифзу навсозӣ ниёз доранд.
Тавре мудири шуъбаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандарови АМИТ, номзади илмҳои таърих Аловуддин Шоинбеков зикр кард, солҳои охир бостоншиносони тоҷик танҳо дар ноҳияи Роштқалъа зиёда аз 60 мавзеи таърихиро кашф намудаанд, ки 14-тоашон боқимондаҳои тӯпхонаҳо, бошишгоҳҳо ва қалъаҳо буда, маъруфтаринашон Роштқалъа, Синдевқалъа, Шошбувадқалъа ва Ҷавшангоз ба шумор мераванд. Бо мурури замон, бар асари заминҷунбӣ, барфу борон ва муносибати харобкоронаи сокинони гирду атроф баъзе аз қалъаву маконҳои бостонӣ рӯ ба нестӣ оварданд. Масалан, дар гӯшаву канори ноҳияи Роштқалъа қалъаҳои кӯчак, аммо хеле қадима, ба мисли қалъаҳои Барев, Хинвод, Чакарқалъа, Борикакқалъа, мавҷуд буданд, ки комилан хароб гардида, аз байн рафтанд. Қалъаи Роштқалъа бошад, агарчи қисман хароб шуда бошад ҳам, деворҳои бархе аз биноҳои он ҳанӯз ҳам побарҷоянд. Ба гуфтаи сокинони куҳансоли деҳаи Роштқалъа , то солҳои 30-юми асри гузашта, ҳатто, манораи қалъа ҳам вуҷуд дошт. Аммо, баъдан, як қисми санги деворҳои қалъаро барои бунёди биноҳои маъмурии ноҳияи Роштқалъа, ки соли 1936 таъсис ёфтааст, истифода бурданд. Дар қисмати шарқии он бошад, бештари сокинон хонаҳояшонро аз санги қалъа сохтанд. Дар натиҷа, манораи қалъа ҳам хароб гардид. Тайи солҳои наздик Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа пеши роҳи харобшавии қалъаро гирифта бошад ҳам, имрӯз иншоот ба таъмиру навсозӣ ниёз дорад. Мутаассифона, дар дигар иншоотҳои таърихии ҳудуди вилоят низ ҳол аз ин беҳ нест. Қалъаҳои Қаҳқаҳаву Ямчун (Ишкошим), Кофарқалъа (Шуғнон), Вамар (Рӯшон) ҳам таъмирталабанд.
Дар робита ба ин, раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи вилоят таъкид намуд, ки Бадахшон, бахусус ноҳияҳои Ишкошим ва Роштқалъа, осорхонаи зиндаи табиат мебошанд. Барои ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла петроглифҳои Лангари ноҳияи Ишкошим, қӯрғонҳои Юрхбуқи Ҷавшангози ноҳияи Роштқалъа, оташкадаи Боғеви ноҳияи Шуғнон ва дигар ёдгориҳои таърихӣ аз раисони шаҳру ноҳияҳо сар карда, то сокинони маҳаллӣ бояд иқдомҳои ҷиддӣ роҳандозӣ намоянд, зеро беэҳтиромӣ нисбат ба арзишҳои фарҳангию таърихӣ беиззатӣ ба гузаштаи пурифтихори миллати худ аст.
Раиси ВМКБ таваҷҷуҳи вакилони халқ, роҳбарони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва дигар иштирокдорони иҷлосияро ба ҳифзу нигаҳдории ёдгориҳо, барқарор намудани онҳо, ташвиқу тарғиби маконҳои сайёҳӣ ба хотири ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон ҷалб намуда, дастур дод, ки дар ин росто тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Раҳмони Гулзор, “Ҷумҳурият”