Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода аз рафти корҳои сохтмонӣ дар хонаҳои истиқоматӣ барои сокинони аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Миденведи ноҳияи Роштқалъа, барқарор намудани инфрасохтори харобгаштаи деҳа, аз ҷумла роҳ, ҷӯю каналҳои обрасонӣ, хатти барқ, дидан намуд. Ӯро дар ин сафар раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот ва раиси ноҳияи Роштқалъа Аъзам Шомирзозода ҳамроҳӣ намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дақиқаҳои аввали рух додани ҳодисаи табиӣ – фаромадани сел ва зери об мондани хоҷагиҳои деҳаи Миденвед таҳти назорати Ҳукумати кишвар қарор дорад. Аз ҷойи ҳодиса гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, пеш аз ин комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар, як гурӯҳи роҳбарони вазорату кумитаҳои дахлдори ҷумҳурӣ дидан намуда, баҳри бартараф кардани хисорот, ба ҷойи бехавф кӯчондани хоҷагиҳое, ки зарар дидаанд ва ё зери хатар қарор доранд, тадбирҳои судманд рӯйи кор омаданд. Аз ҷумла, 15 хоҷагие, ки манзилҳои истиқоматиашонро аз даст доданд ва 16 хоҷагии зери хавфқарордошта, дар маҷмуъ, 143 сокини деҳа ба истироҳатгоҳи “Шабдез”, воқеъ дар деҳаи Анҷини ҳамин ноҳия кӯчонда шуда, барои будубоши муваққатии онҳо тамоми шароит муҳайё гардид. Қитъаи роҳ ва хатти интиқоли барқи харобгардида дар муддати кӯтоҳ барқарор шуд.
Дар баробари ин, бо супориши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидагони офати табиӣ ба миқдори зарурӣ маводи хӯрока, ба 16 хоҷагии қисман зарардида 10 ҳазор сомонӣ кумаки яквақтаи пулӣ расонда шуд. Барои 10 хаҷагии манзили истиқоматиашонро аздастдода бо супориши Пешвои миллат аз ҳисоби Фонди президентӣ дар мавзеи Анҷини ноҳия хонаҳои нав бунёд мешаванд.
Зимни боздид аз рафти корҳои сохтмонӣ дар хонаҳои истиқоматӣ барои хоҷагиҳои аз офати табиӣ зарардида котиби Шурои амният Насрулло Маҳмудзода бо масъулон ва сохтмончиён суҳбат ороста, ҷиҳати дар муҳлатҳои муайянгардида ва бо сифати баланд сохтани хонаҳо дастуру супоришҳои иловагӣ дод. Котиби Шурои амният таъкид кард, ки ҷараёни барқарорсозии хисороти офати табиӣ таҳти назорати қатъии Президенти мамлакат қарор дошта, аз масъулон ҷиҳати иҷрои саривақтии супоришҳо масъулияти дучанд талаб мешавад.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”