Мушти пар, аммо пари
парвозҳо модар,
Шаҳпари шаҳпарвари
шаҳбозҳо модар.
Мактаби суду зиёни зиндагонӣ беш,
Мактаби ишқу ҳама оғозҳо модар.
Гармрӯю гармгӯю гармандеш аст,
Гармии дунёи мо – дилбозҳо модар.
Чодари шарму ҳаёе, ки ба сар дорад,
Чодари номусу меҳру розҳо модар.
Маънии хуршеду моҳу осмони ишқ,
Маънии гул, маънии гулнозҳо модар.
Дилбару дилпарвару дилвопаси фарзанд,
Бо дили мо ҳамдилу дамсозҳо модар.
Ин тану ин ҷону ин дил сад ҳазорон бор,
Пеши поят ҷумла пояндозҳо модар.
Ин кароматро чӣ сон таъбир месозӣ,
Мушти пар, аммо пари парвозҳо модар.
МОДАР
Модари мушти пари ман,
Модари чашми тари ман,
Бо зулоли ғуссаҳояш
қатра-қатра об мешуд.
Боғи моро шабнами андӯҳи модар пок мешуст.
Модари ман,
Ҷонамози баргҳоро тоза мекард,
То малоик рӯ зи боғи мо натобад.
Модари ман
аз раҳи худ хор мечид,
То ки мо хорӣ набинем,
Чодари номуси дунёро ба сар дошт.
Модари ман
ҳар пагоҳӣ
Чеҳраи маҳтобро дар чашма мешуст,
Чашма бо маҳтоб механдид.
Пушти анбӯҳи сапедорон
Ҳазрати афтоб механдид.
Модари ман
ашки Марямро,
Дона-дона бо алам мечид.
Ҳар яке исми Худоро дошт,
Ӯ Худоро дона-дона гиря мекард.
Модарам
аз боғи ангур хӯша мечид,
Хӯшаҳои зулфи ӯро бод мебӯсид.
Ангури лабҳои модар сураи дил буд,
Боғи мо аз атри Қуръон маст мешуд.
Модари ман,
Дар ҳиҷоби розҳо печида мерафт,
Мисли моҳи осмон
дар гулхани шарму ҳаё месӯхт.
Чеҳраи имони ӯ покиву иффат буд.
Модари мушти пари ман
Чун кабӯтар
Дар ҳавои сабзи имон
болу пар мезад,
Ӯ ба мо парвози покиро сабақ медод.
ВОРИС